Ойинадори дунёи бачагон
Соли равон ба зодрӯзи шоири маъруфи бачаҳо – зиндаёд Алӣ Бобоҷон 90 сол пур мешавад. Ба ин муносибат рӯзи 17-уми феврал дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдкарди шоири номбурда сурат гирифт.
Ба маҳфил муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Толиби Луқмон оғоз бахшида, дар бораи шеърҳои ӯ андешаронӣ намуд.
Мудири бахши адабиёти кӯдакону наврасон Насимбек Қурбонзода пиромуни эҷодиёти Алӣ Бобоҷон маърузаи худро ироа кард.
Зикр гардид, ки ин шоири маҳбуб дар эҷодиёташ дунёи рангини хурдсолонро тасвири бисёрҷониба намудааст. Ба хулосаи маърузагар, шодравон кӯшидааст мавзуъҳои барои ҳар давру замон муҳимро дар шеър ҷо кунад.
Дар қисмати музокира адибон ва донишмандон Ҷӯра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Сафияи Носир, Бадриддин Мақсудзода, Раҷабалӣ Қудратов, Мансур Суруш, Абдуғаффори Абдуҷаббор ва Шоҳзамон Раҳмон андешаҳои судманд иброз намуданд.
Таъкид гашт, ки Алӣ Бобоҷон дар баробари шеърҳои бачагонааш барои калонсолон низ дар мавзуъҳои гуногун шеърҳои зиёд навиштааст.
Мисолҳои рӯшан ифодагари он буданд, ки Алӣ Бобоҷон аз набзи шеъри дархӯри синну соли мухталиф огоҳии комил дошт.
Гуфта шуд, ки бо ашъори арзишманди Алӣ Бобоҷон чандин насли хонандагони тоҷик тарбия ёфтаанд ва имрӯз низ ӯ дар радифи шоирони писандидатарини бачагони мо ҷойгоҳ дорад.
Дар поёни чорабинӣ духтари шоир Нигина Бобоҷонова аз хислатҳои неки инсонӣ ва навиштаҳои таъсиргузори падараш ёдоварӣ карда, ба ҳозирин барои иштирокашон миннатдорӣ изҳор намуд.



