Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 24 декабри соли 2025
Ҷилваҳои ҳунар дар шеъри кӯдак. Нигоҳе ба шеъри кӯдаки Сафармуҳаммад Айюбӣ
Ба муносибати 80-солагии Сафармуҳаммад Айюбӣ
Назми кӯдакон ва наврасон ба унвони як шохаи шеъри муосир дар илми адабиётшиносии тоҷик падидаи нав ба ҳисоб меравад. Албатта, адибон аз давраҳои дури таърих барои тарбияи кӯдакон ва наслҳои ҷавон дар осори худ ҷой гузоштаанд, вале ин бархӯрд, ҳатто дар мисоли осори шифо низ ҳамеша ҷанбаи тарбиявӣ барои расидан ба бузургсолӣ доштааст. Яъне дар гузашта бевосита барои таҷассуми дунёи рангини кӯдакон иқдом нашудааст. Адабиёти кӯдак дар даврони муосир ҳамчун як бахши алоҳида рангу равнақ меёбад ва навиштани китобҳои алоҳида барои кӯдакон ба таври расмӣ оғоз мешавад. Ғайр аз адибоне, ки бевосита барои кӯдакон асар офарида, ҳамчун адиби бачаҳо маҳбубият пайдо намудаанд, шоирони зиёде, аз қабили устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Ғаффор Мирзо, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Аминҷон Шукӯҳӣ, Убайд Раҷаб, Озод Аминзода, Ашӯр Сафар, Бозор Собир, Мастон Шералӣ, Гулназар, Сайдалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Абдусаттори Раҳмон, Ато Мирхоҷа ва дигарон дар баробари саҳм доштан дар пешрафти шеъри муосир, барои кӯдакон низ асар навиштаанд. Сафармуҳаммад Айюбӣ низ аз зумраи ҳамин адибон аст, ки на танҳо шеър, балки дар навиштани драмаҳои бачагона ва чистонҳо низ иқдом намудааст. Намоишномаҳои офаридаи ӯ барои хурдсолон «Дебочаи наврӯзӣ», «Ҳамоиш дар боғи зоғон», «Қаландармашраб» ва ғайра бо назокати хос дунёи кӯдаконро рангинтар гардондаанд.
Сафармуҳаммад Айюбӣ дар замони барҳаёт будани худ интихобан чанд шеъру сурудашро, ки барои бачаҳо эҷод намудааст, дар китоби «Меъроҷ» ҷой додааст, вале маҷмуаи ашъори барои хурдсолон навиштаи ӯ «Гули яхшикан» баъди марги шоир рӯйи чоп омадааст, ки аз ашъори ин китоб ва чанд намунаи омада дар китоби «Меъроҷ» мешавад як марҳалаи эҷодии адибро мушаххас намуд. Ашъори гирдомада дар ин ду маҷмуа фарогири мазмун ва мавзуоте чун тасвири табиат, рӯду чашмаву кӯҳ, васфи Ватан ва зодгоҳ, зиндагии хонаводагӣ, пурсишу посух миёни кӯдакон ва калонсолон, ифтихори миллӣ ва соири мавзуъҳои дигар мебошанд, ки барои кӯдакон ошно ва ҷолибанд. Муҳимтар аз ҳама дар ин ашъор ҷустуҷӯйи даврони кӯдакии гӯянда бармало мешавад, ки ин амр ҳар адиби сидқан барои бачаҳо асар менавиштаро нохудогоҳ ба ёди кӯдакӣ мекашонад ва ба ин васила шоирон дар навиштани шеъри кӯдак ба суроғи даврони кӯдакии худ мераванд. Барои мисол шеъри «Фасли фаровонӣ»-и шоирро мехонем, ки дар қолаби маснавӣ суруда шудааст:
Дар зимистон Назармат
Болои бом баромад.
Баромаду ҳайрон монд,
Ангушташ дар даҳон монд.
Дида хурҷини қурут,
Гӯшае қоқи мурут.
Кӯза пури тути қанд,
Ангури банди бо банд.
Ҳамел-ҳамели писта,
Талқону нашоиста.
Халта-халта нони қоқ,
Дӯ кӯза равғани пок.
Аз ин буду аз он буд,
Аз ҳарчи фаровон буд.
Пас ба шодӣ суруд гуфт,
Гӯё ки худ ба худ гуфт:
– Набошад чун зимистон
Фасли хушу фаровон.
Ин манзара, бидуни шак, далолат ба замони бачагии шоир дорад. Чаро ки дигар ҷузъиёти тасвиршуда дар он, аз қабили «хурҷини қурут», «қоқи мурут», «кӯзаи пури тут», «ҳамел-ҳамели писта»-ву «халта-халта нони қоқ» ва «ду кӯза равған», ки барои зимистон дар болои бом хушк ва нигаҳдорӣ мешуданд, ҳамчун фарҳанги суннатӣ танҳо дар хотир боқӣ мондаанд ва имрӯз қариб ки мавриди истифода нестанд. Яъне шоир, агарчи қасдаш шеър гуфтан барои бачаҳо будааст, бо сурудани чунин шеър дубора ба ёди кӯдакии худ меравад ва манзараеро, ки шоҳидаш аст, ба тасвир мекашад. Аз назари ҳунарӣ ин шеърро мешавад иборат аз зебоиҳои лафзӣ ва маънавӣ донист. Зебоиҳои лафзӣ дар мисоли корбурди калимаҳо, ки ифодагари ашёи мавриди таваҷҷуҳанд, дар пайванди қофия низ мусиқии гӯшнавозеро ба вуҷуд овардаанд. Аз назари маънавият мешавад ба дарунмояи он эътибор дод, ки дар он манзара сужасозӣ шудааст ва метавонад хонандаро барои шунидани оғоз ва анҷоми як ҳодисаи ҷолиб омода кунад.
Ба гуфтугӯ даромадани ашё яке аз вижагиҳои шеъри кӯдак аст, ки дар ҳаёти хурдсолон мавқеи хосса дорад. Афсонаҳои мардумӣ аз он ҷиҳат барои кӯдакон шавқоваранд, ки дар зиндагардонии ҳар ҷисми беҷон ва ё ба гуфтугӯ даровардани ҳар ҷонзоди ғайриинсонӣ ҷанбаи тахайюлии қавӣ доранд. Ҳар ашё ва махлуқи ғайриинсонӣ дар онҳо ба гуфтугӯ медарояд ва ба таври табиӣ нақши муҳиммеро дар тафаккури кӯдакон бедор мекунад. Бинобар ин, ҳар шеъре, ки дорои чунин ҷузъиёт бошад, зудтар ва бештар дар хотираи хурдсолон ҷой мегирад. Бо дарназардошти ҳамин масъала дар бештари маврид шоироне, ки барои хурдсолон шеър сурудаанд, дар робита ба дунёи кӯдакон таваҷҷуҳи хосса ба санъати ташхис доштаанд. Сафармуҳаммад Айюбӣ низ беш аз ҳар чизи дигар дар шеъри кӯдак ба ҳамин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кардааст ва бо истифода аз ташхис хаёлангезиҳои шоиронаеро дар зиндагардонии ашёи беҷон ва ба гуфтугӯ даровардани ҷонзодҳои ғайриинсонӣ анҷом додааст, ки бисёр ҷолибу хонданӣ ба назар мерасанд. Шахсият бахшидан ба табиат ва ба гуфтугӯ даромадани унсурҳои он дар шеъри ӯ бастагӣ ба хостаҳо ва ниёзҳои кӯдакон дорад. Мисли ин ки мо гуфтугӯйи инсон бо гандумро дар ин пора мехонем:
– Чаро пеш аз муғчаи
Олучаю ток
Сармебарорӣ, гандум,
Аз синаи хок?
– Пеш аз ҳар нуқлу мавиз,
Рӯйи дастархон,
Ҳама шодӣ мекунанд,
Агар бошад нон.
Аз ин рӯ пеш аз ҳама
Сар мебарорам,
Як лаҳза дер кардан
Ман ҳақ надорам.
Дар баробари сужасозӣ, ки ба шеър бартарӣ бахшидааст, нуктаи дигаре ҳам дар таъйиди ҷолибии он падидор мешавад, ки аз роҳи вазн сурат гирифтааст. Интихоби қолаб ва вазн мусиқии хоссеро дар шеър ба вуҷуд овардааст, ки дар тарзи қироат, бо зарбдор талаффуз кардани калимаҳо, махсусан, мисраъҳои кӯтоҳи он афзалият пайдо мекунад ва зебоиеро ба ҳусни шеър меафзояд. Гузашта аз ин, аз назари мавзуъ шоир масъалаеро ба миён гузоштааст, ки метавонад ҳикмати пеш аз ҳама сарбарории гандум аз хокро дар зеҳни кӯдакон тасаввуршуданӣ гардонад.
Ҳамин гуна як манзараи тасаввуршуданиро, ки дар мисоли парасту матраҳ мешавад дар шеъри «Куҷо будӣ, парасту?» мехонем:
– Набуд нишона аз ту,
Куҷо будӣ, парасту?
– Будам ба кишвари дур,
Будам дар олами нур.
– Бигӯ, бигӯ, парасту,
Чӣ гуна кишвар аст ӯ?
– Набинӣ ҳеҷ дар он
Нишони барфу борон.
– Тамоми фасли гармо
Чиҳо ту дидӣ он ҷо?
– Замини сабзу зебо,
Мавизу дони хурмо.
Кӯдакон аз равиши зиндагии парасту хуб огоҳӣ доранд. Медонанд, ки парасту барои зиндагӣ кардан ба ҷойҳои гарм рахти сафар мебандад. Агарчанде тамоми қитъаҳои гарм барои ӯ ватан аст, вале боз ҳам шоир тасаввуреро дар зеҳни кӯдакон мумкин мегардонад, ки ба ҳамзодгоҳи онҳо будани парасту бовар кунанд:
– Чаро, бигӯ, парасту,
Кушодӣ бол ин сӯ?
– Кашид бар канорам
Муҳаббати диёрам.
Ҳамин гуна фазосозиҳоро дар шеърҳои «Табиат», «Боша, мусича ва одам» ва ғайра низ мебинем. Вақте мо ба кашфи бозёфтҳои шоирона дар ашъори барои кӯдакон навиштаи шоир мепардозем, дар ин сурат низ афзалияти манзаранигорӣ ва ҷузъиётпардозии барои хурдсолон ҷолибро ба дурустӣ пай мебарем, ки шоир дар сувари хаёл ва зебоиҳои каломи худ аз он ба чӣ ҳад истифода кардааст. Сафармуҳаммад Айюбӣ аз унсурҳои табиат ва ҷузъиёти рӯзгори инсон барои шоирона буруз додани шеъри худ судҷӯйиҳои фаровоне кардааст, ки қобили ситоишанд. Ин судҷӯйиҳо дар чаҳорчӯби муайян ва мувофиқ ба завқу салиқа ва фаҳму дарки кӯдакон сурат гирифтаанд. Хулқу атвори кӯдакон, ниёзҳои ботинии онон, хостаҳо ва бардоштҳояшон дар зиндагӣ дар маркази аксар тасвирҳои шоиронаи ӯ қарор доранд ва ин амр дар мавриди тамоми суратҳои хаёл, дар мисоли санъатҳои адабӣ аз қабили ташхис, ташбеҳ ва истиора рӯ менамояд. Шеъри «Хонаи нав омадем»-и ӯ барои ҳар кӯдаке, ки падидаи наверо дар зиндагии худ таҷриба мекунад, ҷолибу хотирмон аст.
Хонаи нав омадем,
Ба шодӣ даромадем.
Озода хонаю дар,
Девораш барфи саҳар.
Аз рӯйи даҳлези ӯ
Метобад болои кӯҳ.
Мерасад бӯйи баҳор
Аз ошёни чаҳор.
Оғили чиркинаш нест,
Дуди киросинаш нест.
Сӯзад газаш каб-кабуд,
Очам мехонад суруд:
Дигар намекунад «Пуф!»
Оташдони пури дуд.
Албатта, таркибу ибораҳои шоиронае, ки битавонанд шеърияти ин сурударо таъйид кунанд (ба ҷуз ташбеҳи девор ба барф) дар он ба кор нарафтаанд. Вале фазо ва мавзуъ ба ягонагии худ тавонистаанд, манзараро шоирона ба ҷилва биёранд. Аммо дар шеъри «Манзара» ин бор бар дӯши ибораҳое чун «чеҳра кушодани офтоб», «аз само фитодани резаи хуршед», «сӯзану риштаи хуршед», «махмали водӣ», «шишаи об» ва амсоли ин меафтад ва ҳамин гуна ибораороиҳо ба шеър ҷилваи шоирона мебахшанд. Гӯё тамомии ин унсурҳо, ки дар шеър барчида шудаанд, муваззаф ба қувват додани ташбеҳи деҳа ба духтараки чаканпӯш шудаанд, ки ҳамакнун бо омадани баҳор пираҳани гулдӯзӣ ба бар мекунад:
Офтоби саҳарӣ чеҳра кушод,
Аз само резаи хуршед фитод.
Сӯзану риштаи хуршеди баҳор
Дӯхт дар махмали водӣ гули хор.
Гашт андар назарам деҳаи ман
Гӯиё духтараки куртачакан.
Гашт пурнақш бари кӯҳу камар,
Шишаи об бишуд равшантар.
Шоир дар фарҷом бо нишон додани чеҳраи офтоб дар об ин гуна як тасвири шоиронаро рақам мезанад:
Тофт дар оинаи оби равон
Сурати майдаи хуршеди калон.
Назокати ин тасвир дар чист? Оё дар он, ки шоир чеҳраи офтобро дар об нишон медиҳад? Фақат ин не. Чун аз ин даст тасвирро дар шеъри шоирон зиёд дидаем ва наметавонем онро ба унвони як тасвири тозаву нав маънидод кунем. Тозагии ин тасвир дар заминаи воқеӣ доштани он ҷилвагар мешавад. Обе, ки ором аст, метавонад акси хуршедро бекаму кост ба намоиш гузорад. Аммо ҳар ки акси хуршедро дар оби равон, ба хусус, дар чашмаҳои равони кӯҳистон дидааст, ба тозагӣ ва воқеияти ин тасвир иқрор мекунад. Акси хуршед дар чашмаҳои софу сарозери кӯҳистон мисли гавҳарпораҳо аз ҳар мавҷ ба дурахшидан медарояд ва нурҳои хурду дурахшонро ба чашми бинанда интиқол медиҳад. Ҳамин гуна як шеъри тасвирии дигарро, ки нигоҳи шоирона дар он ҷилваи тамом дорад мушоҳида мекунем:
Омад зимистони хунук,
Шуд нури хуршедӣ тунук.
Аз деҳи мо то дуриҳо
Дуди сафед аз мӯриҳо
Рафт аз қафои турнаҳо,
Чун изи пойи турнаҳо.
Ин шеър низ «Манзара» ном дорад ва мувофиқ ба завқи кӯдакон дар он манзаранигорӣ шудааст. Баромадани дуди сафед аз мӯрӣ дар фасли сармо, ки дар ҳаво бо як хатти кашида ҳаракат мекунад, дар тасаввури шоир шабеҳ ба изи пойи турна шудааст ва кӯдакон низ метавонанд ин тасвирро ба содагӣ ҳазм кунанд. Яъне он тасвири шоиронаест мувофиқ ба завқу салиқаи хурдсолон. Ин манзаранигорӣ ва тасвирҳои шоиронаро дар шеърҳои «Пишакча бозингар шуд», «Чевар», «Моҳигир», «Ойинаи офтоб», «Чаро гурба пир?», «Соати зангӯладор» ва амсоли ин метавонем фаровон мушоҳида кунем. Манзумаҳои офаридаи шоир, аз қабили «Қафас», «Боша, мусича ва одам» низ аз ин хосиятҳо, ки гуфта шуданд, бархӯрдор ҳастанд.
Як ҷолибияти дигари шеърҳои барои хурд сол он офарид аи Сафармуҳаммад Айюбӣ дар он зоҳир мешавад, ки онҳо бо таъсири фаъолияти драматургии шоир тобиши монологҳои намоишҳои саҳнавиро гирифтаанд. Масалан, дар банди охири шеъри «Рӯбоҳ ва хурӯс», ки дар он мунозираи ин ду ҷонвар тасвир шудааст, ин пораро мехонем:
Рӯбоҳ:
Биё, аз ҳеча баро,
Қанотакатро кушо!
Аҳа!!! Уҳу!!! Ҳой!!!
Хурӯс:
Эй вой!!!
Ин хусусиятро дар сурудҳои «Булбулакон, сароед», «Суруди наврасон», «Аз занги аввал то занги охир», «Рақси гулҳо» ва ғайра, ки барои сароидани гурӯҳии хонандагони хурдсол офарида шудаанд, мушоҳида менамоем. Дар «Суруди наврасон» ин пораро мехонем:
Омоли Ватан ҳастем,
Ҳамболи Ватан ҳастем.
Ҳей, Ҳей, Ҳей!
Шонздаҳсолаем…
Бо баррасии ашъори барои хурдсолон эҷоднамудаи Сафармуҳаммад Айюбӣ аз паҳлуҳои мухталиф ба ин натиҷа метавон расид, ки шоир бо огоҳии комил аз дунёи кӯдакон ва ниёзҳои ботинии онон тавонистааст ашъори ҷолибу дилпазиреро бо тобишҳои ахлоқиву тарбиявӣ ва бо нигоҳе зебоишиносона ироа намояд. Ин бахши фаъолияти шоир дар баробари дигар паҳлуҳои эҷоди ӯ қобили омӯзиш ва таҳқиқу пажӯҳиш аст.
Муҳриддин Сабурӣ,
мудири бахши нақди адабӣ ва
адабиётшиносии ИНТ



