Номаи шодбошии ИНТ ба адабиётшинос Шоҳзамон Раҳмон

 Номаи шодбошии ИНТ ба адабиётшинос Шоҳзамон Раҳмон

Шоҳзамон Раҳмон баъди ба итмом расонидани мактаби миёна ва факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ ) дар соли 1967 риштаи умри худро дар пайи таҳқиқи ва пажуҳиши осори адабӣ, махсусан адабиёти даврони инқилоб ва оғози садаи ХХ ва хидмат дар муассисаҳои илмиву таълимӣ пайваста, дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев ба ҳайси дотсенти кафедраи адабиёти тоҷикӣ, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ҳамчун профессори кафедраи забонҳои тоҷикию русӣ, дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ сарходими илмӣ кор кард.  Аз соли 2017 мудири шуъбаи адабиёти муосири Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти АМИТ аст. Вай дар пайи ҷустуҷӯҳои амиқи илмӣ дар мавзуъҳои «Мусаммат, таҳаввул ва ташаккули он» ва «Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсу тоҷик» соҳиби унвонҳои номзад ва доктори илмҳои филологӣ гардид.

Шоҳзамон Раҳмон ҳамчун муҳаққиқ ва пажуҳишгари корозмуда дар пайи муҳиммтарин масоили ҳалталаби адабиёти имрӯзамон иқдом намуд ва натиҷаи заҳматҳояшро дар мисоли «Байт ва муносибати он дар шеър» (1980), «Таҳаввули воҳидҳои лирикӣ» (1988), «Шеър ва Айнӣ» (1994), «Сухане чанд аз лирикаи форсии тоҷикӣ» (1999), «Таҳқиқ ва нақд» (2005), «Се кори муҳим ва бахайри устод Садриддин Айнӣ» (2007), «Маърифати забон» (2008), «Хоҷа Машҳад. Мадрасаву мақбара ва маъбадҳо» (2014), «Таҳқиқ, танқид ва тарҷума» (2016) ва ғайра дастраси хонандагон кард.

Корҳои ӯ, махсусан дар пайи таҳқиқи шахсият ва осори Айнӣ, ки барои шиносонидаи ин чеҳраи барҷастаи адабиёт хидмат мекунанд, шоистаи тақдиранд. Мавсуф ғайр аз татқиқоти густурда дар мавриди Айнӣ ва осори ӯ ҳамчунон «Ҷашнномаи Айнӣ» (1991) ва «Куллиёти устод Садриддин Айнӣ» (2016)-ро таҳия ва тадвин кардааст, ки аз хидматҳои шоёни ӯ дар айнишиносӣ маҳсуб меёбад.

Ӯ аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагон буда, аз тарафи ин ниҳод бо Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2010) қадрдонӣ шудааст.

Ҳамқалами худро ба муносибати даромадан ба синни мубораки 80-солагӣ табрик гуфта, барояш тани сиҳат, саломатии бардавом ва неруи қавӣ барои пажуҳишҳои тоза дар адабиётшиносӣ орзумандем!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо