Ӯ ҳамеша арҷманд аст

 Ӯ ҳамеша арҷманд аст

20 сентябр бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи на­висандагон маҳфили бузургдошти устод Гулназар дар ин ноҳия бо ҳузу­ри адибону донишмандон аз пойтахт ва шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Меҳмонон сараввал оромгоҳи шо­ири маъруфи тоҷик Туғрали Аҳрори­ро дар деҳаи Зосун зиёрат карданд. Ин маҷмааи таърихию фарҳангӣ соли 2015 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд ва ҳоло ба зиёрат­гоҳи аҳли дил табдил ёфтааст.

Сипас меҳмонон ба пояи муҷасса­маи Гулназар, ки дар маркази ноҳия қомат афрохтааст, ба расми эҳтиром гул гузоштанд. Ин муҷассама низ чанде пеш ба муносибати 80-солагии шоир бо иштироки Пешвои муаззами миллат ифтитоҳ ёфт ва ҳусни ноҳия­ро диданитару зеботар кард.

Меҳмонон баъдан дар конфронси илмию адабии «Диёри арҷманди мо», ки дар Кохи фарҳанги ноҳия баргузор гардид, ширкат варзиданд. Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ба конфронс ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва баргузории маросими бузургдошти устод Гулназарро тадбири хеле муҳимми фарҳангӣ арзёбӣ кард. Номбурда қадрдониҳои роҳбарияти давлатро аз шоир махсус зикр намуда, аз ҷумла ифтитоҳи гулгашти Гулназар ва бунёди муҷассамаи шоирро дар маркази ноҳия бо иштироки Сарвари давлат гувоҳи ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми Ҳукумати кишвар ба шоир донист.

Раиси ИНТ Низом Қосим дар суханронияш иброз дошт, ки Гул­назар дар рушди тамоми бахшҳои адабиётамон нақши бориз дорад. – Устод Гулназар ҳам дар шеър, ҳам дар насру публитсистика, ҳам дар тарҷума, ҳам дар намоишнома­нависию филноманигорӣ ба ҳадди устодӣ расида буд, ки ин саодат на ба ҳар адибе даст медиҳад, – гуфт раиси ИНТ.

Устодон Ҳақназар Ғоиб, Абдулҳа­мид Самад ва Абдунабӣ Сатторзо­да дар хусуси сифатҳои инсониву эҷодии шоир суханони пурҳарорат гуфтанд.

Бо намояндагӣ аз Ҳукумати ви­лояти Суғд Шоири халқии Тоҷикис­тон, котиби масъули бахши суғдии ИНТ Аҳмадҷон Раҳматзод роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни осори Гулназар сухан гуфта, меҳрномаи манзуми худро ба унвони шоир қироат намуд.

Директори Маркази тарғиби ада­биёти ИНТ Абдуллоҳи Раҳнамо бо таҳлили ҷанбаҳои гуногуни Суруди миллӣ иброз дошт, ки Гулназар дар ҳамон солҳои пурошӯб вазъи замо­наро хуб дарк намуда, шеъри аз ҳар ҷиҳат пухтаву нишонрас сурудааст, ки далели огоҳии ӯ аз равандҳои сиёсиву иҷтимоист.

Шоир ва доктори илми филология Нуралӣ Нурзод девони тозанашри Гулназарро муаррифӣ кард, ки бо эҳтимоми ҳукумати ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Хуҷанд чоп шудааст. Ин де­вон, ба гуфтаи мураттибаш Нуралӣ Нурзод, ғазалҳои шоирро фаро ги­рифтааст. Номбурда иттилоъ дод, ки кори таҳияи куллиёти Гулназар ҳам дар ҳоли анҷомёбист ва умед аст, ки дар ояндаи наздик ба хонандагон дастрас хоҳад шуд.

Дар охир сарояндагони номӣ Хосияти Зарафшонӣ, Афзалшоҳи Шодӣ, Хурсандмурод Зарифов ва кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳия дастагуле аз суруду тарона пешкаш намуданд.

Баъди анҷоми ин маҳфил ҳамагон ба зодгоҳи шоир – деҳаи Дар-Дар меҳмон шуданд. Бо иштироки меҳмо­нон дар ин деҳа Маркази фарҳанги ба номи Гулназар Келдӣ ифтитоҳ ёфт. Ин марказ дорои шароити хуб буда, толори калону барҳавое дорад, ки барои баргузории маҳфилу ҳамо­ишҳои фарҳангӣ хеле муносиб аст.

Маросими гиромидошти устод Гулназар дар рустои Дар-Дар бо шеъру сурудхонӣ ва суханрониҳои гарму пурмеҳр ба поён расид.

Дигар хабарҳо