Устод Айнӣ ва эҳёи руҳияи миллӣ

 Устод Айнӣ ва эҳёи руҳияи миллӣ

Одатан, моҳи апрелро ба унвони “моҳи Айнӣ” мешиносанд ва дар ин замина конфронсу нишасту маҳфилҳо доир гардида, аз шахсияти бисёрбуъдаи устод ва ҷойгоҳи адабию илмию сиёсию мафкуравию мадании ӯ суҳбатҳо ҷараён мегиранд.

Мусалламан, тасмимгирии мантиқӣ, пеш аз ҳама, ба сатҳи ҷаҳоншиносӣ ва дидгоҳи илмии фард бастагӣ дорад ва ҳар нафаре, ки бар мабнои ақлу фаросат, донишу маърифат, шинохту фикрат ва мушоҳидаву таҷрибат тасмим мегираду коре анҷом медиҳад, ҳатман муваффақ мешавад. Ин аст, ки кайфияту чигунагии умур дар бисёр мавридҳо ба тасмимгириҳои мантиқии афрод, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва билохира миллияту халқият вобаста аст. Муҳимтар аз ҳама, афроди саршиноси миллатҳои муваффақ танҳо аз тариқи тамаркуз – ориентатсия ва самтгирии дурустҳисобӣ на танҳо худро сохтаанд, балки роҳи рушду тараққиро барои дигарон ҳам вонамоёнда, имкону шароити таҳаввулу дигаргуниҳоро фароҳам овардаанд. Ҳадафи мо дар ин матлаби ихтисорӣ мушаххас кардани ҷойгоҳи устод Айнӣ ба ҳайси як ояндабин ва ориенталисти миллӣ мебошад.

Мафҳуми ориентатсия (тамаркуз, самтгирӣ, ҷиҳатгирӣ, перспектива, ояндабинӣ, мавзеъгирӣ ва амсоли инҳо) дар илм кайҳо боз ошност. Вожаи “ориё” ба маънии муайян кардани самт далолат мекунад. Ориентатсия ба сатҳи тафаккур ва иродаи мавқеъгиранда бастагӣ дорад. Мавқеъгирии ғалат ё иштибоҳиро дезориентатсия мегӯянд. Ба таври куллӣ, ориентатсия ҳолати ҷиҳатгирӣ ва ояндабинии инсон аст ва зеҳну тафаккур ва иродаи ӯро дар баробари мушкилот ва фоҷеаҳои пешорӯяш қарордошта устувор месозад ва водор ба тасмимгирӣ менамояд.

Суоли матраҳ ин аст, ки оё метавонем, ки устод Айниро ба унвони як тасмимгири мантиқӣ ва ояндабин шиносему муаррифӣ кунем? Албатта, метавонем, чаро ки устод Айнӣ тули умр аз тариқи талошҳои мудавоми ҳамарӯзӣ, тасмимгирии мантиқӣ ва ҳадафгирӣ – ориентатсияи миллӣ на танҳо дар роҳи боло бурдани сатҳи донишу маърифату биниши ҷомеа қадамҳои устувор бардоштааст, балки тариқи омӯзишу таҳқиқи вазъ оянда ва дурнамои миллатро ҳам мушаххас ва як навъ ояндабинӣ кардааст. Айнӣ нахустин маротиба баъди мутолиаи “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш аз назари фикрӣ тағйир кард ва ба мушкилоти иҷтимоии замон вуҷудан пай бурд. «Аммо, вақте ки ман он аҳволи фалокатиштимолро дар мундариҷоти “Наводир-ул-вақоеъ” бо тасвири реалӣ – бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, дидам, – навиштааст устод Айнӣ, – ба ман ҳолати дигар рӯй дод. Ман дар дили худ гуфтам: “Ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст (инқилоби фикрӣ кам ҳам бошад, дар ман ана дар ҳамон вақт рӯй дод)”. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, 2009. – С.548).

Шинохти “аҳволи фалокатиштимол”-и Бухоро, ки бар пояи зулму истибдоди амирӣ ва сардамдорони он – амир, қозӣ, муфтӣ, миршаб, амлокдор, мулло, имом ва амсоли онҳо бунёд ёфта буд, имрӯз ҳам дар симои созмону ҳаракатҳои террористию экстремистии динӣ-мазҳабӣ ҷомеаи мо ва умуман, ҷомеаи ҷаҳониро ҷиддӣ таҳдид мекунанд. Бар мабнои ин, шинохти хасоиси ҷаҳл, таассуб ва хурофот, ки дар ҳар давру замоне аз худ  асар мегузоранд,  дар китоби “Ёддоштҳо”-и Айнӣ ба таври равшану нишонрас  баён ёфтаанд.

Устод Айнӣ нависанда, адиб, адабиётшинос, муаррих, донишманд ва мутафаккири миллист, ки миёни ҷаҳони куҳна (давраи амирсолорӣ) ва олами нав (замони ҳукумати Шуроӣ) мунсифона доварӣ намуда, мушаххасоту муҳтавиёти расму маросим, одату эътиқод, маданияту маърифат ва тарзи зиндагии табақоти гуногуни иҷтимоии Бухорои амириро барои насли наврас ва ҷавони замони нав бозгӯ намуда, дар баёни матолиб ҳеҷ гоҳ ҳадди инсофро убур накардааст.

Аз ин ҷост, ки “Ёддоштҳо” танҳо то нимаи аввали садаи бист (то солҳои 50-ум) ба 21 забони дунё пурра тарҷума шуд. “Ёддоштҳо” (1948-1954) асари ҷамъбастии нависанда буда, таҷрибаи ҳафтодсолаи таърихӣ, фикрӣ, сиёсӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии устодро дар бар гирифтааст. Дар ин хусус устод Айнӣ навиштааст: “Ин маълум аст, ки таҷрибаи ҳар кас, дар ҳар кор дар охирҳои кораш ба камол мерасад ва ин ҳам маълум аст, ки ҳеҷ кас охири умри худро ба тарзи қатъӣ намедонад. Аммо аз он ҷо, ки умрам аз ҳафтод гузашта, рӯз то рӯз сустии аъзо зиёдтар гардида, қувваи кориам камтар шудан гирифт, ман тахмин кардам, ки вақти ба анҷом расонидани ин кор… расидааст”.

Муҳаққиқон таъкид кардаанд, ки Айнӣ ба воқеияти даврони амирсолорӣ то фарорасии Инқилоби Октябр (соли 1917) баҳои сиёсӣ додааст. Фаротар аз ин, устод бо диди густардаи худ дар қолаби насри бадеӣ на танҳо ба масоили сиёсӣ, балки ба куллияи матолиби замон ва макони мушаххас (манзур Бухорои амирӣ аст) бархурди воқеӣ-реалӣ ва таҳлилӣ-интиқодӣ кардааст.

Айнӣ ҳангоми тасвир ва баррасии мушкилоти замон ва беинзиботии аморат аз чеҳраҳои мунавварфикре мисли Аҳмадмахдуми Дониш, қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир, Исомахдум, Шарифҷонмахдум, Абдулмаҷиди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Абдулхоҷаи Таҳсин, Мирзо Азими Сомии Бӯстӣ, Азизхоҷаи Азиз, Ҳомидбеки Ҳомид, Мирзо Ҳаити Саҳбо, Шамсиддинмахдуми Шоҳин, Мулло Амон ёдовар шуда, муқовимати ҳадафмандонаи ононро ба муқобили зулму истибдод ва ҷаҳолату таассуби замон дар сатҳи баланди бадеӣ ва маърифатӣ таҷассум намудааст. Яке аз қаҳрамонони маъруфи «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ Мулло Амон, ки ӯро метавон шахсияти ҷуръатманди мактаби равшанфикрии замон унвон кард, дар муқовимат алайҳи беинсофӣ, беадолатӣ, бетартибӣ, нодонӣ, ҷаҳолату хурофот ва таассуби мазҳабии ниҳоди ба истилоҳ, “муллоии амирсолорӣ” (нерумандтарин ниҳоди аморат муллоҳо маҳсуб меёфтанд, ки амир бевосита аз онҳо ҳимоят мекард) аз тамоми имконот истифода мекард. Устод Айнӣ дар боби “Набераи Файзӣ-авлиё”-и “Ёддоштҳо” дар мавриди ин шахсияти ҷасури миллӣ (Мулло Амон аз деҳаи Розмози тумани Вобканди Бухоро буд) мушаххас ёдовар шуда, аз улуми мантиқ ва ҳикмат огаҳ будани ӯро таъкид карда, навиштааст: “Мулло Амон аз илмҳои мадраса бештарин ба мантиқ ва ҳикмат машғулӣ мекард, илмҳои диниро – қуръон, ҳадис ва фиқҳро “инҳо илм нестанд, инҳоро ҳар кас метавонад омӯзад, чунки ҳамагӣ дар китоб навишта шудааст. Илм он  аст, ки ақл дар вай кор кунад ва майдони фикрдавонӣ кушода шавад”. Мулло Амон ҳассосияти пурқувват ва эҳтиросоти пуртуғён дошта, дар баробари беадолатӣ ва таассуби динӣ меҷӯшаду мешӯрад ва мехурӯшад. Чунин шахсиятҳо, ки дар мактаби фикрию эҷодии Аҳмадмахдуми Дониш мунсаҷим шуда буданд, муфассал дар боби “Шарифҷонмахдум ва ҳамсуҳбатони ӯ”-и қисми сеюми “Ёддоштҳо” зикр ёфтаанд.

Устод Айнӣ дар муҳити Бухоро Аҳмади Донишро ба унвони раҳбари инқилоби илмӣ, адабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ёд карда, дар ҷо-ҷойи осораш, мувофиқи мақсад ва муносиби ҳол аз ӯ ҳамчун равшангар ва маорифпарвари беназир тамҷид намудааст. Мушаххасоти ниҳоди равшанфикрии миллӣ, ки раҳбараш Аҳмади Дониш буда, дар «Ёддоштҳо» батафсил дарҷ гардидааст, бояд имрӯз ҷиддӣ омӯхта шавад ва таҷрибаи муқовимати фикрӣ ва сиёсии он ба муқобили хурофоту таассуби динӣ-мазҳабии давр  ҳоло ҳам дархӯр ва омӯзанда аст.

Аз ҷониби дигар, шинохту муаррифии осори устод Айнӣ дар доираи маҳдуди филологӣ – забону адабиёт ва завқу салиқашиносии бадеӣ-эстетикӣ ҳаргиз кофӣ нест, балки муҳтавиёту мушаххасоти эҷодиёти устод бояд фаротар аз улуми адабӣ – дар доираи илмҳои фалсафӣ матраҳ гардида, шахсияти чандбуъдии ӯ муаррифӣ гардад. Дар ин замина, татбиқи назариёти адабӣ, сиёсӣ, геосиёсӣ, мафкуравӣ, ҷомеашинохтӣ, равоншиносӣ,  фалсафӣ, таърихӣ ва амсоли инҳо дар маҳдудаи маконию замонии миллӣ бояд сурат бигирад. Манзур ин аст, ки фазои татбиқи назариёти илмию фаннии урупоиро метавон дар мероси арзишманди устод Айнӣ пайдо кард ва масири ҳаракати фикрӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, равонӣ ва фарҳангии миллиро дуруст шинохт. Мунтаҳо, шиносоӣ ва ташхис (диагностика)-и дурусти мушкилоти фикрӣ, ақидатӣ, ҳувиятӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва иҷтимоӣ шароити мусоидро барои ҳалли онҳо фароҳам оварда, роҳи раҳоӣ аз бебандуборию сардаргумию бунбасту буҳронҳоро ҳамвор месозад.

Айнӣ аз даврони толибилмӣ (айёми таҳсилот дар мадрасаҳои Бухоро) ба муҳитҳои рӯшангарӣ роҳ меёбад ва ҳадаф мегузорад, ки дар танвири фикрӣ ва бедории иҷтимоии насли наврас ва ҷавони Бухорои амирӣ саҳми муносиб бигирад. Маҳз аз ин марҳала (манзур солҳои 1905-1912) фаъолияти маорифпарварӣ-рӯшангарии устод Айнӣ шуруъ мешавад. Устод замони талош ва ҷустуҷӯҳои худро дар заминаи касби дониш ва улуми дунявӣ ба ёд оварда, таъкид мекунад, ки: “чун ба муаллим Абдураҳмони Саидӣ (Абдураҳмон Саидӣ тотор буда, аз нахустин муассисони мактаби тоторӣ (соли 1906) дар Бухоро маҳсуб меёбад – Н.Н.) робитаи мо зиёд шуд… ҳар рӯз баъд аз фароғи таълим ба ҳуҷраи фақиронаи камина дар мадрасаи Кӯкалтош меомад, китобҳои тозабаромад ва рисолаҳои нофеаро оварда мутолиа намуда, ба мо тафҳим мекард. Китобу рисолаҳое, ки дар боби тарбия ва таълим дар Русия ва Истанбул таҳрир ва табъ ёфта буд, ба мо мутолиа мекунонд. Фақир ва Аҳмадҷон Махдуми Ҳамдиро ба ҷаридаи “Вақт” ва маҷаллаи “Шуро” муштарӣ кунонд”.

Усулан, устод Айнӣ бар мабнои донишу биниш ва таҷрибаю собиқаи маорифпарварону рӯшангарони замон, аз ҷумла Аҳмади Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Раҳматуллоҳи Возеҳ, Сиддиқхоҷаи Аҷзӣ ва дигарон дар масири ислоҳи авзоъ ва тағйироти зеҳнию иҷтимоӣ бардамона қадам бардошт. Устод рисолати маорифпарварӣ-рӯшангариро дар беҳбуд бахшидани вазъи асафбори иҷтимоию маънавӣ, саводнок кардани мардум ва пахшу нашри улум қаламдод карда, тавсияи худро дар шакли барнома-стратегияи адабӣ, илмӣ ва маданӣ ироа медорад: “Аввал танвири афкор ва нашри улум лозим аст, сонӣ ислоҳот худ ба худ ё ба иҷбори афкори умумӣ хоҳад шуд. Хулоса: илм чу ояд, ба ту гӯяд, ки кун”.

Муҳимтар аз ҳама, руҳи бедорӣ ва танвири фикрӣ устодро ба кушодани мактабҳои типи нав ё ба истилоҳ, мактабҳои усули савтия вомедорад.

Агар марҳалаи аввали маорифпарварӣ-рӯшангарии устод Айнӣ ба замони амирӣ (солҳои 1908-1920) иртибот дошта бошад, марҳалаи баъдӣ ба даврони нави сохтмони давлат ва ҷомеаи сотсиалистӣ (солҳои 1920-1954) рост меояд. Бавижа, фаъолияти маорифпарварӣ-рӯшангарии Айнӣ дар марҳалаи ҳассоси нимаи дуюми солҳои бистуми садаи бист (солҳои 1924-1929), ки дар таърихи миллӣ ба сифати замони миллатсозӣ ва муқовимату муборизаҳои шадиди сиёсию мафкуравӣ муаррифӣ шудааст, сазовори таъкиду тазаккури мукаррар аст. Дар он марҳалаи ҳассос, ки тоҷик нав соҳиби ҷумҳурии алоҳида шуда буд, устод Айнӣ тариқи нашру пахши мақолаю матолиби публитсистӣ рӯшангарӣ мекунад. Ин аст, ки дар нашрияи овозадори “Овози тоҷик” силсилаи матолиби ҷиддии публитсистӣ нашр кард, ки ба мавзуъ ва масъалаҳои муҳим ва рӯзмарраи миллӣ ихтисос ёфта буданд.

Бояд махсус ёдовар шуд, ки устод Айнӣ дар замон ва шароити ҳассоси таърихӣ (солҳои бистуми садаи бист), ки миллати тоҷик дар вартаи нобудию ҳалокат қарор дошта, мавҷудияташ аз ҳар тараф зери суол бурда мешуд, вазъро хуб дарк карда, дар пайи анҷом додани ибтикороти ҷиддию саривақтӣ шуда, ба таълифи китоби тақдирсози “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки соли ҷорӣ (соли 2026) ба таълифи он сад сол пур мешавад, камар барбаста, дар кӯтоҳтарин муддат онро таълиф кардааст. Тибқи сарчашмаву осори таҳқиқӣ, “Намунаи адабиёти тоҷик” нахустин асари бузурги адабиётшиносӣ ва сиёсӣ-мафкуравии Садриддин Айнӣ буда, соли 1926 дар Маскав аз тариқи Нашриёти марказии халқҳои ИҶШС ба табъ расидааст.

Мусалламан, пас аз интишори китоб таҳоҷумоти ҷиддии сиёсию мафкуравӣ алайҳи Айнӣ ва китоби ӯ аз тарафи элитаи сиёсию ҳизбии пантуркистӣ сахт ҷараён мегирад, то дараҷае ки душманон ба яке аз нухбагони олирутбаи ҳизбии рус, дабири Нашрияи расмии “Правда” Н.И.Бухарин (1888-1938) арз мекунанд, ки Айнӣ бо навиштани ин китоб амири Бухороро аз нав даъват кардану овардан мехоҳад. Дар асоси ин гуна дасисаву тавтеаҳо китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” барчида шуд. Устод Айнӣ дар номае ба А. А. Знаменский (1887-1943 – дипломати машҳури рус ва намояндаи Вазорати умури хориҷии Иттиҳоди Шуравӣ дар Узбекистон, ки аз китоби “Намуна”-и устод ҳимоят кардааст), иқрор кардааст, ки “бо таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик” фармудаи таърихро ба ҷо овардам”.

Дар шароити муосири бархурди қудратҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шинохти илмӣ, воқеӣ ва ҳирфавии меросу арзишҳои гузаштаю имрӯзаи миллӣ ва башарӣ стратегияи рақами як маҳсуб меёбад, зеро ки бидуни ташхиси дурусти меросу осори гузашта ва татбиқи илмии он дар вазъияти имрӯза сатҳи имкони поистан ва давом бахшидани фарҳангу сиёсати миллӣ пойин меравад.

Иммунитет-масуният ё сироятнопазирии иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳунарӣ, мафкуравӣ ва билохира маънавӣ бо даст ёфтан ба илми зинда ва андӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меояд, дар баданаҳои ҷомеа маҳкам ҷой мегирад, қолаби иҷтимоӣ ва равониро дар баробари вирус ва бактерияҳои гуногуни фикрӣ, динӣ-мазҳабӣ ва мафкуравии бегона, ки тариқи таблиғоти рӯзафзуни шабакаҳои иҷтимоӣ дар даҳсолаҳои ахир бар афкори наслҳои ҷавону миёнсоли ҷомеаи тоҷик тасаллут пайдо карда истодааст, қудратманд месозад.

Нозим Нурзода,
мудири шуъбаи ташаккули ҳувияти миллӣ
ва оммависозии илми АМИТ

Дигар хабарҳо