Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 25 декабри соли 2024

25 декабри соли 2024 маҷлиси Раёса­ти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд.

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мир­хоҷа, мувофиқи рӯзномаи маҷлис, дар оғоз аз фаъолияти ин ниҳод дар соли гузашта гузориши муфассал дод. Дар гузориш роҷеъ ба фаъолияти яксолаи бахшҳо, нашрияҳо ва дигар сохторҳои марбут ба ИНТ маълумот дода шуд ва таъкид гардид, ки кормандони боргоҳи адибон дар соли гузашта барои тарғиби сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар ва ривоҷу равнақи шохаҳои гуногуни ада­биёти имрӯзамон корҳои муҳим анҷом доданд.

Дар идомаи маҷлис масъалаи дигар – қабули адибон ба узвият дар миён гузошта шуд. Баъди баррасӣ ва ибрози назарҳо аз бахши назм – Бахтиёр Раҳ­мониён, Меҳровари Масчоҳӣ, шоири ӯзбекзабон Мунира Камол, аз бахши наср Сайидо Шарафӣ, аз бахши нақду адабиётшиносӣ Абдулназари Абдул­назар ва Хуршеди Эҳсон якдилона ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуданд.

Масъалаи дигари маҷлис баррасӣ ва тасдиқи Нақшаи кори Раёсати ИНТ дар соли 2025 буд. Аъзои Раёсат анде­шаву пешниҳодҳои худро вобаста ба ин масъала баён карда, Нақшаи нави фаъолияти Раёсати ИНТ-ро барои соли 2025 тасдиқ намуданд.

Пешниҳоди асарҳо барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ (дар бахши наср) ва Мирзо Турсун­зода (дар бахши назм) барои соли 2025 масъалаи дигари маҷлис буд ва эълон шуд, ки аз моҳи январи соли равон аъ­зои Иттифоқи нависандагон метавонанд асарҳояшонро барои дарёфти ҷоизаҳои мазкур пешниҳод намоянд.

Сипас аъзои Раёсат нақшаи кори Комиссияи тафтишотии ИНТ-ро барои соли 2025 баъди шунидани ахбори ра­иси он Азизи Азиз тасдиқ карданд.

Дар хусуси масъалаи дигари маҷ­лис – вазъи риояи талаботи боби 10.7, банди «б»-и Оинномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бораи пардохти ҳаққи узвият раиси Хазинаи адабиёт Акбар Абдулло маълумот дод. Номбурда бо нигаронӣ зикр намуд, ки аъзои ИНТ ҳаққи узвиятро то кунун ба пуррагӣ пардохт накардаанд.

Акбар Абдулло дар гузориши худ аз ҷумла гуфт: «Ҳаққи солонаи узвият, мувофиқи қарори Раёсати ИНТ, (марти 2016) барои аъзое, ки кор мекунанд, 50 сомонӣ ва барои бознишастагон 25 сомонӣ муқаррар шудааст. Роҳбария­ти Иттифоқи нависандагон борҳо дар маҷлисҳо масъалаи мазкурро муҳокима намуда, ба аъзои созмон муроҷит карда буд, ки ҳаққи узвиятро то охири сол ба Хазинаи адабиёт супоранд. Дар натиҷа муяссар гардид, ки дар давоми соли 2024 як қисми маблағ аз шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ҷамъоварӣ шавад».

Аммо, ба иттилои номбурда, ин масъала то ҳол ба таври комил ҳалли худро наёфтааст ва баъзе аз аъзои ИНТ ҳаққи узвиятро то кунун пардохт накардаанд. Ӯ аз ҷумла, вазъи ҷамъоварии ҳаққи узвиятро дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ташвишовар арзёбӣ кард. То имрӯз аз минтақаи Кӯлоб 1550 сомонӣ, (вилояти Хатлон дар маҷмуъ 31 аъзо дорад), аз вилояти Суғд 1400 сомонӣ (65 аъзо дорад), аз ВМКБ 2775 сомонӣ (14 аъзо дорад), аз шаҳри Ваҳдат 1000 сомонӣ, аз шаҳри Панҷакент 950 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст, ки дар маҷмуъ 7675 сомониро ташкил медиҳад.

Боиси нигаронист, ки аз 201 аъзои шаҳри Душанбе то кунун 46 нафар ва аз 13 аъзои минтақаи Бохтар ҳамагӣ ду нафар ҳаққи узвиятро супоридаанд, ки аз беэътиноии бештари онҳо ба Оинномаи ИНТ дарак медиҳад.

Зикр гардид, дар мавриди касоне, ки бемасъулиятӣ зоҳир карда, вазифаи оинномавии худро иҷро намекунанду ҳаққи узвиятро намесупоранд, чораҳои қатъӣ андешида хоҳад шуд.

Аъзои Раёсат Ато Мирхоҷа, Абдулҳа­мид Самад, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон зимни баррасии ин масъала иброз доштанд, ки пардохти ҳаққи узвият ва­зифаи оинномавии аъзои ИНТ буда, дар иҷрои он адибон бояд масъулиятшинос бошанд.

Дар маҷлис ҳамчунин масъалаи тасдиқи ҳайати Шурои кор бо ҷавонони эҷодкор ва кадрҳо баррасӣ шуд.

Аз ҷумла фармон доир ба таъйин намудани Толиби Луқмон ба вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва Саид Сафаров ба вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи «Памир»аз ҷониби аъзои Раёсат тасдиқ гардид.

Дар атрофи мавзуъҳои зикршуда ва масъалаҳои ҷории маҷлис аъзои Раёсат Абдураҳмон Абдуманнон, Муҳаммадюсуф Имомзода, Рустам Ваҳҳобзода, Равшан Махсумзод, Юнус Юсуфӣ ва Парда Ҳабиб изҳори назар карданд.

Дигар хабарҳо