Суҳбат бо қаламкашони ҷавон

 Суҳбат бо қаламкашони ҷавон

30-юми сентябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабии «Боқӣ» баргузор гардид.

Гардонандаи маҳфил мудири шуъбаи кор бо адибони ҷавони Иттифоқи нависандагон Парда Ҳабиб дар оғоз аз раванди кори маҳфил сухан карда, эҷодкорони ҷавон ва навроҳро ба ҷамъомадагон муаррифӣ намуд.

Эҷодкорони ҷавон, ки бештарашон донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриянд, шеъру ҳикояҳои худро пешниҳод карданд. Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод, мудири бахши нақду адабиётшиносӣ Муҳриддин Сабурӣ, мудири бахши наср Сироҷиддин Икромӣ, мудири бахши адабиёти кӯдаки ИНТ Азизи Азиз ва дигарон дар бораи навиштаҳои иштирокдорони маҳфил Шукронаи Эраҷ, Ҳабибулло Назаров, Парвона Ҳабибова, Мадина Ёрматзода, Имоммаҳдӣ Иброҳимов, Фаридуни Фаррух, Саидаи Рамазон, Шаҳром Шарифзода ва чанди дигар фикру мулоҳизаҳояшонро баён карданд ва маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар охир таъкид гардид, ки ин маҳфил маҳз барои дастгирии адибони навқалам ба роҳ монда шудааст ва баргузидаи навиштаҳои аъзои он дар нашрияҳои ИНТ ба табъ мерасанд.

Дигар хабарҳо