Ӯ дар чаҳорбоғи рубоӣ мезист
Ба муносибати 90-солагии шодравон Киром Остон
Агар умр вафо мекард, Киром Остонзода имрӯз 90-солагии худро дар иҳотаи дӯстону мухлисони осораш ҷашн мегирифт. Мутаассифона, адиб дар 78-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Киром Остонзода 15-уми январи соли 1935 дар деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё таваллуд шудааст.
Солҳои 1953-1955 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ва солҳои 1956-1959 дар факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе таҳсил кардааст. Пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба зодгоҳаш баргашта, солҳои 1956-1961 дар вазифаи сарвари мактаби миёнаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии зодгоҳаш кор кард.
Азбаски ба шаҳри Душанбе дил баста буд, соли 1961 дубора ба ин шаҳри ҷавонияш баргашт ва то охири умр ба пешаи омӯзгорӣ содиқ монд. Аз соли 1961 то охири умр дар мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе кор кард.
Киром Остонзода касби худро дӯст медошт ва мудом барои соҳибилм гардидани хонандагонаш мекӯшид. Толибилмонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ, омӯхтани илму дониш тарбият менамуд. Маҳз ҳамин муҳаббаташ ба навроҳони илму дониш буд, ки даст ба ибтикор зад: Соли 1997 дар Гимназияи №5-и ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маҳфили адабии «Ғунчаҳои умед»-ро поягузорӣ кард. Ин маҳфили адабӣ нақши муассири худро дар тарбияи адибони ҷавон гузоштааст. Ҳамчунин соли 2001 маҳфили адабии «Ошёни баланд»-ро ташкил кард. Кӯшишу заҳматҳои ӯ барабас нарафтанд. Бо эҳтимоми ӯ маҷмуаи дастҷамъии ашъори навқаламон «Ғунчаҳои умед» (1999), гулчини шеърҳои Рустами Сомонфар «Ахтар» (2000) ва мунтахаби ашъори навқаламони тоҷикзабони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Эрону Афғонистон «Накҳати меҳр» (2001) интишор ёфтанд.
Ӯ танҳо ба касби муаллимӣ маҳдуд нашуда, ба кори таҳқиқ даст зад. Соли 1988 дар мавзуи «Низоми арӯзи тоҷикӣ ва таҳаввули он» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Ба таҳқиқи арӯз машғул гардида, беш аз панҷоҳ мақолаи илмию методияшро дар рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва қомусҳо интишор дод.
Шеър дар зиндагии Киром Остонзода мақоми аввал дошт. Аҳли адаб низ ӯро нахуст чун шоир мешинохтанду мешиносанд. Нахустин намунаҳои ашъори ӯ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва маҷмуаҳои дастҷамъии «Шукуфаҳои умедбахш» (1973), «Риштаборон» (1984), «Дархост» (1992) ба нашр расидаанд. Дар радифи шуғли омӯзгорӣ ба шеър низ ҷиддӣ машғул гардида, ашъори худро дар маҷмуаҳои «Рубоиёт» (1998), «Оинаи дил» (2003) ва «Сарчашмаи меҳр» (2004) гирд оварда, дастраси хонандагон гардонд.
Унвонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Собиқадори меҳнат», «Муаллим-методист» подоши заҳматҳои ӯянд. Соли 1995 ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд.
Мутаассифона, дили ҳассоси адиб 6-уми ноябри соли 2013 аз задан бозмонд.
Чунонки зикр шуд, аз Киром Остонзода осори назмӣ ба мерос мондааст. Ӯ дар қолабҳои гуногун табъозмоӣ намудааст. Дар маҷмуаи «Сарчашмаи меҳр» ғазал, чаҳорпора, рубоиву дубайтиҳои шоир гирд омадаанд. Ғазалҳо ва чаҳорпораҳои шоир аз ҷиҳати миқдор чандон зиёд нестанд. Дар ин маҷмуа 19 ғазали шоирро дидан мумкин аст. Чаҳорпораҳое, ки дар ин маҷмуа гирд омадаанд, ба 14 адад мерасанд. Аз байни маҷмуаҳои шоир – «Рубоиёт» (1998), «Оинаи дил» (2003) ва «Сарчашмаи меҳр» (2004) танҳо дар китоби охир ғазал ва чаҳорпораҳоро дидан мумкин аст. Боқии осори ӯро рубоиву дубайтӣ ташкил медиҳанд.
Киром Остонзодаро метавон шоири рубоисаро номид, зеро аксари осори ӯ иборат аз рубоиву дубайтист. «Ойинаи дил» 626 рубоӣ, 30 дубайтӣ, «Сарчашмаи меҳр» 381 рубоиву 180 дубайтиро дарбар мегиранд. Дар маҷмуъ, дар ду маҷмуа 1007 рубоӣ ва 210 дубайтӣ мавҷуд аст. Ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки ҳаштод-навад дарсади сурудаҳои ӯро рубоӣ ташкил медиҳад.
Дар рубоии зерини Киром Остонзода таъсири сухани Хайёмро мебинем:
Вайронии даҳр аз дили вайронаи мост,
Обод бисозем, ки он хонаи мост.
Ин бори замин ба шохи гове набувад,
Чун бори замон ҳамеша бар шонаи мост.
Рубоии зерини Киром Остонзода низ дар пайравӣ ба Хайём гуфта шудааст:
Мурғи дили ман ба шохаи гулхоре
Мехонд таронае ба гӯши ёре:
– Хоҳӣ, ки шавӣ ба ҳусн маҳбуби ҳама
Аз гулбуни худ ҷудо нагардӣ боре.
Ба ин рубоии Хайём таваҷҷуҳ кунед:
Пире дидам ба хонаи хамморе,
Гуфтам: Надиҳӣ зи рафтагон ахборе.
Гуфто: Май хӯр, ки ҳамчу мо бисёре,
Рафтанду касе боз наёмад боре.
Рубоиёти Киром Остонзода дорои оҳангҳои иҷтимоӣ ва фалсафиянд. Ӯ мавзуъҳои иҷтимоӣ ва фалсафиро дар қолаби рубоӣ мерезад. Зеро қолаби рубоӣ барои баёни мавзуъҳои иҷтимоиву фалсафӣ бисёр мувофиқ аст. Ин таҷрибаро мо дар рубоиёти шуарои классик низ мушоҳида мекунем. Ӯ низ ин анъанаро давом додааст.
Шоир Мирзо Боқӣ дар бораи шеъри Киром Остонзода ва оҳангҳои фалсафӣ ва иҷтимоии шеъри ӯ навиштааст: «Ӯ дардошнои замон аст ва дар рубоиёту шеърҳои гуногунаш ба муҳимтарин масъалаҳои замона ва муҳимтарин дардҳои иҷтимоӣ рӯй меорад ва аз қаламаш паёми муҳаббат, ваҳдат ва садоқати одамӣ бурун мерезад. Бино бар ин, шеърҳои ӯ вуқуфи озодӣ ва башардӯстист. Вуқуф аз амиқтарин дарди иҷтимоӣ, огоҳӣ аз он чи баҳақ масъалаи замон аст ва мушкилоти асри шоир. Ва шеър ниҳонтарин, муҳимтарин иртиботро ба амри одамӣ дорад, ки шоир аз ин дардҳо огоҳ буда ва ин дардҳоро бо гӯшт, хун, пӯст ва дилаш эҳсос кардааст».
Дар рубоиёти зерин шоир афкори иҷтимоиву фалсафии худро моҳирона баён медорад. Дар бораи авзои замона, нооромии вазъи ҷаҳон, ватану ватандорӣ, ҳифзи марзу бум навиштааст:
Хасме, ки ба пойи кишварам неш бизад,
Сад тири ҷафо ба ҳар дили реш бизад.
Сарсабз нагашта анчари синаи ӯ,
Бо тешаи худ ба решаи хеш бизад.
* * *
Киштии башар мудом саргардон аст,
Раҳгумзадаи ҳазорҳо даврон аст.
«Нӯҳе ба ҳазор сол як тӯфон дид»,
Ҳар рӯз дар ин замона сад тӯфон аст.
Адиби некӯном Киром Остонзода рӯзгори худро сарфи хидмат ба халқу ватан ва хонандагони азиз намудааст. Ашъори ба ёдгормондаи Киром Остонзода, осори илмии ӯ ва шогирдоне, ки аз маҳфилҳояш бархостаанд, ному ёди ӯро гиромӣ медоранд.
Ёдаш ба хайр!
Насимбек ҚУРБОНЗОДА, «АС»