Номаи шодбошии ИНТ ба нависандаи шинохта Мираҳмад Амиршоҳӣ

 Номаи шодбошии ИНТ ба нависандаи шинохта Мираҳмад Амиршоҳӣ

Мираҳмад Амиршоҳӣ дар соҳаи адабиёт ва рӯзноманигорӣ бо ҳикояву қисса, очерку ёддошт, лавҳаю мусоҳиба, филмнома ва навиштаҳои дигараш шинохта гардида, ба ҳайси қаламкаши сермаҳсул пазируфта шудааст.

Пас аз фароварди дабистони зодгоҳ (1973) ва факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1977) дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» (1977-1991) ва баъдан дар рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» (1992) фаъолияти самаранок нишон медиҳад.

Айни замон ба сифати роҳбари Маркази матбуоти НБО-и «Роғун» заҳмат мекашад ва дар баробари ин, доир ба ҷараёни пурҷӯшу хурӯши кор дар ин иншооти аср маҳсули қаламаш пешниҳоди хонанда мешавад.

Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагон ва аз соли 1987 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

Дар солҳои гуногун навиштаҳои мухталифаш дар китобҳои «Дар подомани Золи Зар», «Сада», «Мероси ҷавонмардӣ», «Тоҷикистон, ғарқаи хун дидамат», «Дар сакарот», «Карашмаи бахт», «Хунро бо хун намешӯянд», «Моҷарои ишқ», «Авроқи захмин», «Девона», «Ишқро анҷом нест», «Руҳи саргардон», «Маро бубахш, модар», «Эй ишқ, наҷотам деҳ», «Армоншикани ҳазорсола», «Роҳи нур», «Ҳакими замон», «Як бағал ишқ», «Менигарему меравем», «Кӯргиреҳ», «Як лес дӯғ, сад ман дурӯғ», «Дар маҳфили ошиқони Роғун», «Президент ва Роғун», «Шаҳриёрон» ва матбуот ба табъ расидаанд.

Романи ҳуҷҷатияш бо номи «Раненые страницы» дар шаҳри Маскав интишор ёфтааст.

Филмномаҳояш таҳти унвонҳои «Сина моломоли дард аст», «Ойинадор», «Тулуи бахт», «Роҳ ба сӯйи нур», «Хирмани нур», «Дар миёни обу оташ», «Роғун калиди фатҳ аст» дар бойгонии Телевизиони «Тоҷикистон» маҳфузанд.

Бо самимият ва эҳтиром ҳамқалами хешро ба муносибати 70-солагияш табрику муборакбод гуфта, барояш саломатии бардавом, илҳоми саршор ва асарҳои нав орзумандем!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо