Розкушои «Сурх ва сиёҳ»

 Розкушои «Сурх ва сиёҳ»

Овони донишӯйӣ, солҳои 80-уми асри гузашта, овоза шуд, ки романи машҳури Стендал «Сурх ва сиёҳ» ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст. Ман, ки забони русиро чандон балад набудам, хурсанд шуда, ҷониби мағоза давидам ва ҳамон сол адиби машҳур Бахтиёр Муртазоро ба сифати тарҷумон низ шинохтам… Мушоҳида кардаам, ки на ҳар китобдӯсту китобхон ба шахсияти тарҷумони асар таваҷҷуҳ менамояд, вале чанд китоб ҳаст, ки хонандааш дар баробари муаллифу унвони асар ному насаби тарҷумонро ҳам дар ёд гирифтааст. Абдулло Зокир, ки «Доғистони ман»-и Расул Ҳамзат ва Сотим Улуғзода, ки «Ғӯрмагас»-и Войничро ба забони модарии мо баргардонидаанд, аз ҷумлаи ҳамон тарҷумонҳои зиндаёданд. Инчунин, ҳар кас «Садбарги зарин»-и Констатин Паустовский ва «Сурх ва сиёҳ»-и Стендалро мутолиа кардааст, ғайриихтиёр ному насаби Бахтиёр Муртазоро низ ба ёд гирифтааст, балки гоҳо мегӯянд: «Садбарги зарин» ё «Сурх ва сиёҳ»-и Бахтиёр Муртазо…»

Синни мубораки Бахтиёр Муртазо ба 85 расид, Худоро шукр, ҳанӯз бардаму эҷодкор аст ва, чунон ки дар урфият мегӯянд, як пояш аз даргоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон канда нест. Боре аз «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал сухан рафт ва дар омади гап Бахтиёр Муртазо қисса кард, ки ба тарҷумаи ин роман кай, чӣ хел ва чаро машғул шуд. Ҳамоно, пас аз адиби муҳтарамро гусел кардан, ба навиштани ин мақола оғоз намудам, зеро барои ман, махсусан, барои ҷавонон, басо ибратбахш аст: ба ёдам асари «Одина» расид, ки устод Айнӣ дар анбори зироат аз чанд халтаи гандум барои худ «миз»-у «курсӣ» дуруст карда, қалам ба даст гирифта буданд. Бахтиёр Муртазо ба тарҷумаи асари Стендал ба се сабаб машғул шуда буд: якум, берун аз Тоҷикистон кор мекард ва он ҷо тоҷикон набуданду хатари фаромӯш ё хароб шудани забони адабиаш таҳдид мекард, дуюм, хушилҳому эҷодкору заҳматкаш буд ва ниҳоят мехост аз дурдонаҳои хазинаи адабиёти ҷаҳон якеро ба хонандаи тоҷик пешкаш намояд. Умуман, зиндагиномаи ин шахси шариф кирои шунидану хондан мекунад, ӯ ҳатто даврони донишҷӯии худро мисли аксарият ба хондани чанд дарси муқаррарии зарур ё нозарури донишгоҳ, ё танҳо баҳо гирифтан барбод надода, пайваста забономӯзию китобхонӣ ҳам кардааст.

Соли 1959 Бахтиёр Муртазо донишҷӯи соли дуюм буд. Ҳамон сол ба гурӯҳи онҳо танҳо ба хотири омӯхтани арӯз тарки донишгоҳи Самарқанд карда, Аслам Адҳам омад. Ҳамнишинӣ бо Аслами ҷавон, ки китоби зиёд хонда, шеъри бисёр, аз ҷумла, достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомии Ганҷавиро аз ёд медонист, ба Бахтиёр асар кард. Бовараш намеомад, ки ба хотири омӯхтани арӯз Аслам тарки Донишгоҳи Самарқанд карда, ба Душанбе ташриф овардааст. Аммо дар донишгоҳ вазни арӯзро соли аввал мехонданд. Аз ин сабаб Аслам сахт рӯҳафтода шуд. Бахтиёр ӯро тасаллӣ дод ва он чӣ порина вобаста ба ин мавзӯъ аз устод омӯхта буд, як пора пешниҳод намуд. Аз ҷумла барои намуна ва исботи фикр як байти шеъри устод Мирзо Турсунзодаро дар нашрияи «Тоҷикистони советӣ» тоза чоп шуда буд, тақтеъ кард:

– Нишастам дар лаби дарёи куҳӣ – мафоӣлун, мафоӣлун, фаӯлун,

Ба худ ман ёфтам маъвои кӯҳӣ – мафоӣлун, мафоӣлун, фаӯлун.

Хурсанду мафтун шуд Аслам ва гуфт:

– Эҳа-а, ин тавр бошад, аз ин донишгоҳ ҳам меравам. Муҳити адабии Душанбе кифоя аст. Худам арӯз меомӯзам.

Рӯзи дигар Аслам ба неву нестону исрори Бахтиёр гӯш надода, тарки ин даргоҳ кард ва ба нашриёт рафта мусаҳҳеҳ шуд.

Ҳамон сол дар ҷазираи Куба инқилоб ба амал омад, номи доҳии кубагиҳо Фидел Кастро вирди забони мардум шуд ва Аслам Адҳам ба зудӣ шеъри чанд шоири ин кишвари ҷазирагиро тарҷума карда, таҳти унвони «Таронаҳои найшакар» чоп кард, яъне ҳамкурсонаш ҳанӯз донишгоҳро хатм накарда ӯ номвар шуд.

Нашриёт барои тарҷумаҳояш ба Аслам Адҳам 10 ҳазор сӯм дод. Аслам зуд хона харид, муҷаҳҳаз кард ва зан гирифт. Ана, ҳамин тавр, як ҷавон, ки ба Душанбе омаду вазни арӯз намедонист, бе маълумоти олӣ шоир шуд, вале ҳамсолонаш ҳанӯз таърихи КПСС (ҳизби коммунист) мехонданд.

Чунонки се сол қабл донишу маҳорати Бахтиёр шоири ҷавон Асламро хурсанду мафтун карда буд, ин дафъа ғайрату ҳиммати Аслам Адҳам, ки воқеан ибратангез буд, ба дӯсташ Бахтиёр Муртазо бетаъсир намонд.

Соли 1963 Бахтиёр Муртазо ба нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» корманд таъйин шуд. Ҳамон сол Бахтиёр повести «Роҳи Каҳкашон»-и Чингиз Айтматовро тарҷума кард ва ин тарҷумаи ӯ дар сафҳаи «Комсомоли Тоҷикистон» пурра интишор ёфт, сонӣ аз тарафи Нашриёти «Ирфон» низ ба чоп расид. Соли 1964 ӯро ба аскарӣ гирифта, ба қисми ҳарбии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) бурданд. Дар ҳамин ҷо Бахтиёр бори аввал дарк намуд, ки босаводу китобхон будан ва донистани забон инсонро чӣ қадар баобрӯ мекардааст. Аз Ленинград ба нашрияи худ – «Комсомоли Тоҷикистон» мақолаю очеркҳо менавишт. Донистани забони русӣ имкон дод, ки дарҳол бо нашрияҳои ҳарбӣ низ ҳамкорӣ оғоз намояд ва ҳар замон ба номи ӯ ҳуҷҷати интиқоли ҳаққи қалам мерасид ва аскарону афсарон гумон мекарданд, ки ин маблағҳоро падараш мефиристад.

– Аҷиб, – мегуфтанд онҳо, – падарат барои ту тин ҳам мефиристад, мана, бубин, «35 сӯму 07 тин»?!

Боре як афсар гуфт:

– Ту ба аскарӣ не, ба сафари хидматӣ омадаӣ…

Чун командири қисми ҳарбӣ огоҳ шуд, ки Бахтиёр аз нашрияҳо очерку мақола навишта, ҳаққи қалам мегирад, ба ҳузури худ хонд ва хитоб кард:

– Э, ту тоҷикписари босавод будаӣ! Мешудаст-ку, аз куҷо русидон шудӣ? Писарам, навис! Бистсолагии Ғалаба наздик аст, навис. Ту обрӯи қисми ҳарбии мо, ту забони дарози афсарони мо, ту нависандаи мо! Ихтиёр дар дасти худат, ту озод! Навису навис!

Ҳамин тавр, ӯро аскарону афсарон «Писател» гуфта ном мебурданд, ҳатто нашрияи «Часавой Родины» («Посбони Ватан») ба кор даъват намуд.

Донистани забону китоб хондан Бахтиёрро азиз кард!

Соли 1965 Бахтиёр Муртазо аз хизмати Ватан баргашт. Муҳаррири нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» Абдулло Зокир ҳамоно ӯро мудири шуъбаи тарғибот таъйин намуд, ки шуъбаи «вазнин» мегуфтанд. Аммо баъди ду-се сол Бахтиёрро Маскав ба Афғонистон, ки он замон кишвари орому осуда буд, ба сифати тарҷумон фиристодан хост. Абдулло Зокир гуфт:

– Нарав, додарам. Ту котиби масъул, баъд муовин мешавӣ.

Бахтиёр розӣ нашуд. Одаму олам шинохтану дидану омӯхтан табиати ӯст. Аз тамоми имтиҳону санҷишҳо гузашт ва тобистони соли 1969 Вазорати нақлиёти Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати тарҷумони гурӯҳи роҳсозони пуружаи Пули Хумрӣ – Мазори Шариф – Шибирғон вориди хоки кишвари ҳамсоя шуд. Як сол баъд тарҷумаи асари Стендал – «Сурх ва сиёҳ» пеш омад.

Ҳини тарҷумонӣ Бахтиёр ба зудӣ ҳис кард, ки забону лаҳҷаи афғонҳо як дараҷа мураккаб аст, чун ягон мутахассиси афғон бо корманди рус сухан мекард, ҳар чиро мунтазир шудан мумкин буд: вай дар як ҷумла гоҳо калимоти арабию паштуниву англисиву ҳинду ва лаҳҷаи маҳалли худро беистиҳолаю бепарво ба забон меовард ва рӯзи дароз тарҷума кардани ин гуна алфоз ва боз ба забони модарӣ неву русӣ майнаро гиҷ мекард. Бар замми ин калимот соф техникӣ буданд. Масалан, афғонҳо попӯшро «чаплӣ», чархболро «ҳилукаптер», бензинро «петрул», солидолро «грис», роҳро «сарак», бананро «кела» мегуфтанд ва ғайра. Болои сӯхта намакоб, фурсати фароғат набуд, кисаҳо пури пул, ҳар замон иду айём фаро мерасад, гоҳ иди тоҷикиву гоҳ иди шӯравиву гоҳ иди афғонӣ… Ва боре ба худ гуфт: «Рафиқ Бахтиёр, ин аҳвол туро фано хоҳад кард, як соли дигар хизмат мекуниву на саломатӣ мемонад, на шавқу илҳом, на забони модарӣ, на адабиёт. Баро аз ботлоқ!..»

Аммо роҳи халосӣ кадом аст? Хушбахтона, рухсатӣ фаро расид. Бахтиёр ба Тоҷикистон баргашт ва як моҳи дароз дар сари андешаи баромадан аз ботлоқи ҳузуру ҳаловати истеъдодкуш шуд. Рӯзе дар ҷевони китобаш асари Стендал ба чашмаш расид: «Сурх ва сиёҳ»! Китобро гирифту бори дигар хонд ва қарор дод, ки ба тарҷумаи тоҷикии он машғул шавад. Яъне ҳам забон меомӯзад, ҳам забони адабии худро такмил медиҳад, ҳам вақти истироҳатро дигар бо хӯрдану хобидан сипарӣ намекунад.

Албатта, то ин замон ӯ ҳикоёти адибони гуногун, повести «Роҳи Каҳкашон»-и Чингиз Айтматовро тарҷума карда буд, яъне таҷриба ҳам дошт, вале ба чопи «Сурх ва сиёҳ» чандон бовар надошт, ҳадафаш аз ин кор танҳо ба ҳамон ботлоқ, ки дар боло ишора намудем, фурӯ нарафтан буд.

Бахтиёр чанд китоби луғат дарёфт намуда, ба ҷомадон ниҳоду дубора ҷониби Афғонистон роҳ пеш гирифт. Дар ҷомадони ӯ китоби «Ҷанг ва сулҳ»-и Лев Толстой низ буд, ки устод Ҳабиб Аҳрорӣ тарҷума кардааст. Раҳораҳ ва ба манзил расида онро мутолиа кард, омӯхт ва чанд дафтар харида, ба кор сар кард. Барои тарҷума Бахтиёр рӯзе се соат фурсат дошт, субҳидам, аз соати 4 то 7 ва рӯзҳои истироҳат. Рӯзона дар кор буд, бегоҳ хаста бармегашт. Баъди баргардонидани чанд саҳифа боре ба худ қарор дод, ки то ҳадди имкон тарҷумаро комил анҷом медиҳад ва ба Тоҷикистон баргашта, ба чоп месупорад. Албатта, як «хатар» таҳдид мекард: мабодо дар ин миён нафари дигар «Сурх ва сиёҳ»-ро ба тоҷикӣ баргардонад? Хушбахтона, ин тарс монеъ нашуд…

Кори тарҷума Бахтиёрро аз тамоми ташвишу фикру хаёлҳои ҳазён, зиёфатравию зиёфатхӯрию нишастҳо ва гуфтугӯи беҳуда бо ҳамкорону мардуми таҳҷойӣ халос кард. Тамоми фикру андеша ва нерӯйи ӯ ба ҳамин кор равона шуд. Ҳар субҳидам баробари бонги азони муаззини масҷиди Мазори Шариф бедор шуда, қалам ба даст мегирифт ва тадриҷан саҳархезӣ одат шуд. Воқеан, коре ки одам субҳидам анҷом медиҳад, сара мешавад. Соли аввал сеяки китоб тарҷума шуд ва муҳлати хидмати Бахтиёрро боз ду соли дигар тамдид карданд. Саҳифаи боқимонда то поёни муҳлати хидмат баргардон шуданд…

Соли 1973 Бахтиёр боз ба Тоҷикистон баргашт. Асар мошинканавис шуда буд. Акнун нафаре донишманд онро бояд мехонд ва баҳо медод. Ин вазифаро шоири он замон ҷавони тоҷик – Гулназар ба уҳда гирифт, ки муовини муҳаррири нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» буд ва ҳамин тавр, ӯ хонандаи нахустини «Сурх ва сиёҳ» дар забони тоҷиқӣ шуд.

– Тарҷумаи олиҷаноб, ба завқ хондам, муборак бошад! – хушҳолӣ кард Гулназар. – Ба нашриёт супор, дӯстам!

Баҳои Гулназар Бахтиёрро дилпур ва хурсанд кард.

Дар нашриёти «Ирфон» тарбуз аз бағали Бахтиёр ғалтид. Дуруст, ки Анора Остонова, муҳаррири нашриёт таъриф кард, вале изҳор намуд, ки ба чопи китоб танҳо Иттифоқи нависандагон ё ягон адибу тарҷумони варзида бо тақриз иҷозат медиҳад, зеро ҳамон вақт Бахтиёр Муртазо узви Иттифоқи нависандагон набуд.

– Агар иҷозатномаи Иттифоқ ба дасти мо расид, асар 4000 нусха чоп хоҳад шуд, – ваъда дод Анора Остонова.

Дар асл муносибати Анора Остонова барои қабулу ба нақша гирифтану чопи «Сурх ва сиёҳ» дуруст буд. Кош, ҳамин гуна муносибат имрӯз низ расм мешуд, зеро нисфи зиёди китобҳое, ки имрӯз ба дасти хонанда мерасанд, танҳо ба ном моли адабиётанд.

 – Чӣ кор кунам? – маслиҳат пурсид Бахтиёр.

 – Ба Убайд Раҷаб муроҷиат кунед. Он кас метавонанд! Хуб мешуд тарҷумонҳо муҳокима мекарданду яке муҳаррир таъйин мешуд.

 Устод Убайд Раҷаб сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» буд. «Сурх ва сиёҳ»-ро қабул кард ва баъди як ҳафта гурӯҳи тарҷумонҳои машҳури Тоҷикистон Ҳабиб Аҳрорӣ, Шариф Шараф, Шамсӣ Собир, Нусур Холмуҳаммадовро, ки муқими Душанбе буданд, даъват намуд ва асарро пора-пора ба ҳар кадом супурд. Пас аз чанд моҳ муҳокима оғоз ёфт. Албатта, тарҷумаи асари бузург бе камбуду хато набуд, вале дар маҷмӯъ ҳама маъқул донистанд ва аз миён Шамсӣ Собирро муҳаррири масъул интихоб намуданд. Тарҷумони машҳур гуфт:

 – Бахтиёр, рӯзҳои наздик ман ба фароғатгоҳ меравам, ба Қрим. Асарро дар ҳамон ҷо хонда, ба дастат месупорам.

Ҳабиб Аҳрорӣ зиёдтар аз дигарон Бахтиёрро тараф гирифтанд ва ӯро хотирҷамъ намуданд, ки асар чоп хоҳад шуд. Ҳамон сол ба хотири дилпур шудани тарҷумони ҷавон устод Убайд Раҷаб як пораи калони асарро дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп кард.

Дар миён як воқеаи фараҳбахш рух дод. Дар фароғатгоҳи Қрим устод Сотим Улуғзода ҳам табобат мегирифтаанд. Боре он кас ба ҳуҷраи Шамсӣ Собир даромада, ӯро дар сари мутолиаи дастнависе дида мепурсанд:

 – Чӣ мехонед?

 – Тарҷумаи «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал.

 – Эҳа-а, ин тавр бошад як-ду саҳифа хонед, – хурсанд шуда мефармоянд Сотим Улуғзода.

 Шамсӣ Собир нақл мекунанд, ки ду не, ҳашт саҳифа хондам, аммо устод сархаму хомӯш менишастанд. Гумон бурдам хобанд. Гуфтам, ки «Устод, ҳашт саҳифа шунидед…» Устод сар бардошта ҷавоб доданд:

 – Нағз, тарҷумон кӣ? Худатон?

 – Не, Бахтиёр Муртазо.

 – Тарҷумаи нағз!

Баъдтар, дар суҳбати хосе устод Улуғзода вобаста ба тарҷумаи «Сурх ва сиёҳ» қайд кардаанд, ки Бахтиёр Муртазо аз вазни арӯз огоҳӣ доштааст, ки тарҷумаи баъзе ҷумла ва ҳатто баъзе бандҳо оҳанги шеър гирифтаанд.

 Эътирофи устод Улуғзода баҳои баландтарин буд ва ба чопи китоб дигар шубҳа намонд. Шамсӣ Собир бо «Тарҷумаи нағз» гуфтаи устод Улуғзода Бахтиёрро табрик кард, «устод ба ҳар тарҷума чунин баҳо намедиҳанд», гуфт ӯ. Сипас дар варақе кӯтоҳ хулосанома навишт: «Тарҷумаи асари Сурх ва сиёҳ»-и Стендал аз ҷониби Бахтиёр Муртазо пурра ба чоп омода аст. Ман бо дасти худ имзо кардам». Баъд «Сурх ва сиёҳ», ки онро вақоеъномаи асри Х1Х меноманд, бо теъдоди на 4 ҳазор, балки 10 ҳазор адад рӯйи чоп дид…

Китобхону китобдӯстдор дар замони шӯравӣ зиёд буд, муболиға намешавад, агар гӯем, ки тамоми ҷавонон китоббадаст буданд. Аз ин сабаб чун радиои мамлакат «Сурх ва сиёҳ»-ро пора-пора ба шунавандагонаш пешкаш намуд, ба идораи он ва ҳам ба унвони тарҷумон даста-даста мактуб омад. Мазмуни ду нома дар хотири Бахтиёр сахт нақш бастааст. Ҳокими Азиз гуфта буд, ки «аз радио як барномаро гӯш карда, ба китобхона рафтам ва 12 ҷилди асарҳои Стендалро пайдо карда хондам». Дигаре нигошта буд: ин асарро ошиқ ошиқона тарҷума кардааст… Ҳамчунин, рӯзноманигори шинохта Фахриддини Холбек «Сурх ва сиёҳ»-ро вақте мутолиа кард, ки шогирди синфи 8-ум буд ва рӯзи дигар ба шаҳр рафта, аз мағоза чанд нусхаи дигар гирифта, ба ҳамсинфонаш туҳфа намудааст…

Воқеан забони Стендал ширин, вале мураккаб ҳам ҳаст, ҷумлаҳои сода одатан дар муколамаҳо ба назар мерасанд, ҳангоми шарҳу тафсиру тасвиру баёни андеша адиб доди сухан дода, ҷумлаҳоро мураккаб месозад ва миқдори калима дар як ҷумла аз сад ҳам мегузарад. Тарҷумон бояд сабк, забон, мазмун, ишораҳо, оҳанги баёни муаллифро ба эътибор гирифтаву барбод надода, дар айни замон барои хонандаи тоҷик асаре бояд пешкаш менамуд, ки дар он фақат номи муаллифу қаҳрамонону шаҳру мавзеъ тоҷикӣ нестанд. Зиёда аз ин «Сурх ва сиёҳ» романи романтикист, муҳаббату ғафлати фоҷиа қариб ҳамеша ба ҳам омехтаанд ва ҳар саҳифа пур аз калимотест, ки ифодагари эҳсосу дарки мухталифанд.

Роҳи эҷодии Стендал (Номи аслии ӯ Анри Бейл), мураккаб ва пуршебу фароз аст. Вай соли 1783 дар шаҳри зебоманзари Гренобли Фаронса таваллуд шудааст. Азбаски модараш барвақт аз олам мегузарад ва падараш нисбати тақдири ӯ бетавофут буд, бобояш ӯро тарбия медиҳад. Стендал шашсола буд, ки дар Фаронса инқилоб сар зад ва ин воқеа ба ташаккули ҷаҳонбинии ӯ бетаъсир намондааст. Соли 1799 Стендал ба Париж меояд – орзу дошт дар Мактаби политехникӣ таҳсил намояд, вале соле пас мафтуни ғоя ва шуҳрату салтанати Наполеон шуд, дар ҷанги Итолиё иштирок ҳам кард. Мегӯянд, ки соли 1812 ба ҳайати лашкари Наполеон шомил буд ва то ба Маскав омад, аммо адиби оянда аскар набуд, тиру тӯфанг ба даст нагирифт, балки хоҷагидорӣ кардааст. Вақте лашкаркаши рус Кутузов Маскавро тарк намуду муваққатан ба ихтиёри Наполеон вогузошт, шоҳиди оташ гирифтани шаҳр ҳам буд.

Баъди ҷанг ва шикаст хӯрдани Наполеон Стендал боз ба Париж баргашт. Акнун ба ҷангҳо ва лашкари Наполеон нафрат дошт, зеро бо чашми худ дид, ки аскари бовиқори дирӯза, ки лофи мардонагию ватандӯстӣ мезад, ба авбоши бевиҷдон, ғосибу ғоратгар табдил ёфт. Стендал дар Париж зиёд истода натавонист, ба Итолиё рафта, шаҳри Миланро истиқоматгоҳи худ қарор дод. Зиндагии душворе пеш омад, зеро пул надошт. Рӯзе хабар ёфт, ки барои мақолаю очерку хабарнома нашрияҳо ҳаққи қалам медиҳанд. Ӯ қалам ба даст гирифта, дафтари хотироташро варақ зад ва хабару мақола, очеркҳо дар бораи рассомон, муҳандисон, бастакорон, ҳатто намоишномаҳои мазҳакавӣ ва сафарномаҳо навишт. Аммо фикри адиб шудан надошт, аз ин хусус тамоман фикр намекард.

Мегӯянд, ки Стендал китобхони ашаддӣ буд, агар асаре мавриди писанди ӯ ояд, оламу одамро фаромӯш мекард – ӯро ҳолате пеш меомад, ки вуҷудаш карахт мешуд, касеро намешинохт, ба саволе ҷавоб намедод, ҳатто аз ҷой намеҷунбид, танҳо ангуштонаш ва чашмонаш «зинда» менамуданд. Албатта, ин як навъ беморист ва имрӯз чунин бемориро «синдроми (ҳолат, аломот) Стендал» меноманд.

Дар ин солҳо Стендал ба омӯхтани забони итолиёвӣ ва англисӣ машғул шуд. Ниҳоят ӯ ба эҷоди новелла ва повест даст зад. Соли 1822 рисолаи ӯ «Дар бораи муҳаббат» иншо шуд, баъдтар романҳои «Дайри Парм», «Арманс», «Люсен Левен» эҷод шуданд. Аммо ин асарҳоро ноширон чоп накарданд, зеро мавриди танқид қарор гирифтанд. Аслан асарҳои хубанд, вале ғояҳои озодандешӣ, танқиди бедодгарӣ, ҷабру зулм, махсусан мавриди изтеҳзо ва масхара қарор гирифтани рӯҳониён, ки дар романҳо мавқеи хос ишғол менамуданд, ба дигарон хуш наомад.

Ҳатто романи безаволи «Сурх ва сиёҳ» дар зиндагии адиб машҳур нашуд. Танҳо баъди маргаш, баъди он ки чанд донишманд, аз ҷумла Александр Пушкин эътироф намуданд, фаронсавиҳо бузургу нотакрор будани ҳунару истеъдоди Стендалро пай бурданд. Ногуфта намонад, ки файласуфи немис Фридрих Нитсе Стендалро «вопасин равоншиноси Фаронса» гуфтааст. Максим Горкий дар васфи роман чунин навиштааст: «Сурх ва сиёҳ»-ро метавон силсилаи «мактубҳо ба фардо» унвон дод».

Ҳамин тавр асар машҳур гардид. Ба эҷоди ин роман воқеае сабаб шуд, ки дар саҳифаи ахбори ҷиноии як рӯзномаи маҳаллӣ чоп шуда буд. Стендал он воқеаро ба таври худ обуранг дод, аз худ иловаҳо намуд ва ниҳоят асаре офарид, ки ба шарофати он имрӯз Стендалро асосгузори романи психологӣ меноманд.

Як шаҳраки музофотӣ, мактаби динӣ, хонаи ашрофе дар Париж, ки дарборро мемонад, зинаҳои рӯзгори симои асосии романи «Сурх ва сиёҳ» Жюлйен Сорел ҳастанд. Муаллиф тарзи зиндагии се табақаи «соҳибони ҷоҳу ҷалол»-и Фаронсаро ба риштаи тасвир кашидааст

Жюлйен Сорел писари дуредгар ва сокини шаҳраки Верер аст. Ҷавони хушчеҳраест, ҳофизаи қавӣ дорад, забони лотиниро медонад, чанд китоби диниро аз ёд намудааст, ҷавонест ҷӯянда, дар зиндагӣ мақому мартабаи хос пайдо карданист. Барои ба мақсад расидан вай дар сари дуроҳае қарор гирифтааст: ё аскару афсар шавад, ки инҳо одатан либоси сурх ба бар менамоянд, ё роҳиб бошад, ки либоси роҳибон сиёҳ аст. Аз ин сабаб унвони роман «Сурх ва сиёҳ» мебошад. Стендал дар асари безаволаш тарзи ҳаёти замони баъд аз суқути салтанати Наполеонро тасвир намудааст. Аз ин сабаб Жюлйен Сорел наметавонад аскар бошаду ба ҷоеву мақоме бирасад. Аз ин сабаб ӯ либоси сиёҳ ба бар мекунад…

Дар асл Жюлйен ба ҳар ду – одами низомӣ будану роҳиби машҳур шудан шавқу муҳаббат надошт, ин ду василаро вай барои соҳиби мансабу ҷоҳу ҷалол шудан интихоб намуд.

Жюлйен ба зудӣ мураббии фарзандони ҳокими шаҳри Верер ҷаноби де Ренал мешавад. Дар ин хонадон ӯ вазифаи худро бо садоқати том адо мекард, вале ба бонуи ҷаноби де Ренал, ба модари тарбиягирандагони худ хонум де Ренал мафтун мегардад. Ҳамин тавр айшу нӯш оғоз меёбад. Вале яке аз нӯкарони ҷаноби де Ренал аз моҷаро огоҳ мешавад. Жюлйен тарки ин хонадон карда, ба мактаби динӣ меравад, аз он ҷо ба хонадони ашрофи олирутбаи парижӣ ҷаноби де Ла-Мол роҳ ёфта, духтари он ҷаноб Матилдаро мафтун месозад. Баъди чанд гоҳ Матилда ба падараш мактуб навишта, Жюлйенро шавҳар ва падари фарзанди ояндаи худ эълон менамояд. Чораи дигар набуд. Ҷаноби де Ла-Мол ночор монда, Жюлйенро ба домодӣ пазируфта, ба табақаи ашрофзодагон шомил мекунад. Ниҳоят Жюлйен афсари яке аз қисмҳои низомӣ таъйин мешавад.

Аз мансабу мартаба ва шавҳари Матилда будани Жюлйен хонум де Ренал бо иғвои рӯҳониаш огоҳ шуда, чун мӯйи оташрасида ба худ мепечад ва аз шиддати рашку ҳасад ба дод омада, ба унвони падари Матилда мактуби шикоятӣ навишта, Жюлйенро он қадар бад ва сиёҳ мекунад, ки тамоми дарҳо дар муҳити ашрофзодагон ба рӯйи Жюлйен баста мешаванд. Жюлйен ба Верер меояд, маъшуқаи аввалинашро дар калисо пайдо карда, аз туфангча тир мекушояд. Хонум де Ренал захм мебардорад. Жюлйен ба даст меафтад ва ба зудӣ қатл мешавад.

Нуктаи ҷолиби асар ин аст, ки Жюлйен худро бой намедиҳад, таслим намешавад, наметарсад, узр намепурсад, лаҳзаи охирини зиндагиашро бо сари баланд истиқбол менамояд. Ӯ дар маҳкама суханронӣ карда, сармоядоронро мазаммат ва макру ҳилаашонро ошкор месозад. Хонум де Ренал ғуссамарг мешавад. Матилда сари маҳбуби худро аз ҷаллод харида, бо шукӯҳу шаҳомот ба хок месупурад.

Стендал гуфта тавонист, ки дар Фаронса танҳо мардуми заҳматкашу одӣ ҷасорату мардонагӣ доранд ва агар бадбахту маҳкуми гуноҳ шаванд, сабабгор ашрофону ашрофзодагонанд. Соли 1830 муҳорибаҳои сангарии шаҳри Париж ин ақидаи адибро ба исбот расонид.

Ҳамзамононаш Стендалро инсони зиндадилу хушсуҳбат ба қалам додаанд. Адиб боре ба кадом дӯсташ изҳор кардааст, ки асарҳои ӯро баъди сад сол хоҳанд хонд. Чунин ҳам шуд…

Стендал мудом бемор буд ва сиҳатиаш пайваста бад мешуд. Дар охирҳои умраш аҳволи нависанда ба дараҷае бад шуд, ки наметавонист қалам ба даст бигирад. Вай асарҳояшро нақл мекарду дигарон менавиштанд.

Соли 1842 адиб бар асари сактаи қалб дар кӯча афтид ва ҷон дод.

Аслан муҳтавои китоб ба хонандаи кишвари мо бегона нест, эҳсоси муҳаббату нафрат дар ҳама замон ва дар ҳар макон дар ниҳоди ҳар инсон ба як гуна ворид гашта, исён мекунад. Жюлйен Сорел, ки қаҳрамони марказии роман маҳсуб меёбад, такопӯ ва талошҳои ӯ хоси ҷавонон аст. Вале вай дар хонаводаи дуредгар ба дунё омада, фарзанди хурдӣ буд ва ба бародаронаш шабоҳат надошту аз дасташ ягон кори дуруст намеомад, ҳатто ба падар мисли бародаронаш ёрӣ дода наметавонист ва ин аҳвол то ҳаждаҳсолагиаш давом ёфт. Падар ҳамеша фикр мекард, ки Жюлйен бори гарони дӯши ӯ хоҳад шуд. Жюлйен инро дарк менамуд ва мудом дар сар андешаи чӣ тавр раҳо ёфтану берун шудан аз ин хонадонро мепарварид. Аммо як одату хислати хуб дошт ӯ: навраси китобхон буд, зиёд мутолиа мекард! Лекин падари куллан бесавод ва шадидан китоббезор тобу тавони дидани ин рафтори писарро надошт…

Чунонки дар боло зикр намудем, тарҷумони асари безавол Бахтиёр Муртазо ба сабаби китобхону босавод будан ва донистани забон барвақт сарбаланду дар ҳар замону макон азиз гардида буд. Жюлйени ҷавон низ ба сабаби донистани забони лотинӣ, илми илоҳиёт ва дигар илмҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳокими шаҳр ҷаноби Ренал қарор гирифт ва ҳоким ӯро ба хонадонаш овард. Дар оғоз хонуми ҷаноби Ренал интихоби шавҳарро хуш қабул накард, вале ба зудӣ ошиқи Жюлйен шуда, дил аз даст дод…

Роман басо пурмоҷарост ва ҳаётиву боварбахш эҷод шудааст, ҳамчунин, дар сари бисёр далел ва вожаю ибораҳо, аз ҷумла, унвони асар – «сурх» чисту «сиёҳ» чист, то ҳанӯз баҳс идома дорад. Баъзе донишмандон Стендалро айбдор мешуморанд, ки дар анҷом чӣ тавр хулоса карданашро надониста, қаҳрамони асарашро ба марг маҳкум намуд. Дар асл Стендал тавассути туфангчаи қаҳрамони асараш ба ҷамъияти дурӯяи замони худ оташ кушодааст. Поёни қисса фоҷиа мебошад…

Вале тарҷума сарҳадшикан аст, ному шуҳрату ақида ва андешаи як нафарро аз кишваре ба кишваре мебарад. Амали неке, ки нависанда Бахтиёр Муртазо анҷом дод, номи Стендалро ба хонандаи тоҷик шинос кард, писандида гардонд. То ин замон асари адиб борҳо ба забони русӣ тарҷума шуда буд. Муҳаққиқони рус дар ҳар тарҷума ҷиҳати хуб, вале айбу нуқсашро низ қайд кардаанд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо тарҷумаи романи машҳури адиби тавонои Фаронса Стендал «Сурх ва сиёҳ»-ро ки он ба асари классикаи адабиёти ҷаҳон тааллуқ дорад, дақиқан таҳриру тасҳеҳ намуда, такмил дод ва бо нашри дуюм ба мутолиаи хонандаи арҷманд пешниҳод кардааст. Камина имрӯз пас аз 43 сол чопи такрории «Вақоеъномаи асри Х1Х»-ро ба дӯстдорони адабиёт табрик мегӯям.

Азизи Азиз,
нависанда, барандаи Ҷоизаи давлатии адабии
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо