Назаре дигар ба рӯзгори замони шуравӣ

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тасвири бадеии зиндагии садсола бо Русия, аз замони тасарруфи Осиёи Марказӣ аз тарафи Русияи подшоҳӣ, Инқилоби болшевикӣ (1917) ва Инқилоби Бухоро (1920) то фурӯпошии Давлати Шуравӣ (1991) аз мавзуъҳои муҳим ва чанд муддат марказии адабиёти тоҷикии садаи бист будааст. Бахусус, дар замони шуравӣ мавзуи инқилоб, пайомадҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию маънавии он, кору заҳмати мардуми мо барои барпо намудани сохти нави сотсиалистӣ ҳамеша мавриди назари чи ниҳодҳои ҳизбӣ ва чи ниҳодҳои  адабӣ буд ва ин амал мавриди тақдиру тамҷиди доимӣ низ қарор дошт. Масоили зиндагӣ, низоъҳои иҷтимоӣ ва тасвири шахсиятҳои адабӣ маҳз дар ҳамин меъёр – мувофиқ ва дархур будан ва ё набудан ба манфаатҳои ҷомеаи шуравӣ ва сарсупурдагӣ ба ҷомеи мазкур санҷидаву баҳо дода мешуданд. Ба ин маънӣ дар кори адабӣ суннати муайяне шакл гирифта буд, ки бо номи мактаби методи реализми сотсиалистӣ маълум ва машҳур аст.

Нависанда Мирзо Саидзода (Мирзо Насриддин) дар романи нави худ «Нони шарикӣ. Сад сол бо Русия» кӯшидаст, ки ба ин мавзуи машҳур назари тозае андохта бошад.

Аз чашмандози дигар дидани воқеаҳои  замони шуравӣ дар адабиёт куллан ҳодисаи нав нест, балки он дар ҳамон даврон низ ба назар мерасид ва адибон Кӯҳзод, Ҷумъа Одина, Саттор Турсун, Сорбон ва баъдтар Абдулҳамид Самад, устодон Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир кӯшидаанд, сарфи назар аз мамониатҳои идеологӣ, баъзе паҳлуҳои норавшани воқеияти замонро ба тасвири бадеӣ гирифта бошанд. Аммо пас аз пош хӯрдани ҷомеаи шуравӣ ин мавзуъ хеле ҳассос шуд ва барои гуфтани паҳлуҳои торики гузаштаи наздик имкон фароҳам омад. Ва хоҳиши дарки сабабҳои аз миён рафтани як кишвари бузург на танҳо худ таваҷҷуҳи илмию адабиро ба он вомедорад, балки тақозои замони мо ҳам мебошад. Ин кор дар ҳамаи кишварҳои пасошуравӣ хеле пештар анҷом дода шудааст. Аммо ин амал чунин маъно надорад, ки дар ин маврид ҳатман бояд бар хилофи он чи дар адабиёт то ин замон анҷом дода шудааст, рафта бошем. Албатта не. Аз маводи роман маълум мешавад, ки ғарази нависанда бо фаро гирифтани маводи тоза ва ба тасвир кашидани масъалаҳои дар гузашта мамнуъ мавзуъро такмил намуда, ба ин васила мураккабиҳои замонро ба қалам диҳад ва воқеиятро росту дуруст, чунонки будааст, ба тасвир кашида бошад. Фаромӯш набояд кард, ки асли воқеият танҳо на он аст, ки ба манфаати ҳизбу ниҳоде ва ё ташкилоте ҳал шуда бошад, воқеияти асил ва комил фарогирии зиндагии тамоми қишрҳои ҷомеа ва мушкилу масъалаҳои зиндагии онҳо мебошад. Вазифаи адабиёти асил инъикоси ин ҳама масъалаҳост, ки ба суди тамоми мардуми ҷомеа бошад.

Қаҳрамони марказии роман – Ҷовид Мансурович, ки дар мавриди муносибат ба сохти нав бо падараш дар мавқеи мухолиф қарор дошт, огоҳона ба мавқеи инқилобиюн омадааст ва яке аз бунёдкорони ҷомеаи сотсиалистӣ мебошад. Аммо роҳи расидан ба ин мартаба росту ҳамвор набудааст. Ҷовид зодаи шаҳри бостонии Самарқанд буда, аз хонаводаест, ки ба Инқилоб хайрхоҳ набуданд. Ба ҳамин сабаб оилааш (модару бародараш) ба сахтиҳо рӯбарӯ мешаванд ва ӯ ҳамроҳ бо падараш ба ҷануб ҳиҷрат мекунад. Дар ин масир вай аз падар ҷудо мешавад, ки он то ҷое ақидатӣ ҳам будааст. Падар ба Афғонистон сафар мекунад, аммо писар дар Тоҷикистон монда, дар мактаби шуравӣ хондаву тарбия меёбад ва бо садоқати хосса ба хидмати он мепардозад. Ҳамин тавр, Ҷовид, тарбиядидаи сағерахона (мактаб-интернат) ва комсомол, баъд узви ҳизби коммунист, дар кори аз худ кардани Водии Вахш, хусусан ба кор андохтани заминҳои  найзори асрҳо бекорхобида, обёрии онҳо, сохтмони колхозҳо иштироки фаъол дошта, содиқона ба талабу ҳадафҳои ҳизб кору хидмат кардааст. Дар ҷанги муқобили Олмони фашистӣ иштирок дошта, баъди бозгашт ба сифати раиси колхоз кору заҳмат мекашад ва соҳиби обрӯ мегардад. Таҷрибаи кор дар парвариши пахта ӯро дар ҷумҳурӣ машҳур мекунад, балки берун аз он, хосса дар ҷумҳуриҳои пахтакор вайро мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд. Заҳматписандии хубу ҳалоли вай аз тарафи давлат қадр карда мешавад ва бо номи ифтихории «Раис-бобо» соҳиби обрӯ ва эътибор аст, ки ба хеле аз раисони саракору ҳалолкори он даврон хос буд.

Бо тақозои замон, байни дӯстону ҳамкоронаш аз қавму миллатҳои гуногун, хосса русҳо бисёр буданд. Аз ҷумла, Максим Буров ва Иван Буров, ки кору фаъолияти якҷояи ҷамъиятӣ муносибати онҳоро ба дӯстию бародарии хонаводагӣ табдил додааст ва ин як ҷиҳат аз зиндагии он замон низ ҳаст. Онҳо то замони фурӯпошии Шуравӣ пасту баланд ва талху ширини зиндагиро бо ҳам дидаанд (масалан, Иван Буров замони тафтиши маъракаи изофанависии пахта ба таври  фоҷиавӣ фавтидааст). Ба ин маънӣ, талху ширини таъми нони шарикиро мардуми тоҷику рус баробар чашидаанд.

Ҳайати коргарони Вахш дар солҳои гуногун аз маҳалҳои Тоҷикистон (аввал аз Хуҷанд, Конибодом, Исфара, баъдтар аз Рашт, Бадахшон), Фарғона, аз табақаҳои гуногун ва қавму миллатҳои мухталиф – русу украин, қазоқ ва ҳатто аз афғонҳо иборат буд. Ҳама вобаста ба шароити кор ва зиндагӣ ва таҷрибаи миллияшон ба қадри тавони худ заҳмат мекашиданд ва: яке таҳҷоӣ мешуд, дигаре ба ватан бар мегашт, оилаҳои нави фаромаҳаллӣ ва байналмиллӣ бунёд мешуд, расму одат ва ҳатто фарҳанги тозаи муосир шакл мегирифт. Ин ҳолат то фурӯпошии Шуравӣ давом дошт. Аммо қадр кардани заҳмат, додани имтиёзҳо ҳамеша яксон набудааст. Бахусус табақаи миёнаҳол ва доро, ки барои давлати коргару деҳқон гӯиё лоиқ ба бовар набуданд, ҳамеша заҷри маънавӣ мекашидаанд.

Аз ҳамин гуна афрод Алишер-ака аст, ки аз Конибодом ба водии Вахш муҳоҷир шудааст, аммо бо вуҷуди деҳқони ҳалолкори ботаҷриба будан ва ё дар майдони ҷанги зидди фашизм қаҳрамонӣ нишон додан, дар ҳолати ҳассос аз табақаи миёнаҳол будани ӯ ба ёд мерасид ва қадрдонӣ намешуд. Ва аз ин гуна беадолатиҳо дар замони шуравӣ, тибқи мушоҳидаҳои қаҳрамони асосӣ, кам набудаанд, балки зина ба зина дар сатҳи шахсият, миллат ва ҷумҳуриҳо амалӣ мешуданд. Аз ҷумла, Ҷовид худ дар маъракаи соли 37 барои ҳимояи оилаи дӯсташ Бобо Ҳамдамов, ки бесабаб ба ҳабс гирифта шуда буд, наздик буд гирифтор гардад.

Дар ин маврид тасвири қазияи Ӯлҷабоев дар роман бисёр муҳим ва ибратпазир аст, зеро лаҳзаҳои бисёр ҳассос, балки фоҷиавӣ дар сарнавишти қаҳрамони асосӣ ба он иртибот мегирад. Дар он як нуктаи муҳим дар зиндагии шарикӣ ифода ёфтааст. Он ҳам, аввалан, афзалият додан ба мутахассисони рус ва русзабон, бахусус дастнишондаи худ; сониян, дар иртибот бо масъалаи мазкур, кам гирифтани аҳли кору сарварони миллӣ (маҳаллӣ), зоҳиран бовар накардан ба онҳо, ки ҳамроҳ бо худ ғарази тарс доданро ҳам доштааст, зоҳир мегардад. Дар қазияи Ӯлҷабоев, тибқи тасвири нависанда, ин ду омил ба мушоҳида мерасад. Марказ мехост одамони боэътимоди худро дар канори Ӯлҷабоев, ки дар фаъолияташ озодӣ нишон медод, нишонда бошад. Аммо вай ин пешниҳодро қабул надошт ва ба котиби дуюми ҳизб интихоб шудани Ковал ризоят надод. Маълум аст, ки ҳизб тоқати истиқлоли сарварони миллиро надошт, бинобар ин, бо зӯру туҳмат ва бо ҷазои ҳизбӣ сарварони кишварро аз мансаб барканор карда, ҷараёни ошкор кардани изофанависӣ дар ҷамъоварии пахтаро ба роҳ андохт ва ба ҷазодиҳии оммавӣ гузашт. Ҷовид, ки ба муқобили ин беадодатӣ эътироз кардан хост, мавриди шубҳа ва тафтиш қарор гирифта, ба зӯр ва ноҳақ ҷазои ҳукми марг гирифт. Ҳарчанд Маскав ин ҳукмро тасдиқ накард, вале ҳабси 15 сол низ хеле гарон буд ва сабаби мулоҳизаҳои ҷиддӣ дар бораи адолат дар сохти шуравӣ шуда метавонад.

Такрори қазияи изофанависӣ баъдҳо дар Узбекистон, вафоти фоҷиавии дӯсташ  Сарабек Ҷӯрабеков мантиқан ӯро ба хулосае меоваранд, ки ин амалҳо на танҳо бо мақсади барҳам задани камбудҳо, балки василаи тарс додан ва шикастани ҳувияти миллатҳо, дастнигар кардану ихтиёри онҳоро ба даст гирифтан будааст. Дар асл аксари мушкилот аз сиёсати нодуруст дар ин масъала ба миён меомаданд: дар канори нақшаҳои камаршикан боз уҳдадориҳо сарборӣ мешуданд ва кори пахтакоронро ба маротиб мушкил карда, сабаби камбудҳо дар соҳа мегардиданд.

Дигар аз ҳамин гуна муносибати сустбунёд, ба андешаи нависанда, қабули Конситутсияи СССР буд, ки ташаккули мардуми шуравиро чун як халқ ба миён гузошта, мавқеи забонҳои миллиро танг мекард ва забони русиро забони умумидавлатӣ ба шумор меовард. Дар кулл, тибқи мушоҳидаҳои Ҷовид дар мамлакат, ба ҷойи он ки рӯз то рӯз зиндагии мардум беҳ шавад ва ба қавле пас аз ду даҳсола аз ҳар ҷиҳат аз Амрико пеш гузаштаву дар даврони коммунизм зиндагӣ кунанд, вазъ бадтару бадтар мешуд ва сабаби ин аз роҳбарии ноуҳдабароёна ва бенақша ба кишвар дониста шудааст, ки сӣ соли ахир дар дасти котибони генералии пирсолу корзада афтода буд. Ин ҳам маълум аст, ки замони ҳукмронии Хрушёв бо худсариҳои сиёсӣ (волюнтаристӣ), замони Брежнев бо карахтӣ ва Горбачев бозсозии беҳадаф тавсиф шудаву аз ҷониби худи ҳизб танқид шуда буд. Бисёр муҳим аст, ки Ҷовид ин ҳамаро аз сар гузаронидааст, ҳарчанд ки дар маҳбас заҷри зиёд дидаву дар зиндагӣ ба пасту баланди зиёд рӯбарӯ шуда бошад ҳам, ба вазъи Шуравии дар ҳоли шикаст назараш воқеист ва неку бади онро беғаразона изҳор медорад.

Вай ба пурсиши ботинии худ дар бораи «СССР-ро афзалияташ бештар буд ё не?» кӯшиш кардааст, то посух дода бошад. Ба ақидаи вай, он бо ҳама маҳдудиятҳояш кишваре буд, ки дар қаламрави мо роҳҳо сохт, мактабу маорифро ба роҳ монд ва мардумро босавод кард, ба мансабдорон нигоҳ доштани ҳадро дар маишат ва ҳалолкориро дар амал ба роҳ монд, хурду бузург асосан, зиндагии яксон доштанд, шахси ахлоқаш покиза боэҳтиром, одами ба кор машғул дар мартабаи аввал меистод, инсоне сохт, ки қаноатпеша, аз қайди молу чиз озод. Муҳимтар аз ҳама, мо бо мардумоне, ки дину одати дигар доранд, дар шарикӣ ва рифоҳ зистем, ки ҳам барои ҳамон рӯз ва ҳам барои оянда бароямон дарси хубест, хулоса мекунад қаҳрамон, ки ин дар дарки дурусту комили нияти бадеии муаллиф бисёр муҳим мебошад. Хулоса, романи «Нони шарикӣ. Сад сол бо Русия» на танҳо барои аз назари дигаре дидану такмил намудани тасвири воқеаҳои сад соли ахир мусоидат мекунад, балки барои минбаъд ба он ҳама зиндагии мураккаб аз назари имрӯз баҳо додан имкон фароҳам меоварад.

Роман ба ҷуз аз навовариҳои муҳтаво ва паём, ҳамчунин, хусусиятҳои хоси жанрию ҳунариро дорост. Дар ин маврид хусусияти жанрии роман бояд махсус таъкид шавад. Ин аз он сабаб аст, ки воқеаҳо дар он аз шахси сеюм, яъне, ровӣ нақл мешавад, вале дар он садои қаҳрамони асосӣ нуфузи зиёд дорад ва ривоят аз сухани муаллиф ва қаҳрамон таркиб ёфтааст, ки дар бисёр мавридҳо ба такгуфтори ботинӣ (монолог) табдил меёбад ва ин аз аксар ҷиҳатҳо хусусияти бадеии асарро муайян мекунад. Зиёда аз он, бо тақозои муҳтавои умумии асар, ки аз воқеаҳои таърихи наздик ва нави то ба ҳол мавриди тасвир қарорнагирифта таркиб ёфтааст, дар он дар канори нигориши бадеӣ, ҷанбаи ҳуҷҷатӣ пурқувват аст. Ин ба он маъност, ки дар роман ҳодисаҳои воқеӣ, нақлу ривоёти дар миёни мардум маъмул, хотироту ёддошти иштирокдорони бевоситаи воқеаҳо мавқеи муҳим доранд ва гоҳе аз ҳуҷҷату мадорик низ иқтибос шудааст. Зиёда аз он, дар роман шахсони таърихию воқеие чун Сталин, Хрушёв, Суслов, Ғафуров, Расулов, Козлов, Обносов, Додхудоев, Раҳматов, Зарифова, Тошматова, Ковал, Буларгин, Раҷаббеков зикр шудаву амал ҳам мекунанд ва тақозои онро  доранд, ки садоқат ба асли воқеаҳо барои нависанда бояд амали зарурӣ бошад. Аз ин ҷо, ҷанбаи ҳуҷҷатӣ, шуҳудӣ ва ҳузурӣ як бахши мантиқӣ ва ногузири тасвир аст ва бояд аз хусусияти муҳим ва маҳосини бадеии роман ба шумор оварда шавад. Аслан, ҳангоми мутолиа дар хонанда хоҳише пайдо мешавад, ки аз воқеаҳо бештар дониста бошад ва онҳо дақиқ ба тасвир оянд, сабабҳо, асрор ва ҳақиқат дар бораи беадолатиҳо (масалан, тавтиаи алайҳи Ӯлҷабоев) муфассал боз карда шаванд.

Аммо дар кулл тасвир бадеист ва ин ҷанбаи сужаи асар ба шахсияти қаҳрамони асосӣ, нақлу ёддошт ва руҷуъҳои замонию равонии  вай иртибот мегирад. Тамоми сохтори асар ба нақлу баҳо ва андешаҳо ва зовияи диди вай вобаста аст, ки қаҳрамон онҳоро дидаасту аз сар гузаронидааст ва пайваста ба натиҷаҳои лозим расидааст. Тасвир аз ҳайси замону макон вусъат дорад: воқеаҳои он ҳарчанд аз ибтидои солҳои сиюми асри гузаша ибтидо мегиранд, гоҳе ба воқеаҳои замони инқилоб ва аз он пештар низ гиреҳ хӯрда, то ба солҳои навад мерасанд. Онҳо ҳама аз ҳаводиси муҳимму марҳалавӣ иборатанд. Макони ин воқеаҳо низ аз водии Вахш, аз Тоҷикистон ибтидо ёфта, метавон гуфт, дар тамоми Шуравии собиқ (Русия, қазоқистон, Узбекистон ва ғ.) ҷараён мегиранд, ки паҳнои маконии романро таъмин намудаанд.

Аммо ин паҳно ва вусъати роман (ҳамоса) на ба маънои панорамаи зоҳирист. Он беруномада аз сарнавишти қаҳрамони марказӣ мебошад, ки зиндагии мураккабу пурмоҷаро ӯро ба роҳҳои пурпечуфароз овораву саргардон карда буд. Ба ҳамин асос дар роман ба ҷуз аз нақли воқеаҳои муқаррарӣ аз сужаи моҷароӣ, таъризу киноӣ, масалу шеър низ истифода шудааст, то шебу фарози зиндагӣ ва ҳолоти равонии қаҳрамон ҳамаҷиҳата ба тасвир омада бошад.

Романи «Нони шарикӣ. Сад сол бо Русия» асарест, ки хусусиятҳои хосси ғоявию бадеӣ дорад ва минбаъд барои ба таври воқеӣ ба тасвир гирифтани таърихи сад соли ахир роҳ боз мекунад. Паёми асосӣ ва муҳимми асар иборат аз он аст, ки ба зиндагӣ ва кору фаъолият бо Русия ва замони шуравӣ назари беғараз дошта бошем, дастовардҳои онро бо некӣ ёд кардаву аз камбудҳояш ибрат бигирем. Аз ҳама муҳимтар, ба қадри замони Истиқлол бирасем ва дигар ба умеди «нони шарикӣ» нашуда, ба ҳар гуна кумаку зиндагии ба ном бародарона, чӣ қадар ки онҳо назарфиреб ҳам набошанд, мафтун нашавем, имрӯзу ояндаи Ватани соҳбистиқлоламонро бо дасти худ бисозем. Ба эътибори ин ҳама маҳосин метавон чунин натиҷа гирифт, ки романи Мирзо Саидзода «Нони шарикӣ. Сад сол бо Русия» сухани тоза дар насри муосир буда, сазовор ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Абдухолиқи НАБАВӢ,
адабиётшинос

Дигар хабарҳо