Номаи шодбошии ИНТ ба профессор Равшан Раҳмонӣ

 Номаи шодбошии ИНТ ба профессор Равшан Раҳмонӣ

Равшан Раҳмонӣ баъди ба итмом расонидани мактаби миёна, соли 1972 рӯ ба факултаи филологияи тоҷики Дониш­гоҳи давлатии Тоҷикистон ниҳод. Баъди хатми он дар соли 1977 чун фаъоли ҷамъиятӣ дар Кумитаи радио ва телеви­зиони ҶШС Тоҷикистон (1977-1978) кор кард. Солҳои 1981-1985 ба ҳайси тарҷу­мон дар Донишгоҳи Кобули Афғонистон ба фаъолият пардохт. Барои такмили дониши худ баъдан аспиранти Пажӯҳиш­кадаи кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов (1986-1989) гардид ва аз соли 1978 то имрӯз ба ҳайси лаборанти калон, муаллим, дотсент, профессор дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад.

Бунёдгузор ва сардабири гоҳномаи «Мардумгиёҳ» (1993-2003) ва маҷаллаи «Пайванд» (нашрияи Анҷумани тоҷи­кон ва форсизабонони ҷаҳон) аст. Дар мавзуи «Назми шифоҳии таълифии даризабонони Афғонистони муосир» (1989) рисолаи номзадӣ ва таҳти унвони «Афсонаҳои мардуми форсизабон дар сабти имрӯз» (1998) рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.

Асарҳои «Намунаҳои фолклори дарӣ» (дар 3 ҷилд, 1985), «Афсонаҳои дарӣ» (1994, 1998), «Шавғот (Афсонаҳои форсӣ ва маҳорати як афсонапардози эронӣ)» (1996), «Афсона ва жанрҳои дигари насри шифоҳӣ» (1999), «Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажӯҳиши афсо­наҳои мардуми форсизабон» (2001), «Афсонаҳои нодир» (2003, 2005), «Та­маддуни ориёӣ (маҷмуаи гуфтугӯҳо)» (2006); «Достони Барзу дар гуфтори Ҷӯра Камол» (2007), «Эҷодиёти гуфто­рии мардуми тоҷик» (2008), «Як афсона дар баёни чор насл» (2011); «Фарёди бесадо» (2011), «Замоне бо Ғафуров ҳамкор будам» (2012), «Фарҳанги ориёӣ ва тоҷику Тоҷикистон» (2012), «Наврӯзи ориёии тоҷикон» (2013), “Насри гуф­тории тоҷикони Бухоро” (2014, 2015, 2018), “Эмомалӣ Раҳмон – пайвандга­ри гузашта, имрӯза ва ояндаи тоҷик” (2022), “Фарҳанги гуфторӣ дар романи “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода” (2022), “Фирдавсӣ дар бораи Наврӯзу Меҳргону Сада андар «Шоҳнома» (2023), “Берунӣ андар ҷашну оинҳои бостонӣ” (2023) ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Ҳукумати кишвар ва дигар ниҳоду созмонҳои илмиву ҷамъиятии дохилӣ ва хориҷӣ ӯро сазовори мукофотҳои ордени «Дӯстӣ» (2008), Аълочии фарҳанги Тоҷи­кистон (2008), Аълочии маорифи Тоҷи­кистон (2008), ҷоизаи байналмилалии «Пажӯҳиши сол» аз кишвари Эрон (2003) ва ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ (2023) ва ғайра донистаанд.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи на­висандагон аст. Мо – ҳамқаламон, 70 соли бобарори умри ин донишмандро самимона шодбош мегӯем ва орзуманди корҳои тозааш дар оянда ҳастем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 

Дигар хабарҳо