Номаи шодбошии ИНТ ба адиби шинохта Султонмуроди Одина

 Номаи шодбошии ИНТ ба адиби шинохта Султонмуроди Одина

Султонмуроди Одина хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда,
ба ҳайси омӯзгор котиби кумитаи иҷроия (1985), муовини раиси Шӯрои вакилони халқ (1990 91),
роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия (1991 2007), муовини мудири шуъбаи маориф (2007-2013) ва мушовири раиси ноҳияи Ҳисор (2013-2016) фаъолият дошт. Солҳои 1994-2000 узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ, 3 даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор интихоб шуд.

Беш аз сӣ сол аст, ки дар ду  шохаи адабиёт – назму наср асар меофарад. Китобҳои “Родмарди ҳисорӣ” (1994), “Ҷамоат” (1995), “Муфтии шаҳид” (ҳамроҳи Х.Ашӯров, 1998),  “Дарёдил” (1998), “Тобишҳои зиндагӣ” (1999), “Бозтоби тақдир” (2002), “Макони файзбор” (2000), “Роҳҳо ва розҳо” (2003), “Зиндагиномаи Ҳоҷӣ  Ҳусайни Насриддин” (2004), “Роҳнамои хирад” (2004), “Пайроҳаҳои камолот” (2004), “Асрори бозубанд” (2005), “Санои афсона” (2006), “Фарзанди  хуб – боғи падар” (2007), “Зилзилаи Ҳисор” (2008), ”Марги қайсар” (2008),  ”Турсунзода дар мактаб” (2009), “Тақдир ва тадбир”(2010), “Дард ва қадр”  (2010), ”Ҳокими кони намак” (2010), ”Машъалдор”(2011), “Хазинаи малики  Ҳисор куҷо шуд?” (2011), ”Меҳргон”(2012), “Қиссаҳо аз таърихи Ҳисор”  (2012), “Наврӯзи Аҷам”(2013), “Ҳисор: аз бостон то ин замон” (ҳамроҳи Ф.  Азиз, 2013), “Талош”(2014), “Зиндаёд” (2014), “Ганҷи ниҳон” (2015), “Фидоии зиндагӣ” (2015), «Парӣ» (2017) ҳосили заҳматхои эҷодии ӯянд.

Асарҳои ӯ “Подоши бахт” ба забони ӯзбекӣ (2004) ва “Дарди ниҳон” ба забони русӣ тарҷума шудаанд.

Хидматҳои мавсуф бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии  маориф, фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон ва нишони “Сухан” қадрдонӣ гардидаанд.

Адиби хушноми тоҷик ба синни мубораки 75-солагӣ расид. Ин санаи  фархундаро ба соҳибҷашн самимона табрик гуфта, ба ӯ саодати умрбод  таманно дорем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо