Устод Айнӣ ва рӯзномаи “Тоҷикистони сурх”

Ба истиқболи 100-солагии рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Дар рушду нуму ва пешрафти рӯзномаи “Ҷумҳурият” фарзандони барӯманди халқи тоҷик, аз ҷумла Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ, ки яке аз муаллифони фаъол ва асосии рӯзнома ба ҳисоб меравад, нақши муассир гузоштаанд. Устод Айнӣ дар мақолаи “Муборизаи 15-солаи бошарофона” (“Тоҷикистони сурх”, 15 марти соли 1940) менависад: “Газетаи “Тоҷикистони сурх” модари матбуоти Тоҷикистони советӣ, ҳатто модари матбуоти тоҷикии советист, ки имрӯз даҳҳо фарзандони баркамоли республикавӣ, вилоятӣ ва районӣ дорад”.
Дар эҷодиёти устод Айнӣ ҳамчун шоир, нависанда, адабиётшинос, муаррих ва забоншинос асарҳои публитсистии ӯ низ мондагор мебошад.
Садриддин Айнӣ дар матбуот фаъолияти густарда дошт ва мунтазам нигоштаҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ба нашр мерасиданд. Бо таъсиси нашрияи “Иди тоҷик” устод Айнӣ ҳамкории зич ва судмандро ба роҳ монда, бештари осори публитсистии худро дар солҳои 1931-1954 дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” ба чоп расонидааст. Ба андешаи мо, ҳамкории зичи устод бо рӯзномаи мазкур ба иқомат дар шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) ва ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардидани ӯ иртибот мегирад. Тавре худи устод Айнӣ дар асари “Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам” (1949) меорад, аз соли 1929 то соли 1938 узви Комиҷроияи Марказии Тоҷикистон буд, соли 1939 депутати Совети шаҳри Сталинобод, соли 1947 депутати Совети Олии Тоҷикистон ва соли 1948 дубора депутати Совети шаҳри Сталинобод интихоб шудааст.
Метавон гуфт, ки манбаи илҳоми устод Айнӣ дар офаридани асарҳои публитсистӣ дар хоҷагии халқи мамлакат шуруъ гардидани бунёдкориҳои зарбдор, ҷӯшу хурӯш дар майдони кишту кор, ташаббусҳои халқӣ дар ободкориву созандагӣ, ки ҳамагӣ ба руҳияи замони нав тавъаманд, маҳсуб мешавад. Дар ин маврид профессор Масрур Абдуллозода менависад, ки “ҷанбаи публитсистии осори илмию адабии Садриддин Айнӣ, пеш аз ҳама, дар ҳадаф ва вазифаҳои иҷтимоии мушаххасу муайяни ӯ, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавон ва тарғиби ҳувияти миллии тоҷикон ифода ёфтааст, ба назар мерасад. С. Айнӣ дар осори сершумори илмию адабии худ худшиносии миллӣ-таърихӣ ва миллӣ-фарҳангии тоҷиконро асоснок карда, ба ин васила ба ҳувияти тоҷик пуштибонии таърихию фарҳангӣ додааст”.
Публитсистикаи устод Айнӣ аз нигоҳи мавзуу муҳтаво гуногун буда, ба масъалаҳои муҳимми замон нигаронида шудааст. Мақолаи “Ғалабаи намоён” (21 октябри соли 1936), тавре аз номаш маълум аст, ба муносибати нақшаи пахтасупориро иҷро кардани мардуми меҳнаткаши Тоҷикистон навишта шудааст. Мувофиқи тақозои жанр муаллиф тадбирҳои дар ин самт андешидаи мақомоти расмӣ, сабабҳои иҷро нагардидани нақша дар солҳои пешин, аз ҷумла, “пасмондагии шармоваронаро аз роҳбарияти маҳаллӣ кофта ёфтан даркор буд: ин сабаб ёфт шуд, роҳбарияти нав ба майдон омад”-ро қайд мекунад. Ҳамин тавр, “Тоҷикистон дар соли 1935 ба майдони ғалаба аввалин қадами худро ниҳод ва ҳеҷ фурсат нагузашта, ба шарафи гирифтани мукофотҳои олии ғалабаи худ ҳам мушарраф шуд”.
Муаллиф бевосита дар майдони кишту кор ба заҳмати деҳқонон шинос мешавад. Аз ин рӯ дар мақола факту рақамҳо ва тасвири эпизодҳо воқеӣ буда, нигоштаро ҷолибу хонданӣ намудаанд.
Публитсист бардошт ва таассуроти худро аз ноҳияҳои Сталинобод, Кӯктош, Арал, Қӯрғонтеппа, Октябр ва Қубодиён дар моҳҳои апрел ва май чунин ба қалам медиҳад: “Рафти кишт, рафти каландкунӣ, рафти хишова ва ягонакуниро ба чашми худ дидам. Чунон ки офтоби сӯзони водии Вахш ба фаъолияти меҳнатии онҳо монеъ шуда наметавонад, инчунин селгарди баҳории райони Сталинобод, Кӯктош ва Арал ҳам наметавонист, ки пеши роҳи онҳоро гирад”.
Яке аз мавзуъҳои муҳимме, ки дар публитсистикаи устод Айнӣ ҷойгоҳи вежа дорад, масъалаи бунёдкориҳо дар Тоҷикистон мебошад. Муаллиф дар очеркҳои “Обёрӣ” (29 феврали соли 1940), “Канали Тӯқсанкориз” (15 майи соли 1940) ва “Канали Марғедар” (28-29 ноябри соли 1940) корномаи мардуми меҳнаткаш ва иродаи қавии онҳоро дар обёрӣ кардани даштҳои ташналаб бозтоб намудааст. Ба гунаи мисол, очерки “Обёрӣ” бо байти шоир:
“Бо вуҷуди қурб маҳрумем аз базми висол,
Наҳри бепарво канори хешро одоғ кард”
оғоз мешавад, ки ҳадафу ғояи асосии асарро муайян мекунад. Муаллиф дар заминаи воқеаҳои таърихӣ ҳамин байтро шарҳу тавзеҳ медиҳад. Аз ҷумла, сабабҳои аз байн рафтани шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳрро, ки бо вуҷуди дар соҳили наҳрҳо ҷойгир будан аз беобӣ харобу валангор ва беномунишон, яъне, “одоғ” шудаанд, рӯи коғаз меорад. Дар ин кор “феодалҳо, ки ҳукмрони беамони он замонҳо буданд, ба ин аҳвол ва шароит ё чорае надида, “тамошобин” шуда менишастанд ё ин ки бо ҷангуҷӯши байни худ ба хароб шудани сарбандҳо сабаб шуда, вайрон ва нест шуда рафтани шаҳрҳо ва деҳаҳоро боз ҳам тезтар мекарданд”.
Ҳангоми тасвири қаҳрамонон ва барҷаста нишон додани қаҳрамонии онҳо нависанда аз амирони охирини Бухоро ва хонҳои Фарғона ёдовар шуда, онҳоро мазаммату танқид мекунад. Дар идома муаллиф истисмор шудани мардуми меҳнаткашро аз ҷониби хонҳои охирини Фарғона ва колонизатарҳои императорӣ дар ҳашарҳои обёрӣ бо воқеаҳои таърихӣ шарҳу тавзеҳ медиҳад.
Дар қисми дуюми асар муаллиф таваҷҷуҳи хонандаро ба сохтмони бузурги Вахш, Хоҷабоқирғон, обёрии канали Лағмон, канали Калони Фарғона, ки бо дастгириву сармоягузории ҳукумати шӯравӣ, ёрии муҳандисон ва кормандони техникӣ ва ташаббусҳои халқӣ рӯйи кор омадаанд, равона мекунад.
Усули қиёсӣ аз вежагиҳои осори публитсистии устод Айнӣ ба ҳисоб меравад. Аз мазмуну муҳтавои мақолаи “Обёрӣ” бармеояд, ки муаллиф бартарӣ ва афзалияҳои сохти навро нисбат ба давраи амирӣ нишон дода, тавассути шарҳу тавзеҳи воқеаҳои таърихӣ ба бедории фикрӣ даъват мекунад: “Мардуми ғулом ва асири пештара мардуми қаҳрамони ташаббускор ва эҷодкори сохтмони сотсиалистӣ гардида, намоён шуданд. Яке аз ин ташаббусҳои халқӣ, ки асари худро дар соҳаи обёрӣ нишон дод, канали Лағмон буд. Канали Лағмон дар баҳори соли 1939, дар рӯзаке чанд бо ташаббуси худи халқ канда шуд”.
“Канали Марғедар”, ки аз ҳафт қисмат иборат аст, аз нигоҳи тасвир, тарзи баён ва бандубасти бадеӣ намунаи беҳтарини очерк дар солҳои 40-уми асри гузашта ба ҳисоб меравад. Бо тақозои жанр ва раванди нақли воқеот қисмати он “Дар роҳи Марғедар”, “Дар канори канали Марғедар”, “Шаҳристон дар кӯҳистон”, “Дар сари кори канал”, “Фарзандони устод Рӯдакӣ”, “Бодиёнӣ, то нахӯрӣ, надонӣ”, “Плани ҳукуматӣ ва иҷрои план” номгузорӣ шуда, як асари мукаммалро ба вуҷуд овардаанд, ки ҳунару маҳорат ва истеъдоди баланди нависандаи тавоноро бозгӯ мекунанд. Дар қисмати “Дар роҳи Марғедар” кӯҳҳои баланд, дарёи Зарафшон ва водиҳои ободони канори кӯҳҳо, ҳосили заҳмати деҳқононро моҳирона тасвир карда, аз ҷумла менависад: “Оби софи нуқрагуни дарё бо ҷараёни беқароронаи симобвори худ дили касро аз завқ ба ҳаяҷон меоварад; агар дурахшонии оби зулол, ки бо партави офтоби нимрӯзӣ шаъшаапошӣ мекард, чашмонатонро намебурд, шумо аз вай ҳеҷ гоҳ чашм намекандед”.
Ба коргоҳ равона шудани одамон ва ҳолати зарби кор ба достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ муқоиса гардидааст, ки хеле табииву таъсирбахш баромадааст: “Баробари шунида шудани овози карнай одамон аз ошхонаҳо ва бошишгоҳҳои худ баромада, ба як тараф – ба тарафи канал, ба коргоҳи худ рӯй оварданд…
Карнай хомӯш шуд, аммо ғулғулаи кӯҳканон баланд шуд; тараққо-туруққи метин ва шараққо-шуруққи зоғнӯл ба қуллаҳои кӯҳҳо расида, аз камарҳо акси садо медоданд. Ин ғулғула ҷанги афсонавии Рустаму Афросиёбро, ки Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” тасвир кардааст, ба хотир меоварад”. Дар саҳифаҳои матбуоти тоҷики нимаи дуюми солҳои 30-юм инъикоси васеи ватандӯстии шӯравӣ мавқеи намоён дорад. Дар ин ҷабҳа рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» аз пешгомтарин нашрияҳо ба ҳисоб мерафт. Тавре муҳаққиқ М. Абдуллозода таъкид мекунад, дар он солҳо «ифтихори миллӣ-таърихӣ ва миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар доираи ватандӯстии шӯравӣ ифода ёфтааст». Дар робита ба ин, устод Айнӣ аз аввалин ва пешқадамтарин публитсистоне буд, ки ба инъикоси масъалаи мазкур диққати махсус медод.
Бо оғози Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар публитсистикаи устод Айнӣ тағйирот ба вуҷуд меояд, яъне бо тақозои замон услуби ҳаҷв мавқеъ пайдо мекунад. Нахустин осори публитсистии ҳаҷвии устод Айнӣ дар он солҳои вазнину тақдирсоз маҳз тавассути рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” пешниҳоди хонандагон гардидааст. Мақолаву асарҳои “Чингизи асри XX” (10 августи соли 1941), “Деви ҳафтсар” (24 августи соли 1941), “Талвосаи ҷонкании даррандаи захмдор” (2 августи соли 1942), “Ҳар зараррасонандаи одамро нест кардан даркор аст” (22 августи соли 1942), “Бадбӯй будааст” (2 декабри соли 1942), “Хари бедум” (28 майи соли 1943) бо вежагиҳои махсус навишта шуда, асоси онҳоро тамсил ташкил медиҳад ва дар онҳо амалҳои разилонаву ваҳшиёнаи Гитлери фашист ва ҳаммаслакони ӯ танқиду маҳкум карда мешаванд. Дар ин маврид муҳаққиқ Мурод Муродӣ қайд мекунад: “С. Айнӣ дар асарҳои ҳаҷвӣ-публитсистии дар замони ҷанг таълифнамудааш фикри сиёсиву иҷтимоии худро ба воситаи образҳои ҳайвонот изҳор намуда, барои пуртаъсир гардидани он бо мисолу далелҳои зиёд аз ривоятҳо, воқеияти таърихӣ ва афсонаҳои тамсилӣ истифода намудааст. Аз ин лиҳоз, ҳарчанд дар ин асарҳо мисолу далелҳои зиёд дида мешаванд, аммо асоси онҳоро фикру андешаҳои муаллиф ташкил медиҳад”.
Баъди ҷанг низ мақолаҳои устод Айнӣ, аз ҷумла “Конститутсия ба мо чӣ дод?” (1 январи соли 1946), “Интихобот ва ҷавонон” (11 феврали соли 1947), “Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост” (9 майи соли 1947), “Интихоботи ба нур” (14 феврали соли 1950), “Мубориза барои сулҳ шиддатнок шуда истодааст” (15 октябри соли 1950), “Аз зулмот ба нур” (14 марти соли 1950), “Сулҳхоҳии халқҳои ҷаҳон” (11 октябри соли 1951) ва “Ҷашни таърихӣ” (14 апрели соли 1951) дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” ба чоп расидаанд. Аз унвони нигоштаҳо бармеояд, ки мавзуу мундариҷаи онҳоро васфи ҳаёти нав, танқиди зимомдорони давраи манғитӣ, баррасии масъалаҳои байналмилалӣ ва пойдории сулҳ ташкил медиҳад.
Осори публитсистии устод Айнӣ дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” ба як дарахти бузург шабоҳат дорад, ки аз шохаҳои хурду миёнаву бузург ва баргҳои сабзу хуррам иборат мебошад, ба ин маънӣ, ки таълифоти муаллиф дар жанрҳои хабар, хитоба, мақола, очерк ва фелетону памфлет вобаста ба рӯҳи воқеоти замони нав, дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ эҷод шудаанд.
Адабиётшинос Камол Айнӣ дар пешгуфтори ҷилди якуми китоби “Акнун навбати қалам аст”(1977) таъкид мекунад, ки “дар ин роҳ ӯ баробари офаридани асарҳои бузурги таърихӣ бавуҷудоварандаи публитсистикаи замонавии советии тоҷик ба ҳисоб меравад”.
Ҳамин тавр, вобаста ба ҳаводису воқеоти замон устод Айнӣ бо фаъолияти публитсистӣ ва адабиву ҷамъиятӣ дар бунёду рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмати арзанда кардааст. Осори публитсистии устод Айнӣ маҳз тавассути рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” пешниҳоди хонандагони сершумор гардида, дар бедории фикрӣ, нест намудани урфу одатҳои куҳнаи феодалӣ, хурофоти динӣ, таваҷҷуҳ намудан ба мактабу маориф, шинохти ҳувият ва худшиносии миллӣ, баррасии масъалаҳои байналмилалӣ, ободкориву созандагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши боризу таърихиро иҷро кардааст. Дар замони Истиқлол низ осори публитсистии устод Айнӣ аҳамияти муҳимми омӯзишиву тарбиявӣ дошта, дар мавриди шинохти арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳии мардум, таҳкими истиқлолу ваҳдат ва сулҳу субот ҷойгоҳу мавқеи намоёнро доро мебошад.
Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА,
академик,
Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,
номзади илми филология
0