АЗ РОҲИ ДИДА…

 АЗ РОҲИ ДИДА…

Олими ҷӯяндаву ёбандаву пурмаҳсули мо Анзурати Ма­ликзод шахсияти диданӣ, шу­ниданӣ, фаҳмиданӣ, алқисса, дӯстдоштанист.

Анзуратро бори аввал дар долони Иттифоқи нависанда­гон дидам. Бо чеҳраи гарм, бо лаҳни нарм, бо одоби зотӣ… То имрӯз барои ман Анзурат бо чунин сурату сирату хулқу атвор боқӣ мондааст. Дар мулоқоти дигарамон Анзу­рат ҳадяи модарашонро аз Дараи Ниҳон, ки маро нади­да, аммо шунида, камзӯлчаи тоҷикӣ дӯхта буд, расонд. Яке аз камзӯлчаҳои эҳдоиро, ки зуд пӯшидам, дӯстонам фикр мекарданд, ки аз Фаронса харидаам. Яъне ҳунарманди соҳибзавқ дар Дараи Ниҳон ҳам ҳунарманд аст, дар Порис ҳам.

Баъдан, хушбахтона, бо модари бузург дар манзили Анзурат давлати дидор до­штем. Барои муборакбодии тифли навзоди Анзурат аз деҳа омада буданд ва аз суҳбаташон дарк кардам, дар пеши ман бонуе нишаста, ки ҷаври таърихро бебаркаш ҳамроҳи зоту бунёдаш ка­шидааст. Ҷаҳли истилогарон онҳоро аз ҷоҳу макони бобои­яшон берун кардаву ба дараҳо паноҳ бурдаанд.

Номи Дараи Ниҳонро бори аввал двр китоби устод Айнӣ хондам, фикр мекардам сох­таи устод аст. Баъд фаҳмидам унвони умумии фирориёни Самарқанду дигар навоҳӣ бу­дааст, ки ба ин ҷо иҷборӣ кӯч бастаанд.

Дараи Ниҳон 70 деҳаро дар бар мегирад ва деҳаи Анзурат – Хуфар яке аз он ҳафтод деҳа аст, ки дар он ниҳон аст. Дар чунин як деҳаи дур модари Анзурат донишу савод дош­танд ва дастхатҳои қадимиро мехонданд. Хонадони эшон ба ҳар маънӣ сарватманд буданд – ҳам маънавӣ, ҳам моддӣ.

Дар болои санг гиёҳ на­мерӯяд. Анзурат аз ҳамон боғест, ки волидайнашон ин боғро нишонданду сабз кар­даанд ва самар бардоштаанд. Яъне Анзурати мо, ки имрӯз узви Иттифоқи нависандагон, корманди пешрави Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илми филология, адабиётшиноси соҳибэҳтиром аст, парвардаи чунин падару модари бузург ва зодаи ҳамин деҳаи аёни ниҳон аст.

Соли гузашта дар доираи даъват ба Донишгоҳи Тирмиз, ба деҳаи Анзурат низ сафар доштем. Маълумам шуд, ки Анзурат бо муҳити илмиву адабии кишвари ҳамсоя Ӯзбе­кистон робитаи доимӣ дорад ва донишҷӯёни зиёди ин мин­тақа бо сарварии ӯ кори илмӣ анҷом медиҳанд. Яке аз онҳо дар бораи Мунҷики Тирмизӣ, шоири классики камшинохтаи мо таҳқиқоте дорад.

Ӯро дар доираи илмиву фарҳангии Эрону Афғонистон хуб мешиносанд. Дар ҳамои­ши бузургдошти падари шеъри форсӣ устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Теҳрон суханронии хотирмоне дошт, ки аз ҷониби иштирокдорони ҳамоиш мо хуб пазируфта шуд. 

ГУЛРУХСОР,
Шоири халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо