Адиби фарзонаву фариштахӯ

Ба муносибати 90-солагии адиби зиндаёд Султон Сафар
Соли 1952 дар Вазорати маданияти ҷумҳурӣ имтиҳони дохилшавӣ ба студияи тоҷикии Омӯзишгоҳи театрии ба номи Шепкини шаҳри Маскав баргузор гардид. Дар озмуни мавриди назар зиёда аз 150 нафар довталаб иштирок намуданд. Баъди се рӯзи санҷиш 20 нафар писар ва духтар соҳиби тавсиянома барои таҳсил ба студияи тоҷикӣ шуданд. Нафари 20-ум донишҷӯи соли дувуми Донишкадаи омӯзгорӣ Султон Сафаров буд, ки меҳри санъат, муҳаббату шавқ ба ҳунари саҳна ва театр ӯро ба пойтахти давлати абарқудрати Шуравӣ шаҳри Маскав овард ва бидуни мушкилот толибилми Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Шепкин гардид. Ин даргоҳи муқаддаси ҳунару адаб чи дар гузашта ва чи имрӯз яке аз марказҳои шуҳратёр ва боэътибори ҷаҳони санъати театр маҳсуб мешавад.
Султон Сафаров дар қатори 19 нафар фиристодаи Тоҷикистон – Саодат Ҷӯраева, Ҷаҳон Саидмуродов, Соро Турсунова, Дилором Ҷӯрабоева, Сайфӣ Мерганов, Миша Муллоҷонов, Анвар Тӯраев, Бахталӣ Сабзалиев, Нозукмо Шомансурова, Қурбон Ғарибшоев, Неъмат Ноёфтов, Раҳмон Раҳимов, Зубайдулло Холов, Қудрат Шарифов, Абдувалӣ Ҷӯраев, Ҷаббор Ваҳҳобов, Раҳимҷон Раҳматов рӯзона ба таҳсил машғул буданду бегоҳирӯзиҳо дар саҳнаҳои оммавии намоишномаҳои Театри хурд иштирок мекарданд. Рӯёрӯйӣ дар саҳна бо ҳунармандони шуҳратманд, амсоли Е. Д. Турчанинова, М. Сараев, К. Зубов, В. Н. Пашенная, Р. Нифонтова орзуву ҳаваси ҳар як донишҷӯ буд, ки на ба ҳама муяссар мегардид. Фаъолияти драманависии Султон Сафаров дар солҳои донишҷӯияш, дар баробари омӯхтани маҳорати актёрӣ оғоз ёфта буд. Ба маврид менамояд ин ҷо зикр намоем, ки он солҳо барои Султон барин ҷавонони тоҷик таҳсил намудан дар ин шаҳри бузург хеле мушкил буд. Устод Султон Сафаров он лаҳзаҳоро ёдовар шуда, менависад: “Соли 1952, мо як гурӯҳ ҷавононро ба Омӯзишгоҳи олии театрии шаҳри Маскав ба номи М.Шепкин равон карданд. Азбаски тарбияёфтаи интернат будам, ба сару либос ва хӯрок эҳтиёҷи зиёд доштам. Обу ҳавои он сол хеле сард буд. Шунидам, ки Бобоҷон Ғафуров ба пленуми Комитети Марказии ҳизби Коммунист омадаанд. Маслиҳат доданд, ки илоҷе пайдо кунаму ба қабулашон равам. Баъди вохӯрӣ бо ёрдамчии устод ба қабули ман иҷозат доданд. Хуш қабул карданд. Аз таъсири сармо ва гуруснагӣ вуҷудам меларзид. Гиря гулӯгирам кард. Таом фармуданд. Куҷоӣ буданамро пурсиданд. Аз кӯҳистон, заҳматободӣ гуфтам. Сарамро навозиш ва сила намуданд. Аз ин меҳрубонӣ ашконам шашқатор шуд. Ба ёрдамчиашон супориш доданд, ки ба Масаидов, ки намояндагии Тоҷикистонро дар ҳузури ҳукумати марказӣ ба уҳда дошт, фармояд, ки ба ман барои харидани сару либос ва харҷи рӯзгор маблағ ҷудо кунад. Ба сафоратхона рафтам. Масаидов хуб гуфту ваъдахилофӣ кард. Рӯзи сеюм боз ба наздашон омадам. Ба иқболи ман Масаидов он ҷо буд. Маро диду хун аз рӯяш парид. Бобоҷон Ғафуров ӯро сахт танбеҳ доданд. Масаидов гуфт, ки аз ин сағираҳо ба ӯ рӯз нест, ба танг омадааст. Устод шӯрида гуфтанд, ки ана ҳамин сағираҳо ояндаи миллатанд ва қарзи мову шумо кумак ва тарбияи ҳамин сағираҳост. Инро фаромӯш накун. Супоришашон иҷро шуд…”
Пйесаҳои якпардагии “Хаткашон”, “Ду рафиқ”, “Имтиҳони аввал”, “Ангура хӯру боғаша напурс”, “Ҳайдари якрав”, “Роҳи сафед” ва ғайра аввал дар шакли этюд аз санҷишу имтиҳон гузашта, аз тарафи профессорон ва донишҷӯён муҳокима шуда, баъдан Султон Сафаров онҳоро ба қалам овард. Тавре ки аз мутолиаи ин намоишномаҳо бармеояд, онҳо фарогири ҳодисаҳои ҳаёти ҳаррӯзаи донишҷӯёни курси якум мебошанд.
Фаъолияти драманависии як зумра хатмкунандагони факултаи актёрии донишкадаҳои театрӣ – Шамсӣ Қиёмов, Шодӣ Солеҳов, Абдулҳафиз Қодиров, Нурулло Абдуллоев ва дигарон айнан ҳамин тавр сурат гирифтааст. Роҳбари бадеии студияи тоҷикии Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М.С. Шепкин-профессор Дмитриев Григорий Николаевич шогирдонашро ба ёд оварда, менависад, ки “Солҳо мегузаранд, аммо этюди “Хаткашон”, нусхаи дуюмаш “Пуштачӣ”-и Султон Сафаров ҳеч аз ёд фаромӯш нахоҳад шуд. Ин ва дигар этюдҳои студияҳои тоҷикон ба барномаи “Бригадаи комсомолӣ” ворид гардида, дар қисмҳои ҳарбӣ, заводу фабрика, клубҳо ва кохҳои фарҳангии шаҳри Маскав бо муваффақият намоиш дода мешуданд”.
Соли 1956 донишҷӯёни студияро барои иштирок дар даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав ба Сталинобод даъват намуданд.
Ҷавонписарон ва ҷавондухтарон дар саҳнаҳои оммавии спектаклҳои даҳа – “Шоҳ Лир”-и В.Шекспир, “Дил-дили Зайнаб”-и Ш. Қиёмов ва А. Мороз, “Саодат”-и С.Саидмуродов ва М. Рабиев, “Дохунда”-и Икромӣ нақшҳо бозиданд.
Баъди иштирок дар даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик донишҷӯёни курси чоруми Омӯзишгоҳи театрии ба номи Шепкин ба Маскав баргашта, корро рӯйи намоишномаҳои дипломии курсашон “Зангирии Фигаро”-и Бомарше, “Зане аз Панҷоб”-и Б. Гарги, “Шарораҳо даъват мекунанд”-и Ф. Тошмуҳаммадов, “Норасида”-и Фонвизин, “Гунаҳкорони бегуноҳ”-и А. Н. Островский идома доданд.
Бозгашти ин ҷавонон ба Душанбе боиси таъсиси Театри ҷавонони ҷумҳурӣ шуд ва ҳамаи хатмкардагон ба кор таъмин гардиданд. Аммо, мутаассифона, ҳайати театри навбунёд ба мушкилоти зиёде дучор гардид. Аввалан, театр фаъолияти худро бидуни бинои алоҳида оғоз намуд. Он ҳамчун филиали театри академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ амал мекард. Аз бепарасторӣ ва хунукназарии масъулон студия ҳамагӣ ду сол арзи вуҷуд намуд. Намоишҳояшро асосан дар меҳмонӣ ба саҳна мегузошт. Дар саҳнаи театри ба номи А. Лоҳутӣ онҳо имкони тамоман ками ба саҳнагузорӣ доштанд. Ин ҳама боиси он шуд, ки театри ҷавонон баста ва ҳайати он пароканда гардад. Танҳо чор нафари ин тими умедбахш дар театри ба номи А. Лоҳутӣ ба кор пазируфта шуданд, ки инҳо Нозукмо Шомансурова, Султон Сафаров, Бахталӣ Сабзалиев, Зубайдулло Холов буданд.
Султон Сафаров муддате дар театр кор карда, як қатор нақшҳои ҷолиб ва мондагор офарид. Аввалин нақши дар саҳнаи театри академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ офаридаи ӯ Хушвахт дар намоиши “Қишлоқи тиллоӣ”-и Мирсаид Миршакар буд. Султони ҷавон бо муҳаббату садоқати бепоён ин нақшро иҷро карда буд. Иштирок дар намоишҳо бо устодони забардасти саҳнаи тоҷик, ба ҷавонон илҳоми тозаи эҷодӣ бахшид ва онҳо дар саҳна ба табиати ақлонию фарҳанги ботинии ҳунарпешаи мумтоз Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, ба меҳнатдӯстии ғайриодӣ ва матонати эҷодии Гулчеҳра Бақоева, ба ҷаззобияту содагии мазҳакавии Аслӣ Бурҳонов ва ба ҳунари ҳақиқатан худододи Муҳаммадҷон Қосимов таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Султон Сафаров баъдтар дар корҳои маъмурии соҳаи радио ва телевизион сафарбар мегардад. Ӯ муддате сармуҳаррири шуъбаи адабиёт ва санъати Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Дар ин ҷо фаъолияти Султон Сафаров натанҳо ҳамчун муҳаррир, балки бештар муаллифи чандин барномаҳои адабӣ ба назар расад ҳам, аммо ҳамеша дар кунҷи дилаш меҳру муҳаббати театр аз худ як оташаки хомӯшнашавандае боқӣ гузошта буд. Султон Сафаров пас аз гузашти чанд муддат сармутахассиси шуъбаи санъати Вазорати маданият таъин мегардад. Акнун ба ӯ имкон даст дода буд, ки дар муҳокимаи нахустнамоиш ҳамчун мутахассиси варзида баҳри беҳбуди намоишномаҳо ва кори ояндаи театр таклифу пешниҳодоти муфидро арза намояд.
…Султон Сафаров солҳои 1979-1987 ба ҳайси муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Ӯ дар ин вазифа бештар масъули театрҳо, соҳаи драматургия, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои эҷодӣ буд. Бояд гуфт, ки Султон Сафаров бо феъли хуб, дониши мукаммалу дарки амиқи соҳаҳои ба ӯ вобаста пайваста кӯшиш менамуд, ки роҳи ҳалли масъалаҳоро пайдо намояд…
Драмаҳои “Садоқат”, “Қарзи виҷдон”, “Фариштаҳо” ва “Иблисони асри бист”-и мавсуфро театрҳои Булғория, Ветнам, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба саҳна гузоштаанд, ки натанҳо бахту иқболи баланди драмнавис Султон Сафаров, балки шарафи миллати тоҷик ва драматургияи он буд.
Асарҳои илмии Султон Сафаров “Конфликт ва характер”, “Проблемаҳои асосии драмаи тоҷик”, “Масъалаҳои таъсир ва рушди мутақобилаи фарҳанги миллатҳо” ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар нашриётҳои “Ирфон” ва “Мысл” чоп шудаанд.
Султон Сафаров дар таъсису бунёди биноҳои театри “Лухтак”, театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов, қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб, таъмиру тармими театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар қатори М. Назаров ва С. Мирзошоев саҳмгузор буд.
Хатти асосии фаъолияти эҷодии Султон Сафаровро драманависӣ ташкил додааст. Дар шаш китоби ба табъ расонидаи ӯ “Гирдоб” (1968), “Шарораи Хуҷанд” (1980), “Қарзи виҷдон” (1985), “Бақои умр”(1986), “Ҳақиқати талх” (1990) ва “Иблисони асри бист” (2004) зиёда аз 30 асари хурду бузурги драмавии ӯ фароҳам омадаанд.
Нахустин намоишномаҳои драмавии ӯ “Хаткашон” (1957) ва “Ду рафиқ” (1960) дар театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба саҳна омадаанд. Соли 1970 театри академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ драмаи “Беватан”-и Султон Сафаровро ба саҳна гузошт. Дар натиҷаи ҳамкориҳои пайвастаи коргардон Хушназар Майбалиев ва муаллиф Султон Сафаров намоишномаи мазкур хеле пухтаю суфта рӯйи саҳна омадаву ба истиқболи гарми мухлисону тамошобинон сазовор шуда буд. Аз он рӯзҳо зиёда аз 40 сол пушти сар шуда бошад ҳам, вале чеҳраҳои хотирмонашон – хаткашон Маҳмуд Тоҳирӣ, модар – Мушаррафа Қосимова, Фирӯза – Хайрӣ Назарова ва Марям Исоева, марди бузриш дар иҷрои ҳунарпешаи беназир Қиматшо Ҳикматшоев аз ёдҳо фаромӯш нашудаанд. Муваффақияти ин намоишномаи тоза ба драматург Султон Сафаров болу пар бахшид. Театри ба номи А. Лоҳутӣ боз ду намоишномаи ӯ – “Бақои умр” (с.1981) ва “Ҳақиқати талх”-ро (с.1986) ба саҳна гузошт, ки дар ин миён “Ҳақиқати талх” беҳтарин намоишнома дониста шуда буд.
Драмаҳои “Садоқат”, “Шарораи Хуҷанд”, “Мурдаҳои абадзинда”, “Интиқом”, “Қарзи виҷдон” дар солҳои гуногун рӯйи саҳнаи театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд омада, пешкаши тамошобинон гардидаанд. Асари “Қотил”-и Султон Сафаровро театри драмаи русии ба номи В. Маяковский ва асарҳои дигари ӯ “Алафҳои бегона”, “Торҳои муҳаббат”, “Тири маломат” (бо ҳаммуаллифии Қутбӣ Киром ва таҳияи Абдулҳафиз Қодирӣ) ба саҳна гузошта шудаанд.
Агар ин марди шикастанафсу покизарӯзгор ва росткору ҳақиқатгуфторро марги беамон намебурд, ҳоло ба остонаи навадуми умри хеш қадам мениҳод. Боиси тасаллии хотир ин аст, ки марг тавонист фақат ҷисман ӯро аз миён барад, вале зиндагии чунин одамон бо марг қатъ намегардад, зиндагии дигари онҳо дар ёдҳо, хотираҳо идома меёбад.
Ҳамза БОҚИЕВ,
номзади илми филология
* * *
СУҲБАТОРО ВА ДИДАДАРО
Султони Сафар ба бисёр драманависону мунтақидони риштаи театр ҳаққи устодӣ дошт. Аз мактаби эҷодии ӯ як зумра драманависони ҷавон баҳра бардошта, имрӯз ба дараҷаи устодӣ расидаанд.
Ҳини дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданиву маърифатӣ хонданам бори аввал тавассути намоишномаи якпардагии «Ҳайдари якрав» бо ному эҷоди Султон Сафар ошно шудам. Театри ноҳиявӣ ин намоишномаро рӯйи саҳна оварда буд. Баъди он асарҳои зиёди устодро ҳам дар саҳна дидам ва ҳам бо мароқи том мутолиа кардам.
Султон Сафар бо намоишномаҳои кӯчаку бузург ҳамчун драманависи халқӣ ба ҷилва меомад. Беҳуда набуд, ки аксари навиштаҳои ӯ аз ҷониби коргардонҳои беҳтарини ҷумҳурӣ дар театрҳои касбӣ пайиҳам рӯйи саҳна меомаданд ва писанди тамошобинони сершумор мегардиданд.
Бо устод, ба гумонам, бори аввал замоне ки ӯ дар Вазорати фарҳанг ба ҳайси муовини аввали вазир ифои вазифа менамуд, рӯ ба рӯ омадам. Меҳрубонӣ ва дастгирии ӯ буд, ки аввалин асари калонҳаҷми ман «Писари Ватан» дар саҳнаи Театри вилоятии шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҷониби коргардони машҳур Хушназар Майбалиев рӯйи саҳна омад. Баъди ин бо Султон мунтазам нишастҳои эҷодӣ доштем. Дар семинарҳо, муҳокимаи асарҳои саҳнавӣ, ҳини қабул фаъолона ширкат мекард. Ба сифати драманависи шинохта ва олими намоёни соҳаи театр намоишномаҳои драманависони ҷавонро мехонд ва маслиҳат медод.
Султон Сафар, ба гумони ғолиб, яке аз аввалин адибони тоҷик буд, ки ба кори дӯстдоштааш – офариниши асарҳои саҳнавӣ содиқ монд. Танҳо асарҳои саҳнавӣ офарид ва дар тадқиқу таҳқиқи нақди театрӣ низ дастовардҳояш назаррасанд.
Драманависи шинохта, муҳаққиқи варзида, омӯзгори писандида, узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1962, номзади илми санъатшиносӣ, профессор Султон Сафар то охир барои ман азизу муҳтарам монд, чаро ки дар тӯли солҳои зиёде, ки ҳамдигарро мешинохтем, хушсухан, меҳрубон суҳбаторо, дидадаро ва фурӯтану хоксор буд.
Чанд сол муқаддам дар нашриёти «Адиб» осори баргузидаи Султон Сафар бо номи «Иблисҳо» аз чоп баромад. Вақте чанд нусхаи аввали китобро ба даст гирифт, ашки шодӣ рехту гуфт: «Ташаккур ба Президенти муҳтарам, ки имрӯз пушту паноҳи аҳли эҷод шудаанд ва ёрӣ мерасонанд».
Устоди муҳтарами мо Султон Сафар агар дар ҳаёт мебуд, имрӯзҳо ба синни навадсолагӣ мерасид. Дар ин фасли зебои баҳор ӯро ба некӣ ёд мекунам.
Мутаассифона, марги бемаҳал имкон надод, ки имрӯз ӯ ҳамроҳи мо, дар паҳлуи мо – шогирдонаш бошад. Дар зиндагӣ рисолати хешро ҳамчун эҷодкор бошарафона ба ҷо овард, барои адабиёт, барои мухлисон сидқан хидмат кард.
Ёдаш ба хайр!
Ато ҲАМДАМ,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
* * *
СУЛТОН САФАР АЗ НИГОҲИ АҲЛИ НАЗАР
Ҳангоми ҷонишини аввали вазири фарҳанг будан Султон Сафар ба пешрафти санъати касбии миллат хизматҳои шоёну намоён карданд, хулоса, аз уҳдаи ҳар коре, ки карданд, сарбаландона баромаданд. Барои ҳамкорону ҳамкасбон намуна буданд, намуна монданд. Ман аз меҳрубониҳои эшон умрбод сипосгузорам.
Тӯрахон Аҳмадхон,
Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон
* * *
Имрӯз адабиёти тоҷикро, хусусан драматургияи онро бе номи Сафар Султон тасаввур кардан душвор аст. Ӯ дар радифи драманависони машҳури мо, аз қабили С. Саидмуродов, Ғ. Абдулло, Ф. Ансорӣ, А. Сидқӣ ва дигарон қарор мегирад ва дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он дӯстону мухлисони зиёд дорад. Адиби хушзавқу хушсалиқаи мо ин дӯстӣ ва ихлосмандиро бо меҳнати ҳалол, ахлоқи ҳамида ва истеъдоди модарзодии худ ба даст овардааст.
Ман ҳам яке аз дӯстон ва мухлисони дерини ӯ мебошам. Ҳамаи асарҳояшро гаштаю баргашта хондаам ва дар толори театрҳо нишаста, дар қатори бинандаҳо гаштаю баргашта чапак задаам. Султон Сафар баъди хатми донишкадаи омӯзгории Душанбе ва омӯзишгоҳи театрии Маскав солҳои шастуми қарни гузашта вориди адабиёт ва театр гардид ва дере нагузашта мавқеи намоёни худро пайдо кард. Ӯ, ки қоидаҳои саҳна, ташбеҳу истиора, забони зиндаи халқро хуб медонад, устодона ба кор мебарад, худ механдад ва дигаронро низ механдонад, дар намоишнома ва мазҳакаҳояш симо ва башараи қаллобон, ҳатӯлкорон ва фиребгарҳоро фош менамояд. Аз чунин қабиланд намоишномаҳои «Зангирии Қорипоччо» «Ҳақиқати талх», «Аёдати бемор», «Қарзи виҷдон» ва ғайра, ки умри дарози театрӣ насибашон гардидааст.
Ба замми ин ҳама бояд гӯям, ки адиби ватанпарвару хушсалиқаи мо Султон Сафар инсони некукор, фурӯтан ва кушодапешонӣ мебошад. Ӯ солҳои дар вазифаҳои мудири сектори санъати КМ Партияи Коммунисти Тоҷикистон, директори киностудияи «Тоҷикфилм», ҷонишини якуми вазири фарҳанг ва ноиби ректори Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода кор карданаш шогирдони зиёдеро тарбия карда, ба камол расонидааст, дасти афтодагони зиёдеро гирифтааст ва сари чандин бечорагонро сила намудааст.
Бобо ҲОҶӢ, адиб
* * *
Бо тақозои касб ва фаъолият дар театр бо бисёр устодони сухан ва арбобони санъат дар базму маҳфилҳо, анҷуману фестивалҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҳамнишину ҳамсафар будам ва зиёда аз он бо бархе аз онҳо пайванди дӯстию бародарӣ дорам. Устод Султон Сафаров аз ҷумлан онҳо буда, бо меҳру муҳаббати хоса ба дилу дидаи банда маъво гирифтаанд. Гумонам, ки устодро аз овони кӯдакӣ мешиносам ва бисёр сабақҳои зиндагиро аз он кас омӯхта ба камол расидаам.
Ҳамроҳи устод ва Шоири халқии Тоҷикистон, дӯсти ҳамнишини ҳардуи мо – шодравон Қутбӣ Киром солҳои зиёд шинухез доштем ва ба қавле ҳамроҳ як пуд намак хӯрдаем. Бо ҳайрат ёд меоварам, ки устод Султон Сафаров бо ҳама самимияту улфат боре ҳам гуфторе ва ё рафторе зоҳир накардаанд, ки боиси ханда ва ё тасфондани суҳбату маҳфили мо шуда бошад. Шиносоии ман аз наздик бо Султон Сафаров аз ҳамон солҳое, ки он кас ба ҳайси муовини аввали вазири маданияти Тоҷикистон кор мекарданд, оғоз ёфта буд ва тайи ин солҳо дар кор ва ҳамкории эҷодӣ ё дар меҳмониву лаҳзаҳои фароғат ман фақат як Султон Сафаровро медидам. Яъне марде, ки дар ҳама ҳолатҳо ашрофзодагӣ зоҳир мекунад. Воқеан бо маънон томаш устод ашрофзода ҳастанд.
Шояд ин сифат ба он кас ҳанӯз овони ҷавонӣ ҳангоми дар Донишкадаи театрии шаҳри Маскав хонданашон ёр шуда бошад.
Асарҳои драмавии устод низ дар ҳамин рӯҳия эҷод шудаанд. Эшон ҳамчун драманавис бештар бо театри мо ҳамкорӣ доранд. «Алафҳои бегона», «Агар зан ба шӯр ояд» ва «Тири маломат» аз қабили он асарҳоеанд, ки дар театри мо таҳия гардида, аз тамошояш мардум олам-олам баҳра бардоштаанд. Драмаи «Тири маломат»-ро устод дар ҳамкорӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Қутбӣ Киром нигоштаанд, ки онро банда таҳия намудаам.
Азбаски ин асар пас аз сари устод Қутбӣ Киром рӯи саҳна омад, ҳангоми таҳияи он Султон Сафаров шабу рӯз дар паҳлуи мо буданд ва бо маслиҳату сахтгирии худ барои дар сатҳи баланд омода гардидани намоиш коргардону ҳунармандонро мададгор буданд.
Солҳои фаъолият дар театри ҷавонон ба ҳайси саркоргардон ва директор кор карданам бо бисёр драманависон ва адибон ҳамкорӣ кардам. Тавассути ин амал байнамон муносибатҳои дӯстӣ барқарор мешуд. Одатан муаллифон ба хотири он, ки асарашон рӯи саҳна ояд, ба талаботи коргардонҳо розӣ мешуданд ва асарашонро мувофиқи хоҳиши онҳо тағйир медоданд. Вале устод Султон Сафаров принсипи худро доштанд. Он кас натанҳо ҳангоми таҳияи асар, балки ҳангоми қабули спектакл аз ҷониби шӯрои бадеии вазорат агар нақсе дар кори коргардон ва нақши офаридаи актёрон зуҳур карда бошад, аввалин шуда худашон ҳамчун муаллиф эрод гирифта, намоишномаро танқид мекарданд.
Боре дар қабули спектакле, ки аз рӯи асари устод Султон Сафаров таҳия шуда буд, эшон ҳамчун муаллиф норозигии худро баён карданд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, актёри театр Тағоймурод Розиқов пас аз гусели меҳмонҳо назди ман омада гуфт:
«Ман устод Султон Сафаровро нафаҳмидам. Ба ҷои он ки ҳамчун муаллиф спектаклро дастгирӣ намоянд, баръакс худашон мусоидат карда истодаанд, ки намоишнома қабул нашавад».
Бале, устод Султон Сафаров марди сахтгир буданд ва ба хотири касеву чизе, ҳатто ба хотири асари эҷоднамудаи худ ба саҳлангориву замонасозӣ роҳ намедоданд.
Абдулҳафиз ҚОДИРӢ,
Арбоби шоистаи ҳунар