• 21.01.2025

Вожагон дар шеър

 Вожагон дар шеър

Ҷанбаи зебошинохтӣ, зеҳнни­шинӣ, таъсир, ҷовидонагӣ, ҷаззоби­ят, кашандагии ҳар шеъре бастагӣ ба вожагон дорад. Вожагон то расидан ба марзи матн фосилаи пурпечеро, ки ҳамроҳ бо ҳунар, офаринандагиву халлоқият аст, мепаймоянд. Замони гом ниҳодан дар матни шеър дигар онҳо нишона нестанд, балки ашёе мебошанд, ки шахсият пайдо карда­анд, нишонгари симои холиқи шеър, расонандаи паёму ҳадафи хосе ҳастанд. Иттиҳоду пайванде, ки дар қаламрави матн бо якдигар пайдо мекунанд, сарчашмаи шигифтӣ ва гӯёи нерӯи бепоёни онҳост.

Дар ашъори Фарзона нахустин унсуре, ки ҷалби назар мекунад ва зеҳни пуршитобро ба тафаккуру тааммул вомедорад, шигифтиҳои забон аст, ки дар либоси вожагон рухнамоӣ мекунад. Ин вожагон ба шеър сурати зеҳнӣ мебахшанд.

Ҷиҳати таъйиди матлаб шеъри «Ҳаёт»-ро нақл мекунем.

Д ар осори бадеъ исм ё унвони асар, дақиқтараш интихоби он бисёр арзишманд аст. Исми баргузида ин­тизор дорад, ки поёнаш шарҳу таф­сири он сурат хоҳад гирифт. Аз ҷони­би дигар, мухотабон бо дидани унвон қабл аз мурури нигошта донистаҳо, таҷрубаҳои хешро ба ёд мекашанд ва агар унвон хеле ошност, кунҷков мешаванд, ки ҳунарманд, шоир ба мавзуи маъруф чи маънои тозае метавонад изофа кунад. Гузашта аз ин, гоҳо муҷаррадии унвон як фазои пурсишзо эҷод менамояд. Дар шеъри «Ҳаёт» чунин ҳолате барои хонанда пеш меояд. Шеър бо ишораҷонишини «ин ҷо», вале маълум нест куҷо, оғоз мешавад ва мо шоҳиди гузоришҳои кӯтоҳе перомуни дороиҳои маконе бо номи «ин ҷо»- ем:

Ин ҷо ситора ҳасту маҳу офтоб низ,
Инҷо сапеда ҳасту шаби ғарқи хоб низ.
Ин ҷо насим ҳаст,
Хомӯшии замину тапишҳои об низ,
Ин ҷо баҳори сабз
Дар хоки босамар нафаси тоза медамад,
То мекунад варо зи нав обистану ҷавон,
Бедору сабзҷон.
Ин ҷо суруди аллаи модар чу табли субҳ
Шабхун занад ба хомӯшии ҳавлноки шаб.
Гаҳворае биҷунбаду набзи ҳаёт низ.
Модарзамин фирор кунад аз диёри шаб.
Ин ҷо манам, ки бо дили лабрези орзу,
Дорам нигаҳ ба ҷониби ояндаи сапед.
Дар интиҳои ҷода касе интизори мост.
Рафтем, эй азиз, бар он меҳани умед.
Эй он, ки дар ту васл шавад ҷамъи ҳиссиёт,
Ин ҷо саодатест, ки номаш бувад ҳаёт

«Ҳаёт», ки зикраш рафт, барои андешаи боло мисоли муносибест. Як нигоҳи иҷмолӣ собит месозад, ки миёни вожагони мавҷуд чи гуна пай­вандҳо ва назме барқарор шуда, чи гуна ваҳдати зеҳни шоир ба ҷумла ё ашё таҳмил гардида, то як сурат, як қолаби зеҳнии шеър ба зуҳур расад.

Зимни таҳлили ин суруда шинохти фазои равонии холиқи он низ муҳим ба назар мерасад. Ин шинохтро ба мо матлаъ ё нуқтаи атф, нуқтаи оғозини шеър ҳушдор медиҳад. Во­жагони аввалини шеър «ин» – ишо­раҷонишин ва «ҷо» – зарф, макони мавриди назар, андешаеро илқо мекунанд, ки паёми шоир ба зикри ҷузъиёт бидуни зикри мавзуи кали­дии он, яъне «ҳаёт» шуруъ мешавад. Паҳнои мақулаи «ҳаёт», аносири со­занда ва моҳияти он зеҳни шоирро ҷалб намуда, густардагии доманаи он ӯро шигифтзада карда.

Аслан барои як адиби ҳунарвар огоҳии комил доштан аз фарҳангу адаби пешин, расму суннатҳову за­бони роиҷи шеъру адаб метавонад паёмадҳои зиёде дошта бошад. Шо­ирони пешин робитаву пайвандҳо, таносубу таркибҳои фаровоне халқ кардаанд, ки хонандаи огоҳро беих­тиёр маҷзуби худ месозад ва гоҳо вориди нигоштаҳои вай мегардад. Дар адабиётшиносии ҷаҳон чунин вожагонро «cilche», яъне вожагоне, ки бар асари корбурди зиёд беэъти­бору забонзада шудаанд, меноманд.

Дар адабиётшиносии муосири Эрон низ ин калима ҳамчун истилоҳи хориҷӣ қабул шуда, вале ба он шарҳи дигаргуна додаанд. Ба навиштаи Зиё Муҳиддин, «дар шеър ҳар калима маънӣ, оҳанг, ҳуруф ва эътиборҳои дигар дар тӯли замон пайвандҳои гуногуне бо калимаҳои дигар пайдо мекунанд ва ин вожаҳо маҷмуае па­дид меоваранд, ки метавон онро як «гурӯҳвожа» номид».

Дар шеъри ёдшуда калимаи «ҷарас»-ро метавон чунин гурӯҳво­жа ҳисобид. Мо абёти зиёдеро бо истифодаи ин калима, бо таркибҳои мухталиф дар зеҳн дорем. Гузашта аз ин, медонем, ки «ҷарас» асбоби дурунхолиест, ки дар натиҷаи ба ола­ти дигар задани он садо мебарорад, умуман манзур аз он занг аст. Дар шеъри форсӣ аксар барои нишон додани садову овоз ба кор рафтааст. Дар шеъри имрӯз истифодаи он ба он шакле, ки пешиниён кор гирифтаанд, мақбул нест. Фарзона аз он истифо­даи дигаргуна мекунад. Дар ашъори классикон мо таркиби «ҷараси ғунча» дорем. Ҳофиз мегӯяд:

Ҳар қадам дар раҳи гулшан хатаре дар хоб аст,
Чун тавонад ҷараси ғунча садо кард баланд.

Дар шеъри «Ҳаёт» лабони ғунча хостгоҳи ҷарас, садои ханда меша­вад, ки таркиби тоза аст, ки бо калимоти пуркорбурд дар шакли классик сохта шудааст.

Ба қавли Ж. П. Сартр, як шоир ҳангоми сурудани шеър дунёҳои хурдеро марбут ба зеҳни халлоқаш канори ҳам мегузорад. Ин амал бархе аз мухотабонро ба ин натиҷа мерасонад, ки шоир ҷумла месозад, «вале ин зоҳири амр аст. Шоир ҷум­ла намесозад, шайъ меофаринад, «калимаҳои шайъшуда бар асари тадоиҳои соҳиронаи таносубу адами таносуб ба ҳам ҷамъ мешаванд, чу­нон ки рангҳо ва садоҳо ҳамдигарро ҷазб мекунанд, дафъ мекунанд, месӯзонанд ва иҷтимоъи онҳо воҳиди ҳақиқии шеърро, ки ҳамон «ҷумлаи шайъшуда» аст, ба вуҷуд меоварад».

Шоҳиди ин қавлро метавон дар ғазалиёти устод Фарзона ҷустуҷӯ намуд. Натиҷаи нахустине, ки баъд аз ошноӣ ба шеъри Фарзона ба зеҳн мерасад, ошноии густардаи вай аз шеъри суннатӣ, шеъри муосир ва шеъри ҳамзабонон аст.

Ғазал равшан аст, ки аз нигоҳи фаннӣ низому қавоиди хосе дорад, ки дар имтидоди қарнҳо шакл гирифтаву ба марзи пухтагиву камол расидааст. Яъне, дар сохтори он чизеро иваз кардан душвор аст, вале зарфияту имконоти фаровоне дар қаламрави он мавҷуд аст, ки корбур­ди ҳунармандона аз он шоирро ба халқи чеҳраҳои нав, саҳнаҳои тоза комёб месозад. Дар ғазали Фарзона забон обуранги дигаргуна дорад. Дари ғазали вай ба рӯйи ҳама анвои калимот, чи куҳану чи имрӯзин ва ҳатто вожагони бегона боз аст.

Ин аст, ки ҳар ғазал кашандагии хос дорад. Нерӯи тахайюл, биниши шоиронаи Фарзона, ҳисси назораву мушоҳидаи вай сабабгори халқи тасвирҳои шигифт гаштааст. Забони ғазали вай аз дигар ҳамасронаш ба куллӣ фарқ мекунад. Фарзона бо корбурди вожагони ба ҳам ноошно саҳнаҳои тозае меофаринад, ки моли имрӯзанд.

Ҳар ғазал дар девони шоир фазои зеҳнии вежае дорад, ки ба сифати мисол ғазали зерро интихоб намудаем:

Ман нотаи офтобро медонам,
Шабзамзами моҳтобро медонам.
Дар фасли баҳорхезии ҷӯшишҳо
Пар-пар задани ҳубобро медонам.
Он қосиди шодиовари хусрави субҳ
Хуршеди тилорикобро медонам.
Ҳарчанд ки шӯра зад дили фартутам,
Ширин тапиши шубобро медонам.
Одреси дили туро намедонам ман,
Кай он раҳи касмаёбро медонам.
Бар дӯш гирифтаам гуноҳи ҳама халқ,
Шодам, ки ҳамин савобро медонам.
Аз гум шудани дурри дарун бехабаранд,
Ин мардуми гармхобро медонам.
Сад барги дили ту хондаам, дигар ҳеҷ,
Мазмуни ҳамин китобро медо­нам.

Бар мабнои ин гуфтаҳо ба матни ғазал назар меафканем. Сурат ё қолаби он суннатист, вале фазои он тозаву ибдоъомез аст. Ин навиро мо аз мисраи аввал бо истиораи «но­таи офтоб», ки як ҷузъи хориҷӣ ҳам дорад, эҳсос мекунем. Дар мисраи дуюм «шабзамзами моҳтоб», баъдан «пар-пар задани ҳубоб», «хуршеди ти­лорикоб», «тапиши шубоб», «мардуми гармхоб» ва ғайра зуд ҷалби таваҷҷуҳ мекунанд.

Ғазал шомили радифи «медонам» аст. Муҳақиқони адабиёт радифро неъмати бузурги шеъри форсӣ дони­стаанд, ки ба дурустии ин шак нест. Радиф дар шеър нақшҳои фаровон дорад, вале муҳимтарин нақши он фароҳамсозии имконот дар сохтмо­ну офаридани маъниҳои тоза аст. Ба гунае, ки шоирро ба тамошои чаманзорҳои аҷибу ғариб раҳнамун месозад ва халқи образу тасвирҳо, истиораву ташбеҳҳои ҷаззобро са­баб мешавад. Ҳамзамон худи радиф аз лиҳози маъно густариш меёбад, ки намунаашро дар боло зикр кардем.

Аксари ибороту таркибот сохтаи худи  шоиранд. Чунки таркибҳои наву ибдоъомез, образҳои тоза дар ғаза­лиёти шоир фаровонанд. Ба сифати намуна чанде нақл мешавад:

Ҷаҳон сиркост бо ин туршрӯйӣ…// Охир, эй шаболуда, субҳ шуд кушо равзан…//, Шумораи телефони моро зи борон пурс, Зи пушти панҷараи сабзи ёд тилфон кун…//, Атса занад, атса занад ёди ту, Атса зи бигза­штаи зебои ман…//, Нишони кӯтаҳи урдубиҳишти дӯшинро Ба субҳлолаи шабнамнигора баргардон//, Гӯш би­деҳ бар қафас, то шунавӣ як нафас Чаҳ-чаҳи хуршеди ман, қаҳ-қаҳи бо­рони ман…//, Саҷҷодаи субҳ интизор аст, Бар шабнами нози ман вузӯ кун…

Албатта теъдоди ибороти сох­таи шоир фаровонанд, ки омӯзишу таҳқиқи ҷудогонаро тақозо мекунад. Бидуни шак, нақши ин ибораҳои сохта дар калому ғановати забони тоҷикӣ бисёр барозанда аст.

Бо нақли як андешаи муҳаққиқи номвар Комёр Обидӣ ин мухтасарро ба поён мерасонем. Ба ақидаи мав­суф нахустин вазифаи шоирон дар баробари забони қавми худ он аст, ки шоир бояд забони қавми худро пос дорад ва ҳифз кунад. Аммо вази­фаи шоирон танҳо ҳамин нест, зеро гурӯҳе аз эшон вазифаи пураҳамми­яту мухотираомезтареро низ ба уҳда мегирад. Ин вазифа ғано бахшидан ба забон ва васеътар кардани до­манаи он аст. Ба назар мерасад, ки шоирони суннатгаро бештар ба вазифаи нахуст такя мекунанд ва шоирони навгаро ағлаб ба вазифаи дуюм таъкид меварзанд.

Баррасии ашъори Фарзона гувоҳи он аст, ки нақши эшон ҳам дар амри ҳифзу нигаҳдории забон ва ҳам густариши ғановати он бисёр чашм­гиру арзишманд аст.

Умар САФАР,
устоди ДМТ

Дигар хабарҳо