Номаи шодбошии ИНТ ба муносибати 85-солагии профессор ва адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода

 Номаи шодбошии ИНТ ба муносибати 85-солагии профессор ва адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода

Профессор, доктори илми филология, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ (2023), барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2005), Ҷоизаи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ (2026), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1980) Абдунабӣ Сатторзода 85-сола шуд. Ӯ пас аз хатми мактаби ҳаштсола таҳсилро аввал дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома дод. Аз моҳи августи соли 1963 дар донишгоҳи мазкур ба сифати лаборанти калон, омӯзгор ва мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик то соли 1993 фаъолият намуд. Як муддат мудири шуъбаи танқиди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» (1967-1968), докторанти Донишгоҳи Маскав ба номи М. Ю. Ломоносов (1979-1980) ва омӯзгори Пуҳантуни Кобул Афғонистон (1985-1987) буд. Аз соли 1993 то 2000 дар кори Маркази ҳамоҳангии неруҳои демократии Тоҷикистон дар ИДМ, Музокироти сулҳи тоҷикон, Комиссияи муштараки назорат бар оташбас ва Комиссияи оштии миллӣ иштирок дошт. 17 марти соли 1999 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ таъйин гардид ва дар ин вазифа то 30 январи соли 2006 кор кард. Аз моҳи майи соли 2012 то 2023 мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд. Ҳоло омӯзгори факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Устод Абдунабӣ Сатторзода дар заминаҳои адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, назарияи шеър, поэтика, нақди адабӣ, сиёсати хориҷӣ, фарҳангшиносӣ ва диншиносӣ асарҳо таълиф кардааст. «Нуқтаи пайванд» (1982), «Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ» (2001), «Арасту ва назариёти форсии тоҷикӣ» (2002, ба забони русӣ), «Куҳна ва нав» (2004), «Такмилаи бадеи форсии тоҷикӣ», «Аз Рӯдакӣ то Лоиқ» (2013), «Назариёти адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ» (2014), «Арзишҳои ваҳдати миллӣ» (2017), «Асосгузори давлати навини тоҷикон» (бо ҳамқаламӣ, 2022) ва ғайра, ки аксарашон дар «Баргузидаи навиштаҳо» (дар 7 ҷилд), 2021, 2023 ва 2026) чоп шудаанд, аз дастовардҳои назарраси адабиётшиносӣ, нақди адабии тоҷик, сиёсатшиносӣ ва дипломатия ба шумор мераванд.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода дорандаи  ордени «Шараф» (1999) ва медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» (2011) мебошад.

Устоди гиромиро ба муносибати солҷашнаш бо ихлосу иродат муборакбод гуфта, барояш хотири ҷамъ ва рӯзгори нек таманно мекунем!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо