Номаи шодбошии ИНТ ба нависандаи шинохта Зариф Ғулом
Зариф Ғулом ҳарчанд хатмкардаи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни мақомоти судӣ ва дастгоҳи Шурои адлияи кишвар фаъолият дошт, вале меҳру муҳаббат ба сухани ноб ӯро ба майдони адабиёт овард, худ низ бо дилгармӣ дар ҷодаи эҷод гом бардошт ва наздик ба чиҳил сол мешавад, ки бо иншову таълиф сару кор дорад.
Мусаллам аст, ки роҳи эҷод пур аз шебу фароз ва барору нобарориҳост, аммо нависанда бо иродаи қавӣ ва садоқат ба сухан сарбаландона дар он гом ниҳод ва ҳамчун нависандаи хуби моҷаронавис номвар гордид. Ба риштаи тасвири бадеӣ кашидани рӯзгори шахсиятҳои таърихӣ кори саҳл нест, аммо Зариф Ғулом тавонист дар ин самт низ асарҳои хубе эҷод кунад, ки мавриди истиқболи гарм қарор гирифтанд.
Ганҷинаи адабиёти навини тоҷик бо маҷмуаҳои ҳикоёту қиссаҳои «Парвоз», «Даъвати хун», «Ҷодугар», «Бӯсаи аввалин», «Асри хиёнат», «Исёни Назир», «Карими Шиш», «Шоҳиди асосӣ», «Бо роҳи раъди ғуррон» «Табаддулот», «Хоки Ватан», «Се сарнавишт» ва романи «Бори каҷ дар роҳи каҷ»-и мавсуф ғанитар гардид.
Ҳамкории пайваста бо матбуоти даврӣ ва нашри мақолаҳои дархури ниёзи хонанда адибро ба дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шарафёб гардонид.
Бо арзи эҳтиром фарорасии 80-умин солгарди умри пурбаракатро ба Зариф Ғулом сидқан табрик гуфта, ба ӯ сиҳҳатии комил, рӯзгори хушу осуда ва табъи болида таманно дорем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон