Чашмони муҳаррир. Ба хотираи неки нависанда Аюб Кенҷа
Шиносоии банда ва нависанда Аюб Кенҷа аз давраҳои хеле дури дур, аз наврасию ҷавониҳоямон давом мегирад. Баробар ба рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”, ба кор омадем. Ба ҳардуямон маҳз худи муҳаррири рӯзнома Абдулло Зокир меҳрубон. Аз ин рӯ, дар миёни ҳамкорон ману Аюбро “чашмони муҳаррир” мегуфтанд, он кас моро ба осонӣ ҳам наёфта, бо як олам ташвишу таҳлука. Дар масъалаи Аюб ба ҳама маълум. Вай барои муҳаррир худӣ, ҳамдеҳа, аз Қистақӯз, риштаи хешию таборӣ, боз вай додари Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаев. Лек аз хусуси ман – Кароматуллоҳи Мирзо ҳама дар ҳайрату ҳайрони зор. Ба муҳаррир на хешу на табор, аз як обрав ҳам не, аз кӯчаҳои ҳамдигар гузорашон низ наафтода. Шояд аз ҷониби муҳаррир ба вай як некии аз баҳри Худо. Ё як гапи дигар, Кароматуллоҳи Мирзо як аҳли қалам, назари Абдулло Зокир ба ҳар рӯзномаю маҷаллае афтад, номи ӯ. Хабару мақола, лавҳа, ҳикояҳояш чоп мешуданд, ҳатто баъзан вай гӯшаки радиоро тобад, овози ӯ. Эътибор намедод. Як воқеа рух дода:
Пагоҳӣ ба идора омада буд, дар дасти бачаҳо (кормандони газетаро гоҳе “бачаҳо” ҳам мегуфт) рӯзномаи “Маориф ва маданият”, аз 2-юми сентябри соли 1965. Дар он ҳикояи Кароматуллоҳи Мирзо, таъриф мекарданд. Ӯ ҳам онро хонд, қалами як нависандаи таҷрибадор барин. Андаке баъд боз ду ҳикояи вай бо сарсухан дар маҷаллаи “Садои Шарқ”…
Абдулло Зокирро ба як мактаби наздики шаҳр даъват кардаанд, муаллимон ба вай шиносу ошно. Меҳмондорӣ, боғи сердарахт, дарахтони шафтолу бисёр, онҳо ғарқи гул. Гули шафтолу аз гули ҳамаи дарахтони дигар базебтар, гулобитоб. Дар зери як дарахти шафтолу гилем, кӯрпача густурданд, дастархон, болои он пури мева, ширинӣ, шишаҳои ранги ба ранги об. Аҳли маърака дар атрофи дастархон ҷамъ. Меҳмони иззатманд Абдулло Зокир дар бари боло, “хуш омадед, нури дида, тоҷи сар”, муаллимон таъзим ба ҷо меоварданд. Директори мактаб, ки шеърҳояш гоҳе дар газета чоп мешуданд, ҳозиринро бо муҳаррир мешиносонд.
– Кароматуллоҳи Мирзо, муаллими ҷавон, мухбир, худатон медонед, – маро ба Абдулло Зокир муаррифӣ намуд.
– Кароматулло муаллими мактаби шумо? – Абдулло Зокир дар ҳайрат афтода буд.
– Ҳа, муаллими мо, – вай маро, ки дар поёнтар, дар паҳлуи ду муаллими калонсоли ботанутӯш менишастам, бо ишораи даст ба ӯ нишон дод. Аз ҷой бархостам, дастҳоям пеши бар, бо сари хам шармгинона рӯ ба Абдулло Зокир истодам, ӯро ғоибан медонистам. Муҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, сахтгир, худнамо, мағрур, серталаб, тарҷумони машҳур, асари безаволи “Доғистони ман”-и Расул Ғамзатовро бо тоҷикӣ гардондааст. Назари ӯ ба ман, аз афту андомам гӯё маро меомӯхт, таҳқиқ менамуд. Ба хулосае омад, ки ба гап даромад:
– Чанд сол боз муаллим ҳастед?
– Баъди хатми донишгоҳ.
– Ба навиштан аз кай машғулед?
– Аз давраҳои талабагӣ.
– Китоб мехонед?
– Ҳа, устод, китоби шумо “Доғистони ман”-ро мехонам.
– Вай китоби Расул Ғамзатов.
– Медонам, тарҷума кардед. Дар мактаб, дар деҳа ҳам онро мехонанд. Худам ин китобро қариб аз бар кардам. – Ҷумлаҳои аввали китобро ҳарф ба ҳарф ба забон овардан гирифтам. Лаҳзаҳои аҷоиб, ҳаяҷоновар, ҳама ба ман гӯш медоданд, гӯё нафас намебароварданд, намеҷунбиданд.
Ҳамон рӯз муҳтарам Абдулло Зокир бо ман бештар суҳбат карданд, аз зиндагӣ, рӯзу рӯзгор, аз қиблагоҳу хонавода. Баъд маълум гашт, ки маро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба кор мегирифтаанд.
Ману Аюб аз рӯи гапҳо “чашмони муҳаррир”, назари худашон ҳам ба мо гарму нарм, дар алоҳидагиҳо бо мо дар суҳбат, баёни арзи дил. Шояд бо ягон умеде. Рӯзнома ноором, безорӣ аз муҳаррир, аризанависӣ, шикоят, пеш як-ду нафар буданд, ҳоло ҷел кашидаанд, зиёд шудаанд. Муҳаррир ҳам асояшро ба равшанӣ заданӣ, меҷунбад, чашм меафтодагиҳояшро меёбад, алҳол ду нафар – Аюбу Кароматулло, меҳаросида, ки инҳо ҳам ба тарафи дигар нағеҷанд. Афсунгарҳо, дод аз дасти якеи онҳо, бо як чашми каҷалааш чандин муҳарриро аз сар гузаронда, ба навиштан тобаш набудагӣ, дар устухонаш шӯрангезӣ. Аз паи дуи мо – Аюбу банда, номаи шикоятиро назди ман оварданд, хоҳише, ки имзо гузорам, ба як ҳолат ҷавоб гӯям, ки аз сар гузаронда будаам.
– Ба кадом ҳолат? – ҳайрон шуда будам.
– Шумо ба Варзоб рафта будед? – пурсиданд.
– Бале, Варзоб рафта будам, дар слёти комсомолони район иштирок кардам, – ба хотирам омад.
– Чанд рӯз дар Варзоб будед? Роҳхати сафар доданд? Пул гирифтед? Чанд рубл? – думи суолҳо беохир. Мақсадашонро фаҳмидам. Аз забони ман муҳаррирро сиёҳ карданӣ. Дар сафар гӯё худи муҳаррир пул гирифтаю ба ман надодаанд. Баъди санҷиш маҷлис мешуда, ба банда сухан, гӯям, мардак шавам. Аз ҷониби муҳаррир низ хоҳиш, гапи дигар гӯям, “пул гирифтам” гӯям.
Дар миёни ду роҳ монда будам. Дар фикр, ки дар маҷлис чӣ гӯям? Хезаму муҳарриро сиёҳ кунам, ба кадом рӯ? Абдулло Зокир худашон маро ба кор оварда. Чанд пайса пуле гирифтаанду нагирифтаанд, кори ман чӣ? Дар деҳа ба ман чӣ мегӯянд. Аризанавису иғвогар, дирӯз рафтаву маълумоттеӣ. Дар маҷлис забон накушодам, гапи муҳаррирро ҳам нагуфтам.
Ҳамин гуна ҳолат ба сари Аюб ҳам омада буд, аз вай ҳам хоҳиш шуда, ки бигӯяд. Вай низ хомӯш, дам ба дарун. Баъди маҷлису санҷишҳо муҳаррири муҳтарам Абдулло Зокир аз вазифа рафтанд, як умр дар хаёлам бо некӣ мондаанд. Маҳз он кас сабаб буда, ки роҳам ба рӯзноманигорӣ ва адабиёт боз гашт. Хизматашонро ба ҷо оварда натавонистам, дар наздашон қарздор, руҳашон шод бод, як дӯсти азизе, ки дастгириам намуданд. Мададгорам буданд.
Фаъолияти ману Аюб дар рӯзнома давом меёфт. Бо ҳаваси беандоза заҳмат мекашидам. Қариб шумораи рӯзнома набуд, ки имзоям дар он набошад, гӯшаҳои алоҳида, якеаш “Минбари ошиқон”, ба он навиштаҳои беҳисоби ҷавонон. Як мақолаам бо номи “Ба хотири модар” ба банда шуҳрати беандоза овард. Номаҳо, нома ба модар, марди носипос зери танқиду танбеҳи ҳазорон одамон. Ҳатто дар атрофи ин мақола дар маҷаллаи “Садои Шарқ” низ мулоҳизаҳо. Мудири шуъбаи ҳаёти комсомолии рӯзнома таъйинам намуданд. Кори шуъбаро ба дараҷаи аъло ба роҳ мондам, банда ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ дар ҷумҳурӣ. Шаҳодатномаи “Победител социалических соренований 1973 года”, Нишони “За активную работу в комсомоле”, “1- апреля 1980 ЦК ВЛКСМ”. Аюб Кенҷаро бо талаби худам ба шуъба гузаронданд. Дар як ҳуҷра менишастем. Ҳама ҳайрон, ки чаро ӯро ба шуъба хостам. Дар миёни ҳамкорон ӯ андаке тезнамо, зудранҷ. Дар рӯзнома бо як рафиқи дигарамон Усмон Шарифзода, ки он кас ҳам аз дӯстони наздикам буданд, носоз. Аюб Кенҷа аз гапам намебаромад, як ходими номдори газета, аҳли қалам, китобу мақолаҳояш. Дар он рӯзҳо ба банда номаҳо менигошт, онҳоро чун ёдгориҳои бебаҳо нигоҳ доштаам.
«Устод!
Камандировкаи камина (ду рӯзаш) хеле-хеле бемаза гузашт. Зеро дар РК (дар кумитаи комсомоли район) ҳеҷ кас нест. Бо як инструктор баъзе корҳоро хому хатала иҷро кардем. Вале мақсаде, ки доштем, ҳанӯз амалӣ нашудааст. Бинобар ин, маҷбурам, ки имрӯз ҳам ба Ҳисор равам. Материале, ки Бахтиёр гуфта буд (ба рӯзи якшанбегӣ) ба гумон аст, ки то бегоҳ тайёр шавад. Аз ҳамин сабаб ин хатчаро саҳарии барвақт оварда мондам. Интизор мешудам, дер мешуд. Хайр, шояд то бегоҳ боз оям. Агар нашавад, узри маро ба Бахтиёр мерасонед.
Бо эҳтиром, Аюбҷон,
10 август, 1973, соати 7-45-и саҳарӣ
Устод, Кароматулло!
Як шингил аз сафари камина. Умед аст, ки худатон хонда хуб таҳрир карда, агар лозим бошад, баъзе ҷойҳояшба ҳамроҳ карда, ба шумораи ҷумъагӣ ва ё якшанбегӣ ба истифода медиҳед. Хайр то дидан!
Аюбҷон,
18.09.1973.
Соати 11.50-и шаб.»
* * *
Ману Аюб Кенҷа “чашмони муҳаррир”-и муҳтарам Абдулло Зокир боз се-чор соли дигар ҳамроҳ дар редаксия кор кардем. Ӯ одами серхешутабор, пуштдор, бародараш Ҳодӣ Кенҷаев Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, бародари дигар Юсуфҷон корманди савдо, вале рӯзе нашунидам, ки гӯяд, вай кӣ дораду кӣ надорад, ҳамеша ӯ ҳамон Аюби хоксор, бекина, дӯсту бародари меҳрубон.
Муҳаррири рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, ҳоло “Ҷумҳурият” муҳтарам Ғоиб Қаландаров, ки нашрияашон рӯзномаи рақами аввали ҷумҳурӣ ҳисоб меёфт, ба хотири бародари қаҳрамонаш, худаш ба идораи газетаи мо ба сари Аюб Кенҷа омад, ӯро бурд, вазифа дод, Аюб Кенҷа вазифа гирифта рафту аммо мо боз бо ҳам, дӯсту бародар. Аксар вақт дар хӯроки нимрӯзӣ, дар китобхона, дар маҷлису маъракаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ мо ҳамроҳ. Дар деҳа мезистам, аз шаҳр берун, бо Аюбҷон (ӯро Аюбҷон ҳам мегуфтанд) ба деҳа мерафтем. Бо аҳлу аёл, фарзандони хурдсол ӯ меҳмони мо. Баъзан вай меҳмон не, дар боғ, дар бехи току дарахтон бо ман меҷунбид, дафтару қаламаш бо худ, ҳавасаш ба таронанависӣ, тарона менавишт. Онҳо, ки чоп мешуданд, вай хурсанд. Боз шодию нишот, ки китобашро ба чоп супурда. Ба хаёлам аз ҳамон рӯзҳо дида баҳри бародар зиндагии хуштаре надида будам, мехостам хушиҳояш бардавом бошанд, чашм нарасад. Вале таассуф, ки ин тавр набуда, баъзан баҳри ҳеҷ кас хушиҳо то охири умр давом наёфта. Дар деҳа будем, ки ба Аюбҷон хабари нохуш расид, модар дар дами беҳолӣ. Чӣ тавр дар он шаб ба роҳ баромад, надонистам. Ҳамроҳаш шудам. Бо ҳам ба Хуҷанд, ба хонаашон – Қистақӯз расидем, модар аз дами марг раҳид, фишор поин шуда. Аммо Аюб ба худ наомад. Ӯ модарро ба дараҷае дӯст медошта, ки худ бехабар. Чандин рӯз аз кор монд, ғарқи дарёи ғаму андӯҳ. Ҳама аз ҳолаш огоҳ.
Дар рӯзҳои парешонӣ, ноумедӣ ба вай дӯсти хонадон Ғоиб Қаландаров парастор, аз ҳолаш пар меандохтагӣ. Дар шаҳри Благовешенскии Сибир як чораҷӯӣ, тадбири умумииттифоқӣ – конфренсия, чандрӯза, давомдор, истироҳат. Аюбҷонро вай ба ин маърака муносиб донист, фармоиши сафар. Дар фурудгоҳи Благовешенский низ пешвозгирӣ. Дар меҳмонхонаи боҳашамате ҷой, лаби дарё. Шабҳо болои дарё то ба дуриҳои дур чароғистон, тамошо. Лек дар ҳамин ҷо низ ғами модар рӯ гирифт. Надонад аввали шаб ё ними шаб, ки хоб дид, бо тарсу ҳарос бедор шуд. Туҳфаи ноёбе ба вай доданд, таъкид шуда, ки онро беосеб ба модар расонад, вагарна аз модар мемонда. Дар ҳамон ғоти шаб ба ӯ иҷозат, вай ба сари болини модар ҳозир шуданӣ. Надонист, ки вай чи тавр ба самалёт нишасту ба Душанбе расид. Дар рӯ ба рӯ хоҳари калонӣ. “Омадӣ?” “Аҳволашон?” “Тамом мекардагӣ барин”, “Модар намемиранд, хоб дидам, туҳфа, ана вай”. Аюбҷон хаёлан даст ба бағал бурд, туҳфа шикаста пора-пора. Ба гӯшаш садои оҳу нолаи апа, хешовандон. Модар аз олам гузашта буданд.
Бархӯрд дар Теппаи Самарқандӣ
Баъди фавти модар боз сабабҳои дигар, ки худаш медониста аз Душанбе рӯ ба деҳа, ба хонаю дари қадимаи бобою бобокалонҳо. Ҷои кораш боз рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, мухбири махсус дар вилояти Суғд, дурӣ аз марказ – аз Душанбе. Аммо дар масъалаи дӯстиашон гапе не, Аюбҷону Кароматулло дар куҷо зиҳанду назиҳанд, бо ҳам қарин, наздик. Ба хонаҳои ҳамдигар дар равуо. Аюбҷон ба наберааш Кароматулло ном ниҳода, Парвина духтари Кароматулло. Парвинаю Кароматулло талабаҳои синфи панҷ, китоб мехонанд, китобҳои суратдор.
Солҳои навадуми асри гузашта душворӣ, ҳодисаю воқеаҳои хунин. Гоҳе аз тақдири ҳамдигар ноогоҳ. Барои Аюбҷон ҳамин ҳол, чанд моҳ намедонист, ки бародар дар куҷо. Хату садое не, ба замми ин ҷое, ки Кароматулло мезист, беш аз беш хавфовар, алангаи ҷанг фурӯзон. Қариб ҳар рӯз аз он музофотҳо хабарҳои нохуш. Хоб дид. Як бор хоб дида, аз модар монд. Вай аз хоббинӣ қимоб. Қасди сафари Душанбе намуд, ки дар он рӯзҳо сари ҳар қадам хавфу хатар. Шоири ҷавон Махсум Олимиро дар ин ҷо нохалафон ба қатл расонданд. Адибони маъруфу машҳур Баҳром Фирӯз, Муҳиддин Хоҷазод, Маъруф Бобоҷон, Мавҷуда Ҳакимова аз Душанбе ба Хуҷанд рафта буданд. Аз Аюбҷон хоҳише, ки ғами ҷонашро хӯрад, аз раъяш гардад, Душанбе наравад. Аммо Аюбҷон аз роҳ нагашт. Дар Душанбе Кароматуллоро ҷуст, дар хонаҳои фарзандон ва дар Иттифоқи нависандагон низ набудааст. Роҳи деҳаи ӯ ба Аюбҷон ошно, аз шаҳр берунтар, рӯ ба теппаҳо, чанд қадам онсӯтар як дарахти тут, одамон дар зераш ҷамъ меоянд. Интизоранд, ки чӣ нақлиёте ояд. Аюбҷон сӯи тут қадам монд, як худаш танҳо, дар даст халта, савғоҳо барои хонаи дӯсти меҳрубон. Пештар ҳам ин ҷо меомад, ҳамроҳи Кароматулло, баъд ба деҳаи онҳо. Одамон пайдо шуданд, табъашон хира, парешон, дар дил ҳарос, ки боло мераванд, он ҷо, дар таги кӯҳ деҳаҳо – манзилҳояшон. Бо гардани баста, бо дили нохоҳам он ҷониб роҳ мегиранд, гӯё дар роҳ мор хуфта, аз мор ҳазор бор бадтар: силоҳдорҳо. Онҳо ба ҳама кордор, кисаю бағалҳоро мекобанд, ҳуҷҷат мепурсанд, мезананд, қундоқи автомат. Ана боз се-чор нафари дигар, яке ҷониби ӯ омад. “Аюбҷон!” номи вайро ба забон овард, ӯро шинохт, мӯйсафеди Асохӯҷа, ҳамсояи Кароматулло, меҳмон гуфта пеши Аюбҷон меомад, шеър мегуфтааст, овози хуш, сурудҳои бадилашро паст-паст замзама менамуд. Аюбҷонро Кароматулло ба Асохӯҷа муаррифӣ намуд, нависанда. Вале аз чӣ буда, ки Асохӯҷа ӯро нависанда не, шоир мегуфт. Ҳоло вай дар назди ӯ, оғӯш ба оғӯш вохӯрданд.
– Омадед? – ҳайрон монда пурсид Асохӯҷа.
– Алахон шудам, – ҷавоб дод Аюбҷон.
Овози Асохӯҷа пасттар шуд, ба тарзи ношунаво ба гӯши Аюбҷон гуфт, ки аҳволи Кароматулло хуб не, вайро хуш намедидаанд, аз хонааш намебаромадааст, панаҳ мебурдааст. Беҳтараш номи ӯро нагирад.
Мошинароба омад. Вақтҳои охир он ягона воситаи нақлиёт, аз они иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бобои Турхӯҷа, аз якравии вай ҳаросида, кордораш намешудаанд. Ҳама ба мошинароба часпиданд. Асохӯҷаю Аюбҷон ҳам ба он нишастанд. Мошинароба деҳаҳои сари роҳ, Қараяғоҷ, фермаи чорводории колхозро гузашта, дар кӯтали деҳаи Теппаи Самарқандӣ дармонд, бораш вазнин, чанд нафар фуромаданд. Мошинароба кӯталро боло шуд, даромадгоҳи деҳа, Аюбҷон медид, ки дар ин ҷо қиёмате. Силоҳдорон беҳисоб, автоматҳо дар китф, фӯкҳо ба осмон, манманию ҳавобаландӣ. Роҳгузарҳо, ҳама хомӯш, сарҳо хам, мошинаробаро нигоҳ доштанд. Як нафар силоҳдори қадпасти ботанутӯш, ки нӯки автоматаш аз китф ба замин мерасид ва дар ҷои баландтар меистод, Аюбҷонро наздаш хонд. Назараш ба ӯ, ба ранги рӯи вай, овоз баровард:
– Оҳой амак, ту аз куҷоӣ? Ба одамони мо монанд нестӣ, мегӯм шипион – пипион набошӣ? Шиносномаат? – Дасти силоҳдор ба тарафи Аюбҷон дароз шуд.
– Ин кас меҳмони ман, хонаи мо омадаанд, шоиранд, – ба ҷои Аюбҷон ҷавоб дод Асохӯҷа, ки аз ӯ дур намешуд, қанта ба қанта.
– Ист, ист, ту мӯйсафед, худат кӣ ҳастӣ? Медонӣ чӣ гуфта истодаӣ? – силоҳдор бо ғазаб рӯ ба Асохӯҷа овард.
– Ман мегӯям, ки ин кас меҳмони ман.
– Ҳамин шипион, хоин, ватанфурӯш меҳмони ту? – Нигоҳи нафратбораш ба Аюбҷон. – Файзимат, – касеро, ки дари мошини сиёҳро мекушоду мепӯшид, наздаш хонд, овозаш ба сари Асохӯҷа баланд, аз ӯ пурсид, ки мошини сиёҳ чӣ мошин? Медонад?
– Медонам, шумоҳо одамони мехостаатонро дар он ба Чилдара мебаред.
– Баъд чӣ кор мекунем? Мекушем. Худат ҳам ҳамроҳи меҳмонат ба мошин мешинӣ.
– Орзу мекунӣ, ту ҳоло намедонӣ, ки мо кӣ.
– Медонам, ҳамаашро медонам, ана ин рафиқи туро барем як қоил мешавад, ки баъд худат ҳам ҷавоб мегӯӣ. Ба мо алакай маълум аст, ки ҳамин хел одам меояд, аз тарафҳои Ӯзбекистону Суғд меояд, ана вай омадааст, худаш, лекин ту, ки меҳмони ман мегӯӣ, худат аз куҷоӣ?
– Ман аз қишлоқи Нилкон.
– Мо шумо нилкониҳоро медонем, чанд касатон дар ҳисобед.
– Ман ҳам дар ҳисобат ҳастам? Гуфтам-ку ту на манро медонию на ин меҳмонамро.
– Меҳмонатро мебарем. Аз Нилкон бошӣ, ҷои худат маълум, гурехта наметавонӣ. – Силоҳдор аз гиребони Аюбҷон гирифт, ӯро тарафи мошини сиёҳ кашид, Асохӯҷа лаби кастюми Аюбҷонро раҳо намедод, кашмакаш, доду фарёд, ки ба Зангӣ мегӯяд. Зангӣ лақаби қумандони бузург Асрор, ӯро барои сиёҳчатоб буданаш Зангӣ ҳам мегуфтанд, Асрори Зангӣ. Номи Асрори Зангӣ дар забони Асохӯҷа, барои вай шеър мехонд, одамон дар гирдаш ҷамъ, як бесарусомонӣ, мағал. Асрори Зангӣ дар куҷое буда, ки ғалоғуларо шунид, сӯи одамон шитофт. Хабари омад-омади Зангӣ, ҳама ба ҳар тараф парешон, гурезогурез. Дар майдон силоҳдору Асохӯҷа. Вай гирён-гирён шеър мехонду Зангӣ мегуфт.
Овози Зангиро шунида Асохӯҷа домони Аюбҷонро раҳо кард, дастҳо пеши бар, бо сари хам, рӯ ба қумандон товбаю надомат.
– Чӣ гап, Асохӯҷа?
– Шумо медонед, бохабаред, маро Худо зад, бачаамро оварданд, ба хок мондам. Мардуми дунё ба ҳолам мегиристанд, шумо ҳам дар барам. Ана ин одам, – Аюбҷонро ба Зангӣ нишон дод. – Шоир аст, китоб дорад, дар фурудгоҳ ҳамроҳам кор мекард, ба хонаам фотеҳахонӣ омадааст, аз Суғд омадааст. Вай меҳмони ман, вайро ба Чилдара мебаранд, мекушанд, вой дод! Назди мардуми олам чӣ ҷавоб мегӯям, сарамро ба куҷо занам, чӣ илоҷ ёбам?
– Асохӯҷа, ба худ биё, мебинӣ, ки имрӯзҳо ба сари ҳама, бисёр фарзандон мемиранд, тоқат кун, тоб биёр.
– Зангии азиз, меҳмони ман гуноҳ надорад, гуфтам-ку вай аз Суғд, аз авлоди одамони бузург, одамони ноёби Суғд.
– Медонам, Асохӯҷа, ту одамони бузург, ноёби Суғд гуфта, киҳоро дар назар дорӣ? Қаҳор Маҳкамов, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиевро мегӯӣ?
– Не, Зангиҷон, ҳазор бор не, ин меҳмони ман бародари як қаҳрамон.
– Чӣ хел қаҳрамон?
– Вай додари қаҳрамоне, ки дар СССР маълум буд. Номашон дар китобҳо, агар додари он касро инҳо кушанд, ба сӯхтан пок намешавем, олам ба сарамон мехезад. Худи қаҳрамон боз як бори дигар қаҳрамонӣ нишон дода, омада ҳамаро мекушанд.
– Эшони Асохӯҷа, ту девона шудаӣ, оллоҳӣ мегӯӣ. Дар Тоҷикистон канӣ ҳамин хел одам, ки ба сари ман биёяд.
– Ҳамин хел одам ҳастанд.
– Бошанд гӯй, налақ, нагӯӣ мепаронам.
– Мана накушед, мегӯям.
– Гап зан, тоқатам намонд, гӯй! – Асрори Зангӣ асабӣ шуда пой ба замин мекӯфт. – Гӯй!
– Асрорҷони азиз, – Асохӯҷа ба одамони гирду атроф рӯй овард, – Номи қаҳрамони мегуфтагии ман Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаев, ана ҳамин кас, – даст ба китфи Аюбҷон ниҳод ва афзуд: – Додари Ҳодӣ Кенҷаев.
– Рост мегӯӣ?! – овози Асрори зангӣ бо даҳшат садо дод.
– Дурӯғ гӯям, мана паронед, кушед.
– Ҳа, ҷаноби қумандон, ман додарашон, – шиносномаву билети ҳарбӣ ва як аксеро, ки бо бародар ҳамроҳ гирифта будаанд, Аюбҷон аз ҷайб бароварда бо ду дасти адаб ба Асрори Зангӣ дод.
Қумандон назар ба ҳарфҳои шиносномаву билети ҳарбӣ, ки бо насаби Кенҷаев буданд ва акси додарро бо бародар дида, бори гаронеро аз дӯш фикандагӣ барин нафаси озод кашид ва қомат рост намуд.
– Саҳв кардем, нафаҳмидем.
Асохӯҷа барои зинда мондан буд, ки шодона Аюб Кенҷаро ба оғӯш кашид. Замину замон, офтоб ба назараш зебо тофт. Ҳамроҳи меҳмонаш ба тарафи хонааш қадам монд.
* * *
Воқеаи аз сар гузарондааш ба Аюб Кенҷа беасар намонда, умре дар хотираш, ки қарибе фано шудаву боз зинда монда. Достон навиштааст: “Бархӯрд дар Теппаи Самарқандӣ”, китоб шуда он, муҳаррири китоб Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод. Боиси ифтихор ва сарфарозии Аюб Кенҷа, ки Ҳодӣ Кенҷаев Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ бародари ӯ.
Командири полк, майёр П.Шлимов зимни ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод намудани Ҳодӣ Кенҷаев корномаҳои ӯро мухтасар баён намудааст (Хайрулло Абдулваҳҳоб, газетаи “Садои мардум” №133, 13.11.2014):
“Шашуми июли соли 1943 гурӯҳи сарбозони Кенҷаев аз ҳамлаи ҷавобии 24 танки олмонӣ ҷилавгирӣ карда, чаҳор адади онро нобуд сохтанд. Вақте кулли гурӯҳаш аз набард берун шуданд, вай ба танҳоӣ боз се адад танкро нобуд кард. Дар он набард вай се маротиба захмӣ шуд, вале ҷангро идома медод. Вақте силоҳи Кенҷаев корношоям шуд, вай силоҳи зиддитанкиро пайдо кард ва танки ҳаштумро аз байн бурд ва танҳо баъд аз ин ба бунгоҳи тиббӣ рафт. Сари роҳ вай ба тӯпандози гурӯҳи ҳамсоя кумаки аввалияи тиббӣ расонида ӯро низ ба баталён овард”.
Корномаҳои фарзанди тоҷик Ҳодӣ Кенҷаев дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёд, бо орденҳои Ленин, “Ситораи тилло”, Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 1 ва даҳҳо медалу ифтихорномаҳо қадр шуда, дар муҳорибаи Курская дуга ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор гаштааст. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаев чандин навбат депутати Шурои Олии СССР ва депутати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.
Кароматуллоҳи МИРЗО,
Нависандаи халқии Тоҷикистон