Ҷашни устоди сухан

 Ҷашни устоди сухан

Моҳи майи соли равон дар Тоҷикистон ба муносибати 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода маҳфилҳои гуногун баргузор мегарданд.
115-солагии шоир дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» таҷлил мешавад.
Боқӣ Раҳимзода аз зумраи чеҳраҳои адабии маъруфи тоҷик буда, бо осори мондагори худ маҳбуби дилбохтагони адабиёт гардидааст. Осори ӯ бо номҳои «Солҳои оташин» (1948), «Барги сабз», «Ҳаёт ва сухан» (1955), «Чашма» (1957), достони «Роҳи нури Офтоб» (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» (1966), «Илҳом» (1973), дуҷилдаи «Осор» (1975-1976), «Шохаи гул», дуҷилдаи «Осор» (1982-1983), «Шеъру достонҳо» (1983) ва ғайра ба табъ расидаанд.
Нақши шоири ватансаро дар рушди маънавиёти ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ намоён аст. Ёдовар мешавем, ки имсол тибқи ҷадвали мазкур, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, дар мамлакат чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ, аз ҷумла 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, Фестивали байналмилалии театрии «Наврӯз», Фестивали ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон», Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ», Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола», Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии афсарону сарбозон – «Муҳофизони Ватан», Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» ва дигар фестивалу озмунҳо баргузор мешаванд.

Дигар хабарҳо