Мактаби одамгарӣ

??
Ба ҳамин наздикиҳо китоби тозаэҷоду тозанашри устод Абдулҳамид Самад бо номи «Инсон ва нависандаи нодир» (Душанбе, «Шарқи озод», 2025.) бо соядасти муаллиф ба дастам расид. Ин асар перомуни шахсият ва мактаби адабии Нависандаи халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Фазлиддин Муҳаммадиев иншо шуда, андешаву нигоштаҳои ҷолиби шогирду пайрави мактаби адабии мазкур устод Абдулҳамид Самадро дар бар гирифтааст. Бинобар ин, оид ба ин падидаи хушоянду арзишманди адабӣ – «Инсон ва нависандаи нодир» натавонистам андешаҳои шогирдонаи хешро иброз нанамоям.
Дар тавсифномаи «Инсон ва нависандаи нодир» ба таври мухтасар дар аввали китоб таъкид гардидааст: «Инсон ва суханвари некном будан дар ҳама замонҳо падидаи нодир будааст. Ин мушоҳида ё андеша аз он сарчашма мегирад, ки ҷавҳари сухан ва осори на ҳар адиби овозадор ба рафтору кирдори ӯ ҳамоҳанг мешавад. Агар ин ҷоизаи Худодод насиб бикунад, бахти баланди адибу хонанда хоҳад буд… Шахсият ва осори рангину арзишманди Фазлиддин Муҳаммадиев аз ин ҷиҳат дурахшону пандомӯз аст…».
Воқеан, «шахсият ва осори рангину арзишманди худи Абдулҳамид Самад низ маҳз аз ҳамин ҷиҳат дурахшону пандомӯз аст, зеро «ин ҷоизаи Худодод» ба ин шахсияти адабӣ низ насиб гардидааст, ба шахсияте, ки беғаразона аҳли қалам – «навниҳолони боғи адабиёт»-ро зиёд дастгирӣ намуда, насиҳат гуфтаю маслиҳатҳои холисонаи Муҳаммадиеввор додааст. Бар иловаи ин, дар хулқу атвор он нармтабиатии Муҳаммадиевро дорад, ки дар маҳфилу суҳбате касе аз гуфтораш озори хотир намебинад, вале гапу «ҳукм»-аш қатъист. Барои мисол, агар таъкиди моҳу соле пеш сари баҳси адабию эҷодие гуфтаашро, ки ба шумо хушоянд набуд, аз нав бо кадом роҳу тариқе, ки айёрона напурсед, ҷавоб ҳамон аст, ки шунида будед, вале ба тарзи нармтару ҷиддитар ва бо мисолу иловаҳои тозаи вазъи замонӣ.
Дар шиносномаи мазкур нисбат ба ин асар – «Инсон ва нависандаи нодир» калимаи «китобак» корбаст гардидаст ва Худо кунад, ки хонанда онро ба маънои навозишӣ – китоби хубу хонданӣ дарк намояд, на хурду муқаррарӣ. Воқеан, ҳам дар илму ҳам дар адабиёт ҳастанд «тадқиқот»-у «асарҳои бадеӣ»-и ғафсу дабалу калонҳаҷми 300-400 саҳифагие, ки аз илмашон ба андозаи як реферати 8-10 саҳифагии донишҷӯйи соли аввали донишгоҳ нафъ намерасаду аз «асари бадеӣ»-ашон бӯйи адабиёт намеояд. Вале ин «китобак» тадқиқоти мукаммалест, ки дар симои Фазлиддин Муҳаммадиев ва эҷодиёти эшон, характер ва хислати як шахсияти ниҳоят бузурги адабиёти муосири тоҷикро бо назардошти як давраи пурэъҷози адабиёти ҳамзамонамон, бо дастоварду комёбиҳои насри муосири адабиёти давр ба таври фасеҳу балеғ Абдулҳамид Самад қаламдод намудааст. Чи қаламдоди омӯзанда ва арзишманде!
Мутолиаи «Инсон ва нависандаи нодир» маро ба андешае водор намуд, ки дар ин асар се хатти мувозӣ аз аввал то ба охир равшан ба чашм мехӯрад:
Яке қисмати фоҷиабори адиби нотакрор Пӯлод Толис аст, ки бо он умри кӯтоҳи хеш дар насри муосири тоҷик шӯре барангехта, дар ҷумлаи саромадони насри муосири тоҷик мавқеъ ёфтаву соҳибэътибор гардидааст. Толис бо мактаби поягузоштаи хеш парчамбардори ҷавонадибони пайраваш буд, ки Фазлиддин Муҳаммадиеви ҷавон дар аввали ин рада қарор гирифт.
Муаллифи «Инсон ва нависандаи нодир» дар заминаи ба миён омадани дӯстии ду адиби маъруф – Толис ва Муҳаммадиев, барои хонандаи имрӯз чун шахсияти эҷодии дорои истеъдоди нотакрор ва хислатҳои олии инсони комил буданро дар симои Пӯлод Толис ин тавр баён намудааст: «Бо адиби бедордил, хазинаи донишу ҳикмат, лутфу зарофат, покназару аз намунаҳои беҳтарини адабиёти дунё огоҳ, парчамбардори тозаофарӣ, мададгори ҷавонон Пӯлод Толис, ки чун сардабири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» гули сари сабади аҳли сухан буд, дӯстӣ пайдо кард; аз вай дарси таҳрир, муносибат ба калима, забонро омӯхт. Сифатҳои хуби шахсият ва эҷодиёти Пӯлод Толис аз ҳамон айём дар дили ӯ реша давонду ба як нахли ҳамешасабзи меҳру муҳаббат табдил ёфт…».
Сипас дар ин замина муаллиф барои тасдиқи гуфтаҳои худ аз хотироти Муҳаммадиев нисбат ба Толис мисол меоварад:
«Толис ҳар коре, ки мекард, аз сидқи дил, ҳамаи ҳушу ёду диққати худро сафарбар ва сарф карда мекард, – менависад ӯ, – хоҳ худаш чизе нависад, хоҳ асари касеро таҳрир кунад…
…Дар муҳити редаксия, ки кори эҷодии он ҳамеша ҷиддият ва заҳмату машаққати зиёд металабад, ҳазлу шӯхиҳои Толис ҳамчун доруи ноёбе хидмат мекарданд, ки хастагиро мебаровард, ба тану ҷони кас мадору рӯҳ мебахшид».
Абдулҳамид Самад таъсири мактаби эҷодии Толисро ба эҷодиёти Муҳаммадиев ба таври зайл қаламдод намудааст: «Воқеан, он даврон насри тоҷик марҳалаи аз чорчӯбаҳои якранг раҳиданро аз сар мегузаронд ва ба адиби хушзавқу хушкаломе чун Фазлиддин Муҳаммадиев ниёз дошт. Адибе, ки дар радифи Пӯлод Толиси тозаҷӯву навовар, бо сеҳри килкаш зиндагӣ ва чаҳони ботини инсонҳоро бо тамоми паҳлуҳо, талхиву ширинӣ ва рангҳояш дилнишину хотирмон рӯйи коғаз оварад, насрамонро ҳам бо мавзуъҳои бикр, ҳам бо тимсолҳои тавонои хотирмон, фасоҳату назокати забон оро бидиҳад…».
Воқеан, он чи ки баъдан дар эҷодиёти Фазлиддин Муҳаммадиев инъикоси худро ёфтааст, исботи ин гуфтаҳои муаллифи асари мавриди назар аст: «Ба ростӣ, Пӯлод Толис дар насри мо шабеҳи як чашмаи навсарзада буд, ки ҷӯшу хурӯши дигар дошт. Шабеҳи як шамъе буд, ки афрӯзандаи чароғҳои дигар мешуд. Вай бо сари ҷавонӣ дар синни 32-солагӣ барои равнақи насри навини равонии тоҷик пайроҳае кушод, майдоне фароҳам овард, бо нигоҳи тоза қаҳрамон офарид ва пайравон низ пайдо кард. Вале ниятҳои нек ва орзуву омолҳои ӯ дар нимароҳ монданд. Акнун Фазлиддин Муҳаммадиев чун дӯсти ҳаммаром, қаламкаши соҳибҳунар қарзи худ мешумурд, ки Толисвор ҳалолу покиза эҷод бикунад, Толисвор асари аз ҳар ҷиҳат арзишманд бинависад…».
Хати дигари барҷастаю равшани ин асар сарнавишти як ҷавони навомӯз – Фазлиддин Муҳаммадиев аст, ки дар оғози фаъолияти кориаш аз дунёи эҷод хабаре надораду азми эҷодкор шудан дар гӯшаи хаёлаш набудааст. Пас ӯ чӣ тавр ба як шахсияти бузурги адабӣ, ба нависандаи маъруфу маҳбуби халқ табдил ёфта, дар қатори бузургони адабиёти собиқ Шӯравӣ қомат кашидаст? Эҷодиёташ ҷаҳонӣ шуд. Ва ин ҷараёнро муаллифи «Инсон ва нависандаи нодир» Абдулҳамид Самад ниҳоят дақиқназарона, дар заминаи хотираву ёддоштҳои худи қаҳрамони асар Фазлиддин Муҳаммадиев басе ширину ҷаззоб пешкаши хонанда намудааст:
«Дар воқеъ, агар бародарам ҳамон рӯз маро ба депои паровозҳо ё, масалан, заводи собунпазӣ мебурд, чунучаро нагуфта мерафтам. Он рӯзҳо аз пешомади худ бепарво будам, – ба «Тоҷикистони сурх» («Ҷумҳурият») пас аз хатми мактаби миёна ба кор овардани бародараш – корманди радиои тоҷикро ёдрас намудааст Фазлиддин Муҳаммадиев дар хотираҳояш…».
Сипас чи тавр ба ин рӯзномаи бонуфузи замон ба кор қабул шудан, дар суҳбат – имтиҳони муҳаррир – нависандаи ҳаҷвнигор Самад Ғанӣ се бор пайиҳам аризаи қабул навиштанҳояшону дилу бедилон (албатта, бо хотирбинӣ) «ба сифати шогирди ходими адабӣ, ба муҳлати санҷишии думоҳа ба кор қабул шудан»-ҳои ин ҷавони бо ҳукми тасодуф ба коргоҳи эҷодкорон пойниҳодаро устод Абдулҳамид Самад хеле бамавқеъ ва ибратбахш ҷой додаанд.
«Инсон ва нависандаи нодир» аз он ҷиҳат тадқиқоти тоза ва ниҳоят бамаврид аст, ки дар рӯзгори мо, ки воқеан ҳам силсилаи мукаммали «устоду шогирдӣ» гусастаасту мактаби анъанавии «устоду шогирдӣ»-и эҷодкорони бахши журналистика аз байн рафтааст (ба истиснои дарсҳои донишгоҳӣ, ки ин алоқамандӣ низ пас аз хатми донишгоҳ байни устодону шогирдон қариб, ки ба пуррагӣ канда мешавад), баръало нишон додааст, ки ҷавони навомӯзи ҳанӯз маълумоти касбии эҷодинадоштаеро чи тавр дар рӯзномаи бонуфузтарини давр, ба қавле, насли «як курта пеш пӯшида» даст ба даст додаву по ба по бурда, барояш заминаи қавии ба шахсияти бузурги адабӣ – ба нависандаи бузурги замон табдил ёфтанро муҳайё намудаанд. Муаллиф ин ҷараёнро чунин пешниҳод намудааст:
«Баъди имтиҳони думоҳа ӯро ҳамчун ходим ба шуъбаи кишоварзӣ мегузаронанд. Ва ба таъбири худаш, «аз ҳамон рӯз ба коргоҳи журналистӣ шогирд» мешавад. Ҳамкору ҳамнафас будан бо зиёиёни пешқадам, инсонҳои сахтгиру ғамхор, мардони фурӯтани талху шириниҳои рӯзгорро чашида, ки аз корзорҳои ҷанги зидди Олмон баргашта буданд, пайваста таҳрир кардани хабару мақолаҳо, шунидани эроду маслиҳатҳои рӯзноманигорони ботаҷриба ва ба шаҳру деҳот рафтану бо одамони гуногунхислат шиносу ҳамсуҳбат шудан, кору талош, ғаму нишоти онҳоро бо чашми худ дидану ба қалам овардан барои ӯ мактаби бузурги омӯзиш буд. «Нахустин бор ба ҷамъияти калони одамони ҳақиқатан накӯкору хайрхоҳ, одамони софдили гарму сарди рӯзгорро дидаю санҷида афтода будам»,–дар хотираҳояш нигоштааст муаллим. Вале ҳамон рӯзҳо ҳам ӯ дар сар ҳавою ҳаваси нависанда шудан надоштааст. Ва шояд нахустин устоди ӯ дар кори рӯзноманигорӣ Ҷунайдулло Исоев, ки дар ёддоштҳои муаллим бо меҳру эҳтиром «Сардор» зикр шудааст, қобилияту истеъдоди Фазлиддин Муҳаммадиевро пай мебарад ва ӯро ба омӯзиши адабиёт, ба шиносоӣ бо адиби соҳибистеъдоду овозадори ҷавон Пӯлод Толис ҳидоят мекунад.
– Як нависандаи ҷавон баромадааст, – мегӯяд ба ӯ Исоев. – Номаш ҳам ғалатӣ: Толис. Ду-се ҳикояашро хондам. Ба ман маъқул. Аз мешинохтагиҳо пурсидам, мегӯянд, ки ҳамсоли ту будааст».
Аз хотироти Муҳаммадиев:
«Мақсади Сардорро нафаҳмидам. Рости гап, ҳатто худи ҳамон суҳбат зуд аз хотирам баромад ва баъди чандин соли дигар аз нав ба ёдам расиду дарк кардам, ки Исоев чи гуфтан мехост».
Маҷмуаи «Инсон ва нависандаи нодир» як давраи ниҳоят пурҷӯшу хурӯши адабиёти муосири тоҷикро дар мисоли таҳлили мухтасари аҳвол ва осори се адиби номвари адабиётамон «Пӯлод Толис, – Фазлиддин Муҳаммадиев, – Абдулҳамид Самад», яъне дар симои се насли эҷодкорони пурмаҳсул, дар равияи «мактаби устоду шогирд», бо ёдоварии саромадони ин адабиёт – устодон Айнӣ ва Турсунзода, равия ва мактабҳои эҷодии эшон дар бар гирифтааст.
Ин маҷмуа барои роғибу толиби майдони адабиёт дастури ниҳоят арзишманд, барои муҳаққиқони ҷавон махзани мавзуъ ва барои донишҷӯёни риштаи филологияву журналистикаи ватанӣ сарчашмаи омӯзиши як давраи муайяни адабиёти муосири тоҷик аст.
Боз як ҷиҳати муҳимми маҷмуа аз он иборат аст, ки дар шахсияти адиби номвари замон Фазлиддин Муҳаммадиев муаллиф ниҳоят содаву мӯшикофона фитрати инсони комилро кушодааст, ки дар замони костагии ахлоқу инсоф аҳаммияти ниҳоят бузурги тарбиявӣ дорад. Чунончи: «Чаро Фазлиддин Муҳаммадиев сифати инсонии устод Турсунзодаро дар ҷойи аввал мегузорад? Ин сабаб дорад. Дар барномаи кору эҷоди ӯ низ инсони хоксор, покниҳоду комил будан муқаддам аст».
Сипас муаллиф барои исботи гуфтаи хеш воқеаи фавти ногаҳонии мӯйсафеди навадсолаи кӯча, ошнои Муҳаммадиевро мисол овардааст, ки дар хонаҳои баландошёна зиста, ғайр аз кампираки мустамандаш парасторе надоштааст, ворисӣ кардани устодро ба ҷасади дар тайи ду рӯз, дар ҳавои гарм гандидаи майит, бо гӯручӯб кардану гузаронидани фотиҳаи ҳафти мӯйсафед, хеле пурдарду хотирмон овардааст, ки заминаи як асари мукаммали бадеӣ – ҳикоя, қисса ё повест шуда метавонад.
Инак, як лаҳзаи он тасвир: «Аз масҷид мурдашӯй оварданд, вале вай аз шустани майит даст кашид, балки ирода ва ҳолати равониаш ба шустан имкон надод, зеро ҷасад дар хонаи гарм гандида буд. Худи муаллим (Фазлиддин Муҳаммадиев) бо олими санъатшинос Аскаралӣ Раҷабов ва домодашон Муқимҷон майитро шустанд, ба кафан гузошта, пас аз ҷанозахонӣ бо иззат ба хок супориданд».
Ин амали устоди некниҳодро муаллиф чунин хулоса кардааст: «Дасти касеро гирифтан, дили афтодаеро бардоштан, ба каҷраве роҳ нишон додан хислату ҷавонмардии Фазлиддин Муҳаммадиев буд. Вай мисли баъзеҳо ба касе ба хотири худнамоӣ ва ғаразе некӣ намекард, балки накӯкориро қарзу шарафи инсонии худ медонисту хоксорона ба ҷо меовард…».
Маҷмуаи «Инсон ва нависандаи нодир», ки маълумоти адабию бадеӣ ва илмиро ба ихтиёри навқаламон гузоштааст, бисёр таассуф, ки бо теъдоди ниҳоят кам (250 нусха) нашр гардидааст.
Ҳабибулло ЁРОВ