Тараннумгари воқеияти зиндагӣ
Дар эҷодиёти Зариф Ғулом қисса ва роман мавқеи асосӣ доранд. Нависанда то имрӯз 70 қиссаву 6 роман ба нашр расондааст. Махсусан қисса асоси эҷодиёти ӯро ташкил менамояд. Муаллиф рӯйи асарҳояш кор карданро дӯст медорад. Ӯ тез-тез асарҳояшро аз як жанр ба жанри дигари дилхоҳаш мегардонад. Масалан, аз баъзе ҳикоя қисса месозад, аз баъзе қиссаҳо роман. “Карими Шиш” ва “Исёни Назир” аввал дар шакли қисса навишта шуда буданд, баъдан онро аз нав такмил намудаву ба шакли роман табдил додааст. Нависанда асарҳояшро дар мавзуъҳои гуногун ба хонандагон пешкаш менамояд. Бештари онҳо аз саргузашт, ҳодисаҳои муҳимми сиёсиву иҷтимоӣ, мавзуъҳои ҳуқуқӣ, суҳбату мушоҳида, таърихи воқеаҳои замони гузаштаву ҳозира иборат мебошанд.
Зариф Ғулом дар жанри моҷаро қиссаҳои «Парвоз» (1998), «Ҳукми дил» (2003), «Даъвати хун» (2005), «Ҷодугар» (2006), «Бӯсаи аввалин» (2012), «Фарёди қалб» (1998), «Пайкараи зинда» (2000), «Писари шоир» (2007), “Ҳақиқати талх” (2022)-ро навиштааст, зеро табиати кори ӯ ба мақомоти суду шурои адлия вобастагӣ дошта, ба ин жанр ҳусни тоза мебахшад. Нависанда, ки бештари асарҳои худро дар жанри моҷаро менависад, аз меҳвари ихтисос ба воқеаву ҳодисаҳои зиндагӣ ва шахсони ҷудогона назари андеша давонида, аз таҳлил дида, бештар ба феълу амали шахс, муносибати ӯ ва ахлоқу одоби иҷтимоӣ дақиқтар назар меандозад. Ин нависанда чор қиссаи беҳтарини худро дар китоби «Ҷодугар» (2016) ҷой додааст, ки онҳо «Ҷодугар», «Фарёди қалб», «Пайкараи зинда» ва «Писари шоир» буда, ҳар кадом масъалаҳои ҷудогонаи ҳаётиву зиндагонии шахсони алоҳидаро фаро мегиранд. Аз инҳо ду қиссаи охир асарҳои ба тозагӣ навиштаи ӯянд. Нависанда дар қиссаҳои мазкур аз ишқи фоҷиабори ҷӯгидухтар, сарнавишти ғамангези ҳунарманди мумтоз Карими Шиш, саргузашти муҳоҷири корӣ ва талоши писари шоир барои зинда гардонидани номи падараш кӯшиш кардааст. Ҳар чор қисса намунаи беҳтарини асарҳои бадеиву моҷароӣ буда, ба хонандагони имрӯз аз бисёр ҷиҳат дарси ибрат ва омӯзиш мебошанд. Хусусан, бадеиёти асар, тасвири манзараҳои табиат, мазмунҳои ишқи шӯрангез, хосиятҳои моҷароиву баъзе намунаҳои фантастикӣ, ҳамчунин як қисм ҷиҳатҳои манфӣ дар ахлоқу одоби образҳо дида мешаванд.
Зариф Ғулом дар мисоли ҷӯгиҳо одамонеро дидааст, ки бо фиребу найранг дар миёни мардум аз субҳ то шом худро ҳақиру фақир нишон дода, пулу моли муфт ва осон ҷамъ меоранд ва онҳо дар ҷамъият обрӯву эътиборе надошта, фақат бо гадоӣ умр ба сар мебаранд. Нависанда Сорбон дар қиссаи худ “Ҷӯгӣ” онҳоро дар замони шуравӣ колхозиву ҷамъиятӣ гардонида буд, зеро замони шуравӣ талаб менамуд, ки дар ҷамъияти сотсиалистӣ касе бекор нагардад ва ҳама бо коре машғул шуда, аз таҳти дил хидмат намояд. Лекин ҷӯгиҳо аз кори дастҷамъӣ рӯ гардонда, анъанаи қадимиву пешинаи худро давом медиҳанд. Баъзе намояндагонашон дар Русия ва дигар ҷумҳуриҳо худро тоҷик муаррифӣ карда, бо феълу амали аҷдодии худ тоҷиконро шармсор мегардонанд. Сорбон ва Зариф Ғулом ба ҷиҳати сиёсии масъала диққат надодаанд. Ҳарду нависанда ба кору кирдори ҷӯгиён ва тарзи зиндагонии онҳо, махсусан феълу аъмолашон бештар меандешанд. Тасвири Зариф Ғулом дар мисоли Чаман риққатовар буда, нафрати хонандаро ба вуҷуд меорад. Ин зани ҷӯгӣ аз Моҳшариф дар бораи ҳамсоязан Афтовбӣ ва хонадонаш маълумот гирифта, ӯро мафтун кард, тӯмори партофтаи худашро ҷодуи ҳамсоя номида, ӯро боз бештар дар шигифт мононд. Ба ин восита пулу моли бисёре аз ӯ рӯёнда дар халтааш ҷо кард. Муфтхӯрӣ ва бо фиребу найранг молу пул ғундоштани ҷӯгиҳо воқеан нафратовар менамояд. Нависанда дар баробари чунин касбу кори онҳо баъзе фикру андешаҳои ҷолиб низ баён менамояд. Ҷодугар гуфтааст: «Ба кунҷи торики ҳаёти шахс ва ояндаи пурасрори инсон чашм давондан на ба ҳар кас муяссар мегардад. Ин касб басе хатарнок буда, Сино аз баҳраш гузашт, вале мардум пинҳонӣ моро кофта меёфтанд, аз тақдир огоҳ гардида, руҳашонро таскин медоданд, тори асабҳои харобшудаашонро қавӣ мегардонданд» (с.15).
Нависанда дар қиссаи «Ҷодугар» аз ҳаёти ҷӯгиён ҳикоя карда, аз асрори зиндагии онон ба мулоҳиза даромадааст. Сорбон дар қиссаи «Ҷӯгӣ» феълу амали онҳоро хуб офарида буд. Зариф Ғулом ҳам кӯшиш кардааст, ки дар баробари феълу амали ҷӯгиён, ба таъриху асрори зиндагиашон равшанӣ андозад. Дигар адибон дар ин хусус кам мулоҳиза кардаанд.
Зариф Ғулом дар се қиссаи дигар – «Фарёди қалб», «Писари шоир» ва «Пайкараи зинда» муносибати адибро ба воқеаву ҳодисаҳои зиндагӣ тавъам тасвир менамояд. Вай дидааст, ки Карими Шиш бо маҳорати фавқулода дутор менавозад. Хусусан дӯстдоштааш Нозукойро бинад, боз бештар ба ҷӯшу хурӯш омадаву ҷавлон зада, бо тамоми дилу ҷон менавозаду мехонад. Тантанаи ишқу мусиқӣ ва суруд ба ҳам омехта, муҳаббати дӯстдоронро изҳор менамояд. Нозукбӣ низ чунин муҳаббатро ба ҷон қабул дошт. Нависанда ин ҷо аз суруд, савту наво, таъсири он ба одамон дуру дароз ба мулоҳиза медарояд. Вай гуфтааст, ки мусиқиву суруд ба тану ҷони одамон роҳат, қуввату мадор ва матонат мебахшад. Инҳо, воқеан, иқтидоре доранд, ки шамшер надорад. Дар назди савту оҳанг одамон обу адо мегарданд, ҷисмҳои табиат низ ба ҳаяҷон меоянд. «Садо ба рагҳои карахтшудаи одамон даромада, чеҳраҳои сарду қиёфаҳои дурушти онҳоро нарм мегардонад. Оҳанг ба қалбҳо ворид шуда, нигоҳҳоро пурмеҳр, дилҳоро аз шодӣ лабрез мегардонад, дастҳоро беихтиёр аз қабзаи шамшер раҳо менамояд. Мусиқӣ силоҳдоронро ба дунёи зебои афсона бурда, ҷаҳони навро дар пеши назарашон мекушояд. Сарбозон гӯё ба киштиҳои орзу савор шуда, дар баҳри хаёлот ба шино медаромаданд…» (с.63). Нависанда дар ин қисса зери таъсири суруду оҳанг ва созу наво мондани душманонро ҳам хеле зебо ва пурдард ба тасвир гирифтааст. Адиб дар бораи созу наво ва суруду оҳанг суханҳои гуфтании зиёд дошта, ҳар лаҳза бо мазмунҳои тоза ва сифатҳои нав андеша менамояд.
Зариф Ғулом дили ҳассос дошта, дар бораи созу наво ҳар бор мулоҳиза ва суханҳои гуфтании тоза ба майдон гузошта, дили пур аз лаҳну оҳанги Каримро зебо кашф менамояд. Дар бораи савту сози мусиқӣ қисса навиштан, сифатҳои созу оворо тасвир ва тавзеҳ додан кори бастакорон аст, ки адиби пурҳунар аз уҳдаи ин кор ба хубӣ баромадааст.
Мо пеш аз ин асарҳои Зариф Ғуломро дар бораи таърихи тоҷикон ва муборизаи онҳо бо пантуркизму панисломизм («Хиёнат») хонда будем. Ин мубориза ба муқобили душманони миллат дар осори ӯ вуҷуд дорад ва гоҳ-гоҳе бо мазмунҳои ҷудогона ва персонажҳои алоҳида ифода гардида, хонандагонро ҳушдор медиҳад, ки эҳтиёткор бошанд. Дар ин қисса ҳам душманони халқ овозхонро муттаҳам менамоянд, ки ӯ дар бораи доҳии бузурги халқҳо суруд насуруда, шеъри шоирони феодалиро ба оҳанг дароварда мехонад. Онҳо ба ғазалҳои бузургтарин суханварони тоҷик – Саъдиву Ҳофиз шубҳа карда, мегуфтанд, ки Самарқанду Бухороро ба як холи ҳинду бахшида, ҳукумати шуравиро бо Англия ҷанг андохтан мехоҳад ва ниҳоят гуфтаанд: аз ёд набарор, агар ба Афғонистон гурезӣ, аз таги замин бошӣ ҳам, меёбем ва ҳоказо (с.59). Ба овозхон ҳамин хел айбу иллат андохта, «гуноҳҳояшро» меафзуданд. Яке гуфтааст: «Агар партияи ҷоноҷон ба ман ҳуқуқ медод, худам ҳозир дар ҳамин ҷо мепарондамат. Бо дандонҳоям гулӯятро дарронда, хунатро мемакидам, то ки истеъдоди худододатро аз вуҷудат кашида барорам. Хекиртакатро медарондам, то ки овози афсунгарат абадӣ хомӯш гардад. Ангуштони сеҳрнокатро бо табар қима-қима мекардам, то ки садои мусиқии ҷаззобат ҳаргиз ба парвоз наояд…» («Карими Шиш», с.62). Ин феълу амал ҳазорҳо сол аз ҷониби душманони миллат дидаву шунида шудаанд.
Нависанда таъсири мусиқиро дар солҳои сивум, дар замони дахшатҳои сиёсӣ, ки зиёиёнро туъмаи марг намуда, давлатро ба дасти бенавоён медоданд, сухан рондааст. Дар замоне ки пантуркистон хуни тоҷикон мерехтанд, Карими Шиш бо ҳунар озурдагиҳои дили мардумонро тоза менамуд, ба одамони аз даҳшат абгоршуда ғизои маънавӣ ва лаҳну оҳанги дилфиреб мебахшид. Вай намунаи чунин ҳунармандони асил буд, ки дар он солҳо дар қатори дигар фидокорони миллат ба қатл расонда шудааст.
Зариф Ғулом дар образи Гулҳарам ва Карими Шиш хеле зиёд ба андеша даромада, ҳунари ӯро аз паҳлуҳои гуногун санҷидаву таҳқиқ кардааст. Мо дар образи ҷодугар ва овозхони мардумӣ онҳоеро ба мушоҳида мегирем, ки воқеан, соҳиби истеъдоду ҳунари воло буда ва нависанда образи онҳоро бо ҳунармандӣ ва тавоноӣ ба вуҷуд овардааст. Ҳарчанд дар қиссаҳо боз дигар образҳо ҳастанд, мисли Мардон, Сафиулин, Бобоев, Дулиев, Нозукбӣ, вале ӯ ба образи асосӣ сахт мутамоил шуда, онро аз паҳлуҳои гуногун ба таҳқиқ гирифта, ба муваффақият расидааст.
Мавзуи қиссаи «Хоки Ватан» ҷанг ва ҷанговарист. Дар он иштироки фарзандони тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тасвир шудааст. Ин мавзуъ дар адабиёти тоҷик ҳарчанд падидаи тоза нест, дар эҷодиёти адиб хосиятҳои тоза ба бар кардааст. Дар асари мазкур сарнавишти Фозил аз ҳуҷуми аҳдшиканонаи фашистон ба шаҳри Сталинград оғоз шуда, бо наздик шудани урдуи ғоратгарон талабот ба даъвати сарбозон боз афзун мегардад. Қисса аз нахустин соатҳои ба асорат афтидани сарбозони шуравӣ вазъи равонии асирон, муносибати таҳқиромезу нафратовари фашистонро нисбат ба сарбозони шуравӣ бозтоб шудааст.
Нависанда азобу машаққат ва ҷоннисориро дар ватандӯстӣ ва аз байн бурдани ҷангу фоҷиа мебинад. Халқу миллатҳое, ки чунин фарзандони ватанхоҳ доранд, ба қурбониҳои беҳисоб дучор шуда бошанд ҳам, саранҷом ба мақсади наҷиби худ мерасанд. Хотимаи таъсирбахши асар низ чунин аст: “… Мерасад рӯзе, ки байни ҳар ду низом ҳамдигарфаҳмӣ ба миён омада, мафҳуми нафратангезу таҳқиромези «хоин» нопадид гашта, муносибати дӯстона байни халқу кишварҳо ба миён меояд”.
Шоҳзамон РАҲМОН,
профессор