Дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд…

 Дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд…

Ҳафтаи гузашта дар саросари кишвар зодрӯзи Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ва 100-солагии шоҳасари ҷовидонаи ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» ба таври васеъ ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ силсилаи чорабиниҳои илмиву адабӣ баргузор гаштанд.

Субҳи рӯзи 15-уми апрел роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо гурӯҳи адибон оромгоҳи устод Садриддин Айниро зиёрат намуда, ба рамзи эҳтиром ба бунёдгузори адабиёти навини тоҷик бар марқади устод гулгузорӣ карданд. Дар атрофи оромгоҳ маҳфили хурди адабӣ ва шеърхонӣ доир гардид.

Ҳамчунин дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагон ҳамоиши бузурги 100-солагии китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ сурат гирифт, ки дар он муҳаққиқон, аҳли қалам ва ҳаводорони эҷодиёти устод ширкат карданд.

Дигар хабарҳо