Ҷашнвора-озмуни “Парасту – 2025”

14-уми апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Ҷашнвора-озмуни саросарии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» баргузор гардид.
Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон иброз дошт, ки ҷашнвораи мазкур бо мақсади пешрафти соҳаи намоишноманависӣ, театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландмазмуни ватанӣ, кашфи ҳунарпешагон ва рассомони боистеъдод сурат мегирад.
Таъкид шуд, ки ҷашнвораи «Парасту»-ро коршиносон дар бахшҳои гуногун аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия доварӣ мекунанд.
Дар идома намоиши «Куруши Кабир»-и Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо коргардонии Аяна Аскинбоева пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.
Имсол он то 21-уми апрел идома ёфт, 18 театр намоишҳоеро рӯйи саҳна гузоштанд, ки дар давоми солҳои 2023-2024 эҷод кардаанд.
Рӯзи 21-уми апрел дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими натиҷагирӣ аз Ҷашнвораи театрҳои ҳирфаӣ “Парасту – 2025” баргузор гардид, ки шоҳҷоизаи он насиби намоиши “Достони Сиёвуш”-и Театри академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардид.
Бинобар натиҷагирии доварон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия мақоми нахуст ба намоиши “Ял”-и Театри мусиқии мазҳакаи ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ, мақоми дувум ба намоиши “Ривояти суғдӣ”-и Театри ҷумҳуриявии мусиқии драмаи ноҳияи Данғара ва мақоми сеюм ба намоиши “Бозгашт”-и Театри мусиқии драмаи ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом дода шуд.
Дар идома чунин ҷоизаҳо ба театрҳо ва ҳунарпешаҳо эъто гардиданд:
– ҷоизаи “Фарҳанги волои саҳна” – ба Низомиддин Раҳмонов барои нақши Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар намоиши «Ахтаре аз Хатлонзамин» аз Театри мусиқии мазҳакаи ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб;
– ҷоизаи “Беҳтарин ороиши саҳна” – ба Хайрулло Давлатов барои намоиши «Зангирӣ ё дамгирӣ» аз Театри мусиқии драмаи ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар;
– ҷоизаи “Беҳтарин намоиши лӯхтак” – ба Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон;
– ҷоизаи “Беҳтарин нақши эпизодӣ” – ба Тоҳир Меликов аз Театри ӯзбекии драмаи мусиқии ба номи Бурҳонови ноҳияи Спитамен;
– ҷоизаи “Беҳтарин ансамбли ҳунарӣ” – ба Театри мусиқии мазҳакаи шаҳри Бохтар;
– ҷоизаи “Беҳтарин нақши балет” – ба Фарангис Саидзода барои нақши Томирис дар намоиши «Куруши Кабир»–и Театри опера ва балет;
– ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” – ба Рухшона Улфатова барои нақши Татяна дар намоиши «Евгений Онегин»-и Театри таҷрибавии тамошобини ҷавони ба номи М. Қосимов;
– ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” – ба Дмитрий Мурзинов аз Театри драмаи русии ба номи В. Маяковский;
– ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” – ба Хуршед Мустафоев барои намоиши “Базм дар айёми вабо” аз Театри драмаи русии ба номи В. Маяковский.