Шинохти Айнӣ шинохти миллат аст

 Шинохти Айнӣ шинохти миллат аст

Андешаҳо атрофи китоби “Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт (1977-2023)” Мураттибон:д.и.ф. профессор Ш.Н. Суфизода, академики АМИТ, д.и.ф.профессор М.Имомзода

Зиндагӣ,масири офаринандагӣ ва мероси гаронсанги устод Айнӣ қаламравест, ки солиёни дароз зеҳну ҳуши пажуҳандагони риштаҳои мухталифи илму донишро ба худ маътуф медорад. Устод Айнӣ аз зумраи фозилмардонест, ки осорашон дар шинохту маърифати дирӯзу имрӯз ва фардои кишвару миллати мо ҳамчун сарчашмаву мабдаи муътамад мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар адабиётшиносии тоҷик даҳсолаҳост бахшеро айнишиносӣ ташкил медиҳад. Айнишиносон ба мероси арзишманди Айнӣ аз зовияҳои мухталиф, бо самимияту сидқи хос, муҳаққиқонаву мӯшкифона бархурд мекунанд.
​Талош меварзанд то ҳеҷ гӯшае аз рӯзгори пурбору шоистаи ӯ ношинохта намонад. Чун корномаи Устод танҳо бо халқи осори ҳунарӣ, шеъру достонҳои мансур, хулоса намешавад.Замоне сухан аз эшон дар миён меафтад, дар пардаи зеҳни мо чеҳраи бузургмарде, қад рост мекунад, ки таърихнигору, луғатнавис, забоншиносу адабиётдон, донишманди улуми тарбият, фолклоршиносу сиёсатмадор аст ва дар соҳаҳои мазкур таълифоти арзишманде халқ намудааст.
Аммо Айнӣ қабл аз ҳама поягузори адабиёти кунунӣ, махсусан бунёнгузори насри муосир аст. Бо шумори ин хасосис аст, ки то ба имрӯз перомуни зиндагӣ ва роҳи эҷодиву ҷаҳони андешааш, ҷойгоҳаш дар ҷомеаи адабиву сиёсии мо ҳазорон китобу рисола, мақолоти пуршумор нигошта шуда ва теъдодаш рӯ ба фузунист. Шоир, адабиётшиноси номвари Эрон М.Ш. Кадканӣ дар як мақолае, ки перомуни ҷойгоҳи Ҳофизу Бедил дар муҳити адабии Мовароуннаҳр дар асри XIX нигошта, дар як ишорати зимнӣ устод Айниро бо Абулфазли Байҳақӣ ҳамсанг медонад, ки андешаи андаке нест. Мавсуф пас аз ошноӣ бо “Ёддоштҳо”-и Айнӣ тасаввуру даркашро аз он ба шарҳи зер тавсиф менамояд: “ин китоб дарёе аст, аз иттилооти таърихиву иҷтимоиву сиёсиву фарҳангӣ ва мазҳабии бахше аз Мовароуннаҳр (Узбакистону Тоҷикистони кунунӣ) ва ганҷинаи гаронбаҳое аз вожагон, истилоҳот ва амсоли забони форсии дарии тоҷикӣ, ки мо имрӯз ба бисёре аз он калимот ба шиддат ниёзмандем. Қудрати нависандагии муаллиф ва ҳунари тавсифи ӯ дар навъи худ камназир аст ва ёди Абулфазли Байҳақиро дар ёди хонанда бедор мекунад”(М.Ш. Кадканӣ. Шоири ойинаҳо саҳ.93)
​Донишманди фозил М.Ш. Кадканӣ барои таъйиди ин андеша ҳикоётеро аз “Ёддоштҳо” ва “Таърихи Байҳақӣ” барои қиёсу натиҷагирӣ зикр менамояд, то мухотабонро боварманд созад. Бояд зикр сохт, ки ҷараёни пажуҳишгарӣ перомуни дунёи андешаи Айнӣ, таълифоти гуногунҷабҳааш ҳарчанд ҳаргиз мутаваққиф нашуда, вале суръату густурдагии ягона надоштааст, ки дар поён атрофи он ишорат хоҳад шуд.
​Ҷойи таъкид аст, ки дар амри айнишиносӣ яке аз корҳои арзишманд тадвину таҳия ва нашри китобшинохтӣ ё феҳристи адабиёти С.Айнӣ маҳсуб мешавад.
​Хушоянд аст, ки ахиран китоби “Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт(1977-2023)” бо саъю эҳтимоми адабиётшиносони маъруфи тоҷик Ш.З Суфизода ва М.С.Имомзода ба нашр расид. Китоби мазкур фарогири иттилоотест, ки дар тӯли 46 соли охир перомуни осору корномаи Айнӣ таълифу мунташир гаштаанд. Китоби “ С.Айнӣ.Феҳристи осор.” шомили муқаддимагунае зери унвони “Садриддин Айнӣ дар айни пажуҳиш” аст. Худ унвон таҷассумгари аҳаммияту арҷ, густуртагӣ, ҷанбаи ҳамагонӣ доштани мавзуъ аст. Ба ин маънӣ, ки вуруд ба қаламрави фикриву ҳунарии Устод ба зеҳни хонанда неруи зояндагӣ, пажуҳандагиву ковишгарӣ медиҳад.. Бидуни ихтиёр андешаи инсонро ба арзишҳои миллӣ, доштаҳои фарҳангӣ моил месозад, то мо ғофил аз миллату, забону фарҳанги он набошем. Бидонем, ки дар чи мақтае аз замонем ва амри пешрафту боландагии кишварро чи гуна барномасозиву тарҳрезӣ менамоем.
​Тибқи шумор китоби мазкур савумин китоб аст, ки дар ин замина рӯйи чоп меояд. Бар асоси навиштаи мураттиб китобшинохтии осори Айнӣ бори нахуст соли 1956 ва бори дуввум соли 1978 падид омадааст.
​Нашри соли 1978, ки иборат аз ду ҷилд аст фарогири маводест, ки аз соли 1956 то 1977 дар атрофи нашру чопи осори нависанда ва таҳқиқу арзёбии корномааш таълиф шудааст.
​Ҳамон гуна, ки хотирнишон гардид дар китоби ҳозир тамоми иттилооти марбут ба рӯзгору осор ва масири зиндагиву фаъолиятҳои гуногунҷабҳаҳои устод гирдоварӣ шудаанд. Дар муқаддима перомуни сохтори китоб, бахшҳо ва шеваҳои фароҳамсозиву пешниҳодии мавод шарҳу тавзеҳи мабсут оварда шудааст.
​Дар бахши аввали китоб маълумот дар бораи нашру чопи осори Айнӣ дар мақтаи замони мавриди назар ҷойгузин шуда. Осоре, ки дар тули замон ба шакли комил ё мунтахаб ба тоҷикӣ ё русӣ интишор гардидааст.
​Гузашта аз ин тамоми иқтибосоту нақли қавлҳо аз осори ҳунарии Айнӣ, ки дар нашрияҳои даврӣ ба табъ расида, шомили бахши мазкуранд.
​Вижагии бахши мазкур аз он иборат аст, ки ба зербахшҳо ҷудо шуда. Масалан тамоми осори бадеии устод чи пурраву чи баргузида, нашрҳои такрории осор дар зербахши аввал гирд омадаанд.
​Устод Айнӣ аз маъдуд нависандагонест, ки қисми умдаи осораш ба 34 забони милали дунё тарҷума шудааст. Танҳо “Ёддоштҳо” ба 22 забони хориҷӣ тарҷума шудааст. Хушоянд аст, ки амри тарҷумаи нигоштаҳои Устод дар ин авохир равнақи чашмгир пайдо намуд. Асарҳои “Марги судхур”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”,”Исёни Муқаннаъ” аз ҷониби муҳаққиқи номвари тоҷик профессор А.Мамадназаров ба забони англисӣ, мустақим аз матни асл тарҷума гардиданд.
​“Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” соли 2023 дар Амрико ба табъ расид. Повести “Марги судхур” бошад, соли 2024 дар Душанбе мунташир гардид. Ногуфта намонад, ки “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик соли 2022 бори нахуст дар Душанбе интишор гардида буд.
​Баргардем ба “….Феҳристи осор…”Дар он бахше ба зикру шарҳи кутоҳи унвонҳои китобу рисолаҳое ихтисос дорад, ки роҷеъ ба Устод таълиф шудаанд.
​Мураттибони китоб талош намудаанд то аз маҷаллаву нашрияҳое, ки дар нашри маводи марбут ба Устод саҳм дошта, зикри ном кунанд.
​Ба андешаи эшон дар замони мавриди таҳқиқ муҳаққиқони осору ҷаҳони андешаи Айнӣ танҳо адабиётпажуҳон набуда, намояндагони риштаҳои дигари илму таҳқиқанд. Гузашта аз ин густураи таҳқиқи осори нависанда низ вусъати беназире пайдо намудааст. Дар ин бахш аз муҳаққиқоне ёд шуда, ки дар айиншиносӣ нақше шоистатаре доштаанд.
​Дар бахши мазкур ҳамзамон перомун мақолоте, ки дар хилоли замон ба забони русӣ таълиф шуда, изҳори назар шудааст.
​Ба ин идаои мураттибони китоб, ки “муҳимтарин бахшҳои китобномаи мазкур, ки сатҳи омӯзиши академии осори Устод Айниро арзёбӣ мекунанд, феҳристи рисолаҳои илмии дифоъшуда (номзадӣ, докторӣ) ва авторефератҳо мебошад” метавон мувофиқат намуд. Мурури ановини рисолаҳо гувоҳ бар ин аст, ки дар канори олимону пажуҳандагони ҷавони тоҷик, таваҷҷуҳи муҳаққиқони хориҷӣ ба осори Айнӣ бештар мегардад. Гузашта аз ин айнишиносӣ аз нигоҳи густураи мавзӯи, умқу вусъат, жарфои чашмгир касб мекунад. Мураттибон боварманданд, ки имрӯз “айнишиносӣ тадриҷан аз ҳошияи таърихӣ-адабӣ ба умқи матншиносӣ ва забоншиносӣ низ ворид шудааст…. мақолаҳои зиёде доир ба вежагиҳои сабки баёни Айнӣ, нақши ӯ дар таҳаввули истилоҳоти илмӣ, таҳқиқи аломатҳои психологии қаҳрамононаш ба нашр расидааст. “(саҳ 7)
Дар муқаддимаи китоб ҳамчунин перомуни марҳилаҳои авҷу коҳиши ҷараёни айнишиносӣ дар Тоҷикистон ва илалу сабабҳои он изҳори назар шудааст.
Мураттибон муътақиданд, яке аз заминаҳои корсози вусъату густариш пайдо намудани корҳои пажуҳишӣ дар ин росто тасвиби қарори ЮНЕСКО дар бораи таҷлили 100 – солагии гиромидошти зодрӯзи С. Айнӣ буд, ки таълифу табъи маводи фаровонеро атрофи корномаи Устод боис гардид.
Мутаассифона пас аз гиромидошти 110 – солагии Устод дар соли 1988 бо далоили мухталиф раванди айнишиносӣ ба кундӣ гаройид.
Заминаи дигаре, ки муҷиби вусъату доман гирифтани ҷараёни мазкур шуд, бо Фармони Президенти ҶТ аз 8 – сентябри соли 1997 ба Устод эҳдо намудани унвони олии кишвар “Қаҳрамони Тоҷикистон” буд, ки “на танҳо нишонаи эътирофи давлатӣ ва миллӣ ба хизматҳои бемисли ин нобиғаи маорифу фарҳанги миллат буд, балки ба раванди омӯзишу таблиғи мероси илмиву адабии ӯ низ неруи тозае бахшид” [8].
Пажуҳишҳое, ки пас аз эъломи ин Фармон тули як даҳсола анҷом шуданд, ба бозтоби ҷойгоҳу хадамоти нависанда дар эҳёву ҳимояти забони тоҷикӣ, адабиёти гаронсанги тоҷик, пешинаи фарҳангии миллат бахшида шудаанд, ки намунаи онҳо дар китоб ҷойгузин шудааст.
Аз нигоҳи мураттибон авҷу равнақи корҳои таҳқиқӣ дар атрофи хадамоти ҳунарӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва сиёсии С. Айнӣ аз соли 2018 оғоз мегардад ва ба таври рӯзафзун густариш пайдо менамояд. Дар соли мазкур мардуми тоҷик 140 – солагии нависандаро таҷлил намуд. Муҳаққиқони тоҷик дар соли ҷашнӣ дастхолӣ набуданд: “беш аз 80 номгуи маводи гуногун аз китобу маҷмуа то мақолаву хабар оид ба Айнӣ сабт шуда, ки ин худ шаҳодати эҳтирому таваҷҷуҳи бесобиқа мебошад” (9).
Дар муқаддимаи китоб метавон иттилооти лозимаро перомуни аҳаммияту арҷи айнишиносӣ, арзиши фарҳангиву маърифатии феҳрист ва намунаи андешаҳои пешниҳодӣ ҷиҳати такмили феҳрист пайдо намуд.
Маводи феҳрист аз нигоҳи арзиши илмиву сатҳи диду биниши таҳқиқӣ гурӯҳбандӣ шуда, ки амрест судманд.
Дар поён бемаврид нест ба бархе ҷанбаҳои ҷузъӣ таъкид шавад.
Дар ду даҳсолаи охир баъзе рисолаҳои муқоисавӣ ҳимоя шуданд, ки мутаассифона исмашон аз феҳрист афтодааст. Масалан муҳаққиқи эронӣ М. Гараконӣ рисолаи номзадиашро дар атрофи повести ““Марги судхур” ва муқоисаи он бо “Ҳоҷӣ-оқо”-и С. Ҳидоят” (2013) таълифу ҳимоя намуда буд, ки аз он зикри ном нашуда. Китоби А. Кучарзода “Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С.Айнӣ. Душанбе — 2013” низ аз рӯйхат афтодааст.
Нашри англисии “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” (мутарҷим А. Мамадназаров — 2022) ҳам дар китоб наёмадааст.
Албатта дар тадвину таҳия ва табъи чунин амре густурда, ки резакориҳои вофиреро ба дунбол дорад, чунин иттифоқоти ҷузъӣ ногузир аст.
Инҷониб ҷомеаи илмӣ-адабии Тоҷикистон ва алоқамандони осори Устодро бо доштани чунин сарчашмаи илмии роҳнамо дар шинохти Айнӣ ва ҷаҳони офаринишу зеҳнияту андешааш табрик мегӯям.
Умедам аз айнишиносони ҷавон ин аст, ки беш аз ҳар вақти дигаре мутаваҷҷеҳи осораш бошанд. Мақолотеро, ки берун аз марзҳои кишвар ба нашр расида, таҳия, тарҷума, баргардон намуда, ба табъ расонанд, зеро шинохти Айнӣ шинохти пешинаи дурахшони миллат, ин марзу бум, фарҳангу тамаддуни мардуми мост. Маърифати андешаву орои Устод расидан ба марзи худшиносӣ худёбӣ , дарку эҳсоси наҷиби меҳанпарастӣ, камоли маънавӣ ва посухёбӣ ба садҳо пурсишу суоли ояндасозу фароҳамсози ҷаҳоннигарӣ аст.
Умар САФАР,
профессори ДМТ

Дигар хабарҳо