Аз ашъори бачагона то асарҳои моҷароӣ

Нарзулло Тиллозода 80-сола шуд 

Шиносоии ман бо нависандаи хушбаён, устод Нарзулло Тиллозода соли 1986, ки дар мактаби зодгоҳи он кас – деҳаи зебоманзари Меҳтарӣ ҳамчун омӯзгор ба фаъолият оғоз карда будам, ба вуқуъ пайваста буд. Бегоҳӣ, баъд аз кор дар роҳи мошингарди деҳа қадам зада, ҷониби хона мешитобидам. Пас аз чанде мошине дар наздам истод. Зимистон буд, барф беист меборид, тундбод имкони чашм боз кардану баҳузур ба вусъати роҳ нигаристанро намедод.

Дар нишастгоҳи назди ронанда ҷой гирифта, гармии рӯҳафзоеро дар тану ҷон ҳис карда, хушҳол ба акаи Нарзулло, ки ғоибона мешинохтамаш, нигаристаму миннатдориамро изҳор намудам. Вай ан­дешаманд ба роҳи барфпӯш нигариста, дар хусуси кору бор, ҳолу аҳволи зинда­гиям пурсид ва чун фаҳмид, ки омӯзго­рам, табассум дар лабонаш мавҷ задаю чеҳраашро хушҳолие фаро гирифт. Ва баъд перомуни овони таҳсилаш дар мактаби деҳаи Роҳатӣ нақл карда, иброз намуд, ки устодашон Давлаталӣ Саидов ба онҳо ҳамвора супориш медоданд, ки ашъори зиёдеро аз шоирони адабиёти классикии форсу тоҷик ва муосирамон ҳифз намоянд.

– Медонед, бародар, ман дар ҳамон давра достонҳои устод Мирзо Турсун­зода, бахусус “Ҷони ширин”, “Қиссаи Ҳиндустон”,  “Чароғи абадӣ” ва як силси­ла шеърҳояшонро ба таври мукаммал азёд карда будам. Ҳамчунин, ашъори Абуқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Боқӣ Раҳимзодаро аз бар карда будам. Асарҳои насрии устодон Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммади­евро мутолиа мекардем. Эҳ шояд ҳамон омӯзишу андӯхтан ва бардоштҳо сабаб шуданд, ки кам-кам ба иншои шеъру ҳикоя машғул мешавем.

Акаи Нарзулло ҷавонмарди хоксору фурӯтане буд, ки дар бораи худ банудрат ҳарф мезад.

– Шумо ҳам шогирдонатонро вазифа­дор кунед, ки шеъри фаровон азёд ва осори бузургони адабиётамонро омӯ­занду мутолиа кунанд. Охир, адабиёти тоҷик баҳрест беканор…

Устод аз боби адабиёт ва осори наз­мию насрии адибони муосир суҳбати гар­му ҷолиб карда, маро дар ҳайрат гузошт.

Маълумам шуд, ки акаи Нарзулло дар вазифаи сардори шуъбаи тафти­шоти раёсати корҳои дохилии вилояти Қӯрғонтеппа (ҳоло Хатлон) ба фаъолият машғул буда, ба хабаргирии падару мо­дар ва дидори бародарону пайвандонаш ба деҳа омада будааст. Ҳангоме ки дар чорроҳаи деҳаи Теппаи Самарқандӣ аз мошин фуромаданӣ шудам, вай аз сум­каи чармини худ китобчаеро бароварда, тақдимам кард.

– Аз шеърҳои ин китобаки мо ҳам ба шогирдон барои хондану ҳифз кардан ин­тихобан пешниҳод кунед, хуб мешавад, – гуфт акаи Нарзулло ва афзуд: – Ман ба кӯшишу ғайрат ва шавқу рағбати хо­нандагони мактаби деҳа эътимод дорам. Муҳим бештар китоб хонанд…

Маҷмуаи ашъори бачагонаи Нарзулло Тиллозода «Лола баромад» ном дошт ва ба таври ҷаззобу рангин ороиш ёфта, бо теъдоди 10 000 нусха чоп шуда буд.

Ҳамин тавр, марҳала ба марҳала эҷо­диёти Нарзулло Тиллозодаро пайгирӣ намуда, шеъру ҳикоя ва бахусус қис­саҳояшро, ки дар жанри моҷаро таълиф гардида буданд, бо шӯру шавқ мутолиа мекардам. Мутолиа мекардаму аҷабам меомад, ки чӣ тавр як нафар  бо ҳамаи гирифториҳову ташвишҳои кор ( охир ба сифати сардори шуъбаи тафтишотии раёсати як вилоят ифои вазифа намудан заҳмату ранҷ, масъулият ва қабл аз ҳама, вақти зиёдеро аз кас талаб мекард) боз ба навиштани қиссаҳои моҷаропи­сандона машғул мешавад. Ҳароина, аз ҳисоби шабҳои бешуморро ба субҳ расондан, воқеаҳои мураккабу пуртазод ва дорои низоъҳои зиёдро ба василаи тасвиру бозтоби бадеӣ, офаридани симоҳои хотирмону равшан, инъикоси ҳаёту пешаи сангини кормандони мақо­моти интизомӣ, ки дар кушодани уқдаву гиреҳҳои чигилу пурпечутоби ҷиноятҳои мухталиф ҷонбозӣ мекунанд, рӯйи сафҳа меорад, ки ҳалолаш бод!

Воқеан, роҳи эҷодии нависандаи асарҳои моҷароӣ, устод Нарзулло Тил­лозода ҳамвор набуда, вай ба василаи омӯзишу мутолиа, таҷрибаи фаровони кор дар мақомоти тафтишотӣ, панду маслиҳати устодони шеъру адаб ба қуллаи муваффақияту дастовардҳо дар майдони мушкилу мураккаби адабиёт расидааст. Ба таъкиди нависандаи соҳи­бистеъдод, ҳанӯз айёми дар дабистони деҳа таҳсил кардан ӯ ба навиштан бо шавқу ҳавасе, ки як наврас дар дил дошт, оғоз мекунад.

Аввалин навиштааш соли 1958 дар рӯзномаи маҳбубу хондании мактабиён – “Пионери Тоҷикистон” бо номи “Саид­нуриддини ҳозирҷавоб” чоп мешавад. Баъдтар дар синфҳои болоӣ шеърҳои иншокардаашро ба шоирон (ҷояшон ҷаннат бод!) Қаюм Ҷабборӣ ва Иззатулло Ҳусайнӣ нишон дода, маслиҳати онҳоро мепазирад. Соли 1962 Нарзуллои ҷавон ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он вақт УДТ ба номи В.И. Ленин) дохил мешавад.

– Камари ҳимматро маҳкам баста, дар ин давра низ ба иншои шеъру ҳикояҳо машғул мешудам, – мегӯяд устод ва идо­ма медиҳад: – Дар рӯзномаи донишгоҳ – «Ба қуллаҳои дониш» чакидаҳои хомаам чоп мешуд. Ман худро яке аз шахсони сарбаланду хушбахт ва саодатманд меҳисобидам, чунки дар маҳфилҳои адабие, ки бо иштироки устодони бузур­ги адабиёт – Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон мегузашт, шеър мехондем, ҳикояҳоямонро қироат мекардем. Аммо ҳаргиз даъвои шоирию нависандагӣ надоштам.

Тавре қайд шуд, маҷмуаи ашъори бачагонаи Н. Тиллозода соли 1986 бо дуои неки инсони дилогоҳ, шоири маҳбу­би бачаҳо   Убайд Раҷаб ва дастгирии Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Кароматуллоҳи Мирзо бо номи “Лола баромад” чоп шуд.

– Азбаски ман дар наср ҳам қувва­озмоӣ мекардам, соли 1986 аз тарафи нашриёти «Ирфон” китоби нисбатан калонҳаҷми ҳикояву очерк ва қиссаҳои моҷароиам бо теъдоди 10 000 нусха ба табъ расид, – изҳор мекунад нависанда.

Ҳамин тавр, соли 1992 китоби дуюми насрии адиб – «Қиссаи портфели сурх» дар нашриёти “Ирфон” чоп мешавад. Китоби мазкур, ба таъйиди нависанда, аз ду қисса ва чанд ҳикояву очерк иборат буда, теъдодаш 15 000 буд. Пас аз чопи ин китобҳо бо тавсияи шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Нарзулло Тиллозода ба узвияти ИНТ пазируфта шуд. Нависандаи заҳматкаш аз истиқболи гарму ҷӯшони хонандагон, ки дар ҷустуҷӯйи китобҳояш ба коргоҳу хонааш меомаданд, хеле сарфарозу хушбахт гардида, аз мақолаву тақризҳои навиштаи аҳли адаб дар хусуси асарҳои ӯ руҳу илҳом мегирифт ва ба таълифи асарҳои пурмуҳтавои тоза мепардохт. Воқеан, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 30 китоби бузургҳаҷми устод На­рзулло Тиллозода, ки аз ҳикояву қисса ва романҳои моҷароӣ иборат мебошанд, ба табъ расидаанд. Дар тӯли солҳои гуногун робитаи хонандагон бо нависандаи пур­маҳсул хеле вусъат ёфт. Ба андешаи ӯ, мухлисону ҳаводорони насри детективӣ, тавре баъзеҳо мепиндоранд, шахсони тасодуфӣ набуда, дорои маърифати баланд ва мутолиаи зиёд мебошанд.

– Хонандагон то имрӯз ба ман му­роҷиат мекунанд, мехоҳанд донанд, ки қаҳрамонони асарҳоям шахсони воқеи­янд ё бофтаи хаёли ман, – мегӯяд нави­санда ва илова мекунад: – Ман ба онҳо тавзеҳ медиҳам, ки ҳамаи ин рухдоду моҷароҳо ва қаҳрамонони асарҳоям аз зиндагии воқеӣ гирифта шудаанд. Инак, як мисол: Боре яке аз дӯстон нақл кард, ки ҳамдеҳааш дузду авбош ва нашъа­манди гузаро будааст. Баъди мутолиаи “Қиссаи портфели сурх” ва “ошно шудан” бо қаҳрамони он дуздӣ Остона аз тамоми хислатҳои бади худ даст мекашад.

Бузургии асар ва аҳамияти тарбиявию ибратомӯзи он магар ҳамин нест?!

Ин гуна шахсони дар зиндагӣ раҳгум­задаю дорои аъмоли ношоиста хеле зиёданд, ки таърифу худситоӣ нашавад, баъди мутолиаи асарҳои банда ба роҳи рост даромада, ислоҳ шудаанд.

Дар хусуси ҷойгоҳи осори детективӣ сухан ронда, Нарзулло Тиллозода қайд мекунад, ки ин навъи адабиётро дар Аврупову Амрико аз ҳама зиёд мепи­санданд. Нависандагони детективнавис сарватмандтарин шахсони рӯйи дунё мебошанд, амсоли Агата Кристи, Жорж Сименон, Эдгар Аллан По, Юлиан Семё­нов, Аркадий Безуглов, Даря Донтсова…

– Як чизро хотиррасон бояд кард, ки Вилям Шекспир ва Артур Конан Дойл дар як аср (XVII) зиндагӣ ва эҷод кар­даанд, – мегӯяд нависанда, – баробари қаҳрамонони асарҳои Шекспир – “Ромео ва Ҷуллета”, “Ҳамлет”, “Шоҳ Лир” номи қаҳрамонони асари Артур Конан Дойл– Шерлок Холмс ва доктор Ватсонро хо­нандагон азизу гиромӣ медонанд ва дӯст медоранд. Муҳаббату эътиқоди ҳукумату давлат ва хонандагон ба асарҳои Конан Дайл ба он андоза аст, ки дар рӯ ба рӯйи департаменти полиси Англия муҷасса­маи боазамати Шерлок Холмс ва доктор Ватсон гузошта шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ насри моҷароӣ дар адабиёти тоҷик хеле рушд кард ва дастовардҳои намоёне рӯйи кор омаданд. Аз нависандагони тоҷик асарҳои Шарифбеки Азиз, Зариф Ғулом, Хуршеди Атовуллоро мехонам.

Яке аз романҳои ҷолибу хондание, ки чанд сол қабл устод Нарзулло Тилло­зода таълиф намуд, “Сарбози махфӣ ё Штирлитси тоҷик” ном дорад, ки асари детективӣ – таърихӣ ба шумор меравад. Қаҳрамони роман Аҳмадбек сарбози мах­фист, ки ҷони худро дар хатар гузошта, дар барҳам додану пароканда кардани амалиёти босмачиён дар Афғонистон (солҳои 30) ва солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ошкор кардани нақшаҳои ҷангии душманонаи Олмони фашистӣ ҳиссаи босазо гузоштааст. Ба носири соҳибистеъдод муяссар гардидааст, ки дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон бо офаридани симои Аҳмадбек, ки наму­наи ибрат мебошад, саҳифаи тозеро дар адабиёт боз намояд. Бесабаб нест, ки ба романи мазкур академик Кароматулло Олимов пешгуфтор навишта, ба маҳора­ту ҳунари нигорандагии нависанда баҳои баланд додааст:

“Китоби мавриди назар шояд аввалин асари бадеӣ дар бораи кормандони соҳаи разведка ба забони тоҷикӣ бошад. Аз ин ҷиҳат онро як навгонӣ дар ада­биёти бадеии давраи Истиқлоли давлатӣ метавон ҳисоб кард.”

…Чанд моҳ қабл бо вуҷуди бемори би­старӣ будан Нарзулло Тиллозода китоби худро, ки аз қиссаҳои моҷароии “Доми фиреб”, “Туҳмат”, “Барқия аз ҷаҳан­нам”, “Қотили зархарид”, “Хотираҳои муфаттиш”, “Ду нозир”, “Қасос” иборат мебошад, ба чоп омода намуд, ки рӯзҳои наздик ба табъ хоҳад расид.

Ба нависандаи пурмаҳсул ва заҳмат­каш, устод Нарзулло Тиллозода дар роҳи минбаъдаи эҷод барору комёбиҳои тозаро хоҳонем.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
нависанда

Дигар хабарҳо