• 22.01.2025

Дар сояи чанори пурлона

 Дар сояи чанори пурлона

Назми барои бачаҳо эҷодшудаи адибони тоҷикро берун аз Тоҷикистон, дар Афғонистону Эрон низ харидор дорад. Зеро пурмазмуну хотирмон ва ба талабот ҷавобгӯст. Соли 2023 дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Эрон Тоҷикистон меҳмони вежа буд. Тайи чанд рӯзе, ки адибону ноширони тоҷик он ҷо буданд, шеъри бачаҳо низ аз Садо ва симо қироат шуд, суҳбату вохӯриҳои зиёде барпо гардид. Дар як мусоҳиба мизбонон гуфтанд, ки дар Эрон барои бачаҳо тақрибан шашсад адиб китоб менависад ва чун навбати хондани шеър расид, сомеон шеъри устод Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакару Бобо Ҳоҷӣ, Юсуфҷон Аҳмадзодаю Ҷӯра Ҳошимӣ ва дигаронро аз забони мо шунида, бо шавқ кафкӯбӣ карданд.

Дар ин миён чанд шеър аз шоири хуби бачаҳои Тоҷикистон Абдусаттори Раҳмон хондам, мухотабон бисёр хуб пазируфтанд. Махсусан ин шеър ба онҳо бисёр хуш омад:

Дар роҳе танҳо равам,
Ҳар гоҳе танҳо равам,
Вақте тарона хонам,
Худро танҳо нахонам.
Роҳам бувад раҳи дур,
Таронаро кунам ҷӯр.
Бихонаму бихонам,
Ранҷи раҳро надонам.
Таронаҳои ширин,
Ҳамсафари беҳтарин.
Агар тарона донӣ,
Асло танҳо намонӣ.

…Боре дар як суҳбати хусусӣ аз адабиёти бачаҳо ва дарси ҳисоб сухан рафт, ба Абдусаттори Раҳмон гуфтам, ки шумо омӯзгори фанни математика ҳастеду дарс ҳам гуфтаед. Муаллим ба бача мефаҳмонад, ки ду карат ду чор мешавад. Ин «чор» ҳазорон сол инҷониб тағйир наёфтаасту намеёбад, вале вақте аз шеъри бачаҳо ва тарбияи навқалам сухан меравад, кор ранги дигар мегирад, яъне дар адабиёт, махсусан дар назм, ҳамин «ду карат ду» гоҳо «чор» мешаваду гоҳо «панҷ» ва гоҳо панҷоҳ»!

– Бале, – хандида розӣ шуд Абдусаттори Раҳмон ва афзуд, – одатан мо ягон шеъри навқаламеро таҳрир ва чоп мекунем, агар навқалам хушзеҳн набошад, боз ҳамон гуна шеъри пурғалат меорад, ки чанде қабл оварда буд. Ба шеър як ҳарф, як калима, як мисраъ метавонад маънии хуб бахшад ё маънии хубро барбод диҳад. Хулоса, барои адиб шудан шогирд зиёдтар масъулият дорад ва устод, ки билкул бехабар аст, фардо ин шогирд чи шеър хоҳад навишт. Аз ин сабаб, вай чи гуфтану чи маслиҳат доданашро саҳеҳ намедонад. – Устод роҳнамост, – афзуд Абдусаттори Раҳмон, – мисли Королёв, ки ба Гагарин роҳ нишон дод, муаллим ба шогирд роҳ нишон медиҳад, дар ин роҳ қадам задану пеш рафтан кори шогирд аст. Шоирӣ иҷборӣ намешавад. Шоирро намесозанд, шоир худ зуҳур мекунад.

Чун сухан аз устод рафт, Абдусаттори Раҳмон иқрор кард, ки худаш як не, даҳҳо устод дорад, аз устод Айнӣ то Ҷӯра Ҳошимӣ ҳама устодаш ҳастанд. Шеъри онҳоро хондаву азбар кардаву мулоҳиза намуда, пас аз он шеър гуфтааст.

Дар омади сухан бояд иқрор кард, ки баъзе шоирон ҳар қадар зиёд шеър мегӯянд, ба назар кам ва баръакс, чанд намуна аз назми баъзе мехониву дар назарат зиёди беҳуда менамояд. Абдусаттори Раҳмон аз зумраи шоирони хуби бачаҳост, шеъраш кӯтоҳу хотирмон аст. Кас мехоҳад ҳар сол як китоби наваш чоп шавад… Вале кам менависад, ба назар чунин менамояд, ки дар ин ҷода бо эҳтиёт қадам мегузорад, то бо сухани шеъргуна дафтари бачаҳоро пур накунад.

Хонандаи зирак шеъри воқеан хуби бачаҳоро мутолиа карда, нахуст аз он завқ мебараду ба ваҷд меояд, ки шоир гӯё аз ҳеҷ чиз чизе сохтааст. Абдусаттор дар шеъри “Афсӯс” писаракеро сари дастархон нишонда, неъматҳои дастархонро васф карда, бо ин ду байт андешаашро ҷамъбаст кардааст:

Дар хона гар мебудам,
Чӣ лаззате мебурдам…
Ҳайфо, ки ман меҳмонам,
Ҳаддамро бояд донам.

Ҳамин ду байт шеърро хотирмон ва дархури зеҳни бачагон кардааст. Ҳунару истеъдоди шоирро маҳз дар ҳамин гуна мисраъҳо дида метавонем. Аз ин сабаб шеъри Абдусаттори Раҳмон обшустаю такрори дигарон нест. Аслан мавзуъ дар адабиёт ҳаргиз куҳна намешавад, ҳама гап дар сари сухани шоир аст, яъне ӯ фикри худро чи гуна мегӯяд ва чи тавр ҷамъбаст менамояд.

– Гирем, “Алифбо”-хонии хурдсолонро, – мегӯяд Абдусаттори Раҳмон. – Адабиёти мо дар ин мавзуъ даҳҳо шеър дорад, вале Ҷӯра Ҳошимӣ дар васфи “О” чанд байти нотакрор гуфтааст:

О, монанди нон аст о!
Ҷо дар байни ҷон аст о!
Дар мошини мо шинӣ,
Болои чор о шинӣ….

Дар эҷодиёти Абдусаттори Раҳмон ҳам чунин мисраъҳо зиёданд. Дар шеъри “Мо амак шудем” гуфтааст:

…Акои мо падар шуд,
Соҳиби гулписар шуд.
Падарҷонам бобо шуд,
Модарҷонам момо шуд.
Амма бишуд хоҳарам,
Амак – ману додарам.

Дар шеъри зерин шаш мисраи аввал гӯё такрори ҳамдигаранд, чун ин шеъри Абдусаттори Раҳмон аст, хонанда як ҷамъбасти ғайринтизору хотирнишин умедвор мешавад ва ҳамин тавр ҳам ҳаст:

Шаҳло калон аз Дилбар,
Дилбар калон аз Сарвар.
Сарвар калон аз Даврон,
Даврон калон аз Бурҳон.
Бурҳон калон аз Гулшан,
Гулшан калонтар аз ман…
Хобакам имшаб набурд:
Чаро ман аз ҳама хурд?!

Ҳамин маъниро дар шеъри “Бача раҳгардон шавад” низ метавон дид:

Гунҷишкаки бечора
Сарсон асту овора.
Ин сӯву он сӯ давад,
Лаб-лабаки ҷӯ равад.
Барояд болои бом:
– Куҷо шуд бачаи хом?!
…Бача раҳгардон шавад,
Оча саргардон шавад!

Дар радифи шеъри “Мӯрча”-и Юсуфҷон Аҳмадзода, ки вирди забони бачаҳост, Абдусаттори Раҳмон низ шеъри хубе ба хонандагонаш ҳадя кардааст:

Мӯрча дона овард,
Дона ба хона овард.
Дона басо калон буд,
Як донаи гарон буд.
Модар, ки донаро дид,
Аз кори бачча ранҷид:
– Гуфтам туро ба такрор,
Бори гарон набардор!
Ҳар бор, ки гарон аст,
Ранҷу азоби ҷон аст!
Эй бачаҷони нодон,
Нодони беҳтар аз ҷон,
Дон аз барои ҷон аст,
Не ҷон барои дон аст!

Ногуфта намонад, ки Абдусаттор чистон ҳам менависад. Теъдоди чистонҳо барои бачаҳо то замони Истиқлол зиёд набуд. Беҳтаринаш ҳамон 3-4 чистон аст, ки 70 сол қабл Абдусалом Деҳотӣ бо хоҳишу супориши муаллифони “Китоби хониш”-и синфҳои ибтидоӣ эҷод карда буд. Имрӯз қариб ҳамаи адибони бачаҳо чистон гуфтаанд ва мегӯянд, аз ҷумла Абдусаттори Раҳмон ҳам:

Исту бисташ ишкам, лек
Даҳону бинӣ дорад.
Аз даҳонаш хӯрад об,
Аз биниаш барорад.
                        (Чойник)

***

Паёпай бо иштиҳо
Онро ба даҳон орем.
Нохӯрда онро аммо
Ба ҷоякаш гузорем.
                            (Чумча)

***

Дар майдони сап-сафед
Як по равуо дорад.
Нақши ин пойи равон
Мазмуну маъно дорад.
                                     (Қалам)

Дар дафтари довталабони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамеша ному шеъри Абдусаттори Раҳмон ба назар мерасад. Навиштаҳои ӯ: “Нон”, “Силоҳпартоӣ”, “Чаро ман аз ҳама хурд?”, “Коҳиш”, “Тарона”, “Нинихобонӣ” ва ғайра вирди забони бачаҳои шеърхону шеърдӯстанд.

Соли 2019, вақте китоби нави шоир “Чанори пур аз лона” барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода пешниҳод гардид, раиси Шуро, шодравон Алӣ Бобоҷон, ки устоди бениҳоят сахтгир буд, мегӯяд: «Чанори пур аз лона» гулчини шеъри ӯст. Эҷодиёти Абдусаттори Раҳмон ба чанори азиме шабоҳат дорад, ки дар он мурғакони бешумор лона гузоштаанд ва ҳар лона нотакрору пурсадою зинда ба назар мерасад. Дар ин асар ҳам мавзуъ, ҳам ҳалли он, ҳам сабк ва равонии шеър бебаҳсанд ва барои дарёфти ҷоиза сазовор аст… Шеъри Абдусаттор бисёр сода, равон, хушоҳанг ва ба синну соли кӯдакон мувофиқ аст… сохта, бепоя ва беҳадаф нест!”

Чанор дарахтест азим, баланд ва дарозумр. Абдусаттори Раҳмон, ки 50 сол боз ин чанорро сабз нигоҳ медорад, худ ба синни мубораки 70 расид! Таманно мекунем, ки чанори пурлонаи шоири маҳбуб садсолаҳо пойбарҷою пурчӯҷа бошад!

Азизи АЗИЗ,
нависандаи бачаҳо

Дигар хабарҳо