• 07.03.2026

Абдунабӣ Сатторзода ва шинохти сабк

 Абдунабӣ Сатторзода ва шинохти сабк

Сабк аз печидатарин ва мураккабтарин масъалаҳои адабиётшиносӣ (ва анвои дигари санъату ҳунар) буда, аз аҳди қадим то имрӯз даҳҳо таърифу меъёрҳо барои шинохти он рӯйи кор омадааст. Бо вуҷуди он ки ин масъала аз самтҳои меҳварии таҳқиқоти устод Абдунабӣ Сатторзода нест, дар чанд мақолаи эшон диду назари хосси муаллиф ба мушоҳида меояд. Зимнан, бояд гуфт, ки устод ҳамеша ва дар ҳалли ҳамаи матолиб ба умқ ва паҳно менигаранд ва бо фикри тезрасу назари борикбин дар дарёфти ҷавҳару асл саъй мекунанд. Бинобар ин, ҳам дар таҳқиқи масъалаҳои назарияи адабиёт, ҳам омӯзиши илми бадеъ, ҳам дар нақди адабӣ, ҳам дар таҳияи консепсияи таърихи адабиётнигорӣ ва таълифи китоби илмии «Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ» ва ҳам дар шинохти вижагиҳои ҳунарии суханварони пешин ва имрӯз ба таълифоти устод эътимод бештар аст.

Баъзан сару садоҳое баланд мешаванд, ки олими ростин бояд ба таҳқиқи як масъала ва як марҳалаи адабиёт машғул бошад. Профессор Абдунабӣ Сатторзода намунаи барҷастаи инкори ин фикру назар ҳастанд, зеро вижагиҳои ҳунарии шоирон аз Рӯдакӣ то Лоиқ ва пеш аз Рӯдакиву баъди Лоиқ ҳам аз назари эшон дур намондаанд ва дар канори таърихи адабиёт, ҳамроҳ бо назарияву нақди адабӣ дар маърази таваҷҷуҳи ин донишманд қарор гирифтаанд.

Дар мақолаҳои «Рӯдакӣ ва таҳқиқи сабки адабӣ дар шеър», «Рӯдакӣ ва шеъри рӯдакивор», «Тарзи сухани Хоҷу» ва зарурати баррасии ҷанбаи ҳунарии шеъри форсӣ»,  «Шеъри лоиқвор» ва тамоми осори дигаре, ки ба шинохти поэтика ва ҳунари нигорандагии суханварон марбут ҳастанд, ба  масъалаҳои сабкшиносӣ руҷуъ шудааст.

Мақолаи «Рӯдакӣ ва таҳқиқи сабки адабӣ дар шеър» шояд яке аз хурдтарин (аз назари ҳаҷм) мақолаҳои Абдунабӣ Сатторзода бошад. Аммо бо тамоми мухтасарбаёнӣ дар он мушкилоти асосии ин шохаи адабиётшиносӣ ба миён кашида шудааст. Ин ҷо сухан аз интиқоди назарияи маъмул оид ба мавҷудияти се сабк: сабки хуросонӣ ё туркистонӣ, сабки ироқӣ ва сабки ҳиндӣ дар шеъри форсии тоҷикӣ меравад. Ҷонибдорони ин назария Муҳаммадтақии Баҳор ва Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷуб ва пайравони онҳо тамоми шеъри форсии тоҷикиро аз оғоз то охири садаи ХIХ ба яке аз ин сабкҳо марбут донистаанд. Аммо чунин тақсимбандӣ аз назари профессор Абдунабӣ Сатторзода хилофи ман- тиқ менамояд. Ба андешаи муаллиф, нақси умдаи ин назария «дар он аст, ки умумӣ ва муҷаррад аст» («Аз Рӯдакӣ то Лоиқ», с. 68). Ӯ бо фикри муаллифи «Фарҳанги Муин» оид ба он ки «тақсими сабки шеъри форсӣ ба сувари фавқ ҷанбаи илмӣ надорад» комилан ҳамназар аст, зеро «сабки шеъри форсии тоҷикӣ дар ин назария асосан аз нигоҳи луғавӣ («мухтассоти забонӣ») ва шаклӣ (санъатҳои бадеӣ, аруз ва қофия) баррасӣ мешавад, на аз нигоҳи адабӣ (ҳунарӣ)». Барои раҳо шудан аз ин қолаб ҷустуҷӯ ва хулосаҳои донишмандони эронӣ Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ дар «Сувари хаёл дар шеъри форсӣ» ва Сируси Шамисо дар «Сабкшиносии шеър» муҳим арзёбӣ мешаванд. Аз ҷумла, муаллиф пешниҳоди Сируси Шамисоро дар бораи «сабки ҳадди восит» ва ё «байнобайн», ки бояд дар миёни сабкҳои хуросонӣ ва ироқӣ, ироқӣ ва ҳиндӣ ҷой дошта бошанд, қобили дастгирӣ меҳисобад.

Дарвоқеъ, яке аз муҳимтарин масъалаҳои сабкшиносӣ табақабандии он буд, ки дар асоси назми форсӣ падид омада буд. Тақсимбандии суннатии сегонаи шеъри форсӣ: сабки хуросонӣ, ироқӣ ва ҳиндӣ ҳар кадом хусусиятҳои мутафарриқи худро дошт ва давраи муайянеро фаро мегирифт. Дар баъзе таснифот сабки «бозгашт» илова шудааст, ки онро «ҷараёни адабӣ» номидан шояд саҳеҳтар бошад (Мирзо Муллоаҳмадов)…

Зимнан, барои он ки сабк дуруст шинохта шавад, таърифи он бояд саҳеҳ бошад. Бинобар ин таърифе, ки дар мақолаи А.Сатторзода оварда шудааст, ба фикри мо, тамоми ҷанбаҳои сабкро фаро гирифтааст: «Сабк (тарз, шева, равиш) танҳо аз вижагии истифода аз унсур ва воситаҳои забонӣ, воситаҳои баён, санъатҳои бадеӣ, вазн, қофияву радиф иборат нест, тавре ки бисёриҳо гумон доранд, балки ҳамзамон вобастагӣ ба тарзи биниш ва диди зебоишинохт дорад)» («Аз Рӯдакӣ то Лоиқ»). Ба ҳамин далел, агар тарзи истифода аз унсур ва воситаҳои забонӣ, воситаҳои баён, санъатҳои бадеъӣ, вазн, қофияву радиф, тарзи биниш ва диди зебоишинохтӣ тағйир ёбанд, сабк низ тағйир меёбад.

Ин нуктаҳои муҳим, ки дар мақолаи Абдунабӣ Сатторзода арз шудаанд, воқеан ҳам дар шинохти масоили сабк заруранд, зеро маҳз сохтори сабк, тасниф ва табақабандии он барои дарки дурусти он мусоидат менамоянд.

Масъалаи сохтору таснифи сабк аз Даврони қадим мавриди таваҷҷуҳ будааст. Қудамо сабкро ба оливу паст, шарқиву ғарбӣ, ренессансу барокко ва ғайра ҷудо карда буданд, ки ин таснифот баъдҳо таҳаввул ёфт ва имрӯз бо дарназардошти хусусиятҳои мухталиф  адабиётшиносон рӯ ба таснифи ҳамаҷонибаи сабк овардаанд ва ин ковишҳо ҳанӯз анҷом напазируфтаанд…

Бо масъалаи таснифи сабк дар осори адабпажӯҳони дигар Маҳмуди Футуҳӣ, Маҳмуди Ибодиён, Аҳмад Хотамӣ, Сируси  Шамисо  ва дигарон низ  метавон шинос шуд…

Солҳои охир муҳаққиқони эронӣ ҳини баррасии масъалаи сабки шоирон забон ва сабкро дар пайвастагӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, чанд матлаби меҳвариро марбут ба сабк мешуморанд. Чунончи, Муҳаммад Ғуломризоӣ дар асари худ «Тарзи Унсурӣ (вижагиҳои забонӣ ва сабкии ашъори Унсурӣ)» фаслеро ба «Вижигиҳои забонӣ» ихтисос дода, дар фаслҳои дигар қолабҳои шеърӣ, мусиқии шеър, бадеи маънавӣ, равишҳои мазмунсозӣ, шахсият ва эътиқодотро баррасӣ менамояд.  Муҳаммадризо Наҷҷориён дар мақолаи «Таҳлили сабкшиносии рубоиёти Маҳастии Ганҷавӣ» рубоиёти шоираро дар панҷ сатҳ:  забонӣ, лафзӣ, наҳвӣ, адабӣ ва фикрӣ ба доираи таҳқиқ мекашад…

Назари профессор Абдунабӣ Сатторзода аз инҳо комилан мутафовит аст.

Эшон дар баррасии сабки шеъри форсии тоҷикӣ ба инобат гирифтани тасвирҳои шоирона ва маъниофаринии шоирони форсигӯйро пешниҳод менамоянд. Тибқи ин пешниҳод муаллиф се асли зеринро дар шеъри форсии тоҷикӣ мушоҳида кардааст:

  1. Асли офариниши шеъри рӯдакивор, ки дар он ҳама чиз: муҳтаво, забон, луғат, баён, воситаҳои тасвир ва зарбу оҳанг дар баробари сода, муқаррарӣ, рӯзмарра, ҳамагонӣ, заминӣ, ошно, табиӣ ва осон будан, ҳамзамон тоза, бикр, нотакрор ва баланд мебошад. Ба ин навъи шеър Абдунабӣ Сатторзода ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Низомӣ, Ҳофиз, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва аз шоирони муосири тоҷик ашъори Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Фарзона, дар Эрон Нодири Нодирпур ва Фурӯғи Фаррухзод, дар Афғонистон Восифи Бохтариро мувофиқ медонанд. Албатта, устод ин номҳоро танҳо намуна овардаанд, вагарна ашъори Саъдиву Камоли Хуҷандиву Ҷомӣ ва даҳҳо нафар аз шоирони мутақаддиму муосир дар ин радифанд.
  2. Асле, ки бар дурӯғ, хаёлбофӣ, суханбозӣ ва каломи маснуъ дар шеър муқаррар аст. Масалан, осори Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ.
  3. Асле, ки бар «назокату диққати маънӣ», «маъниофаринӣ» ва «нуктапардозӣ», бар рамзу тамсил, тасвирҳои рамзӣ ва мураккаб қарор гирифтааст. Масалан, шеъри Бедил, Урфии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Калими Кошонӣ, Толиби Омулӣ, Шав- кати Бухороӣ, Носиралии Сарҳиндӣ ва дигарон.

Дар таркибҳои «шеъри рӯдакивор», «ғазали ҳофизвор», «шеъри лоиқвор», «шеъри нимоюшичвор» ва мисли инҳо пасванди «вор» маънии «тарз»-ро дорад ва тарз ҳамин сабк аст. Вобаста ба ин, устод дар мақолаи «Рӯдакӣ ва шеъри рӯдакивор» се хусусияти барҷастаи шеъри рӯдакиворро муайян намудаанд.

Ин вижагиҳо дар заминаи унсурҳои асосии шеър: муҳтаво, забон, луғат, баён, сабк, воситаҳои тасвир ба мушоҳида омадаанд ва дар шеъри Рӯдакӣ ва пайравони ӯ се хусусият доранд:

  1. Сода, муқаррарӣ, рӯзмарра, ҳамагонӣ, заминӣ, ошно, табиӣ ва осон;
  2. Тозаву тар, нав, бикр, обнахӯрдаву обнарасида;
  3. Олӣ, дар ҳадди камолу ҷамол ва таносуби комили лафзу маънӣ.

Дар мақолаи «Тарзи сухани Хоҷу» ва зарурати баррасии ҷанбаи ҳунарии шеъри форсӣ» профессор Абдунабӣ Сатторзода унсурҳоеро, ки дар сабки Хоҷу ва Ҳофиз муштараканд, чунин муайян кардаанд: корбурди алфози поку беғаш, истеҳком дар за- бон ва баён, воситаву васила, асбобу афзор ва саноеи бадеии ҳамгун, тарзи маъниофаринӣ, тасвиргарӣ, имажсозӣ, интихоби мавзую мазмун ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо («Куҳна ва нав (дар шеър, нақд ва забон»), 2004). Муаллиф комилан дуруст ишора ба он нукта дорад, ки маъмулан адабиётшиносон ба саволи «нависанда чӣ мегӯяд?» посух меҷӯянд, ҳол он ки саволи «чӣ тавр сухан мегӯяд?» хеле муҳимтар аст. Зарур аст, ки «адабиётро ба сифати адабиёт, яъне яке аз шохаҳои мустақили ҳунарҳои зебо, ки ҷавҳари онро тасвир ва тасвиргарӣ, сувари хаёл ташкил медиҳад, баррасӣ бинамоем».

Дар мақолаи «Шеъри лоиқвор» низ муаллиф зери мафҳуми «вор» нишонаҳоеро меҷӯяд, ки шеъри Лоиқро аз шеъри шоирони дигар мумтоз гардонидаанд. Ин нишонаҳо кадоманд? Муаллиф нуҳ хусусияти фарқкунандаи шеъри Лоиқро чунин муайян мекунад: ба таври зотӣ, сириштӣ ва саршор ҷо доштани тасвир ва маънию мазмунҳои шоирона; қолабҳои шеърии муносиб; забони сара ва зебо; баёни шево; бозгардони шеъри кунунии тоҷикӣ ба асолати азалиаш; шӯру шавқи беандоза; ҷасорати адабии фавқулода; баёни тафаккури миллӣ, эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ; вусъати андеша, назари шашҷиҳата ва бардоштҳои куллӣ.

Чунонки мебинем, зери мафҳуми «шеъри лоиқвор» устод Абдунабӣ Сатторзода чандин омилу унсурро дар назар доранд, ки дар маҷмуъ иборат аз ҳунар, мазмун, шакл, забон, баён, ҷасорат, тафаккур, ан- деша мебошад. Ин ҳама намоёнгари сабки Лоиқ аст. Пас, сабк ҷамъи ин унсурҳо аст вобаста ба дарку баёни инфиродӣ.

Аз ин гуфтор ба хулосае мерасем, ки аз давраҳои қадим то имрӯз масъалаҳои сабк, табиати он, сохтор ва табақабандии он ҳамеша дар мадди назар будааст. Дуруст аст, ки муҳаққиқон таснифоти худро зимни хусусиятҳои мухталифи сабк таълиф кардаанд. Аммо ҳар пажуҳиши тоза, бо вуҷуди номукаммал буданаш, гоме ба пеш будааст.

Дар ин радиф андешаҳои устод Абдунабӣ Сатторзода пиромуни масъалаҳои сабк қобили таваҷҷуҳ ва ҷонибдорӣ буда, аз огоҳии амиқ ва мушоҳидаву натиҷагириҳои мудал- лали эшон дарак медиҳанд. Назари интиқодии устод ба табақабандии маъмулӣ аз нотамом ва нокомил будани таснифоти мавҷуда шаҳодат дода, баррасии сабки шеъри Рӯдакӣ, Хоҷуву Ҳофиз ва Лоиқ аз ҷониби ин донишманд намунаи ҷолиби таҳқиқи амалии сабки шеъри форсии тоҷикӣ мебошад.

Матлубаи Мирзоюнус

Дигар хабарҳо