Арифметикаи зиндагӣ. Ба муносибати 70-солагии нависандаи маъруф Юсуф Насрулло
Нависандаи ҳаҷвнигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Юсуф Насрулло 70-сола шуд. Ҳаҷву танзи нозук ва зарофати хоси ин нависанда аз ҳама навиштаҳояш бармалоянд. Қиссаву ҳикоёти ҳаҷвияш дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла дар нашрияҳои адабии ИНТ ва дар маҷмуаҳои ҷудогона ба табъ расидаанд ва ӯро дар радифи носирони хушзавқи тоҷик қарор додаанд. Санаи фархундаро ба адиб хуҷастабод мегӯем ва ба ин муносибат матлаби зерро ба хонандагон пешкаш мекунем.
Чанд сол аст, ки ӯро мешиносам, инсони хеле хоксору ғамхор ва меҳрубон аст. Ҳама вақт чун рӯ ба рӯ шавем, ҳатман ягон сухане мегӯяд, ки дили ман ба касби интихобкардаам гармтар мешавад, зеро дар ин шебу фарози зиндагӣ аз пайи касби нависандагӣ будан машаққатҳои зиёдро металабад ва баъзан инсон ба майдатарин нерӯ ниёз дорад, то иродаро дар ин роҳ аз даст надиҳад. Шояд барои ҳамин аксаран то ба охир наметавонанд ин роҳро тай намоянд, дар нимароҳ раҳояш мекунанд ва ё аз баҳри ин касб ба пуррагӣ мебароянд.
Аммо ӯ ҳамеша бо як оҳанги ғамхорона сухан мегӯяд, аз таҷрибаҳои худаш нақл карда, роҳҳои чопи китобро дар хориҷа нишон медиҳад, то дигарон низ дар ин ҷодаи пурмашаққат муваффақ бошанд.
Оғози фасли сармо ӯ зодрӯз дорад. Ба синни 70 қадам мениҳад.
Ӯ як нависандаи хушқалам, ҳаҷвнигори борикбин, инсони некбинест, ки дар ҳама ҳолат метавонад равзанаи хуберо ҳам барои худу ҳам барои дигарон боз намояд. Исми ӯ Юсуф Насруллост. Ин ном ба ҳаводорони насри муосири тоҷик ошност, зеро вай тавонистааст насри моро натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ муаррифӣ намояд. Романи ӯ бо номи “Shanoar” аз тариқи нашриёти машҳури “Publish America” дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чоп шудааст ва имрӯзҳо аксари мухлисони ин роман номи духтарони худро Шануар мениҳанд.
Юсуф Насрулло 10 декабри соли 1954 таваллуд шудааст. Соли 1961 ба мактаби № 15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, соҳиби маълумоти миёна гардид. Соли 1976 бахши рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо муваффақият хатм кард. Аввали соли 1978 чун муҳаррир дар Кумитаи телевизион ва радиои вилоят ба кор шуруъ намуд.
Соли 1992 аввалин шуда телевизиони ғайридавлатиро дар шаҳри Қайроқум (ҳоло Гулистон) бо номи “Темурмалик” таъсис дод. Дар иҷозатномаи он низ рақами 1 сабт гардидааст. Ҳайати эҷодии телевизиони ғайридавлатии “Темурмалик” хеле пурқувват буд. Дар он қаламкашони машҳуру боистеъдод Анвар Олимов (сармуҳаррир), Атахон Сайфуллоев (мушовир), Ҳафиз Сайфуллоев (ҷонишини директор) ва ғайраҳо фаъолият мебурданд ва нуфузи ин телевизионро баланд мебардоштанд. Барномаи муборакбодии “Зодрӯз муборак” низ дар ҳамин телевизион таъсис шуда буд. Шуҳрати он рӯз ба рӯз зиёд гардида, ҳаводоронаш бештар мешуданд ва бесаброна пахши барномаҳои рангоранги онро мунтазир буданд.
Баъдан соли 1994 ӯро раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоят таъйин намуданд. Дар ин вазифа то соли 1996 фаъолият бурд ва баъдан дубора раиси телевизиони ғайридавлатии “Темурмалик” таъйин гардид ва даҳ сол ин вазифаи пурмасъулиятро ба уҳда дошт. Ногуфта намонад, ки соли 1992 ӯ аввалин рӯзноманигори ҳарбӣ дар Кӯлоб буд. Ду моҳ дар байни тиру туфанг дар муҳорибаҳои ҷангӣ иштирок намуда, силсилаи гузоришҳоро омода мекард. Онҳо тариқи телевизиони “Темурмалик” пахш мегардиданд, баъзе аз он гузоришҳо тариқи телевизиони “Останкино” низ намоиш дода мешуданд. Вақте суҳбат ба ин нукта расид, беихтиёр савол додам:
– Даҳшати ҷангро мо фақат аз тариқи филмҳо дидаем. Нависандаи нозукдил он ҳамаро бо чашми худ дида, чӣ гуна таҳаммул мекунад? Хоҳу нохоҳ тарс одамро фаро мегирад, шумо чӣ гуна тавонистед, ки тарсро дар худ мағлуб созед?
Посухи ӯ хеле самимӣ ва одӣ буд: – Агар тарсед, тир шуморо меҷӯяд…
Моҳи ноябри соли 1998 вақте Маҳмуд Худойбердиев ба шаҳри Хуҷанд ҳамла кард, ӯ ва ҳамкоронаш аз зери борони тиру туфанг гузашта, ба студия омаданд ва аз тариқи телевизион мардумро ба оромӣ даъват карданд. Оре, басо рӯзҳои тираву тор, ҷанги мудҳишу даҳшатборро паси сар намуд миллати ҷафокаши мо ва, хушбахтона, ҳама вақт касоне ҳастанд, ки бо ҷасорату матонати худ барои ба пеш қадам ниҳодан ёрӣ мекунанд…
Дар хусуси онҳое, ки шиносашон ҳастему ҳатто дар як идора ҳам кор кардаем, на ҳама вақт маълумоти комил дорем, аз зиндагиву рӯзгор ва эҷодиёту фаъолият, дарду ғам, шодиву хурсандии ҳамдигар бехабарем ва агар фурсате ояду дар он хусус суҳбат кунем, пеши назарамон дунёи рангин, саргузашти пуртазод боз мегардад ва ин шиноси ношиноси моро бароямон наздиктар мегардонад. Мебинем, ки то имрӯз дар хусуси ӯ аслан чизеро намедонистаем ва шинохти мо низ ба ҷуз таассурот ангезае беш набудааст. Ба Юсуф Насрулло менигараму ҳамин андеша аз сарам мегузарад. Ӯ аз равзанаи таҷрибаи худ ба ин дунё менигарад, кӯшиш мекунад, ки ҳарфи худ, фикри худ ва дарди худро рӯйи коғаз оварад. Ба касе тақлид намекунад, зеро тақлид нишони заифӣ ва беҳунарӣ аст. Чанд китобаш ба забонҳои гуногун нашр шудаанд. “Ожидание” (“Интизорӣ”) соли 1996, “Соҳиби аспи падар”, силсилаи ҳаҷвияҳо ва ҳикояҳо соли 1997, “Вохӯрӣ бо худ” – қисса ва ҳикояҳо соли 1999 аз тариқи нашриётҳои “Сино” ва “Раҳим Ҷалил” ба дасти хонандагон расиданд. Намоишномаҳои ӯ дар озмунҳои ҷумҳуриявии драмнависон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Масалан, “Ишқи ҷавони ҳинду”, “Зинда бод Фаронса”, “Заволи империяи чорум” ва ғайраҳо дар театрҳои гуногуни кишвар ба намоиш гузошта шудаанд. Нависанда мегӯяд, ки адабиёт натанҳо барои як миллат, балки ба кулли инсоният хидмат мекунад. Ӯ ҳамеша орзу мекард, ки асарҳояш ба дигар забонҳо тарҷума шаванд ва ин орзуяш амалӣ гардид: соли 1996 чанд ҳикояи ӯ аз забони русӣ ба забони арабӣ тарҷума шуданд ва тариқи ҳафтавори “Тишрин”-и Сурияи Араб мунтақиди араб Доктор Абдулкарим ба ҳикояҳои нависанда баҳои баланд дода, ӯро ба нависандаи рус Валентин Распутин монанд кард. Ҳикояҳои ӯро нависандаи араб Комил Мусофир ба забони арабӣ тарҷума намуд. Романи ӯ “Шона барои зулфи Мона Лиза” ҳанӯз соли 1984 навишта шуда буд. Ҳамон сол онро ба забони русӣ тарҷума кунонд. Вай одате дорад, ки навиштаҳои худро ҳама вақт ба ихтиёри сандуқи вақт мегузорад. Вақте соли 2010 онро тасодуфан пайдо кард, хурсандияш ҳадду канор надошт, зеро худ фаҳмид, ки асараш чи арзише дорад. Хост онро тарҷума намояд, барои ҳамин дар ҷустуҷӯи тарҷумон шуд. Кушнер Юрий тарҷумаи романи ӯро тариқи шартнома, ки ҳар як калимааш 5 сент мебошад, ба уҳда гирифт ва розӣ шуд, ки барои тарҷумаи ҳар як калима 3 сент гирад. Албатта, маблағгузорӣ барои тарҷумаву эҷод дар ҳамаи кишварҳо гуногун аст. Дар хориҷи кишвар ҳаққи калам барои ҳар як калима бошад, дар мо тариқи саҳифабайъ пардохт мегардад. Ҳамин тариқ роман ба забони англисӣ тарҷума гардид ва тариқи нашриёти машҳури Амрико ба теъдоди 50000 нусха аз чоп баромад. Нависанда Юсуф Насрулло бо роҳбарияти нашриёти “Publish Amеrica” ба муҳлати дувоздаҳ сол қарордод баст, яъне дар дарозои ин фурсат нашриёт мебоист китоби ӯро чоп кунад ва ҳар сол ду маротиба ҳаққи қалам фиристад. Танҳо баъд аз дувоздаҳ сол нависанда ҳуқуқ пайдо мекунад, ки романашро ба дигар забон тарҷума намояд. Айни ҳол романи ӯ дар давлатҳои Бразилиё, Чили, Ҷопон, Ҳиндустон, Чин, Австрия, Канада ва ғайраҳо паҳн шуда, дастраси ҳаводорони наср гардидаанд. Қаҳрамони асосии романи мазкур “Shanoar” Юнус ва Салима мебошанд ва роман ҳаёти пур аз шебу фарози рӯзноманигорро дар бар мегирад.
Юсуф Насрулло мегӯяд, ки нависанда бо дили зинда ва даҳони баста зиндагӣ мекунад, зеро сухане, ки гуфтан мехоҳад, бояд нависад. Нависанда бояд аз саҳифаи аввал ба гардани хонанда каманд андозад ва ин каманд хонандаро аз саҳифа ба саҳифа, аз боб ба боб то охири китоб кашола карда барад.
Айни замон ӯ асари калонҳаҷмро ба охир расонид. “Азиз Несин ва ман” ном дорад он. Дар ҳамин асар Алӣ – доктори илми математика аз падараш Азиз Несин мепурсад: – Чаро шумо адабиётро ба математика шабоҳат медиҳед?
Нависанда дар ҷавоб ба саволи писараш мегӯяд: – Ҳикоя арифметика аст, повест алгебра ва роман математикаи олист. Барои фаҳмидани моҳияти роман таҷрибаи зиёди зиндагӣ даркор аст.
Худи нависанда Юсуф Насрулло низ аз зиндагӣ бардоштҳои зиёд дорад. Ба фикри ӯ, одаме, ки ақаллан як бор ошиқ нашудааст, ба адабиёт ҳаққи наздик шудан надорад, зеро адабиёт чунин инсонҳоро роҳ намедиҳад. Пӯлодро оташ гудозад, одамро ишқ мегудозаду месозад. Нависанда бояд монанди сиркои даруни хум дар худ биҷӯшад.
Оре, суҳбати мо бо ӯ хеле пурмуҳтаво буд ва дар ҳар бобат андешаҳои худро баён мекардем. Қадамзанӣ барои ӯ воситаи беҳтарини илҳом будааст. Беҳтарин андешаву ғоя маҳз дар ҳамин вақт таваллуд мешаванд ва нависандаро саршори илҳом мегардонанд. Ва ӯ ғарқаи тозатарин андешаву ҳиссиёт сари миз менишинад, то бинависад, бинависаду бинависад, зеро ҳар сухане, ки эҳсоси хубро дар вуҷуди инсон тавлид месозад, гӯяндаро муаррифӣ мекунад. Шояд барои ҳамин мегӯянд, ки масъулияти сухан бар дӯши гӯянда аст, зеро он на шунаванда, балки гӯяндаро ошно ва ё ноошно мегардонад.
Матлубаи ЁРМИРЗО