Дар ҳалқаи ҳаводорон

 Дар ҳалқаи ҳаводорон

29-уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили шоир, узви ИНТ Садриддин Ҳасанзод баргузор гардид.

Гардонандаи маҳфил, муовини раиси Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода, мудири шуъбаи кор бо адибони ҷавони ИНТ Парда Ҳабиб, мудири шуъбаи нақд ва адабиётшиносии ИНТ Муҳриддин Сабурӣ, шоира Нуқраи Суннатниё, роҳбари маҳфили адабии «Шукуфа»-и ноҳияи Панҷ Мирзораҳмат Давлатов ва дигарон дар бораи навиштаҳои Садриддин Ҳасанзод андешаронӣ намуданд. Шоир аз шеърҳои тозаэҷоди худ қироат кард.

Санъаткорон Мавлуда Муҳаммадсафар, Назирмад Ҳаётов ва Раҷабалӣ Шариф суруд хонданд.

Зикр гардид, ки Садриддин ба эҷоди шеър самимият, талош ва кӯшиши зиёд ба харҷ дода, дар жанрҳои гуногун қувваозмоӣ мекунад. Китобҳои «Фарёди танҳоӣ», «Шукуфаҳои бедорӣ», «Мавҷи дил», «Як пайраҳа ишқ», «Салом, эй ишқ», «Дар масири бе ту будан» ва «Чакомаҳои Чашмасор»-и ӯ то имрӯз дастраси хонандагон гардидаанд.

Хайрандеш, Рустами Хомарахш, Сайёд Ғаффор, Озар ва адибони дигар дар бораи шеърҳои ӯ назару андешаҳояшонро навиштаанд.

Дигар хабарҳо