Ҳамсадоӣ бо Паём. Ишқ – дарёи каронанопадид
Дар таърихи фарҳангу ҳунари халқи тоҷик занону духтарони санъаткору ҳунарманд ба монанди муғанниён, овозхонон, наққошон ва ғайра бисёр будаанд. Аммо азбаски дар ҳаёти маънавии тоҷикон аз даврони қадим адабиёти бадеӣ, махсусан шеър ваҷҳи ғолиб будааст, фикр мекунам сафи шоирон дар миёни онҳо бештар будааст, аммо ному корномаҳои адабии онҳоро таърих нисбат ба мардони шоир камтар сабт намудааст. Сабабаш шояд дар он бошад, ки дар шеър ҳамеша туғёни эҳсосу ҳаяҷони қалбии шахси шоир ба таври аёнӣ бармало мегардад, вале зан дар гузашта дар бештарини воқеот зери парда қарор доштааст.
Дар ҳамаи сарчашмаҳои адабӣ таърихӣ номи Робиа духтари Каъби Қуздории Балхӣ ҳамчун аввалин зани шоир дар давраи пас аз густариши ислом ба қайди таҳрир омадааст. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки ташаккулу пешрафти фаъолияти шоирии Робиа, ин шахсияти ғаюр ва эҷодкори бузург дар аҳди Сомониён, ки давлати сирф тоҷикӣ буд, сурат гирифтааст. Ин, албатта, тасодуфӣ нест. Маълум аст, ки амирони Сомонӣ ҳама сиёсатмадорони донишманд ва шахсони фарҳангӣ будаанд. Беҳуда нест, ки авҷи эҳёи илму фарҳангу ҳунар дар таърихи халқи мо замони ҳукумати Сомониён ба шумор меояд. Дар асри X амирони Сомонӣ дар тамоми қаламрави Хуросони бузург омилҳои рушди фарҳангу ҳунарро сомон додаанд. Он замон нисбат ба ҳамаи даврони дигар гуногунфикрӣ, ҳатто таҳаммулгароӣ нисбат ба оинҳои ғайр, мисли зартуштияву масеҳияту бутпарастӣ ва ғайра роиҷ ва дасту дилу фикру эҳсосоти отифии мардум боз будааст. Аз ҳамин ҷост, ки дар он замон аз миёни халқи мо донишмандони ҳамадони бузурги ҷаҳонӣ аз қабили Абунасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абубакр Закариёи Розӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, шоирони бузург Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва даҳҳои дигар зуҳур кардаанд. Яке аз чунин шахсиятҳое, ки номаш дар таърих барои ҳамеша сабт шудааст, ҳамоно Робиаи Балхӣ мебошад. Робиа дар хонаводаи шахси доро ва хушсавод – ҳокими Балх ба дунё омадааст. Балх, махсусан дар давраи Сомониён маҳди шеъру шоирӣ буд. Дар замони зиндагии Робиа аз Балх шоирони маъруф, аз қабили Дақиқии Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Маъруфии Балхӣ ва дигарон ба арсаи шеъру суханварӣ омадаанд. Робиа азбаски аз табақаи баланди иҷтимоӣ буд, ҷиҳати ёд гирифтани аспсаворию шамшерзанӣ, ҳунари наққошӣ, фаро гирифтани илмҳои ақлию нақлии замона ва фанни шоирӣ шароити мусоид фароҳам доштааст. Робиа духтари ҷасуру бебок, донишманд ва озодманише буд. Ӯ он замон ягона бонуи шоир буда, ки озодона ашъори шӯрангези ошиқона месуруд. Сабаб ҳамин озодию бебокии ӯ дар ишқ ва сурудани ашъори ғиноӣ будааст, ки зиндагию фаъолияти ӯ дар имтидоди замонаҳо бо афсонаву ривоятҳо печонида шудааст. Аммо, ба назари инҷониб, ба воқеият наздиктарин маълумотро дар бораи Робиа муаллифи асри XIII Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар тазкирааш “Лубоб-ул-албоб” овардааст. Ин аввалин тазкираест ба забони форсӣ, ки то замони мо расидааст ва ҳамчунин аввалин тазкираест, ки дар бораи Робиа хабар медиҳад. Авфӣ чунин навиштааст: “Робиа духтари Каъб, агарчи зан буд, аммо ба фазл бар мардони ҷаҳон бихандидӣ, фориси ҳар ду майдон ва волии ҳар ду баён. Бар назми тозӣ қодир ва дар шеъри порсӣ бағоят моҳир ва бо ғояти закои хотиру ҳиддати табъ пайваста ишқ бохтӣ…”.
Ба назари мо дурусттарин фикр дар бораи ҷасорату фазилат, қудрату табъи баланди шоирӣ ва ба забонҳои тозию форсӣ шеър гуфтани Робиа аз ҷониби ҳамин тазкиранигор, яъне Муҳаммад Авфии Бухороӣ баён шудааст. Ҳамаи тазкиранигорони баъд аз Авфӣ омада ва соири шоирони мо, ки дар гузашта дар бораи Робиа навиштаанд, аз зиндагонии воқеии ӯ достонҳои хаёлангез сохтаанд. Аммо ба “ҷурм”-и ошиқ шудани Робиа ба Бектош, ғуломи бародараш, озодона ба ӯ изҳори ишқ намудани вай ва шеърҳои ошиқона суруданаш, билохира паёмади нангини буридани раги дасташ ва дар ин ҳол дар ҳаммоми тафсон ҳабс карда шудани ӯ ва бо хуни худ дар деворҳои он гармоба пеш аз марг шеърҳо навиштанаш шояд воқеият дошта бошанд.
Пешвои миллати мо, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар бораи таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик сухан карда, барҳақ навиштаанд: “Як нукта маълум аст, ки саропои ин таърих аз хуни фарзандони озодипараст, ватандӯст ва ғаюру маърифатпарвараш гулгун аст”. Баъдан, Пешвои миллат байти шоиреро овардаанд, ки гӯиё аз номи Робиаи Балхӣ гуфта бошад: Ҷавшани ман дафтар асту ханҷари ман хома аст,
Ман намемирам, ба номам ҷовидонӣ нома аст.
Дар воқеъ минбаъд дар бораи ин шоири барҷаста номаҳои ҷовидонӣ таълиф шудаанд, ки намунаҳои машҳури онҳо достони Робиа дар “Илоҳинома”-и Аттор (“Ҳикояти амири Балх ва ошиқ шудани духтари ӯ”, 408 байти он) ва “Гулистони Ирам” ё “Бектошнома”-и Ризоқулихони Ҳидоят (295 байт) дар “Маҷмаъ-ул-фусаҳо” мебошанд. Дарунмояи муҳимтарини ин қиссаҳои бадеӣ, махсусан дар асари муаллифи аввал, вохӯрию муоширати Робиа бо Рӯдакӣ ва дар назди амири Сомонӣ ашъори ӯро сутудани Рӯдакӣ ва ҳамчунин маҳкуми беҳуқуқии зан ва таассуби ҷоҳилона бар расму одати феодалӣ нисбат ба зан мебошад. Ғалат намешавад, агар гӯем, ки дар достонҳои мазкур ишқу алоқаи халқ нисбат ба ин шоири озодманиши тоҷик ифода карда шудаанд.
Агар ба таърихчаи таҳқиқи Робиаи Балхӣ ва ашъори ӯ дар замони нав бингарем, мебинем, ки шоир ва нависандаи Афғонистон Ғуломҳабиби Наввобӣ рисолаи алоҳидаро бо номи “Робиаи Балхӣ” ба шумули чанд бахш дар соли 1951 таълиф намудааст ва дар омода кардани он аз 16 манбаъ истифода кардаву ашъори Робиаро дар ҳаҷми 7 ғазалу чанд байту дубайтӣ фароҳам овардааст. Аз муҳаққиқони тоҷик бори аввал шодравон Тоҷӣ Усмон дар китоби тазкирагунааш “Бисту се адиба” (соли 1957) дар мавриди Робиа мухтасар сухан кардааст ва аз ашъораш намунаи маъдуде овардааст. Пас аз чанде ӯ дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти қаҳрамононаи Робиаи Балхӣ қиссаи “Духтари ниқобдор”-ро навишта, ки аз тарафи хонандагон хуб истиқбол шудааст. Хеле баъдтар дар соли 1998 натиҷаи таҳқиқи илмии пажуҳишгари нуктасанҷи тоҷик Матлубаи Мирзоюнус таҳти унвони “Сиришке дар лола…” аз чоп баромад ва он дар шинохти Робиаи Балхӣ нахустин пажуҳиши фарогире мебошад. Мавсуф, ки дар воқеъ мубаллиғи хубони порсигӯст, дар ин росто заҳмат кашида, кӯшидааст дар асоси иттилооти сарчашмаҳои асримиёнагӣ шарҳи ҳоли Робиаро барқарор карда, асноди воқеӣ ва бофта дар бораи ҳаёти Робиаро ба санҷиши ҷиддӣ бигирад; ашъори то замони мо расидаи ӯро аз нигоҳи мазмун, ҳунари тасвиру сабки баён баррасӣ намояд ва чеҳраи Робиаро дар адабиёти бадеӣ низ бинамоёнад. Матлубаи Мирзоюнус бар асари ковишҳову санҷишҳои илмӣ ба натиҷае расида, ки Робиа “як нафар шоири сеҳрофарин, як шахсияти исёнгари оташниҳод, як духтари покизасиришту хушсурат буд, ки дар шумори аввалин форсигӯёни давраи Сомониён бо бузургмардони сухан табъозмоӣ мекард ва эшонро дар тааҷҷубу ҳайрат вомегузошт”.
Ин фармудаи муҳаққиқ бидуни шак саҳеҳ аст ва мазмуну муҳтавои ашъори бозмондаи Робиа ва сатҳи баланди сухангустарии ӯ ҳукми мазкурро тасдиқ менамоянд. Ба сабаби ҳамин воқеият, вале қиллати мавод бисёр адибони асримиёнагӣ ва муосир зиндагии ошиқонаи Робиаро бо эҳсосу отифа ва хаёлбарангез бозгӯ кардаанд.
Хидматҳои адабпажуҳи жарфнигари дигари мо хонум Анзурати Маликзод дар таҳқиқи Робиа ва мушаххасоти ашъораш назаррас аст. Ӯ ахиран (2025) рисолае бо номи “Робиаи Балхӣ ва ашъори ӯ”-ро ба табъ расонид. Ӯ дар он роҷеъ ба зиндагиномаи ин шоир мавзуъ ва муҳтавои ашъори бозмондааш, забон ва сабки баён ва ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти форсии тоҷикӣ мулоҳизаҳои олимона ва хонданӣ изҳор намудааст. Гузашта аз ин, мавсуф иттилооти қариб ҳамаи сарчашмаҳои ҳокӣ аз аҳволи Робиаро дар қисмате аз китобаш айнан овардааст. Ҳамчунин дар ин китоб қиссаҳои манзуми Шайх Аттор ва Ризоқулихони Ҳидоят, чӣ хеле ки ҳаст, ба тамомӣ оварда шудаанд. Ва дар охир ҳамон 55 байти шеъри бозмандаи Робиа низ ҷойгузин карда шудаанд.
Шоёни зикр аст, ки як зумра олимони тоҷик ва афғонию эронӣ дар мавриди ҳаёти фоҷиабори Робиа ва муҳтавои ашъораш як силсила мақолаҳо навиштаанд (беш аз 26 мақола), ки аксари онҳо дар маҷмуае таҳти унвони “Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ” дар соли 2010 дар Душанбе чоп шудаанд.
Ҳамаи донишмандоне, ки дар бораи Робиаи Балхӣ ва ашъораш чизҳое навиштаанд, албатта, вақту заҳмати зиёд сарф кардаанд. Аммо ба иллати он ки ашъори бозмондаи Робиа хеле кам аст ва иттилооти манбаъҳои адабӣ низ зиёд нестанд ва он ҳам асосан такрори якдигаранд, дар навиштаҳои донишмандон низ ҳамин ҳолат асар кардааст. Бино бар ин, баёни аксари онҳо, хоҳу нохоҳ, оҳанги тавсифию публитсистӣ гирифтааст. Ба назари инҷониб дар миёни мақолаҳои таълифшуда навиштаҳои Парвини Ноҳидӣ, Матлубаи Мирзоюнус, Алиакбари Ваноӣ, Анзурати Маликзод ва махсусан Абдулғании Барзинмеҳр ва Зайнулобиддини Даргоҳӣ, бо масъалагузорӣ ва саъйи ҳалли онҳо ва ё изҳори эъҷоби асоснок фарқ мекунанд. Чунончи, Барзинмеҳр менависад, ки дар замони сулолаи Сомониён, ки давраи асри тиллоӣ ва аҳди ҳукуматҳои ориёнтабор дар варои рӯд – Хуросон ба шумор меояд, “хомапардозон иштиёқманди як навъ таҷдиди ҳаёти фарҳангӣ буданд, то бар шукӯҳ ва азамати ниёгон даст ёбанд”.
Ин қазовати Барзинмеҳр дар мавриди вазъи фарҳангию адабии асри X дар ҳақиқат сидқ дорад. Ин муаллиф аз мутолиаи батааннии иттилооти сарчашмаҳо ва муқоисаву ғавр кардан дар онҳо ба зани сӯфӣ ё ориф будани Робиа шак овардааст. Зеро дар манбаъҳое чун “Рисолаи Қушайрия”-и Абулқосими Қушайрӣ, асари “Табақот-ус-сӯфия”-и Абдуллоҳи Ансорӣ, “Кашф-ул-маҳҷуб”-и Ҳуҷвирӣ, ки дар онҳо суҳбат аз сӯфиёни бисёре рафтааст, вале аз Робиаи Балхӣ номе бурда нашудааст. Ва аз ҳама аҷибтар Шайх Аттори Нишопурӣ, ки дар “Илоҳинома”-аш ишқи пуршӯри Робиаро баён кардааст ва бо истинод ба гуфтаи Абусаиди Абулхайр Робиаро аз ҳалқаи ошиқони маҷозӣ берун кардааст, аммо дар китоби “Тазкират-ул-авлиё”-и худаш саргузашти 97 тан авлиё ва машоихи сӯфия ва аз ҷумла, чанде аз занони сӯфиро бо зикри маноқибу макорими ахлоқ ва суханони ҳикматомезашон овардаву, аммо аз Робиаи Балхӣ ҳамчун сӯфӣ ном набурдааст. Ризоқулихони Ҳидоят низ қиссаи ишқи Робиаро назм кардааст, вале дар тазкираи “Риёз-уш-шуаро”-и ӯ, ки ҳамчунин дар бораи сӯфиёну орифон аст, аз Робиаи Балхӣ зикре нест.
Дар навиштаҳои олимони замони нав низ чунин тазодҳо дида мешаванд. Чунончи, ба шаҳодаи Барзинмеҳр, муаллифи тазкираи “Шуарои Балх” (Алимуҳаммади Абуласфори Балхӣ) иддао дорад, ки Робиа, аслан, аз ашираи араб мебошад ва дар араб расм чунин аст, ки духтари чаҳорумро Робиа ном мегузоранд. Аммо дар маъхазҳо омадааст, ки Каъб як писар бо номи Ҳорис ва танҳо як духтар дошт, ки ҳамон Робиа аст. Пас, чунин расми аъроб, ки дар номгузории Робиа дида намешавад, вай араб набуда, мансуб ба халқи тоҷик мебошад ва бештари ашъорашро низ ба забони форсии дарӣ-тоҷикӣ сурудааст. Зайнулобидини Даргоҳӣ дар мақолааш “Робиа шоири ошиқ ё ориф” суол мегузорад, ки чаро шоире ошиқ бо сурудаҳои ошиқонаи андак, ногаҳон дар тули таърихи адабӣ ба орифе шӯрида бадал мегардад? Ва чаро ин либоси сӯфиёнаро Шайх Аттор ба Робиа мепӯшонад? Ҷавоб мегӯяд, ки “Дар низоми андешаи Аттор ишқи маҷозӣ қобили тавҷеҳ нест, ногузир бояд Робиаро фаротар аз он чи ҳаст, бинамоёнад”. Ва дар идома менависад, ки “Аттор намоди хиради ҷамъии орифону сӯфиён аст, ки бояд чеҳраи мунтасибон ба ин роҳро (мансубини ишқи заминиро – М.Б.) бо он сӯйи олам ҳамранг ва ҳамоҳанг кунад, ҳатто агар ба баҳои тағйири чигунагии зиндагӣ ва ҳолоти афрод ҳам ҳамроҳ шавад”.
Пас, метавон ҳадс зад, ки қасди аслии Шайх Аттор ва Ризоқулихони Ҳидоят чунин буда, ки дар заминаи зиндагии ошиқона, вале фоҷиабори Робиаи ҳаётдӯст ва вассофи ишқу зебоӣ, асари ҳунарии, ба истилоҳи имрӯза, романтикӣ бо мазмуни сӯфиёна эҷод намоянд.
Аз ҳамин ҷост, ки аксарияти тазкиранигорони замони гузашта ва муҳаққиқони имрӯзии Робиаи Балхӣ низ таҳти таъсири каломи ширину мухайялу муассири Шайх Аттор қарор гирифтаанд ва Робиаи Балхиро ҳамчун шоири сӯфимашраб шинохтаанд, ки дуртар аз воқеият мебошад.
Пиндори мо ин аст, ки аз миёни ҳамон ашъори маъдуди боқимонда аз Робиа, мансубияти воқеии баъзе абёт ба ин шоир ҳанӯз то ба охир ҳаллуфасли худро наёфтааст. Аз муҳаққиқони тоҷик Матлубаи Мирзоюнус ба ин масъала даст задаанд ва он кас ки ба мавзуи таҳқиқи Робиа ва шеъри ӯ ворид ҳастанд, хуб мебуд, ки то охир ба ин масъала ғавр намоянд. Ин ҷо мо дар мавриди интисоби ашъори дар тайи асрҳо сайр карда ба номи Робиа омада, фикри худро иҷмолан баён мекунем. Аз миёни он ашъори кам баъзе шеърҳо дар воқеъ маҳсули табъу завқи расои Робиаи Балхианд. Чунончи:
Даъвати ман бар ту он шуд, к-Эзидат ошиқ кунод
Бар яке сангилдиле номеҳрубон чун хештан.
То бидонӣ дарди ишқу доғи меҳру ғамхурӣ,
То ба ҳаҷр андар бипечию бидонӣ қадри ман.
Шеъри мазкур бар сабки баёни замони Робиа комилан ҳамоҳангӣ дорад. Устоди фақид профессор Шарифҷон Ҳусейнзода як вақтҳо дар дарсҳояшон мегуфтанд, ки яке аз нишонаҳои сабки хуросонӣ истифодаи пасванди хурдию навозишии “-ак” мебошад. Дар шеъри зер мебинем, ки Робиа низ аз он бархурдор аст:
Дӯш бар шохаки дарахт он мурғ
Навҳа мекарду мегирист ба зорӣ…
Ман ҷудоям зи ёр аз он менолам,
Ту чӣ нолӣ, ки бо мусоид ёрӣ?..
Байти дигар:
Турк аз дарам даромад хандонак,
Он хубрӯйи чобук меҳмонак.
Ё дар шеъри дигар:
Лабакони ту шаҳду ораз моҳ,
Рӯй чун лолабаргу зулф сиёҳ.
Дини Аллоҳ ме табоҳ кунад,
Мар маро ҳавли он рухони чу моҳ…
Дар ин ин байтҳо орояҳои дигари ҳунарии хоси замони Робиа ҳастанд, мисли санъатҳои маънавии таносуб, ташхис, тавсиф, ташбеҳ ки ҳама содаю табииянд ва ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳашон нест. Боз чанде аз шеърҳои ошиқонаи Робиаро овардан мумкин аст, ки ҳам бо аҳволи ошиқонаи Робиа ва ҳам ба сабки ашъори худаш ҳамнавоӣ доранд, аммо бо ҳамин иктифо мекунем.
Дар шеърҳое, ки дар тасвири зебоиҳои табиат сурудааст, низ бо тарзи тасвири ҳамзамононаш татобуқ доранд. Чунончи:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.
Сабо нофаи мушки Тиббат надошт,
Ҷаҳон бӯйи мушк аз чӣ маъно гирифт?
Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт?…
Сари наргиси тоза аз зарру сим
Нишони сари тоҷи Кисро гирифт.
Чу руҳбон шуд андар либоси кабуд,
Бунафша магар дини тарсо гирифт?
Аксари талмеҳоти дар шеъри мазбур корбастшуда, ба мисли Аржанг, Монӣ, Кисро, ҳама аз таъриху фарҳанги бостонии мо гирифта шудаанд ва бо тасаввуф ҳеч гуна ҳамхонӣ надоранд. Чунин тасвирҳо ва таъбири “мушки Тиббат” ва талмеҳоти Маҷнун ва Лайлӣ дур намеравем, дар шеъри устод Рӯдакӣ низ, ки ҳамзамони Робиа аст, корбурди фаровон доранд. Ҷо дорад, фақат як шеъри устод Рӯдакиро ин ҷо намуна биоварем:
Он саҳни чаман, ки аз дами дай,
Гуфтӣ дами гург ё паланг аст.
Акнун зи баҳори монавитабъ
Пурнақшу нигор ҳамчу Жанг аст.
Он шеърҳои болотар сабт намудаи мо ва баъзе шеърҳои дигар, ки маҷоли овардани ҳамаашон дар ин мусаввада нест, воқеан, аз Робиаи Балхианд. Вале баъзе миқдори ками байтҳое ҳам ҳастанд, ки аз онҳо бӯйи тасаввуф меояд ва бо табъи эҷодгарии Робиаву ашъори ӯ таноқуз доранд ва ба қалами ин эҷодкори мубориз тааллуқ доштани онҳо ҷойи шак боқист.
Чунончи, байти зер:
Хӯрдем зи ту хуну нахӯрдӣ ғами мо,
Дар пойи ту мурдему сари мо-т набуд.
Гап сари он аст, ки дар байти мазбур қаҳрамони ғиноӣ шакли ҷамъ (мо) дорад. Ҳол он ки дар ашъори ғиноии шоирони намояндаи сабки хуросонӣ (ҳамзамонони Робиа), ки ҳама ашъорашон дунявӣ ва гоҳе мазҳабианд (на ирфонӣ), қаҳрамони ғиноӣ дар шумораи танҳо омадааст. Аммо аз замони фаъолияти Робиа баъдтар, бо оғоз шудани шеъри суфиёна қаҳрамони ғиноӣ аз “ман” ба “мо” табдил мешавад. Масалан, аввалин шоири касбие, ки ба тасаввуф гаравидаву ашъори суфиёна гуфтааст, Саноист ва матлаи ҷамъи ғазалиёти ӯ чунин аст:
Аҳсанту зиҳ, эй нигори зебо,
Ороста омадӣ бари мо.
Сабаби чунин шакл гирифтани қаҳрамони ғиноӣ дар он аст, ки акнун дар шеъри сӯфиёна ошиқ як нафар нест, балки хеле зиёд аст, тавре ки худи Саноӣ мегӯяд:
Ҳар куҷо чашмест бино, боргоҳи ишқи туст,
Ҳар куҷо гӯшест воло, ошиқи овози туст.
Ва он ошиқон ҳеч рашке ба ҳамдигар ҳам надоранд. Чӣ хеле ки дар байти зери Саноӣ мебинем:
Дилоромо, нигоро, чун ту ҳастӣ,
Ҳама чизе ки бояд, ҳаст моро.
Шароби ишқи рӯйи хуррамат кард
Ба сони наргиси ту маст моро.
Агар ин абёти Саноиро аз нигоҳи ишқи заминӣ тавзеҳ кунем, маънии музҳик пайдо мекунанд, зеро ҳама, дар сурати табиӣ, ошиқи як нигори зебо намешаванд ва ҳама якҷоя ӯро бари худ намехонанд. Вале азбаски ин байтҳо ҳама мазмуни суфиёна доранд, ва ошиқон киноя аз соликони тариқатанд, албатта, суханони онҳо ба маъшуқи якто – Ҳақиқати мутлақ равона шудаанд. Аммо дар ашъори Робиа ва ҳамасрони ӯ ин тавр набояд бошад. Дар баъзе шеърҳои Робиа, ки аз ишқ ба таври муҷаррад сухан кардааст, иллаташро дар зан будани ӯ бояд дид. Чунин амалкарди ӯ дар баёни эҳсосоти латифи ошиқона, махсусан дар оғози қувват гирифтани нерӯҳои туркигароёна ва боло рафтани таассуботи динӣ, табиӣ ба назар мерасад. Чунончи, Робиа дар шеъри зери худ дар таърифи ишқ хеле умумӣ сухан кардааст:
Ишқ – дарёи каронанопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд,
Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хӯрду пиндорид қанд.
Аммо аз ин абёт маънии ирфонӣ баровардан муҳол аст. Ин ҷо кадом андешаи ирфонӣ таҷассум ёфтааст? Агар гӯем, ки сахтии тай кардани ишқ дар он баён шудааст, ин қазия бар ишқи заминӣ ҳам сидқ дорад.
Суханро ба дарозо намекашем ва хулоса мекунем, ки ашъори Робиаи Балхиро таҳлил карда, дар баъзеи онҳо ишқи ҳақиқиро маънӣ кардан, ё Робиаро аз аҳли тасаввуф шуморидан чандон дуруст ба назар намерасад. Ҳатто касоне, ки дар асрҳои миёна дар бораи Робиа сухан кардаанд, ӯро зани далер ва барои ноил омадан ба мақсадҳои некаш, ҳатто дар ишқ, муборизу кӯшо нишон додаанд. Як далели то замони мо нарасидани девони ашъори Робиа ва дар ҳоли ҳозир хеле камшумор будани сурудаҳои ӯро дар он донистан мумкин аст, ки пас аз пош хӯрдани давлати Сомониён ва ба сари қудрат омадани зимомдорон аз ақвоми ғайр, таассуби динию мазҳабӣ боло мегирад ва аксари ашъори дунявимазмуни Робиа бо панҷаи чунин таассубот ба боди фано рафтаанд. Сабаб ҳамин аст, ки ба истиснои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз ашъори ғиноии шоирони асри X ҳамагӣ ҳудуди ду ҳазор байт шеър ба мо расидааст. Ҳол он ки ҳамаи он шоирон пурмаҳсул буданд. Маълум аст, ки дар гузашта ҳатто шоироне ки девонашон ҳифз шудааст, котибон ҳангоми рӯнависнамоиҳо матни онҳоро тағйиру таҳриф кардаанд. Ба назари мо ба баъзе абёти мавҷуди Робиа низ аз тарафи котибон дахолат ва дасткориҳои ҳадафмандона сурат гирифтааст. Робиа, ки дар ҷавониаш ба қатл расидааст, наметавонист дар муддати кӯтоҳ аз назари мафкура ва ҷаҳоншиносӣ тағйири ҳол намояд.
Барои таъкиди озодманишии Робиаи Балхӣ андешаи Анзурати Маликзод дархури истифода аст. Ӯ навиштааст: “Агар ошиқ шудани Робиа ба ғуломи турки бародараш Ҳорис, асоси воқеӣ дошта бошад, ҷасорату шуҷоат ва ҳисси озодманишии ин бонуи суханварро ба намоиш мегузорад. Чунин ҷасорат шояд барои бонуи дигари ашрофзодае дар ин замон ғайричашмдошт бошад…”.
Дар поёни ин мусаввада натиҷа мегирем, ки, Робиаи Балхӣ, як духтари ашрофзодаи шуҷоъ, ҳунарманд ва озодаву озодихоҳи тоҷик будааст. Вай, ки ороста бо камоли маҳорат дар пешаҳои гуногун буда, аммо ҳунари баланди шоириаш ҳамаи онҳоро таҳти шуои худ гузоштааст. Ӯ мисли соири рехтагӯёни асри X дар шоирӣ берун аз сабки хуросонӣ нест ва тавоноии вай дар сурудани ашъори ғиноӣ, то ҷое буда, ки бо Рӯдакӣ қиёсаш кардаанд. Аз ашъори бозмондааш маълум мешавад, ки ӯ на шоири суфӣ, балки ҳамонанди шоирони ҳамзамонаш шоири вуқуъгӯй буда, асосан зебоиҳои ҳаёт, ишқи инсонӣ ва табиатро тараннум кардааст. Ӯ шояд соҳиби девон будаву вале дар талотуми ҳаводиси таърих ва минбаъд тағйири ҷаҳонбинии расмию шиддат гирифтани тангназариҳо ва таассуботи мазҳабӣ аз он ганҷи шойгон ашъори андак ва абёти парешон аз ӯ ба мерос мондааст. Вале барои мушаххас намудани асолати он ашъор ниёз ба таҳқиқи ҷиддии матншиносӣ эҳсос мешавад. Хулосаи дигар ин ки дар қиёс бо барҳақ Рӯдакиро падари шеъри форсии тоҷикӣ шинохтанамон, месазад Робиаро ҳамчун модари шеъри форсии тоҷикӣ ба шумор оварем.
Бадриддин МАҚСУДЗОДА



