Номаи шодбошии ИНТ ба адиби шинохта Диловари Мирзо

 Номаи шодбошии ИНТ ба адиби шинохта Диловари Мирзо

Диловари Мирзо, ки бо ҳикояву қисса ва романҳояш кайҳо боз ба хонандагон шинос аст, ба синни мубораки ҳафтод расид. Ӯ дастпарвари Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аст. Баъди ба итмом расонидани донишгоҳи мазкур чанд муддат ба сифати муаллим дар мактабҳои ноҳияи Рашт ба тарбияву тадриси насли наврас машғул буд. Сипас ба кори рӯзноманигорӣ пардохта, ба ҳайси мухбир дар нашрияҳои «Тоҷикистони советӣ», «Садои мардум», «Оинаи Рашт», Радиои Тоҷикистон кор кард. Ҳамчунин чанд муддат вазифаи мудири шуъбаи маориф, бахши фарҳанги ноҳияи Рашт ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияи мазкурро ба уҳда дошт. Алҳол котиби масъули бахши раштии ИНТ мебошад.

Диловари Мирзо аз адибони сермаҳсул маҳсуб меёбад. Асарҳояш «Нусратулло Махсум», «Алихуши Найистонӣ», «Борон изҳоро мешӯяд», «Кайфар» ва ғайра писанди хонандагонанд.

Хидматҳои нависанда дар рушди адабиёту матбуоти тоҷик бо ордени «Шараф» дараҷаи 2, Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» қадрдонӣ шудаанд.

Мо ҳамқалами хешро бо 70-умин баҳори умраш муборакбод намуда, ба корҳои эҷодиаш комёбиҳо мехоҳем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо