• 07.03.2026

Соҳиби оташкадаи ишқ

Ба муносибати 95-солагии Собир Зикирзода

 Ормонҳои нек ва эҷоди созандаи фозилону хирадмандони айём дар тули зиндагиашон сабаби касби ҷойгоҳу эътибори шоиста ва пасон гиромидошту ёдкардҳои бамавриду доимиву самимии халқ мегарданд.

Сарнавишти зебову омӯзанда, кору иқдоми фарҳангӣ, ҳамкориву ҳамдастии холисонааш бо аҳли илму адабу мусиқӣ, эҷоди чандин асари публисистӣ, шеъру сурудҳои дилнишин барои шодравон Собир Зикирзода низ ҳамин гуна сарнавишти арзандаро бахшидааст.

Адиб дар муҳити адабии солҳои 50-60-и асри пешин ташаккул ёфта, аз суҳбатҳои чеҳраҳои илмиву адабиву фарҳангии номваре, чун Носирҷон Маъсумӣ, Ҳабибулло Назаров, Ҳусейн Насриддин, баҳраманд гардида буд. Рағбати зиёди Собири ҷавон ба таронасароӣ, омӯзиши адабиёту фарҳанг ва фаъолияти мушкилу масъулиятталаби ноширӣ боиси таваҷҷуҳи устодон гашт. Ҳусайн Насриддин бо ташаббуси худ ба чанд матни эҷодкори он айём ҷавон оҳанг баста буд (сурудҳои «Наврӯзӣ», «Мебарӣ»), ки сабтҳояшон ҳанӯз дар радиову телевизиони кишвар садо медиҳанду ба мардумамон оромишу ҳаловат мебахшанд.

Собир Зикирзода даҳ сол (1995-2005) сарварии Хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагонро ба дӯш дошт. Он солҳо ин ниҳод чун яке аз меросбарони Хазинаи адабии шуравии собиқ бо ташкилоти ҳамгуни худ дар Маскав робита дошт ва ба қадри имкон ба корҳои адибон ёрӣ мерасонд. Ин шахсияти ҳалиму хушсусан, меҳрубону самимӣ дар ин муҳит аз худ хотираҳои ширину руҳбахш боқӣ гузоштааст. Ӯ, ки дар собиқ солҳо муҳаррири пешбари нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи маҷаллаи бонуфузи «Коммунисти Тоҷикистон» буд, бо касбияти шарафмандона ва фаъолияти софдилона ба он равнақ бахшид.

Устод ахиран ба тарбияи адибони ҷавон, санъаткорон ва муҳаққиқони фарҳанги шаҳри Ҳисор зиёд шуғл меварзид. Дар ҳақиқат ҳавзаи адабию фарҳангии Ҳисори Шодмонро тавонист эҳё намояд ва ҷавонони зиёдеро ба омӯзиши таърихи пурғановати халқи тоҷик, ҳунару арзишҳои миллӣ, эҷодиёти мардумӣ водор бисозад. Ёд меояд, ки он солҳо бо хоҳиши ин пири хирад ва дар ҳузури Шоири халқии Тоҷикистон устод Саидалӣ Маъмур шеърҳоямро қироат мекардам, аз ҷумла ин чорпораро чун бардоште аз ошноӣ бо шахсияти мавсуф ва ҳамтоёни азизе мислаш:

Роҳи шоир мисоли сатри шеър
Печутобеву нуқтаҳо дорад,
Роҳи ӯ беш аз дигар ҷода
Изтиробеву сактаҳо дорад.

Лаҳзае қалби пуртакопӯяш
Гарчи аз сактаҳо нашуд сокит,
Сактаҳои дили варо созанд
Лек аз эътиборҳо соқит.

Ҳаст илҳом меҳнату сӯзиш,
Асараш буда сактаҳои дил,
Ҳамчу истора бигзарад сӯзон,
Балки чун барқ аз фазои дил.

Фарқ он аст роҳи шоирро
Аз дигар роҳҳои рӯйи ҷаҳон,
Бигзарад он зи синаи дарё,
Бигзарад ҳам зи фарқи кӯҳистон.

Аз ҷаҳони гузашта ҳам бигзашт,
Кард эҳсос рӯзи фардоро,
Рафту омад ба ҳарду ҷониби вақт,
Пешу пас ӯ гузошт дунёро.

Гарчи гоҳи шумори хидматҳо
Мешуморанд хидматашро кам,
Ҳамзамонони ӯ зи хунсардӣ
Ё надоранд ҳурматашро ҳам.

Вақфи як рӯз нест шеъри ӯ,
Нест танҳо садои як даврон,
Нест як қарзи ҳамзамононаш
Он ҳама эҳтироми бепоён.

Ҳамчунон ҳурмате, ки шеъри асил
Байни мардум ба он сазовор аст,
Берун аз ҳадди иқтидори замон,
Дур аз фаҳми ақли бечора-ст.

Балки подошҳои шеъри асил,
Ки расида бар он зи давру замон,
Ҳаст барчошу ҷамъноварда-ст
Ҷумла андар муҳити бепоён.

Собир Зикирзода соли 1931 дар деҳаи Шоҳони ҷамоати Алмосии шаҳри Ҳисор ба дунё омада, мактаби миёнаи маҳаллаи Кафшдӯзони ин мавзеъ, сипас факултаи суханшиносии Донишкадаи педагогии пойтахтро ба итмом расонидааст. Дар хусуси роҳи тайкарда ва осори пурмуҳтавою ибратбахши адиб – китобҳои «Дурдонаҳои Алмосӣ», «Соҳиби оташкада», «Муаллими самарқандӣ», «Додгустари суханвар», «Чароғҳои Уялӣ», «Бозгашти булбул», «Ситораи шафқат» дар маҳфили адабиву мусиқие, ки дар Осорхонаи марказии Ҳисор бо ибтикори бахши фарҳанги шаҳр баргузор гашт, воқеан, гузориш ва суҳбатҳои хотирмон ироа шуданд, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, раҳбари ансамбли «Шашмақом»-и шаҳри Ҳисор Шамсиддин Муҳиддин чанд таронаи бар матнҳои эҷодкардаи Собир Зикирзода омоданамудаи худро пешниҳоди ҳозирин гардонд, ки тару тоза садо доданд. Сайр дар гулшани осори латифу ватанпарастонаи адиби соҳибном ба дӯстдорони адабу маърифату мусиқӣ воқеан, таассуроти носутурданӣ бахшид.

Парда ҲАБИБ

 

 

Дигар хабарҳо