Мутарҷими осори Чингиз Айтматов

 Мутарҷими осори Чингиз Айтматов

Равобити адабӣ ва фарҳангии миллати тоҷик бо халқи қирғиз собиқаи дерина дошта, оғози он ба қарнҳои қабл мерасад. Дар дарозои таърих миёни ин ду миллат дар сатҳҳои гуногун иртибототи мутақобилаи фарҳангию адабӣ ба вуҷуд омада, дар асоси онҳо пайвандҳои дӯстӣ эҷод шудаанд. Дар ин миён, бидуни шак, як давраи хос ва пурбори иртиботи фарҳангию адабӣ ба замони шуравӣ марбут мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба идеология ва аҳдофи сиёсии ин давра барномаҳои ҳадафмандона ва тарҳрезишудаи мушаххасе тадорук дида мешуд, ки ба таври табиӣ заминаи тарвиҷи раванди тарҷумаи бадеиро фароҳам сохта, ба он суръат мебахшид. Дар мабнои ҳамин иттифоқоти неки замони шуравӣ миёни шоирону нависандагон, олимону андешамандон ва ҳунармандону аҳли фарҳанг муносибатҳои дӯстона барқарор гардида, осори бадеии зиёде, ҳам дар қолаби назм ва ҳам дар қолаби наср, аз ҳар ду адабиёт ба забони тоҷикию қирғизӣ тарҷума мегардиданд.

Муносибати дӯстона ва эҳтирому самимияти аҳли илму фарҳанг ва адаби тоҷику қирғиз дар осори зиёди шоирону нависандагони ҳар ду миллат бозтоби густарда ёфтааст. Барои мисол, кофист аз эҳтиром ва ихлоси Чингиз Айтматов ба устод Мирзо Турсунзода ёдовар шавем.

Дар миёни адибони тоҷик осори Чингиз Айтматов бештар таваҷҷуҳи Фазлиддин Муҳаммадиевро ба худ ҷалб кардааст. Ба назари мо, сабаби таваҷҷуҳи хос ва майлу хоҳиши тарҷумаи осори Чингиз Айтматов аз ҷониби Фазлиддин Муҳаммадиев дар он аст, ки вай худ ба офаридани насри андеша таваҷҷуҳи хосса дошт ва Чингиз Айтматовро дар ин сабку салиқа  беҳтар дарёфт. Дар шиносонидани Чингиз Айтматов дар муҳити адабии тоҷик хидмати Фазлиддин Муҳаммадиев, бидуни шак, хеле зиёд аст. Маҳз бо тарҷумаҳои шево ва ноби устод Фазлиддин Муҳаммадиев хонандаи тоҷик бо симоҳои муассири қаҳрамонҳои офаридаи нависандаи маҳбуби замон Чингиз Айтматов ошно гаштааст.

Аз ҷониби Фазлиддин Муҳаммадиев се асари машҳури Чингиз Айтматов – қиссаҳои «Ҷамила» (1960), «Алвидоъ, Гулсарӣ!» (1966) ва романи «Дуроҳаи Бӯронӣ» (1984) тарҷума шудааст. Аз ин се асар, «Алвидоъ, Гулсарӣ!» ва «Дуроҳаи Бӯронӣ» комилан дар жанри насри андеша нигошта шудаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тарҷума намудани қиссаи «Ҷамила»-ро аз ӯ Пӯлод Толис хоста будааст: «Он вақтҳо дар журнали «Шарқи Сурх» (ҳоло «Садои Шарқ») кор мекардем ва рӯзе Толис маро ба кабинети худ ҷеғ зада, ба дастам шумораи нави журнали «Новый мир»-ро дода гуфт:

– Ин ҷо «Ҷамила» ном повест чоп шудааст. Ҳаминро тарҷума мекардед…

– Майлаш. Лекин кай?

– Ҳар чи зудтар, беҳтар, ҳамин ҳафта тайёр шавад, боз хубтар».

Ибтикор нишон додану қадамҳои нахустин гузоштани Фазлиддин Муҳаммадиевро дар тарҷумаи осори Чингиз Айтматов набояд нодида гирифт, зеро тарҷумаи романҳои носири қирғизро низ аввалин шуда Фазлиддин Муҳаммадиев шуруъ намудааст. Аз ҷониби ӯ романи нахустини адиб – «Дуроҳаи Бӯронӣ», ки онро Чингиз Айтматов соли 1980 нигошта буд, дар соли 1984 ба тоҷикӣ тарҷума гардид. Ҳамин хидмати Фазлиддин Муҳаммадиев буд, ки баъд аз тарҷумаи қиссаи «Ҷамила» раванди тарҷумаи асарҳои Чингиз Айтматов дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромад ва инак, қариб ҳамаи асарҳои Чингиз Айтматовро метавонем ба забони тоҷикӣ мутолиа намоем. Ин хидмати нависандаро адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Соҳиб Табаров дар мақолаи «Қиссаи мусаввир» чунин арзёбӣ кардааст: «Нависандаи тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев хизмати шоёни тақдир намуда, ин қиссаро («Ҷамила». – Б. З.) чи дастраси хонандагони тоҷик гардондааст ва чи адибони минбаъдаро бо сабку услуби нави эҷодии Ч. Айтматов ошно намудааст».

Чингиз Айтматов ҳамқадами замона буда, мавзуи асарҳояшро аз воқеаҳои давронаш мегирифт ва бо истифода аз адабиёти шифоҳӣ ба онҳо обуранги тоза мебахшид. Бинобар ин, нависандаи шаҳири мо Ф. Муҳаммадиев ба асарҳои ӯ ба иқтизои руҳ ва салиқаи нависандагияш рӯ овард, зеро асарҳои ӯро ба ҳолу ҳавои худ ва муосиронаш созгор дарёфт. Аз ин лиҳоз, дар ҳаёти фарҳангии кишвар ҷойгоҳи хос пайдо кардани тарҷумаҳои Ф. Муҳаммадиев ва дигарон ҳукми тасодуф набуд, ки дар ин раҳгузор мафҳумҳои тозаи «насри андеша» ва «насри воқеӣ» арзи ҳастӣ карданд ва гуфтугӯҳои ҷиддие дар атрофи онҳо ба миён омаданд, ки роҷеъ ба шинохти ин мафоҳим, замони пайдоиши насри воқеӣ, андеша, таҷаддуди шаклӣ ва мазмуну муҳтавои он баҳсҳо то кунун идома доранд.

Бисёр ҷолиб аст, ки Фазлиддин Муҳаммадиев на танҳо ба осор, балки ба шахсияти адабии Чингиз Айтматов низ назари вижае доштааст, ки ин далелро метавон аз мақолаи самимона ва ихлосмандонаи ӯ «Чингизи мо» дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» (шумораи №35, 22 марти соли 1977), ки баъд аз баргузории Рӯзҳои маданияти тоҷик дар Қирғизистон нашр гардида буд ва он баъдан дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (шумораи № 4, соли 1977) дар шакли комил, таҳти унвони «Нориниёнем мо» мунташир мегардад, мушоҳида намуд. Фазлиддин Муҳаммадиев дар мақолаи мазкур ихлос ва самимияти беандозаашро, ки нисбат ба Чингиз Айтматов доштааст, ба тариқи ёддошт аз лаҳзаҳои рӯзҳои маданияти тоҷик, ба ёд овардани воқеаи бисёр ҷолиб аз даврони донишҷӯйи курси олии адабии назди Институти ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав, рӯзҳои маданияти Қирғизистон дар Тоҷикистон ва суҳбате, ки Иттифоқи нависандаҳои Қирғизистон баъди шаби адабӣ ороста будааст, баён менамояд.

Дар ин ҷо порае аз баҳси бисёр ҷолиби миёни донишҷӯёни донишкадаи мазкурро доир ба нависандаи хуб будан, ё набудани Чингиз Айтматов, ки дар он Фазлиддин Муҳаммадиев яке аз иштирокчиёни фаъол будааст, меорем: “Файзулло Ансорӣ ва ман дар курси олии адабии назди Институти ба номи Максим Горкий мехондем. Рӯзе аз рӯзҳои тирамоҳи соли 1960… иттифоқо аз ҳикоя ва повестҳои Чингиз Айтматов гап баромад. Он вақтҳо Айтматов чандон машҳур набуд. Лаурети мукофоти Ленинӣ, мукофоти давлатии СССР, депутати Советии Олии СССР, котиби Иттифоқи нависандагони СССР, академики Академияи фанҳои Қирғизистон, аъзои даҳҳо комитетҳо, комиссияҳо, ҳайатҳои таҳририя шуданаш ҳанӯз дар пеш буд.

Ҳамкурси мо насрнависи украин Борис Харчук, ки ҷӯраи ману Файзулло Ансорӣ буд… ба суҳбат ҳамроҳ шуд:

– Повесту ҳикояҳояш кори калон!  – гуфт Борис. – Бисёр бақувват.

– Рости гап, ман ҳоло фақат “Ҷамила”-ро хондаам, – гуфт Ансорӣ. – Асари хуб ҳамин қадар мешавад.

Тошпӯлод Ҳамид, шоири бухороӣ ҳам “Ҷамила”-ро таъриф кард. Ногоҳ як рафиқи ҳамкурсамон, ки ӯро дар ин ҷо шартан рафиқ Мункир меномам, ва ӯ ҳам аз яке аз республикаҳои Осиёи Миёна ба хондан омада буд, бо ҳарорат гуфт, ки ҳамаатон муболиға мекунед, ҳатто нодуруст мегӯед. Дар “Ҷамила” аз реализм осоре нест, гуфт. Дигар асарҳои Айтматов низ ҳамагӣ сусту мустанд.

Он вақтҳо ҷавонтар будам ва даъвои нодурустро шунавам, худро ба даст гирифта, натавониста, якбора оташин мешудам.

– Гапата дониста зан! – фарёд задам ман дар ҳолате ки ба танам ларза афтода буд – Куҷои асарҳои ӯ суст? Ту, охир, одами босавод-ку, далелу мисол биёр…”

Бо як назари сода аз ин иқтибос метавон, мушоҳида намуд, ки Фазлиддин Муҳаммадиев ба эҷодиёт ва шахсияти Чингиз Айтматов эҳтироми бузург қоил буда, назари тахассусии худро доштааст. Баҳси фавқуззикр чанд рӯз идома ёфта, оқибат Фазлиддин Муҳаммадиев ва ҳамақидагони ӯ ба “Мункир” исбот мекунад, ки ӯ ақидаи ғалат дорад.

Чингиз Айтматов ва осори ба- деӣ, публитсистӣ ва филмномаву намоишномаҳои ӯ дар Тоҷикистон пазироии гарму самимӣ доранд. Аз ин ҷо метавон дар истинод ба осори таҳқиқии мавҷуда, хулосаҳои ҷолиби муҳаққиқон ва маводди тарҷума, таърихи пайвандҳои адабии халқҳои тоҷику қирқизро дар муносибат ва баррасиҳои нави тахассусӣ мавриди омӯзиш қарор дод. Зеро асарҳои адиб дар шаклҳои суннатӣ – ҳикоя, қисса, роман эҷод шуда, ба забони тоҷикӣ, ба истиснои мавридҳои алоҳидае, куллан тарҷума ёфтаанд, ки ҳам аз лиҳози мундариҷа, услуби нигориш ва ҳам усули тарҷумаи мутарҷимони тоҷик низ ҷолиби диққат ва қобили мулоҳиза мебошанд.

Таҳқиқ намудани онҳо ба ҳалли масоили назария ва амалияи тарҷумаи тоҷик кумак мерасонад. Пажуҳиши ин мавзуъ дар роҳи муайян намудани инкишофи равандҳои робитаи адабии тоҷику қирғиз муҳим аст. Ба назар мерасад, ки хидмати тарҷумонии нависандаи тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигар мутарҷимони тоҷик то кунун баҳои сазовори худро нагирифтааст ва ба пажуҳиши густарда ниёз дорад.

Зебонисо Бобоалиева,
устоди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон
ба номи Сотим Улуғзода

Дигар хабарҳо