Тарҷумоне, ки дилҳоро ба ҳам мепайваст

 Тарҷумоне, ки дилҳоро ба ҳам мепайваст

Дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз воқеаи муҳим ва таърихӣ рӯй дод. Бо ташаббуси оқилонаи сарварони ду кишвари дӯст ва ҳамсоя Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров сарҳади байни ду кишвар, ки чандин сол баста буд, кушода шуд. Оинаи дӯстӣ, ки каме хира гашта буд, покиза гашт.

Дар ҳақиқат, дӯстию бародарии халқҳои тоҷику қирғиз таърихи дуру тӯлонӣ дорад. Ин дӯстии ду халқ дар бузургтарин ҳамосаи гуфтории қирғиз — эпоси “Манас” низ таҷассуми худро ёфтааст. Ин асари калонҳаҷм ва бузургро эпоси дӯстӣ, пули дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз номидан мумкин аст. Дар бораи тарҷумони асар шодравон Аслам Адҳам ва таърихи тарҷумаи он, ки банда низ шоҳидаш буд, чанд сухан гуфтанист.

Бо Аслам Адҳам дар оғози солҳои 1980-ум шинос шудам. Аслам ба идораи рӯзномаи “Совет Тожикистони” (“Халқ овози”), ки дар ошёнаи дуюми хонаи матбуот ҷойгир буд, зуд-зуд меомад. Аз мудири шуъбаи ҳаёти партиявӣ Ҳошимҷон Султонов, ки миллаташ қирғиз буду забон ва адабиёти қирғизро нағз медонист ва тарҷумони хуб буд, маслиҳатҳо мегирифт. Ман, ки дар ҳамин шуъба ходими адабӣ будам, аз суҳбати онҳо баҳра мегирифтам. Оҳиста-оҳиста бо Аслам Адҳам аз наздик шинос шудам.

Як рӯз Аслам аз Ҳошимҷон чанд мисраеро, ки дар он зебоии тоҷикдухтари дӯстдоштаи Манас Каникей ситоиш карда шудааст, хост шарҳ диҳад.

Ҳошимҷон он мисраъҳоро бо забони модарии худ бо овози баланд қироат намуда, калимаҳои нофаҳморо маънидод кард. Калимаи “ҷеға” дар асл форсӣ будааст. Он ба зебу зиннати занон марбут буда, бо сангчаҳои қимматбаҳо оро дода шуда, ба кулоҳ ва ё мӯй овехта мешудааст. Калимаи “чылк” маънои тиллои софу тозаро ифода мекардааст. Калимаи туркии “жевак” низ ашёи зебу зинати духтарон буда, ба гардан овехта мешудааст. Ин калимаро ба забони тоҷикӣ “зеби гардан” ё “шаддаи марворид” ҳам мегуфтаанд. Калимаи “сейке”-и қирғизӣ ба забони тоҷикӣ маънои гӯшворро медодааст. “Шакек” ба забони тоҷикӣ ангуштарин будааст…

– “Манас”-ро аз забони асл тарҷума намудан аз тарҷумон хуб донистани за­бони қирғизиро тақозо мекунад. Боварам ҳаст, ки аз уҳдаи ин кор мебароед, – гуфт Ҳошимҷон Султонов.

Аз суҳбати онҳо донистам, ки пеш аз тарҷумаи “Манас” Аслам чанд бор ба Қирғизистон рафтааст. Бо манасшиносони номдор вохӯрда, аз адибони қирғиз мазмуну моҳияти “Манас” ва эпизодҳои муҳимро пурсидааст. Бо бисёр нусхаҳои “Манас” шинос шудааст. Аслам натанҳо забони тоҷикӣ, балки забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва озариро низ медонист ва бо назми онҳо шинос буд.

Ниҳоят “Манас” соли 1982 дар нашриёти “Ирфон” чоп шуд. Барои табрик ба хонаи Аслам рафтам. Танҳо зиндагӣ мекард. Дарро кӯфтам, азбаски гӯшаш вазнин буд, нашунид. Зани руси ҳамсояаш, ки Аслам вайро “Анна Антоновна“ гуфта, шинос карда буд, баромад. “Дароед, дараш кушода”, – гуфт ӯ. Аслам айнакашро ба миз гузошта, аз ҷо хест ва маро ба оғӯш гирифт. Болои миз бетартиб буд. Дар як кунҷ варақҳои фишурда хобида буданд. Дар тарафи рости миз луғатномаҳои русӣ-қирғизӣ, қирғизӣ-русӣ, русӣ-ӯзбекӣ ва боз чандин китоб меистод. Дар миёни миз дастхатҳо. Ба назарам ягон сатр тоза набуд. Аз хат кашидан, ислоҳ кардан, аз нав навиштан сип-сиёҳ шуда, дар баъзе сатрҳо ва дар ҳошия ишораҳо ба чашм мерасиданд. Кори ҳаррӯзаи Аслам ҳамин тавр оғоз меёфт ва поён надошт. Тарҷумаи “Манас” самари ҳамин гуна заҳмати бисёрсола аст.

Ӯ аз нашри китоб шод бошад ҳам, аз чизе андӯҳгин менамуд.

– Чаро хафаед? Кори бузургро ба анҷом расондед. Ҳаққи қалам ҳам кам нашудагист, – бо шӯхӣ пурсидам аз ӯ. Аслам хеле хомӯш монд. Дар чашмаш ашк намоён шуд. Сипас ҳаққи қалами кам додани нашриётро бо алам нақл карда, гуфт: “Дилам ба меҳнати даҳсолаам месӯзад. Умедам ба ҳаққи қалам буд. Дида истодаед, ки дар хона чизи зарурӣ надорам. Пули додаашон ба қарзҳо рафт”. Ӯ аз шодӣ не, аз алам гиря мекард, аз он, ки меҳнаташ ба дараҷаи лозим қадр нашуда буд. Азоби рӯҳияшро дида, ҳасраташро шунида, дилам об шуд ва аз хаёлам чунин фикрҳо гузашт: Дар бисёр мавридҳо дар бораи муаллиф гап мезанем. Мунтақидон дар бораи муаллифон ҳарф мезананду дар бораи заҳмати тарҷумон хомӯш меистанд. Тарҷумон аз назар дур мемонад. Имрӯзҳо, ки дунё ба «деҳаи глобалӣ» табдил ёфта, миллатҳои гуногун ба якдигар зиёд сарукор доранд, эхтиёҷ ба мутарҷим рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

Гуфтугӯи банда бо Аслам тӯл кашид. – Аз тарҷумонӣ даст кашам мегӯям, вале дил мекашад. Ягона тасаллобахши ман тарҷума аст. Аз ин кор лаззат меёбам. Ҳаққи қалами ночиз диҳанд ҳам, навиш­тан мегирам… Дигарон аз истироҳат ҳа­ловат баранд, ман аз тарҷума, – гуфт ӯ.

Аслам аз дастам тарҷумаи “Манас”-ро гирифту чунин ҷумлаҳоро навишт: «Дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз абадӣ бошад. Рӯҳи Манас ба шумо мададгор шавад».

Имрӯзҳо, ки бо фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази тарҷума кушода шудаасту дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ чунин марказ амал карда истода­аст, ҷои Аслам Адҳам холӣ менамояд. Агар ӯ зинда мебуд, оғози давраи нави муносибатҳои дӯстонаи тоҷику қирғизро дида, шод мешуду тарҷумаи “Манас”-ро, ки садҳо ҳазор мисраъро дар бар мегирад, давом медод, адабиёти тоҷикро бо чандин асари ҷаҳонӣ ғанӣ мегардонд. Рӯҳаш шод бод!

Сулаймон ЭРМАТОВ

Дигар хабарҳо