Насри тоҷик ба забони ӯзбекӣ
Дар ҶДММ «Меҳроҷ-граф» қисми панҷуми китоби «Ҳозирги замон тожик насри» («Насри муосири тоҷик») ба табъ расид, ки дар он бисту ду ҳикояи адибони муосири тоҷик ҷой дода шудааст.
Дар маҷмуъ панҷ қисми «Ҳозирги замон тожик насри» қариб сад ҳикояи нависандагони тоҷикро
дар бар мегирад. Китобҳои мазкур дар тарҷумаи мутарҷими шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Амонбой Ҷуманов интишор ёфт.
Бояд зикр кард, ки Амонбой Ҷуманов қаблан низ чандин ҳикояву қисса ва романҳои нависандагони муосири тоҷикро ба забони ўзбекӣ тарҷума ва аз ҳисоби худу одамони сахӣ интишор дода, пешкаши хонандагони ўзбекзабон намуда буд.