Дар лабаш замзамаи бемаргист

 Дар лабаш замзамаи бемаргист

Ба ёди Анвар Мирзоҳакими Олим

 Боре аз роҳи зеризаминии Термина­ли мусофиркашии пойтахт мегузаштам ва дар китобфурӯшии кӯчаки он ҷо чаш­мам ба китобе бо номи ғайримаъмулии «Баччаи лалмӣ» афтод. Нависандаи ин китоб Анвар Мирзоҳакими Олимро ғойибона мешинохтам ва асарҳояшро қаблан аз нашрияҳо хондаву писан­дида будам. Китобро варақ задам ва мундариҷааш зуд таваҷҷуҳамро ҷалб карду бо худ гирифтамаш. Онро дар як шаб бо ҳирсу ташнагӣ хонда, ба поён овардам. Ин ошноии муфассали банда бо дунёи офаринандаи китоби аз ҳар назар ғаноманди «Баччаи лалмӣ» буд. Дар аввал унвони он ба назарам аҷибу ғариб намуду каме ҳайратзадаам кард, «Баччаи лалмӣ», яъне чӣ? Баъди хондан дарёфтам, ки дар ин унвони пурмаъно чи саргузашту сарнавишти пурҳасрате нуҳуфтааст. Дар қиссаи ҳамноми китоб саргузашти кӯдаки пурормону пурҳирмонеро мехонему аз сарнавишти талхаш огоҳ мешавем. Ин кӯдак худи нависанда аст, ки баъдан аз нақлҳояш маълумамон шуд. Дар китоб ғайр аз асарҳои худи нависан­да тарҷумаи ҳикоёти нависандагони машҳури дунё низ ҷой гирифтааст, ки чирадастона анҷом шудааст ва аз густардагии доираи донишу биниши ӯ дарак медиҳад. Ин китоб дар феҳри­сти китобҳои дӯстдоштаи банда ҷой гирифт. Аммо бароям шигифтовар буд, вақте дидам, ки ин китоби хуб бо теъдоди 80 нусха чоп шудааст…

Соли 2015, дар рӯзҳои баргузории Анҷумани 14-уми Иттифоқи нависандагон дар байни анбӯҳи меҳмононе, ки аз шаҳру вилоятҳо ба пойтахт омада буданд, дӯсте ба ман марди баландболову хандонрӯ ва зоҳиран дарвешмашраберо муаррифӣ кард: – Шинос шавед, ин кас нависандаи дӯстдоштаатон, муаллифи «Баччаи лалмӣ» Анвар Олим. Ва мо бо ҳам шинос шудем. Аз гуфтушуниди кӯтоҳе, ки он рӯз доштем, дарёфтам, ки хеле фурӯтану хокист ва дар гапҳои самимонааш асаре аз такаллуф нест.

Соли 2018 бо амри сарнавишт дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ ихтиёр кардем. Дар баробари фаъолиятҳои дигар, дар маҷаллаи адабии «Паёми Суғд» низ ба кор пардохтам. Он вақт Анвар Олим мудири шуъбаи насри ин маҷалла буд. Маро дар дафтари кори ӯ ҷо доданд ва ҳамин тавр паҳлу ба паҳлу менишастем ва бо вуҷуди тафовути зиёди синнусолӣ, бо ҳамдигар тарҳи дӯстӣ рехтем.

Субҳгоҳон, ки кор меомад, фазои идора дарҳол тағйир меёфт, овози равғанину қавияш сукути сангини долонро мешикаст ва мавҷи хушҳо­лиро ба атроф мепароканд. Баробари салом додан аввал қиёфаашро ҷиддӣ мегирифту мегуфт: «Хоҳ бовар кунед, хоҳ не…» Ҳама гӯшу ҳуш мешуданд, ки ҳоло чӣ ҳарфи ҷиддиву муҳимме хоҳад гуфт. Ӯ, баъди андаке сукут варзидан, гапашро идома медод: «Имрӯз ҳаво гарм мешудааст». Ва садои ханда дар идора баланд мешуд.

Аз зумраи нависандагони девкор буд. Гоҳе бо чашмони аз бехобӣ сур­хидаву варамида ба кор меомад ва мегуфт, ки то бомдод даст аз навиштан набардоштааст. Навиштаҳои дигарон­ро бо камоли диққату сахтгирӣ таҳрир мекард. Ҳангоми гуфтугӯ бо онҳо рӯшо­ду ошкоро камбуду нақси асарашонро мегуфт ва басо мавридҳое буданд, ки муаллифони содаписанду саҳлангор аз ошкоргӯиҳояш меранҷиданд ва дар ғайбаш носазо мегуфтанд. Аммо ӯро аз ин ҳама парвое набуд. Чунон ба кораш фурӯ мерафт, ки олами перо­мунро бо ҳама ғайбатгаронаш аз ёд мебурд. Боре, баъд аз он ки муаллифе ба сабаби қабул нашудани асараш бо ӯ бархӯрди хашин кард, лабханд заду гуфт: «– Парво накунед, ошно. Инҳо адабиётро ба бозӣ гирифтаанд. Ме­хоҳанд ба ҳама чиз содаву осон даст ёбанд. Заҳмат кашидан намехоҳанд. Ҳарфи касеро қабул надоранд, би­ринҷашон оббардор нест».

Боре дастнависеро пешам гузошт. Гуфт, ки ин шеъри шоири бузурги ам­рикоӣ Уолт Уитмен аст. Ба чанд шоир додаму хостам, ки ба тоҷикӣ тарҷума кунанд. Баъзеҳо тарҷума карданд, вале ҳеч яке ба дилам нанишаст. Кӯшиш кун, шояд тарҷума карда тавонӣ.

Шеърро хондаму ҳаросе ба дилам роҳ ёфт. Мисли бештари шеърҳои Уит­мен мураккабу печида ва пур аз рамзу роз буд. Он шеър «Сабза» ном дошт. Чун таҷрибаи тарҷумонӣ надоштам, дар тарҷумаи шеър хеле азоб каши­дам. Баъди чанд рӯз тарҷума анҷом ёфт. Ба дасти нависанда додамаш. Бадиққат хонду сар такон дод. Аз ин «имтиҳони сахт» гузаштаму эҳсоси сабукболӣ кардам. Баъдтар дарк намудам, ки муроди ӯ на имтиҳон кар­дан, балки кам-кам ба кӯи тарҷумонӣ кашидани ман будааст ва мехостааст, ки «сартароширо бар сари бузургон биомӯзам». Порае аз шеъри «Сабза»-и Уолт Уитмен:

…Камтарин неши гиёҳе, ки сар аз хок кашад, ҳаст гувоҳ:
Марг поёни хати зистану будан нест.
Марг ғавчӯби раҳи зиндагиву рӯиш нест.
Ҳарчи дар зери самост,
Ҷовидон пӯявар асту ҷорӣ,
Дар лабаш замзамаи бемаргист.
Мурдан он нест, ки мепиндорӣ

Ба адабиёти ҷаҳон сахт дилбастагӣ дошт. Лаҳзаҳое ки дар бораи асари адиби ҷаҳоние суҳбат мекард, шӯру шааф вуҷудашро фаро мегирифт, чаш­монаш барқ мезаданд, ба ваҷд меомад. – Ошно, «Гуруснагӣ»-и Кнут Гамсунро хондаед? Қиёмат аст. Қаҳрамонаш барои пораи ноне чунон азоб мекашад, ки ногуфтанист. Ва чи тавр нависанда ҳолати ӯро хуб тасвир мекунад! – гуфт боре бо ҳаяҷон.

Ё мегуфт: – «1984»-и Ҷорҷ Оруэл­ро чӣ, хондаед? Чи асари бузургест. Нависанда пайғамбарона воқеиятҳои замони моро пешгӯйӣ мекунад.

Осори Шукшин ва Ч. Айтматовро дӯст медошт. Гулчине аз ҳикоёти Шук­шин ва асари «Алопаре, ки медавад лаб-лаби баҳр»-и Ч. Айтматов («Пегий пёс бегущий по краем море»)-ро ба тоҷикӣ тарҷума кард.

Ба шахсият ва осори устод Фаз­лиддин Муҳаммадиев иродати хос дошт. Боре нақл кард, ки дар ҷавонӣ ҳамроҳи Носирҷон Салимӣ ба дидори устод Фазлиддин Муҳаммадиев раси­дем. Устодро дар кӯча дидему худро муаррифӣ кардем. Моро ба манзила­шон даъват намуданд. Аз боби кори нависандагӣ суҳбати хубе доштем. Яъне, устод ба ҳадде хоксору меҳрубон буданд, ки мо, бачаҳои бегонаро аз кӯча ба хонаашон бурда, меҳмондорӣ карданд…

Дар бораи устод Саттор Турсун низ бо эҳтиром гап мезад. Боре нақл кард, ки соли 1987 дар машварати адибони ҷавони ҷумҳурӣ иштирок доштем. Асарҳои ҷавонони гурӯҳи моро устод Саттор Турсун баррасӣ мекард. Ҳангоми танаффус маро ба берун даъват намуд. Мехост дар танҳоӣ суҳбат кунад. Сигорро дардоду бо дуруштӣ гуфт: «Чаро тарона менависӣ? Таронанависӣ кори марди ҷиддӣ нест». Аввал каме озурда шудам. Вале баъд фаҳмидам, ки ҳарфи устод дуруст будааст. Аз тарона даст кашидаму ба ҳикояву қисса рӯй овардам…

Рафтору гуфтор, садову сукут ва ҳатто риндиҳову лоқайдиҳову мастиҳояш хоси худаш буданд. Соли 2020 дар айни авҷи бедодгарии вируси «КОВИД 19», ки мардум хонабанд шуда буданду аз салому дидор бо ҳам парҳез мекарданд, боре бо як даста гул аз хона баромада, аз кӯчаҳои хилвату андӯҳбор гузашта, ба манзили устодон Озарахшу Фарзона (онҳо гирифтори беморӣ буданд) мераваду дарвозаро мекӯбад. Соҳибони хона аз ин ташрифи ногаҳонӣ ҳайрон мешаванду мегӯянд, ки шумо чӣ гуна бениқоб ин ҷо омадед, метавонед бемор шавед. Ӯ табассум мекунаду гулро медиҳад ва мегӯяд, ин расми одамӣ нест, ки дар чунин рӯзҳо аз ҳоли шумо бехабар бошам…

Кам нависандагонеро дидаем, ки корашонро девонавор дӯст доранд, бе даъвову ғавғо, бе чашдошти ҷоизаву унвон, ба хотири дарёфтани нашъаи эҷод асар бинависанд. Анвар Олим ҳамин гуна нависанда буд. Ҳеч даъвое надошт. Барои подошу ҷоиза ба касе рӯйи ниёз намеоварду сари баланда­шро назди касе хам намекард. Хушбах­тона, дар солҳои охири ҳаёташ аз сӯи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ қадрдонӣ шуд. Барои ба даст овардани ин ҷоиза ҳам худ талоше надошт. Раҳбарияти ИНТ тасмим ги­рифт, ки ӯро бо ин ҷоизаи муътабар сарфароз кунад.

Таассуфовар аст, ки теъдоди ки­тобҳояш аз 100 нусха беш нест. Дар охири умр романи «Дар ломакон»-ро навишт, ки хеле хонданист, вале, му­таассифона, ин роман ҳам бо теъдоди хеле кам чоп шуду ба дасти хонандаго­ни пуршумор нарасид. Орзу дошт, сил­силаи резаҳикоёташро ҳам бо унвони «Қатраҳои борон баъди борон», ки дар поёни умр навишт, чоп кунад, вале ин орзуро бо худ ба хок бурд…

Вақти он аст, ки асарҳои ин нависан­даи ҳунарманду тавоно бо тарҷумаҳо­яш, ки кам нестанд, зери як ҷилд бо теъдоди бештар ба табъ бирасанд ва дар дастраси хонандагони пуршумор қарор бигиранд.

Дӯстони наздикашро маъмулан «Марди Худо» хитоб мекард. Ҳоло симои бовиқор, лоуболона, содагиву самимият, сигоркашиҳои андешаман­донаашро дар балкони Кохи матбуот ва ваҷду ҳолашро ҳангоми суҳбат дар бораи адабиёти ҷаҳон пеши назар оварда, зери лаб мегӯям, ки худи ӯ Марди Худо буд!

Ёдаш ҳамеша гиромӣ бод!

Толиби ЛУҚМОН

Дигар хабарҳо