Таъсири «Шоҳнома» ба адабиёти турк
Мардуми турку ӯзбек, ки аз азал бо мардуми форсу тоҷик якҷо зиндагӣ мекарданд, дӯсту бародар буданд, “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсиро ба забони асл мехонданд, зеро дар мактаби куҳна, дар мадрасаҳо таҳсил ба забони форсии тоҷикӣ буд.
– «Шоҳнома» ба осори шоирони туркзабон таъсири зиёд расондааст, – менависад ходими калони илмии Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон, доктори илми филология Хусрав Ҳамидов.
Яке аз нахустин асарҳои бадеии адабиёти туркӣ «Қутадғу билиг» (“Дониш – раҳнамои саодат”)-и Юсуф Хос Ҳоҷиб аст, ки дар пайравӣ ва вазни «Шоҳнома» эҷод шудааст. Дар давоми давраҳои гуногуни таърихӣ тарҷумаҳои назмиву насрии «Шоҳнома» ба миён омаданд.
Адабиётшинос, олими зуллисонайни Ӯзбекистон Ҳамидҷон Ҳомидӣ низ қайд мекунад, ки соли 1425 бо саъю кӯшиш ва муқаддимаи Бойсунқур Мирзо 41 нусхаи дастнависи «Шоҳнома» гирдоварӣ шуда, нусхаи ягона омода гардидааст, ки бо иловаи 21 миниатюраи зебо музайян шуда будааст. Ба гуфтаи шоҳномашиноси шинохта Ҳамидҷон Ҳомидӣ, ин муқаддимаи Бойсунқур Мирзо аз нахустин тадқиқоти «Шоҳнома» ба ҳисоб мерафтааст.
Тарҷумаи машҳури Хомӯшӣ, ки соли 1781 анҷом дода шуда буд, дар асоси ҳамин нусха ба амал омадааст.
Аз аввалин тарҷумаҳои насрии «Шоҳнома» ба забони туркӣ “Достони Сиёвуш” аст, ки аз ҷониби Ҳасан Муҳаммад ном адиби хоразмӣ соли 1497 сурат гирифтааст. Ҳамчунин, Шоҳ Ҳиҷрон аз достони «Бежан ва Манижа» то «Вафоти Искандар»-ро тайи солҳои 1750-1755 ба наср баргардон намуд. Хомӯшӣ дар тарҷумаи худ кори Шоҳ Ҳиҷронро идома медиҳад, ӯ асарро аз оғоз то достони Искандар ба насру назм омехта тарҷума мекунад.
Профессор Хусрав Ҳамидов қайд мекунад, ки сабаби ба назму наср анҷом додани тарҷума ба мардум фаҳмо шудани хатти сужаи достонҳо будааст.
Нурмуҳаммад Бухорӣ, Очилдимурод Мирӣ ҳам ба тарҷумаи «Шоҳнома» машғул буданд, аз ҷумла Мирӣ, ки забони форсии тоҷикиро мукаммал медонисту соли 1884 достони «Раъно ва Зебо»-ро ба тоҷикӣ навишта буд, достони «Рустам ва Суҳроб»-ро бо вазни аслӣ тарҷума менамояд. Ҳамин тариқ “Шоҳнома” дар байни мардум васеъ паҳн мешуд ва дар чойхонаву гузаргоҳҳо шоҳномахонӣ авҷ мегирифт.
Баъди он ки дар Осиёи Марказӣ корҳои табъу нашр роҳандозӣ гардиданд, асари Фирдавсӣ бо номи «Шоҳнома»-и туркӣ» дар тарҷумаи Хомӯшӣ солҳои 1902, 1906, 1908, 1914 пайдарпай нашр мегардад. Ин кор бо ибтикори ношир, тоҷири китоб ва хаттоти ӯзбек Мир Махдум амалӣ шудааст. Садҳо миниатюрае, ки дар он мавҷуданд, офаридаи дасти Абдураҳмони Себзорӣ мебошанд.
Дар давраҳои охир низ тарҷумаву тарғиби «Шоҳнома» идома ёфт. Шоири шинохтаи ӯзбек Усмон Носир ҳаҷвияи Султон Маҳмудро бо назм тарҷума кардааст, вале баъд аз бадарға шуданаш тарҷумаи ӯ чоп нашуда мондааст. “Аз китоби «Достонҳои «Шоҳнома», ки аз ҷониби Сотим Улуғзода ба наср гардонда шуда буд, достони «Симурғ ва Зол» аз ҷониби шарқшинос Раҳмонхӯҷа Инъомхӯҷаев соли 1992 тарҷума ва нашр гардидааст”, – менависад профессор Ҳамидҷон Ҳомидӣ.
Тарҷумаи сеҷилдаи «Шоҳнома», ки бо дастгирии бевоситаи роҳбари вақти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шароф Рашидов таҳти роҳбарии шарқшинос ва тарҷумон Шоислом Шомуҳаммедов тайи солҳои 1975-1979 бо теъдоди 35 ҳазор нусха ба нашр расид, ҳодисаи муҳим буд. Шоислом Шомуҳаммедов барои саҳми назаррас гузоштан дар тарҷума ва тарғиби «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба Ҷоизаи байналмилалии ба номи Фирдавсии Эрон сазовор гардид. Ӯ барои муаррифии чеҳраҳои адабиёти классикии форсу тоҷик ва осори гаронбаҳои онҳо корҳои мондагор анҷом дод. Аз байн 50 сол гузашта бошад ҳам, то имрӯз мардум бо мамнуният аз тарҷумаҳояш фаровон истифода мебаранд. Шоислом Шомуҳаммедов инчунин дар асарҳои «Классикони адабиёти форс-тоҷик» ва «Гуманизм дар эҷодиёти классикони адабиёти форс-тоҷик» роҷеъ ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён кардааст. Ӯ дар муқаддимаи тарҷумаи назмии «Шоҳнома» роҷеъ ба асари мазкур зикр мекунад: «Ғояи асосии «Шоҳнома» бузург доштани Ватан, қудрати халқро ба намоиш гузоштан, васф кардани баҳодурони халқ мебошад». Олим роҷеъ ба қаҳрамони машҳури асар ҳам фикри ҷолиб дорад:
«Рустам баҳодурест, ки таслим намешавад ва мағрур аст, аммо ба подшоҳи худ аз таҳти дил садоқат дорад. Ӯ балогардони ватану халқи худ мебошад. Дар ин роҳ ӯ аз ҷанги қаттол ҳам рӯ намегардонад.
Фирдавсӣ ҳар қадар Рустамро дӯст дорад ҳам, ӯро танҳо ба сифати маҷмуаи хубиҳо тасвир намекунад, ӯро ба сифати одаме тасвир мекунад, ки аз камбудиҳо холӣ нест».
Соли 2012 «Шоҳнома» дар қолаби наср дар таҳияи Ҳамидҷон Ҳомидӣ ба забони ӯзбекӣ ба нашр расид. Он дар асоси баёни насрии Ғуломмуҳаммад Тоҳир Муборак ба амал омадааст.
Ҳамидҷон Ҳомидӣ соли 1967 дар мавзуи «Дар бораи тарҷумаи ӯзбекии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, дар он ҷиҳатҳои муҳимми тарҷумаи ӯзбекии асарро баррасӣ намуд. Олим соли 1991 дар мавзуи «Шоҳнома» ва адабиёти ӯзбек» рисолаи докторӣ низ ҳимоя карда, муносибати ин шоҳасари Фирдавсиро бо осори адибони ӯзбек нишон додааст. Дар рисолаи Ҳомидӣ «Фирдавсӣ ва адабиёти ӯзбек» роҷеъ ба тарҷумаи Хомӯшӣ, Нурмуҳаммад Бухорӣ, Шоҳ Ҳиҷрон, анъанаи фирдавсишиносӣ, «Шоҳнома» дар талқини Айнӣ мулоҳизаҳои пурқимати илмӣ баён шудаанд. Ӯ дар соҳаи фирдавсишиносӣ саҳми муносиб гузошта, ҳам таъсири «Шоҳнома»-ро ба адабиёти ӯзбек таҳлилу баррасӣ намуда, ҳам ба хонандаи ӯзбек роҷеъ ба мазмун ва моҳияти асар маълумоти муфассал додааст.
Олими шинохтаи ӯзбек Наҷмиддин Комилов дар китоби «Корвони тафаккур» симои Гурдофаридро аз нуқтаи назари Чернишевский таҳлил мекунад. Адабиётшинос Эргаш Очилов дар мақолаи худ таҳти унвони «Шоҳкитоби адабиёти Шарқ» саҳми Фирдавсӣ ва шоҳасари ӯро дар адабиёти ҷаҳон таъкид намудааст. Шарқшинос Ҷаъфар Холмуъминов дар мақолаи «Фирдавсӣ ва Аврупо» таҳқиқ ва тарҷумаи «Шоҳнома»-и Фирдавсиро аз ҷониби олимон ва мутарҷимони аврупоӣ ба риштаи таҳқиқ кашида, нуфузу эътибори Фирдавсиро дар адабиёти Аврупо нишон медиҳад.
– Дар Ӯзбекистони нав ба густариши муносибатҳои байни миллатҳо эътибори алоҳида дода мешавад, -менависад профессор Хусрав Ҳамидов. – Натиҷаи ҳамин дастгирии ҳамаҷониба аст, ки бо ибтикори Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10 сентябри соли 2022 дар мавзеи Панҷоби Самарқанд муҷассамаи Фирдавсӣ қад афрохт. Он рамзи дӯстии халқҳои ҳамҷавор аст.
Дар Ӯзбекистон ба омӯзиши осори илмиву адабии бузургони форсу тоҷик ҳамеша эҳтиёҷ буду ҳаст, зеро таърих, фарҳанг ва анъанаҳои ин ду халқ аз як реша сарчашма мегиранд ва Алишер Навоӣ бо такя ба таҷрибаҳои эҷодии суханварони форс- тоҷик асарҳои мондагоре офарид, ки то имрӯз барои равнақу ривоҷи адабиёти туркзабон хидмат мекунанд. Инчунин, таъсири «Шоҳнома» ба асарҳои ҳамосии адибони ӯзбек равшантар мушоҳида мешавад. Такроран тарҷума ва чоп шудани «Шоҳнома» дар ибтидои асри ХХ далели он аст, ки дар давраи оғозу ривоҷи ҳаракати ҷадидия ба худшиносӣ эътибори алоҳида дода мешуд ва ғояву мазмунҳое, ки дар он ифода гардидаанд, барои ҷадидон ба сифати дастуруламал кумак мекарданд.
«Шоҳнома» натанҳо ба забони ӯзбекӣ тарҷума шудааст, балки ғояҳои инсонпарвариву ахлоқии он ба эҷодиёти адибон таъсир расондааст, ҳамчунин, қаҳрамонҳои он дар осори шоирону нависандагони туркзабон мавриди истифода қарор гирифтаанд. Одамони босавод ва маърифатпарвар ин асарро дар тарҷума не, балки дар асл мехонданд.
Шоири Халқии Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид дар “Юз оҳ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур…” (“Сад оҳ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур…”) ном маҷмуаи худ, ки соли 2023 чоп шудааст, аз “Бобурнома” чунин иқтибосро меорад, ки Бобур дар бораи падараш Умаршайх Мирзо навиштааст: «Равон саводи бор эди. «Хамсатайн» ва “Маснавий” китоблари ва тарихларни ӯқир эди. Аксар «Шоҳнома» ӯқир эди.Табъ назми бор эди. Ва шеърга парво қилмас эд».
Тарҷумаи таҳтуллафз: “Саводи равон дошт. Китобҳои “Хамсатайн”, “Маснавӣ” ва таърихро мехонд. Бештар “Шоҳнома” мехонд. Табъи назмгӯйӣ дошт”.
Аз ин иқтибос маълум мешавад, ки шоҳномахонӣ аз қадим дар байни туркзабонон низ ба анъана табдил ёфта будааст. Онҳо асли ин асарро мехондаанд. «Шоҳнома»-и беназир дар асрҳои миёна қариб дар ҳамаи хонадон мавҷуд буд. Ҳатто худи Амир Темур ва шоҳони Темуриён ба ин асар таваҷҷуҳи зиёд пайдо карда буданд.
Агар мо шеърҳои шоирони ӯзбекро хонем, ба номҳои Рустам, Суҳроб, Барзу, Ҷамшед, Зол ва дигар номҳо дучор мешавем ва ин шаҳодат медиҳад, ки онҳо низ аз “Шоҳнома” илҳом гирифтаанд.
Олими намоёни рус, шарқшиноси бузург Иосиф Брагинский дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар анҷумане ба ифтихори “Шоҳнома”, ки дар Тошканд баргузор шуд, гуфта буд:
“Шоҳнома” уқёнуси Ороми бузургест, ки мо, адабиётшиносон, то ҳол қисмати болои онро омӯхтаему халос. Боигарии қаъри уқёнус аз он чи мо тасаввур мекунем, сад маротиба бештар аст. Акнун ба омӯзиши “Шоҳнома” жарфтар шуруъ карданамон лозим аст”. Ин гуфтаҳои олими намоёни рус имрӯз низ аҳаммияти худро гум накардаанд.
Озмуни “Шоҳномахонӣ”, ки соли 2026 бо Амри Президенти Ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад, моро барои амиқтар омӯхтани ин асари ҷовидон водор менамояд.
Сулаймон ЭРМАТОВ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



