Тасвиргари симои устод Айнӣ

Симои нуронии устоди бузургвор Садриддин Айнӣ кам бошад ҳам, дар асарҳои рассомони тоҷик, саҳнаҳои театр ва кино инъикос ёфтааст. Ҳанӯз соли 1937 ҳунарпеша, коргардон ва оҳангсоз, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Ғуломризо Баҳор (1903-1938) ва аввалин филмбардори тоҷик Файзулло Ишонов (1909-1941) ба муносибати 100-солагии шоири бузурги рус А. С. Пушкин филми ҳуҷҷатии «Муҳандисони рӯҳи инсон»-ро таҳия карданд. Ин аввалин сабти чеҳраи устод дар кино ба шумор мерафт, ки барои мо хеле азиз аст.
Ҳангоми ба лентаи кино сабт кардани чеҳраи устод Айнӣ таҳиягар устод Абулқосим Лоҳутиро низ даъват карда, тасвири ҳарду сутуни адабиёти муосири тоҷикро ба ҳукми таърих ворид намуд. Устод Айнӣ 59-сол дошту устод Лоҳутӣ 50-сол. Дар ин синну сол симои бузургони адабиётамонро дар экрани кино дидан хеле ҷолиб ва гуворо аст. Баъди чанд соли эҷоди ин филм таҳиягар Ғуломризо Баҳор ва филмбардор Файзулло Ишонов туҳмати ноҳақ шуда, дар гирдоби даҳшатноки солҳои мудҳиши 37 ба ҳалокат расиданд. Бо гузашти солҳо ин филми ҳуҷҷатии нодир аз беаҳаммиятии мо ва кинаву адовати ҳампешагон нобуд шуд. Алҳол насли имрӯза аз тамошояш бебаҳра мондаанд.
То солҳои 50-ум нафаре аз коргардонҳои кино дар бораи ин абармардони адабиёту фарҳанги мо на филми ҳуҷҷатӣ офаридаанду на филмҳои бадеӣ. Агар барномаҳои телевизионӣ ё филмҳои ҳуҷҷатӣ таҳия карданӣ мешуданд, аз филми ҳуҷҷатии «Муҳандисони рӯҳи инсон»-и Ғуломризо Баҳор истифода мебурданд.
Фақат ба коргардони ҷавони 29-сола Борис Кимёгаров муяссар шуд, ки бо устод Садриддин Айнӣ ҳамсуҳбат шавад ва филми ҳуҷҷатии «Садриддин Айнӣ» (муаллифи филмнома ва коргардон Б. Кимёгаров, филмбардор Мансур Барбутли, мушовир Мирзо Турсунзода, соли 1949)-ро ба лентаи кино гирад.
Баъдҳо таҳиягар боз се филми дигари ҳуҷҷатӣ – «Ҷашни пуршараф» (1953), «Сарояндаи Ватан» (1968) «Садриддин Айнӣ» (1978) ва дар маҷмуъ дар бораи устод Айнӣ чор филми ҳуҷҷатӣ таҳия кардааст.
Борис Кимёгаров вохӯрӣ ва мулоқоти нахустинашро бо устод дар китоби хотираҳояш «Дорога уходит в горы» (Маскав, 1970, саҳ.21) навиштааст: «Барои ман натанҳо суҳбат бо Айнӣ аҷиб буд, балки дар дафтари кориаш ҳузур доштанро ҳам шараф медонистам. Китобҳои зиёд, аз ҷумла китобҳои нодир бо ороиши минётураҳои қадима, ки арзиши баландашонро хуб медонистам, маро дар ҳайрат гузоштанд…
Мулоқот бо Айнӣ натанҳо шавқу рағбатамро ба таърих бедор кард, балки барои офаридани филмҳои ҳунарӣ дар бораи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш ва Пайрав Сулаймонӣ, ки шоири муосири даврони мо буд ва Айнӣ дар бораи ӯ бо муҳаббат ва ҳурмат ҳарф зад, ба мақсаду мароми ман сабабгор шуданд».
Тавре ки аз хотираҳои шогирдон ва мактубҳои устод Айнӣ аён гардид, ин марди бузург мухбирон ва суратгиронро хуш надошт ва мусоҳиба додану суратгириро нағз намедид. Аз ин рӯ, Борис Кимёгаров аз устод Мирзо Турсунзода хоҳиш намуд, ки мактубча (записка) нависад. Борис Кимёгаров ва филмбардор Мансур Барбутли ба шаҳри Самарқанд рафта, ҳангоми вохӯрӣ мактубчаро ба устод расонданд. Ҳангоми хондани он дар чеҳрааш табассуми ба ӯ хос намоён шуд.
Ниҳоят, ба наворгирии филми ҳуҷҷатӣ дар бораи устод Айнӣ оғоз ёфт. Садриддин Айнӣ ва шогирдонаш Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва дигарҳо бо мошини киногурӯҳ дар ҳайати коргардон Б. Кимёгаров, филмбардор М. Барбутли ва мушовири филм Мирзо Турсунзода ба шаҳрҳои Панҷакент, Самарқанд ва Бухоро сафар карданд. Филмбардори таҷрибаандӯхта, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мансур Барбутли фурсатҳои муносиб ҷуста, раҳораҳ лаҳзаҳои кинобобро ба навор мебардошт.
Устод аз ин хусус ба духтараш Холида (22 июни соли 1949) мактуб навиштааст:
«Бо супориши Ҳукумати Тоҷикистон киностудияи тоҷик… дар бораи ман як кинохроника тартиб доданд.
Дар рӯзҳои дар Исталинобод будани ман мулоқотҳо ташкил карда, сурат гирифтанд ва баъд аз он ба Бухоро омада, ҷойҳое, ки ман дар он ҷоҳо истиқомат намудам, бо нишон додани ман ба лента акс (лентаи кино. Т.Н.) бардоштанд…
(Ба ин тариқ сафари ман аз 13 май то 13 июн як моҳ пур шуд). Баъди ду рӯзи дар хона истироҳат киночиҳо ба Самарқанд расида омаданд…
Баъд аз он маро ба Панҷакат то Ёрӣ, то округи игтихоботии ман (мехоҳанд) бубаранд.
Хулоса, барои ман саргардонӣ ва ташвиши зиёд шуд, ки ман ҳеҷ гоҳ ин гуна «маросимҳо»-ро толиб нестам ва толиб набудам.
Бо саломи падарона С. Айнӣ»
***
Ба ин тарз филми ҳуҷҷатии «Садриддин Айнӣ» соли 1949, айёме, ки устод дар қайди ҳаёт буданд, ба экрани кинотеатрҳо баромад. Дар ин иқдоми наҷиб саҳми Борис Кимёгаров ва филмбардор Мансур Барбутли шоистаи таҳсин буд.
Ҳангоми тамошои филм бисёриҳо дар навиштаҷоти он номи филмбардор Мансур Барбутлиро хонда, аз тақдираш мепурсиданд, вале ҷавоби қаноатбахш намегирифтанд.
Боиси афсӯс аст, ки дар бораи ин филмбардори шинохта, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар китоби калонҳаҷми «Кино. Энциклопедический словарь» (Маскав, «Советская Энциклопедия», 1986, 640 с .), «Энциклопедияи советии тоҷик», «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (Душанбе, Сарредаксияи илмии энсиклопедияи советии тоҷик, 1987-1988 ҷилдҳои 1-3) ва «Энциклопедия кино Таджикистана» (Душанбе, «ЭР-граф», 2012, 396с) ҳатто як ҷумла ё маълумоти энсиклопедӣ ба даст наомад. Фақат як ҷумла Борис Кимёгаров дар хотираҳояш навиштааст: «Филмро мо (манзураш «Садриддин Айнӣ») ҳамроҳи филмбардор Мансур Барбутли ба навор гирифтем ва мушовири мо Мирзо Турсунзода ҳамеша ҳамроҳамон буд…» (саҳ. 23).
Мансур Яхич Барбутли 23 октябри соли 1909 дар шаҳри Боғчасаройи губернияи Таврический (ҳоло вилояти Қрими Федератсияи Русия) чашм ба олам кушодааст.
Муҳаббат ба расмкашӣ, ҳайкалтарошӣ, суратгирӣ ва дигар санъати нафисаро ҳангоми мактабхонӣ омӯзгори фанни расмкашӣ Владимир Константинович Яновский дар дилаш бедор карда буд. Мансур ҳамчун талабаи пешқадам ҳангоми таътили тобистона дар ҳайати экспедитсияи таърихӣ-археологии осорхонаи Боғчасарой ба сифати суратгир иштирок кардааст.
Баъди хатми Донишкадаи синамои Маскав (ВГИК) Мансур Барбутли солҳои 1935-1937 ассистенти оператори кинои Студияи филмҳои ҳуҷҷатии шаҳри Маскав, солҳои 1937-1941 филмбардори Студияи филмҳои ҳуҷҷатии шаҳри Қазон ва солҳои 1941-1943 филмбардори Студияи филмҳои ҳуҷҷатии шаҳри Куйбишев будааст.
Бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони фашистӣ ба хоки Иттифоқи Советӣ Мансур Барбутли ихтиёрӣ ариза навишта, ба ҳимояи Ватан рафтанӣ шуд. Азбаски филмбардорон чун солноманавис дар ақибгоҳ зарур буданд, соли 1943 хоҳишашро иҷро карданд.
Акнун дар китфаш ду силоҳ – дастгоҳи сабт ва автомат ҷой доштанд. Корнамоиҳои ҷангиаш ҳамчун филмбардори фронтӣ аз соли 1943 аввал дар киногурӯҳи Қувваҳои зиддиҳавоии ПВО дар ҳайати Фронти якуми Украина ва баъдан дар Фронти чоруми Украина то рӯзи Ғалаба давом дошт. Дар озодкунии шаҳрҳои Киев, вилоятҳои Ғарбии Украина, шаҳрҳои Керч, Симферопол ва Чехословакия иштирок карда, дар қатори 257 филмбардори дигари фронтӣ ҷон ба каф гузошта, муҳорибаҳо, корнамоиҳои аскарони советӣ ва ваҳшонияти фашистони немисро ба лентаи кино сабт кардааст.
Баъди ғалаба Мансур Барбутли бо ордену медалҳо ба Ватан баргашт ва фаъолияташро дар Студияи филмҳои ҳуҷҷатии шаҳри Куйбишев идома дод.
Соли 1946 Мансур Барбутли бо хоҳиши худ барои кор ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) омада, дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба кор оғоз намуд. Дӯсти солҳои ҷавониаш Иброҳим Барамиков аз соли 1935 дар «Тоҷикфилм» ҳамчун сарфилмбардор ва коргардон эътибори баланд дошт. Баъдан 5-сол ҳамроҳ кор карданд.
Тавре ки дар боло қайд кардем, Мансур Барбутли яке аз аввалинҳо шуда, соли 1949 симои нуронии устод Садриддин Айнӣро ба лентаи кино бардоштааст. Ин сабти зинда ва охирини устод буд. Баъди панҷ сол устод аз дунё даргузашт.
Солҳои баъд, ҳангоми таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ аз наворҳои соли 1949 бардоштаи ӯ истифода мебурданд, аммо дар навиштаҷоти (титри) филмҳо ва барномаҳо номи Мансур Барбутли зикр намешуд.
Дар 5 соли кораш ӯ бо таҳиягари маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров ҳамкорӣ дошт ва филмҳои ҳуҷҷатии «Водии миллионерҳо» (соли 1948), «Садриддин Айнӣ» (соли 1949), «Дар сарзамини аҷдодӣ» (соли 1949), «Сарзамини ҷавонӣ» (соли 1950), «Тоҷикистони Советӣ» (соли 1951)-ро таҳия намуданд.
Филми ҳуҷҷатии пурраметражи «Тоҷикистони Советӣ» аз шаш қисм иборат аст ва аввалин филми рангаи тоҷикист. Филми мазкур ба Киноатласи Иттифоқи Советӣ дохил шуда, соли 1952 сазовори ҷоизаи давлатии СССР гардидааст.
Мансур Барбутли пайомадҳои даҳшатноки ҷангро бо чашмони худ дида, наворбардорӣ кардааст ва сипас рӯз то рӯз ободу зебо шудани шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, заркориҳои деҳқонони асил, ҳунармандону санъаткорони номвари кишвари моро бо меҳру муҳаббат ба навор гирифтааст.
Шоҳидон нақл мекунанд, ки саҳаргоҳон барои мушоҳидаи тулуи офтоб, соати 4 аз чанд мавзеи баланди шаҳри Душанбе лаҳзаҳои дилхоҳро меҷуст. Ин ҳолат чанд рӯз идома дошта ва ниҳоят ба ҳадафаш расидааст.
Ин марди наҷиб айёми кору зиндагӣ дар Тоҷикистонро дар хотираҳояш чунин сабт кардааст: «Соли 1946 маро бо хоҳиши худам барои кор ба киностудияи Сталинободи Тоҷикистони офтобрӯ фиристоданд. Ин кишвари зебову афсонавӣ бо зебоиҳои табиати биҳиштосо, таърихи бойу маданияти баланд ва этнографияи нодиру бебаҳояш диққатамро ба худ ҷалб кард. Коллективи киностудия аз рӯзҳои аввал маро гарму самимӣ қабул карданд. Азбаски он айём дар киностудия ягона филмбардори фронтӣ ва иштирокчии ҷанг будам, аксарият маро эҳтиром мекарданду муносибати некхоҳона доштанд.
Ҳамчун эҷодкор таваҷҷуҳамро ёдгориҳои таърихии Бухоро, Самарқанд, Ленинобод, пахтазорҳои беканор, боғҳои ангурпарварӣ, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Боми ҷаҳон – Помир ва дигар зебоиҳои табиати халқи меҳнаткаш бештар ҷалб карда буданд. Баъди дидани ин лаҳзаҳо ва манзараҳо дар дилам хоҳише пайдо шуд, ки ҳамаи онҳоро бояд дар экрани кино таҷассум карда, ба ҷаҳониён нишон диҳем. То ҳадди имкон ин мақсаду маромамро иҷро кардам.
Соли 1951 зарурате пеш омад, бояд фавран ба шаҳри Орҷоникидзеи Осетияи Шимолӣ кӯч мебастам, зеро духтарам Албина гирифтори бемории дараҷаи баланди домана (малярия) шуд ва бояд макони зистамонро иваз мекардем. Баъди панҷ соли кору зиндагӣ бо дӯстону ҳамкоронам хайрухуш карда, аз Тоҷикистони бароям хеле азиз рафтем».
Вақте ки дӯсту ҳампешааш, яке аз асосгузорони кинои тоҷик, Артисти халқии РСС Тоҷикистон Иброҳим Барамиков 16 сентябри соли 1978 дар синни 70-солагӣ вафот кард, Мансур Барбутли ҳамчун дӯсти наздики ин хонадон ба унвонии оилаи Барамиковҳо, бахусус ҳамсараш Наталя Бёдровна ва писараш Рустам, номаи муфассали таслият фиристод.
Соли 1970 ба муносибати 35-солагии Ғалаба бар фашизми Олмон бо роҳбарии Артисти халқии СССР Роман Кармен ва дар ҳамкорӣ бо Ширкати «Эр тайм интернешнл»-и ИМА филм-эпопеяи таърихии телевизионии «Ҷанги Ватанӣ» омода шуд. Ин филмро аз тариқи Телевизиони марказии Иттифоқи Советӣ 20-рӯз намоиш доданд.
Дар ин филми ҳуҷҷатӣ, ки аз 20 қисм иборат аст, сужаҳои банаворгирифтаи Мансур Барбутли ҳам истифода шудаанд. Ҳангоми тамошои филм вай лаҳзаҳои шиносро дида, хеле ба ҳаяҷон омаду ашки шодӣ рехт.
Барои хидматҳои фидокоронааш ӯ бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи II (1945), медалҳои «Барои Ғалаба дар Олмон» (1945), «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (1945), «Барои меҳнати шоён», Дипломи Фестивали филмҳои ҳуҷҷатӣ дар Монтевидео (1957), унвони фахрии Ходими хидматнишондодаи санъати РСФСР (1970) ва Ҷоизаи комсомоли Ленинии кишвари Ставропол қадрдонӣ шудааст.
Аз соли 1957 узви Иттифоқи кинематографистони СССР буд.
Собиқадори ҷанг ва меҳнат Мансур Барбутли 7 марти соли 1992 дар 83-солагӣ дар шаҳри Владикавкази Осетияи Шимолӣ вафот кард.
Халқи сипосгузори тоҷик хидматҳои Мансур Яхич Барбутлиро дар инкишофи филмҳои ҳуҷҷатии кинои тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Ба шарофати ӯ мо симои зиндаи устод Садриддин Айниро ҳар даъфа дар экрани синамо тамошо мекунем. Ӯ филмбардорест, ки аввалин ва охирин бор бо устод вохӯрда, лаҳзаҳои кору зиндагиашро ба навор гирифтааст.
Тиллои Некқадам,
киношинос