Болидани мо зи файзи Истиқлол аст

 Болидани мо зи файзи Истиқлол аст

?????????????????????????????????????????????????????????

 Ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар «Хонаи адибон»-и ба номи Мирзо Турсунзода ҳамоиши муштараки Иттифоқи нависандагон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки адибон ва кормандони Хадамоти мазкур баргузор гардид.

Маҳфили зебову бошукӯҳ бо сухан­рониҳои раиси ИНТ Низом Қосим ва сардори Хадамоти иҷро Аҳтам Абдул­лозода оғоз ёфт. Низом Қосим иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ дар баҳои ҷонҳо ва қурбониҳои зиёд ба даст омадааст ва ҳамаи мо бояд барои нигаҳдошту бақои он бо кори пурмаҳсуламон талош биварзем.

Дар суханронии Аҳтам Абдул­лозода нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму ҳифзи Истиқлоли давлатӣ равшан ифода ёфт.

Дар фазои тантанавӣ ба на­висандагони шинохта Нозир Ёд­горӣ, Ҳафиз Сайфуллоев Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва ба шоирон Рӯдобаи Мукаррам, Равшан Ҳамроҳ, Саъдӣ Мирзо, Саид Сангин, Хурсандӣ Ҳоҷимурод Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода супорида шуд.

Сипас барандагони ҷоизаҳои мазкур шеърхониву суханронӣ намуданд.

Мавриди ёдоварист, ки нави­санда Шарифбек Азизӣ, тарҷу­мон Сурайё Аҳмадзода ва шоир Нарзуллоҳи Азизиён низ баран­дагони ҷоизаҳои адабии ИНТ дар соли 2025 буданд, вале на­тавонистанд дар маҳфил ширкат биварзанд.

Ҳамзамон, ба як зумра кормандони фаъоли Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофот ва рутбаҳои соҳавӣ тақдим гардиданд.

Қисмати охири маҳфилро сарояндагони шинохта Зикри­оллоҳ Ҳакимов, Тобиш Ҳилолӣ, Қобилҷон Зарифов, Шуҳрат Сай­наков ва дигарон бо сурудҳои ди­лангези ватандӯстона таровати хос бахшиданд.

Дигар хабарҳо