Баҳор ва шоир

 Баҳор ва шоир

Баҳору шоирро пайвандест пур аз рамзу роз, ки дирангу диққати фаровонро сазовор. Хешовандӣ ва пайванди ин ду ба он андоза аст, ки гӯйӣ вожаҳои муродифро монанд ва ҳангоме ки якеро ном мебарӣ, он дигаре дар баробар меистад.

Шигифтӣ ва эҳсоси бетобӣ аз ҷилваи ҷамоли баҳору неруи ангезаофаринӣ дар он, дар имтидоди ҳама давронҳое, ки инсон ҳунари оростани забонро омӯхт, руҳу андешаи ҳама суханварону шоирону дигар ҳунармандонро шефта гардонида ва мояву равнақи бозори фикри онон будааст, аммо ҳикмати ин робитаи пур аз рамзу роз ва он кунишу вокуниши пӯшида,  ки миёни баҳору шоир дар додугирифт аст, дар чӣ нуҳуфтааст? Гуйӣ ҳар ду гениофаринандагиро дороанд, ки як ҳуҷайра тақсиму аз нав дар дили ҳуҷайраҳои он ду ҷо ёфта ва ба ирс гирифта шуда, то баҳору шоирро  дар маснади офариниш нишонад.

Шоир ва баҳор ҳар ду худовандгори муаммоҳои офаринишанд, ки ҷӯшиш пеш аз кӯшиш дар онҳо азалӣ буда,  ҳамин ҷазабаю ҷӯшиши ниҳонию дарунӣ аст, ки онҳоро аз дигарон фарқ мекунанд ва ҳунари офаринандагиро ба гунаи фавқулодае дар онҳо ба боварӣ менишонад. Ин ҷӯшиш дар табиати баҳор бо кӯшиши кӯру бебок ва аммо дар шоири воқеӣ бо шууру навоварӣ ва рисолат ба камол мерасад ва ба арзиш мубаддал мегардад ва мояи фарҳангу таълиму тарбият мешавад ва шоирро дар мақоми омӯзгори офаринанда боло мебарад.

Навъи амалкарду кунишҳо дар табиату шоир чунон ҳамгуниро дар онҳо нишон медиҳад, ки гӯйӣ он ду аслан аз як ҷинсанд ва ҳар дуро неруи сеҳрангези ҳамгунӣ дар ихтиёр аст, ки бештар кашиши магнитиро монад ва қодир аст бо неруи фавқулодаи ҷозиба ҷинсҳои наздик ба худро ҷазб кунад, гӯйӣ шоирон низ аз навъи магнити бузурги табиатро дар худ доранд ва «махлуқи паризада» ва шефтаро монанд, ки шӯридагию кашиши каҳрабоӣ, сиришти ононро пур намуда, монанди табиат бо неруи ҷозибаи хеш ба дигарон нуфуз мекунад, ононро низ дигаргун месозад ё ба тақлид мекашонад, дуруст ба гунаи магните, ки оҳанро ҷазбу он вақт на фақат онро ба худ мекашонад, балки неруи мушобеҳе ба он мебахшад, то ба навбати худ битавонад порчаҳои дигарро ҷазб намояд. Магнити табиат олиҳаи шеъру кашишро ба шоир мебахшад ва он гоҳ шоир бо табиати озоди хеш ва ихтиёре, ки мунҳасир ба навъи инсон ба таври кулл ва шоир ба таври хос аст, аз нав ба он кашишу ибҳом хосияти халлоқаи тоза мебахшад ва онро аз нав боз меофаринад ва он ҷост, ки кори шӯридагии шоир даст ба кор шуда ва ба афсунгарии дилҳои одамони дигар мепардозад ва ба ин тартиб силсилаи афроди шефта падид меояд. Шояд дар заминаи ҳамин пиндорҳост, ки бисёреро ақида аст, ки ҳамаи шоирони бузург, бавижа гӯян- дагони шеъри ҳамосӣ ё шеъри ғиноӣ, ашъори зебояшонро ба ёрии илҳом ва ё дар ҳоли ҷазаба месароянд.

Шоир, бо он ки аз табиат таъсирпазир аст ва аз он мояи зиёде барои ғизои фикрӣ мегирад, худ низ бо неруи эҷодгарона ба он ё чизҳое меафзояд ва ё аслан онро аз нав халқ мекунад, яъне ӯ тақлид намекунад, балки меофаринад, он гуна, ки табиат низ дар ҳар навбаҳораш анвои тозаи гулҳо ва ҳашароту дигар зиндаҷонҳоро ба бор меоварад, ба намоиш мегузорад, то ба тақлиду такрор хатти бутлон бикашад. Замоне ки кори табиат дар ин арса дар ҳар сол анҷом пазируфт, он гоҳ аст, ки донишмандони биологӣ ба кашфи онҳо мепардозанд ва онҳоро радабандӣ мекунанду он гуна, ки ҳастанд, ба дигарон боз мешиносонанд, аммо шоирон сирфан ба муаррифӣ ва табақабандӣ намепардозанд, балки ба онон ҳайату маънии дигар медиҳанд ва аз нав меофаринанд. Аз ин рӯ, асармандии табиат бар шоиру маърифати шоир аз табиату тафсири он фақат ниме аз кори шоирро месозад ва ними дигари он ба шеваи зиндагии ҳамнавъони шоир ихтисос меёбад, ки ин нимаи дувум аз табиати худи шоир сарчашма мегираду он гоҳ шоирро дар мақоми қонунгузори навъи башар иртиқо медиҳад, ки худро нозир ба аф- кору рафтори наслҳои ояндаи башар медонад ва гӯё бартар аз замону макон қарор мегирад.

Ҳар гоҳ дар рӯшноии ин муқаддима, бо шитобе ба ҷустуҷӯйи ҷойи пойи баҳор дар паҳнои беш аз ҳазор соли шеъри форсӣ биравем, ба некӣ дархоҳем ёфт, ки баҳор ҳамчу мазҳаре аз зебоӣ ва офаринандагии табиат на танҳо руҳи ҳама шоирону шеърро дар ҳар давра ва замоне тасхир намуда, афзун бар он аз марзи сабкҳои шеърӣ по фаротар мегузорад ва бо он ҳама навовариҳое, ки симои шеърро дар сабкҳои ҷудогона зоҳиран дигаргун нишон медиҳад, он гуна, ки аз намунаҳои каломи суханварони мо пайдост, ҳам пешгомони сабк ва ҳам идомадиҳандагони онон дар ҳама ҳолатҳо натавонистаанд, то бетобию шефтагиашонро аз манзараҳои рангини табиат ва баҳор пинҳон кунанд ва ҳеҷ гоҳе нахостаанд  матои дилангези баҳорро аз бозори шеър ҳазф намоянд ва ба акс дида мешавад, ки он матои дилафрӯзи аруси баҳор, ҳар боре бо афсунгарии бештаре дар кӯчаи ҳар сабке, аз классик то муосир ба ҷилвагарӣ менишинад ва бо дилрабоии хос ва ҳатто дар чанд қадаме пештар, ҳама сабкҳоро ба дунболаш мекашонад.

Дар баҳор аст, ки ҳунари офаринандагии табиат бештар қудратнамоӣ мекунад ва шоир онро бо қудрати навофаринии худ ба маърифати вижа такомул мебахшаду дар куллият ба ҳунари шеър баён мекунад.

Ин пайванду ҳамдостонӣ дар унсури офаринандагӣ он ду ҳамсафари замонаҳоро ҳамқофилаи манзили бе интиҳои офариниш месозад. Бархе аз шоирони сарзамини мо ба тақозои замону ривоҷи сабк дар шеър ҷилваҳои таърихии баҳорро барҷаста сохтаанд ва шеърашон ҳамчу санади таърихӣ дар исботу шинохти табиат ва баҳору муаррифии достони замоншиносӣ аст, ки пажуҳишгарони наслҳои ояндаро аз он суди фаровон насиб мегардад.

Бегумон, дар ин замина Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ аз пешгомони сабки хуросонӣ, ҳамчун устодони мусалламу шоирони воқеъгаро, нигоргаронеанд дақиқ, ки шеърашон оинаи таърихи баҳор ва рӯзгор аст ва Фирдавсӣ аз даруни устураи пурҷозибаи куҳани сарзамини мо ишораҳое дорад ба ҷашни фархундаи баҳор, дар Наврӯзаш, ки зеботарини он ҳикояти тахтнишинии Ҷамшед дар Балхи бостон аст, ки бо суханони матини устоди Тӯс суруда шудааст. Дар сабки хуросонӣ, ки воқеиятгароӣ хосияти аслии он аст, шоир ба иқтизои сабк тоблуи дақиқе аз ҳамаи аҷзои табиат ба даст медиҳад. Бархе аз намояндагони ин сабк, монанди Манучеҳрӣ, дар партави диққати ҳунари мушоҳидаю тавсиф ва ҳатто эҷоди тасвирҳои тоза ва айнӣ аз баҳор чунон қудрати навоварӣ ба харҷ медиҳад, ки гӯё бо ӯ якҷо ба кашф ё шинохти дубораи табиат ноил мешавем. Ҳамчунон, дар сабкҳои дигар, ки аз пайи сабки хуросонӣ ривоҷ гардиданду то акнун, ки яке ҷойи дигарро гирифта ва мегирад, аз сабки ироқию ҳиндӣ гирифта, то арузи нимоӣ ва ё шоироне, ки дар сабку шеваи шеъри имрӯз қудратозмоӣ кардаанд, боз ҳам баҳору ангезаҳо ва башоратҳояш ҳама ҷо мояи тафаккур ва дигаргунии андеша будааст.

Бархе шоирон васфи баҳорро василаи маонии дигар қарор доданд ва аз «барги дарахтони сабз»-и баҳор, ба маърифати Кирдугор мерасиданд ва ҳамчунон шоироне чун Мавлоно, ки шеърашон дар қолабҳои маъмулии рӯзгорашон намегунҷид ва бо навоварӣ дар сухану асолат мазмуни ҳардуро ба камол расонида, боз ҳам аруси баҳорро мебинем, ки ба фарёд мерасад ва он худовандгори сухан –  Мавлоноро низ ҳамдостони худ мегардонад, ба ӯ забони нилуфару бунафша меомӯзад ва аз ҳикмати Хизри баҳорӣ он ошиқи шӯридаро умри пойдор ҳосил мегардад, он гуна, ки Мавлоно месарояд:

Бунафша пеши нилуфар даромад, ки муборак бод!
Ки зардӣ рафту хушкӣ рафту умри пойдор омад.

Хоҷаи риндон – Ҳофизи ширинсухан низ бо камоли завқ ва жарфои диққат ба дафтари рангину пурармуғони баҳор таваҷҷуҳ дорад, дар густураи ҷилвагарӣ ва ангезаҳои он ба кашфи рамзу умқи паёми баҳор мерасад, ба ваҷд меояд ва он чиро худ дарёфта, дигаронро низ ба тамошои он фаро мехонад, ҳайф медонад  дигаронро аз ҳикмати омӯзгории табиат, дафтари маърифати баҳорӣ ва рангинии коргаҳи баҳор баҳра нарасад:

Дар чаман ҳар варақе дафтари ҳоле дигар аст,
Ҳайф бошад, ки зи кори ҳама ғофил бошӣ.

Боре, замоне ки қосиди баҳор ба суроғи Нимои номовар мерасад ва дар Наврӯзу сари сол аз ӯ, ки дар навоварӣ ҳамтабори баҳор аст, металабад, то ба сухан ояд ва дар кори табиату инсон ба қазовату доварӣ пардозад. Ӯ ҳамчу қозии одил дар мақоми «адолати шоирона» меистад ва дар ҳоле, ки табиатро дар баҳорон офаринандагию рисолаташ пирӯз меёбад ва растагор мехонад, ҷомеаи башариро, ки аз ин корвон ақиб мондааст, дар маърази пурсиши замон қарор медиҳад ва дар суруди «Соли нав», ки дар нахустин рӯзи баҳори соли 1309 суруда, хитоб ба наслҳои бахобрафтаи замонаи хеш чунин мепурсад:

Сесаду нуҳ чунон, ки сесаду ҳашт,
Хоҳад аз пеши зеҳни мо бигзашт.

Дасти мо бар ҷабини он чи навишт?

Қалби мо бо замони рафта чи кард?

Ва дар поён аз мақоми адолати шоирона ҳукми маҳкамаи замоншиносиро мехонад ва сазои «шарм»-ро подоши ононе медонад, ки намехоҳанд ҳамгоми ҳангом шаванд:

… Ту, ки дар кори тозабунёдӣ,
Хонаи хешро сафо додӣ,
Шарм бодат ба номи ободӣ,
Хонаи фикрро сафо надиҳӣ.

Наврӯз ва армуғони баҳор дар шеъри шоирони муосири Тоҷикистон низ ҳамчун намоде аз зебоӣ ва офаринандагии табиат бозтоб ёфтааст ва асармандии баҳор ва Наврӯзро дар шеъри онҳо ба рӯшанӣ дармеёбем.

Шоирони фарзонаи тоҷик васфи баҳору Наврӯзро манбаи илҳом ва василаи маъноҳои дигар қарор додаанд ва бо қудрати навофаринии худ онро ба маърифати вижа такомул бахшидаанд. Ба гунаи мисол Муъмин Қаноат Наврӯзро ҳамчу омӯзгоре медонад, ки бояд рамзи ваҳдатро аз ӯ омӯхт:

Рамузи Ваҳдат аз Наврӯз омӯз!
Ва ё аз тифли навомӯз омӯз!

Зудудан дудаҳои осмонро
Ба зери осмон аз рӯз омӯз!

Ё замоне ки Лоиқ фарорасии Наврӯзро ба ғунчаи хандида, чашмаи ҷӯшида ва ошиқи шӯрида муборакбод мегӯяд:

Эй ғунчаи хандида,
Наврӯз муборак бод!

Эй чашмаи ҷӯшида,
Наврӯз муборак бод!
Эй камдили тарсида,
аз ишқ фурӯ бигзор,
Эй ошиқи шӯрида,
Наврӯз муборак бод!

Ё замоне ки Аскар Ҳаким дар сурудаи “Наврӯзи фарвардин” аз абри навбаҳорӣ мехоҳад замини ташнаро сероб созад:

Биё, то ин савоби ҳастии
меҳрофарини хешро имрӯз

Чу абри навбаҳорон

бар саропойи замин борем,

Ки он ҳам ташнаи лутф асту

меҳру дӯстдориҳост,

Навозишҳову ёриҳост.

Ва ё Гулрухсор дар таронаи Наврӯзи ҷаҳонии хеш Наврӯзро ҳамчу мероси пуршукӯҳи аҳди ниёкони мо гиромӣ медорад:

Аз аҳди Каён омад,
Бо шавкату шон омад,

Бо парчами хуршедӣ,

Бо «шери жаён» омад,

Наврӯзии ҷамшедӣ,

Ҷамшедии наврӯзӣ.

Ва ё замоне ки Низом Қосим муждаи фарорасии Наврӯзро ба ҳамаи дӯстон мерасонад:

Вораста расид он гул,
гул баста расид он гул,

Вораста дил аз бар шуд,

Наврӯз расид, эй дӯст!

Бигзор суханро бо ин байте аз Муҳаммад Ғоиб поён диҳем, ки барҳақ Тоҷикистонро ватани Наврӯз медонад:

То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Башир АЗИЗӢ,
Афғонистон

Дигар хабарҳо