Номаи шодбошии ИНТ ба Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо

 Номаи шодбошии ИНТ ба Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо

Нависанда ва публитсисти маъруф Бахтиёр Муртазо 4-уми июли соли 1940 дар деҳаи Ёбузи ноҳияи Қубодиёни вилоя­ти Хатлон дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Пас аз итмоми мактаби миёнаи зодгоҳаш (1957) ва шуъбаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1963) ба ҳайси хабарнигор ва муҳарри­ри рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъ­ат», муҳаррири бахши публитсистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ», ҷонишини сар­муҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», аввалин сармуҳаррири нашрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минба­ри халқ» кор кардааст. Ҳоло мудири бахши тарҷума ва робитаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, ҳамза­мон хабарнигори махсуси рӯзномаи «Минбари халқ» дар сохтмони НБО «Роғун» мебошад. Ӯ ду маротиба дар кишвари Афғонистон маъмурият дошта, солҳои 1969-1973 дар сохтмони шоҳроҳҳои ин мамлакат ба ҳайси тарҷумон ва солҳои 1979-1982 дар ҷанги Афғонистон ба сифати афсар ифои вазифа намудааст.

Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагон аст.

Муаллифи романи мустанад, маҷмуаҳои қиссаҳо, ҳикояҳо, очеркҳои «Боғбони гули кӯҳӣ», «Ҷонбохтаи Роҳатӣ», «Қасидаи бародарӣ», «Чинор дар Солони», «Ҷӯи Навдиз», «Эҳёи Бешканд», «Чашмаи офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Нақби Истиқлол», «Нӯҳ чинори Балҷувону Баҳманрӯд», «Ҷавпазак», «Хӯшаҳо аз киштаҳо» (2 ҷилд), “Нурофарин” ва ғайра мебошад.

Китобҳои Чингиз Айтматов «Роҳи Каҳкашон» (қисса), Стендал «Сурх ва сиёҳ» (роман), китоби Константин Паустовский (Русия) «Садбарги зарин» ва асарҳои дигар адибонро тарҷума кардааст.

Асарҳои ӯ ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, эстонӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд.

Китоби тарҷуманамудаи мавсуф – «Садбарги зарин»-и К. Паустовский дар намоиши Ҳафтуми байналмилалии китоби Душанбе (2018) дар Озмуни «Беҳта­рин тарҷумаи сол» ғолиб омада, ба Дипломи дараҷаи аввал шарафёб шудааст.

Яке аз нашрияҳои даврии кишварамон хидматҳои дар матбуот анҷомдодаи ӯро ба назар гирифта, ба муносибати ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик Бахтиёр Муртазоро ба сафи 100 шахсияти таъсиргузори матбуоти тоҷик сазовор донист.

Заҳматҳои беш аз шастсолаи муаллиф бо ордени “Ситораи Сурх” (1981), ор­дени “Аз халқи миннатдори Афғонистон” (1982), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ (2007), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (2009), унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон (2021), Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии СССР (1988), нишони “Сухан”-и ИНТ ва 15 медали ҷангию меҳнатӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Ҳампешаи худро бо меҳру ихлос ба муносибати 85-умин солгарди умри бара­катбор сидқан шодбош мегӯем ва ба ӯ саломатии комил, табъи болида, хотири осуда ва саодати рӯзгор таманно мекунем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо