Гиромидошти адабиётшиноси тоҷикдӯст

Дар Иттифоқи нависандагон ба муносибати 120-солагии адабиётшиноси маъруф Иосиф Брагинский нишасти илмию адабӣ зери унвони «Дилбаставу сарсупурдаи адабиёти тоҷик» бо иштироки адибону донишмандон баргузор гардид.
Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ин нишастро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи рӯзгору осори пажӯҳишгар, хидматҳои чашмраси ӯ дар адабиётшиносии тоҷик сухан гуфт.
Сипас устоди ДМТ, профессор Бадриддин Мақсудзода дар бораи корномаи илмию адабии Брагинский гузориши муфассал ироа намуда, ҳамзамон аз дидору суҳбаташ бо ӯ хотираи ҷолиб нақл кард. Аз ҷумла, Б. Мақсудзода таъкид дошт, ки «Брагинский аз адабиёти куҳансоли мо бо шавқи зиёд гап мезад. Гоҳе ба ваҷд меомад. Зимни суҳбат чунин маълумам шуд, ки вай ошиқи мардуми тоҷик ва адабиёту маданияти бостонии он буд. Ӯро ҳаргиз дар муносибат одами хушк ва мутакаббир гуфтан мумкин набуд. Гарчи хеле умрдида буд, вале дили пуршӯру пурэҳтиросе дошт».
Дар ин нишаст ҳамчунин донишмандону адибони шинохта Носирҷон Салимӣ, Абдураҳмон Абдуманнон, Шодимуҳаммад Сӯфизода, Ҳасан Султон, Кароматуллоҳи Мирзо, Карим Мӯсо ва Беҳрӯзи Забеҳулло дар бораи хидматҳои Брагинский андешаҳои худро баён карданд.