Ҷашнгирии 90-солагии Ибод Файзуллоҳ

Ба муносибати 90-умин солгарди таваллуди адиби публитсист Ибод Файзуллоҳ рӯзи 29-уми апрел дар толори хурди Иттифоқи нависандагон маҳфили ёдбуд баргузор гардид.
Дар ин маҳфил адибону пажӯҳишгарон, рӯзноманигорон, ёрону дӯстон ва алоқамандони ин нависандаи равоншод ширкат карданд.
Равшани Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагон ба маҳфил оғоз бахшида, дар бораи корномаи Ибод Файзуллоҳ суханронӣ кард.
Дар идома профессор Абдунабӣ Сатторзода, ходими сиёсӣ Гулҷаҳон Бобосодиқова, Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо, рӯзноманигор Фозилҷон Бозоров ва дигарон дар бораи вижагиҳои шахсиятӣ ва ҳунарии Ибод Файзуллоҳ ибрози назар карданд.
Гуфтанист, Ибод Файзуллоҳ 12-уми апрели соли 1935 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба дунё омада, риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1959 ба поён расондааст. Ӯ дар нашрияҳои “Тоҷикистони Советӣ”, “Комсомоли Тоҷикистон”, “Паёми Душанбе” ба унвони мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сардабир ифои вазифа кардааст.
Нахустин маҳсули эҷодаш дар даҳаи панҷуми садаи бист ба дасти хонандагон расидааст, ки китобҳои «Ба сӯйи нур» (1966), «Садоқат» (1967), «Гулхани дӯстӣ» (1969), «Падарон ва фарзандон» (1971), «Дур аз фронт» (1973), «Остони баланд» (1974), «Достони ҷангали сабз» (1977), «Борони баҳор» (1979), «Савганд» (1983), «Қарзи фарзандӣ» (1985), «Кӯҳи панҷум» (1996) намунаи эҷодаш шумурда мешаванд. Чанде аз навиштаҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, укроинӣ, белорусӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Ибод Файзуллоҳ аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.