Танини “Оҳанги зиндагӣ”

Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

Тарҷумаи осори бадеӣ – беҳтарин бозёфтҳои адибони давраҳои мухталифи ҷаҳон ба забони модариамон, ки саршори анъанаҳои ҷолибу неку ибратомӯз мебошад, бидуни баҳс як рукни муҳимми адабиёт, гузашта аз он, маданияти адабиётдории ҳар як халқу миллат эътироф гардидааст. Ба таърихи чандинасраи адабиёти башар назар афканем, рӯшан ба мушоҳида мерасад, ки аксар аҳли адабиёти халқҳои ҷаҳон ба тарҷумаи асарҳои бадеии адибони хориҷа – пешиниён ё ҳамасрон пайваста машғул шудаанд. Зеро халқҳои сайёра барвақт, садсолаҳои пеш сарфаҳм рафтаву амиқ дарк бинмудаанд, ки тарҷумаи бадеӣ василаи пайванди дунёи маънавӣ, рӯзгори адибони олам, шинохту эҳсоси набзи андешаву орзуҳои аёну ноаёни нависандаву шоир ё драматург, мактаби бузурги омӯзиши адабӣ ва адабиёт, имкони нодири муаррифии барҷастатарин намунаҳои офаридаҳои бадеӣ аст. Бинобар ин, набояд ба он раҳ дод, ки адабиёти тоҷик аз дигар адабиётҳои халқҳои рӯи замин ақиб ё барканор монад. Баръакс, зарур аст, ки анъанаҳои наҷиби пешиниёнро ҳатман идомабахш бошем. Баъдан, Тоҷикистони соҳибистиқлол, азбаски як ҷузъи ҷудонопазири тамаддуни муосир дониста шудааст, пас адабиёти миллиамон ҳам як пораи томи адабиёти умумиинсонист.

Табиист ва бинобар он, ки Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷмӯаи “Оҳанги зиндагӣ” – ҳикояҳои адибони ҷаҳонро дар тарҷумаи Сурайё Аҳмадзод баҳри дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод ва ба муҳокимаи хонандагону мунаққидон манзур намудааст, иттилоъ ёфта, хур­санд шудам. Зеро ҳамин тавр мувофиқ афтода, ки қабл аз навиштани сарсухан ба маҷмуаи болозикр камина кулли он ҳикояҳоро бо диққат хондаам ва аз қадру сатҳи тарҷумаи онҳо хуб бохабар ҳастам.

Баъдан, шоистаи зикр медонам, чанд сол пеш Сурайё Аҳмадзод бо истиҳолаи зиёд як қатор ҳикояҳои тарҷумакарда ва аксарашон дар рӯзномаҳо чопшуда­ро оварда, хоҳиш намуда буд, ки агар арзанда шуморам, тавсиянома нависам, то ба узвияти иттифоқ пазиранд. Ҳамон айём баъди хондани маводи овардаи муаллиф, сарфи назар аз ҳама сахтги­риҳоям, дарёфтам, ки Сурайё Аҳмадзод, бигзор дар оғози роҳ ҳам бошад, шахси табиатан боистеъдод ва дар фазои санъ­ати тарҷумаи бадеӣ ҳаргиз тасодуфӣ не, балки эҷодкори соҳибназару ҷавҳарши­нос аст. Ва боз маълум буд, ки на аз рӯи ҳавою ҳавас ба ин ҷодаи душвор қадам ниҳодааст, балки нияти ба дуриҳои дур расиданро дорад.

Бар замми ин гуфтаҳо беихтиёр ба ёдам расид, ки чун рамзи эҳтиром ва таҳкими анъанаҳои адабӣ дар олами тарҷумаи бадеӣ, зимни интишори романи “Сад соли танҳоӣ”-и нависандаи барҷастаи адабиёти олам – Габриэл Гарсиа Маркес матни зеринро дар варақаи унвонии китоб ҷой дода будам: “Ба ёди неки адибон – мутарҷимони касбии адабиёти тоҷик: Абдулқосим Лоҳутӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ, Раҳим Ҳошим, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Эммануил Муллоқандов, Ҳасан Ирфон, Абдусалом Деҳотӣ, Аслам Адҳам, Шамсӣ Собир, Абдулло Зокир, Нусур Холмуҳаммадов, Шариф Шараф, Анора Остонова, ки дар тарҷумаи беҳтарин осори адабиёти ҷаҳон ба забони тоҷикӣ ва ғанӣ гардондани хазинаи маънавии халқамон саҳми камназир гузоштаанд”.

Ин лаҳза зикри матни мазкур беҳуда нест. Бубинед, ки дар зумраи ин қадар мардони заҳматкашу ҳимматбаланд ва гавҳаршиноси адабиётамон танҳо исми мубораки як нафар зан – Анора Остонова ҳасту халос, ки дар замонаш бо ҷуръати ба худ хос асарҳои хуби аврупоиёнро тарҷума ва ба хонандаи тоҷик манзур намудааст.

Азбас бо ҳавсалаи том бо як силси­ла тарҷумаи ҳампешаи ҷавон, адиби хушкору хушбин ва хушзавқ, мутарҷими боистеъдоди адабиёти бадеӣ Сурайё Аҳмадзод шинос шудам, дарёфтам, ки ӯ ба адабиёт – мероси бадеию бозёфтҳои эҷодии халқҳои дигар бо меҳр нигариста, бо назокату завқи зебоишиносии ба та­биаташ хос беҳтарин ҳикояҳои адибони наслҳои гуногунро дар сатҳи арзандаи адабиёт ба забони модарӣ гардонидааст. Аз маҳсули ҷустуҷӯву талошҳояш, иқрор мекунам, рӯҳам болид. Аксари ин тарҷу­маҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои адабӣ интишор ёфта, аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта шудаанд.

Дар тарҷумаҳои Сурайё Аҳмадзод хубу рӯшан эҳсос мешавад, ки мутарҷим оҳангу тобиши калимаву ҷумла ва гар­дишҳои фикри муаллиф, хатти сужетҳо­ро амиқ ёфтаву ҳусни суханро дақиқ дарк намудааст. Муҳим боз он аст, ки тарзи навишт, ифодаи маъною зермаънои матнҳо, истифодаи ибораҳои рехтаи тоҷикӣ, мақолу зарбулмасалҳо аз як тарҷумаи бадеӣ то дигараш сайқал ёф­таву суфтатар мешаванд. Яъне, тарҷу­мон – як духтари тоҷик нозукиҳои забони русӣ ва модариашро ҳатталимкон хуб омӯхтааст ва ҳадафи ниҳоии хешро дар сатҳи зарурӣ медонад. Фаросати ботин ва самимияту маҳорати шинохти сухан, ҷавҳари ҳикояҳо ба фаъолияти эҷодии Сурайё Аҳмадзод мусоидат кардаанд.

Аз ин рӯ, тарҷумаи қариб сӣ ҳикояи нависандагони асрҳои мухталифи ки­шварҳои Русия, Ҷопон, Амрико, Ӯзбе­кистон, Озарбойҷон, ки дар маҷмуаи “Оҳанги зиндагӣ” гирд омадаанд, хушса­до, зимни адои талаботи асосӣ – ҳифзи услуби эҷодии муаллиф ва рӯҳи асар бо камоли ҳунар анҷом пазируфтаанд.

Агар як зарра бо диққат ба ҳико­яҳои маҷмуаи “Оҳанги зиндагӣ” назар афканем, боз як нукта аҷиб метобад. Сурайё Аҳмадзод дар мисоли эҷодиёти адибони маъруф Антон Чехов, Алек­сандр Куприн, Константин Паустовский ва Михаил Зошенко барои тарҷума ба тоҷикӣ ҳикояҳоеро баргузидааст, ки тақрибан сад сол пеш иншо шудаанд. Яъне бонуи заршинос дар он ҳикояҳо як ҳамоҳангӣ, аксандозӣ ва пайвастагӣ ба замони имрӯзаро дидаву эҳсос кардааст ва бовар дорад, ки писанди хонандаи му­осир хоҳанд буд. Ба пиндорам, хонандаи тоҷик онро мехонаду ба гӯшаи хаёлаш роҳ ҳам намедиҳад, ки он навиштаҳо умри беш аз якасра доранд…

Бояд бигӯям, барои қонеъ гардондани ҳисси кунҷковиям се-чор ҳикояро пайдо карда, матни аслро бо тарҷума муқоиса кардам ва ба хулоса расидам, ки Сурайё Аҳмадзод хеле дақиқкор аст, баҳри ифо­даи дақиқи маънии аслию ниҳоии калима ҷустуҷӯ мекунаду мулоҳиза меронад. Яке аз тарҷумонҳои машҳури адабиёти немис ба забони русӣ Лев Гинзбург барҳақ қайд карда, ки “тақдири нафақат тарҷума, балки тақдири эҷодии тарҷумон низ баъзан ба як калима марбут аст.”

Бешак, тарҷумон вазифадор аст, ки тақозои даврон, рӯҳи замонро амиқ эҳсос бикунад, танҳо дар ҳамин ҳол бо­бати интихоби асарҳо ба саҳлангорӣ раҳ намедиҳад. Аз дигар тараф, фардияти тарҷумон дар он, ки кадом муаллифон ва чӣ гуна асарҳоро барои тарҷума интихоб менамояд, зоҳир мешавад. Ин мавқеъ – бағоят муҳим аст. Агар муҳтавои ҳи­кояҳои дар маҷмуа гирдомадаро пеши назар орем, баръало мебинем, ки Су­райё Аҳмадзод ин ҳарду талаботи пешаи тарҷумониро хуб ба эътибор гирифтааст.

Хурдтарин комёбии Сурайё Аҳмадзод бояд ки ҳамчун бурди адабиёт шоистаи нишоту ифтихор бошад ва мавриди пуштибонӣ қарор бигирад, зеро имрӯз дар муҳиту фазои адабиёти тоҷик, тав­ре борҳо зикр кардаем, касони ангуш­тшумор бо тарҷумаи бадеии адабиёт машғуланд ва бо назардошти он, ки такроран мегӯям, тарҷумаи бадеӣ як рукни муҳимму зарур, болотар аз ин, фарҳанги адабиётдорӣ маҳсуб шудааст, зуҳури боз як тарҷумон дар майдони наср ба манфиати дунёи маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол ва адабиёти миллӣ аст.

Сурайё Аҳмадзод ганҷинаи адабиёти классикиву муосири ҷаҳонро бо шавқ мутолиа менамояд ва метавон умедвор шуд, ки минбаъд ҳам бо тарҷумаҳои нави бадеияш хазинаи адабиёти тоҷикро ғанӣ мегардонад ва баҳри густаришу ташак­кули ҷаҳонбиниву одамшиносӣ ва олами маънавии хонандагони муосири тоҷик сазовор хидмат мекунад.

Китоби «Оҳанги зиндагӣ»-ро сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ медонам.

Абдуғаффор АБДУҶАББОР,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо