Номбардори миллат

 Номбардори миллат

Барои инсон ташаккули ҳисси худ шиносӣ ва ифтихори миллӣ бисёр муҳим будааст. Зеро набудани чунин эҳсос инсонро ба кӯчаи сарбастаи ҳирсу шаҳват ва бераҳмӣ ба ҳам навъон мебарад. Вазифаи масъулонаи донишмандону адибони бузурги миллатҳо дар зеҳни мардумашон парвардани эҳсоси раҳму шафқат ва ифтихори миллӣ будааст. Карл Маркс ақида дошт, ки тамоми бадиҳо аз ғайрият, яъне, бегонашавӣ аз моҳияти инсонӣ ва ҳирси сарват сар мезанад. Бузургони худамон низ ин мавзуъро то ҳадде пай бурдаанд. Чунончи, Саъдии Шерозӣ гуфтааст:

Гуфт: чашми танги дунёдорро
Ё қаноат пур кунад ё хоки гӯр.

Инсон вақте аз моҳияти худ дур мегардад, ҳар гуна амалҳои зишти иҷтимоӣ аз ӯ содир мешавад, сармоя барои ӯ аз инсон боло ва арзишмандтар мегардад. Яке аз василаҳои дур шудан аз шарри иҷтимоӣ ва пардохтан ба амалҳои нек ба худшиносӣ марбут аст. Инсонҳои бузург ҳамеша худогоҳ ва худшинос будаанд. Бинобар ин ҳам ба миллатҳои худ ва ҳам ба инсоният хидматҳои арзанда кардаанд. Хушбахтона, миллати тоҷик шахсиятҳоеро ба олами тамаддун эҳдо кардааст, ки бо амалҳои нек ва осори бузурги инсонпарваронаашон фарҳанги башариятро ғанӣ намудаанд.

Мисолҳои зиёд овардан мумкин аст, ки шахсиятҳои наҷиб барои номи миллаташонро баланд бардоштан заҳмат зиёд кашидаанд ва аз ин роҳ номи худро низ ҷовидонӣ кардаанд. Аз устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ то устод Садриддин Айнӣ адибону олимони бузурги тоҷик будаанд, ки меросашон ба тамаддуни ҷаҳонӣ таъсири назаррас кардаааст.

Дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ осори эҷодкардаи Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва баъдтар Мирзо Турсунзодаву Сотим Улуғзода ва чанде адибон ва олимони дигар ба боло бурдани сатҳи худогоҳӣ ва ифтихори миллии тоҷикон равона шуда буд. Дар замони Истиқлоли давлатӣ яке аз масъалаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати фарҳангии худ қарор додаанд, худшиносии миллӣ мебошад. Аз ҷумла ба хидматҳои устод Турсунзода баҳои муносиб дода ба унвонии олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сазовор донистаанд.

Дар воқеъ, устод Мирзо Турсунзода бо эҷоди осори назмӣ ва фаъолияти густурдаи давлатию ҷамъиятии худ барои дар зеҳни миллати худ ва хориҷиён ба вуҷуд овардани эҳсоси меҳру муҳаббат ба халқи тоҷик хидмати арзанда анҷом додааст. Имрӯз номи Тоҷикистонро дар доираҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ бо номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам медонанд. Вале дар замони Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷумҳуриҳо ва кишварҳои хориҷ на ҳама Тоҷикистонро медонистанд. Академик Муҳаммад Осимӣ нақл карда буданд, ки боре аз Катманду ба Деҳлӣ парвоз мекардаанд. Ҳамсафари ҳампаҳлуяшон аз куҷо буданашонро мепурсад. Тоҷикистон, Душанбе, Помирро ном мебаранд, вале ӯ бо тааҷҷуб ҷавоб медиҳад, ки бо ин номҳо шинос нест. Фикр мекунанд, ки чӣ тавр кишвари худро шиносонанд. Тасодуфан номи Мирзо Турсунзодаро ба забон меоранд. Мусоҳибашон бо хурсандӣ садо баланд мекунад: «Турсунзода», «сулҳ». Осимӣ гуфта буданд, ки миллатро бо фарзандони бузургаш мешиносанд. Ва ҳамеша устод Турсунзодаро бо эҳтиром ва ифтихор ном мебурданд. Солҳое, ки ба унвони баъзе фарзандони фарзонаи миллат сангандозӣ мешуд, Муҳаммад Осимӣ бо таассуф мегуфтанд, ки беэҳтиромӣ ба бузургони миллат оқибати хуб надорад. Миллат ҳамон вақт шуҳрат пайдо мекунад, ки фарзандони бузургашро дар минбари ифтихор ҷой диҳад.

Дар солҳои мактабхонӣ ва донишҷӯӣ наврасону ҷавонони пештар ва дар солҳои Ҷанги ватании солҳои 1941-1945 ва баъд аз он таваллуд шуда осори устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва шоирону нависандагони дигари он давраро зиёд мутолиа ва азёд мекарданд, ашъори устод Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзодаро бештар. Аз шеърҳои онҳо эҳсоси ифтихор аз Ватан, ишқи поку вафодорӣ, муҳаббат ба халқу миллати худ, талқини сулҳу дӯстӣ бо халқҳои дигар ба вуҷуд меомад. Махсусан, ашъори устод Турсунзода, ки бо равонӣ, хушбаёнӣ, дилангезӣ ва самимият ба дили хонанда зуд роҳ меёфт. Воқеан, ашъори устод саҳли мумтанеъ буд. Шояд кам хонандае дар солҳои 50-60-уми асри гузашта пайдо мешуд, ки масалан, шеърҳои «Оҳанрабо», «Суруди ман», «Суруди сулҳ», «Ба дилбар» («Эй духтари нозанини қадрас»), «Хандида меояд», «Дар сари тасвир», «Хонаи мо он қадар ҳам дур нест», «Шаб надидам туро, ситораи ман», «Офарин» ва ғайра, ки ба сурудҳои машҳур табдил ёфта буданд, азёд нахонад. «Қиссаи Ҳиндустон», «Ҳасани аробакаш», «Ҷони ширин» аз достонҳои дӯстдоштаи мо буданд ва онҳоро тақрибан дар хотир ҳифз карда будем.

Дар даврони донишҷӯӣ гоҳ-гоҳ бо шоирону нависандагони машҳури он давра, махсусан бо Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар вохӯрӣ баргузор мешуд, ки руҳи донишҷӯёнро болида мекард, аз дидани симои онҳо ва қироати ашъорашон ҳаловат мебурдем. Дар яке аз чунин вохӯриҳо дар толори бузурги Донишгоҳи миллӣ (он вақт давлатӣ) устод Турсунзода шеъри «Модарам» ва «Дили модар»-ро хонда буд, ки аз чашми баъзеҳо ашк ҷорӣ шуда буд.

Боре ҳангоми таҳсил дар аспирантура тирамоҳи соли 1968 барои фаҳмидани чопи мақолаам дар бораи Ҳаким Саноӣ ба назди сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» зиндаёд Убайд Раҷаб рафта будам. Котиба гуфт, ки ба назди Муъмин Қаноат, муовини устод Турсунзода рафтаанд. Ман ба дафтари устод Қаноат рафтам. Дар он ҷо ба ғайр аз ӯ Атахон Сайфуллоев ва Убайд Раҷаб ҳозир буданд. Бо онҳо салом карда, бо истиҳола аз Убайд Раҷаб вазъи чопи мақоларо пурсидам. Он кас гуфтанд, ки ба назди Баҳром Фирӯз равам, корректураи мақола тайёр шудааст. (Бо Баҳром Фирӯз шиносоӣ доштам, шоир, нависанда ва инсони олиҷаноб буд). Дар ҳамин лаҳза устод Турсунзода ба дафтари Муъмин Қаноат ворид шуданд ва ба ҳозирин даст дода вохӯрӣ ва ҳолпурсӣ карданд. Маро эҳсоси фаромӯшношудание фаро гирифт, зеро бо шоири бузургамон аввалин бор даст дода, вохӯрӣ кардам. Устод Турсунзода ногоҳ бо қиёфаи ҷиддӣ ба Муъмин Қаноат ва Атахон Сайфуллоев нигоҳ карда, гуфтанд: «Чаро то ҳол ба 70-солагии Пайрав Сулаймонӣ омодагӣ надидаед, магар фаромӯш кардаед? Оё намедонед, ки Пайрав яке аз асосгузорони назми советии тоҷик аст? Осораш камтар бошад ҳам, хидматаш бузург аст». Бо овози ҷиддӣ таъкид карданд, ки мутасаддиён аз паи омодагии ҷашни Пайрав шаванд.

Онҳое, ки рӯзи дафни устод дар Душанбе буданд, ҳатман дар ёд доранд, ки мардуми зиёд аз гӯшаву канори Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсарҳад омада буданд. Чашми ҳама ашколуд буд. Дар назди театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ чунон таҷаммуъи одамон буд, ки ба истилоҳ ҷои сӯзанпартоӣ набуд. Мардону занон мисли сел ба тарафи театр мерафтанд, баъзе дар фишори издиҳом пойафзолашонро ҷустуҷӯ мекарданд. Вақте ҷанозаро ба қабристони Лучоб мебурданд, аз назди театр то оромгоҳ одамон ба мисли рӯди бузург равон буданд. Дар он лаҳзаҳо мисраъҳои устод ба ёд меомаданд:

Аз қӯҳи баланд аст равон оби Душанбе,
Тар карда лаби ташналабон оби Душанбе.
Ҳарчанд ки ҷорист ба сад асру замонҳо,
Бо ёди Ватан монда ҷавон оби Душанбе.
Пас умри ману оби Душанбест муқимӣ,
Дар кишвари ман зиндагию зист муқимӣ.
Монанди мани шоири дилдодаи ин об
Дар рӯи ҷаҳон боз дигар кист муқимӣ?

Адабиётшиноси шинохтаамон академик Носирҷон Салимӣ барҳақ навиштааст: «Ба нудрат буданд суханвароне, ки садди чинии замонро бишкананд ва чун М.Турсунзода дар асоси маводи гузаштаи таърихӣ ва, хусусан, сарнавишти Машриқзамин ҳолу кайфияти миллати худро ташхис бидиҳанд ва ба ҷамъбастҳои пурвусъати иҷтимоию фалсафӣ муваффақ бишаванд. Мирзо Турсунзода… аз банди қолабу расмиятҳои замон раҳоӣ меёбад ва қудрати бузургаш бо ҳама шукӯҳу шаҳомат ҷавлон мезанад».

Соли 2010 Иттифоқи нависандагони Покистон банда ва А. Муҳаммад Хоҷаевро ба конфронси байналмилалии «Тасаввуф ва сулҳ» даъват карда буд. Мо ду нафар ба Исломобод рафтем. Намояндаи сафорати кишварамон Усмоналӣ Сайидалиев моро ҳамроҳӣ мекард ва дар толор ҳозир буд. Суханронии моро бевосита ба англисӣ тарҷума мекарданд. Баъд аз маърузаам як шеъреро, ки ҳамон рӯз ба ифтихори дӯстӣ ва сулҳ навишта будам, ба раиси ИН ҷаноби Фахрузамон додам. Ӯ хоҳиш кард, ки аз минбар онро хонам. Дар он шеър мисрае буд:  «Бояд омӯзем дарси сулҳи Турсунзодаро». Вақте онро хондам, аҳли толор номи Турсунзодаро шунида, аз ҷой хеста, кафкӯбӣ ва ҳатто пойкӯбӣ карданд. Аз вафоти шоирамон 33 сол гузашта буд, вале меҳраш дар дили садҳо олимону шоирони кишварҳои дигар боқӣ будааст. Аз ин ангезаи толор ман дар ҳайрат мондам, вале ҳамзамон вуҷудамро ифтихори бузург фаро гирифт. Устод Турсунзода ватандӯст ва ватансарои бузург буд. Меҳраш дар дили халқ чун шамъ фурӯзон буд. Солҳои нооромии ҷумҳуриятамон ҳатто баъзеҳо мегуфтанд, ки устод агар зинда мебуд, шояд чунин воқеа рух намедод. Албатта, сабабҳои он ҳодисаҳо дигар буданд. Вале чунин фикри қисме аз ҳамватанони мо гувоҳи меҳру муҳаббат ва бовариашон ба шоири маҳбуби миллат буд.

Кароматулло ОЛИМЗОДА,
академик

Дигар хабарҳо