Рисолати ватандории як шахсияти фарҳангӣ

 Рисолати ватандории як шахсияти фарҳангӣ

Ба муносибати 100-солагии адабиётшинос Соҳиб Табаров

Моҳи ноябри соли 2024 ба зодрӯзи адабиётшиноси варзида ва мунаққиди саршиноси тоҷик Соҳиб Табаров (1924-2024) сад сол пур мешавад. Зиндагӣ ва фаъолияти илмию таълимии ин шахсияти машҳури фарҳангӣ ба роҳи душвору ноҳамвор, вале пурҷӯшу хурӯши Тоҷикистони азиз пайваста ва тавъам буда, месазад гӯем, ки устод ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҳамсолу ҳамтақдир аст.

Тирамоҳи соли 1924 дар деҳаи Чор­раҳаи ноҳияи Муъминобод, ки ҳамагӣ аз ҳашт хонавода иборат буд, дар хо­надони Табар ном мард писар ба дунё меояд. Фарзанди нахусти ин хонадон Мирзоназар ном дошт ва навзодро дар радифи исми бародараш Соҳибназар ном медиҳанд.

Барои падари фақир парвариши ду тифли хурдсол душвор буд ва боз Соҳибназар бар асари бемории поли­омелит дар синни 4-5-солагӣ як пояш фалаҷ шуда, ба нигоҳубини бештар ниёз дошт. Бинобар ин, соли 1931, вақте ки дар маркази ноҳияи Муъминобод хонаи бачагон таъсис ёфт, падар Мирзоназару Соҳибназарро ба ин ятимхона месупо­рад. Баъдтар ин ду бародар ба хонаи бачагони Тебалайи ноҳияи Кӯлоб нақли макон мекунанд.

Соҳибназар солҳои 1934-1939 дар омӯзишгоҳҳои педагогии шаҳрҳои Са­марқанд, Панҷекат ва Кӯлоб таҳсил мекунад ва дар зарфи ҳафт соли таҳсил соҳиби шаҳодатномаи аъло гардида, ҳуқуқи дар мактаби олӣ беимтиҳон дохил шуданро пайдо мекунад.

Соли 1939 Соҳибназар ба факултети адабиёти Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садрид­дин Айнӣ), ки он вақт ягона мактаби олӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб мерафт, дохил мешавад ва азбаски таҳкурсии мустаҳкам ва таҷрибаи хуби донишан­дӯзӣ дошт, чун донишҷӯи фаъолу аъло­хон дар факултет ва умуман Донишгоҳи омӯзгорӣ эътибори калон пайдо намуд.

Соҳибназар ба курси се гузашта буд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд ва тамоми мардуми Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳимояи Ватан бархостанд. Аз гурӯҳи 16-нафараи онҳо 14 касро ба майдони набард мефиристанд. Танҳо ду кас – яке Соҳибназар, ки ба сабаби як пояш маҷруҳ будан ҳуқуқи ба ҷабҳа рафтан надошт ва як духтар дар ақибгоҳ мон­данд. Аксари устодони институт низ ба ҷабҳа фиристода шуданд, бинобар ин соли 1941 институт баста мешавад.

Соҳиб Табаров азми ба ҷанги зидди фашизм бархостани устодон ва адибони тоҷикро оромона ба ёд оварда наметаво­над: «Дар хусуси он ки ҷанги беамон чанд марди таҳамтани моро аз байн бурд, танҳо бо афсӯс сухан рондан мумкин аст. Вале боз як чизро аз хотир набояд баровард, ки ҳангоме фашизми Олмон тамоми хоки Украина, Беларус, Литва, Эстонияро забт намуд, ҳангоме ки қисми ғарбии Русия дар дасти фашизми немис монд, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Абду­шукур Пирмуҳаммадзода, Лутфулло Бу­зургзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Эммануэл Муллоқан­дов, аз ҷавонон Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Муҳиддин Фарҳат барин родмардон, паҳлавонони таҳамтан, ватандӯстони беҳамтову баркамол, ки дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, дӯстиву бародарии халқҳо буданд, дар канор истода наме­тавонистанд… Номи ин фарзандони фарзонаи миллат, муҳофизони далери Ватан, устодони даҳҳо олим, нависан­да, рӯзноманигор, фолклоршинос то ҳаёт аст, зинда мемонад. Банда назди ин мардони бузург як умр сари таъзим оварданро вазифаи муқаддаси худ ме­шуморам».

Ҳангоме ки соли 1942 донишкада аз нав кушода мешавад, Соҳибназар дар як сол барномаи курсҳои се ва чорро аз худ карда, соли 1943 донишгоҳро бо мувафаққият ба итмом мерасонад. Ин ҷавони серғайрат соли 1945 ба аспиран­тураи назди филиали тоҷикистонии АИ СССР дохил шуда, таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ СССР Е. Э. Бертелс соли 1949 дар мавзуи «Романи «Ғуломон»-и С.Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ» дар Шу­рои илмии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (ш. Ленинград) рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад. Устод баъдҳо дар ин маврид мегӯяд: «Як худи роҳбарии Е. Э. Бертелс, ҳимояи рисолаи номзадиям дар назди чунин мусташриқони оламшумули машҳуртарини Институти шарқшиносии ҷаҳон (академикон В. В. Струве, В. М. Алексеев, В. А. Гордлевский, И. А. Ор­бели, аъзо-корреспондентон Малов, Пи­гуловская, Тревер, Энгелгардт) бандаро водор сохтанд, ки ба ҳама гуна шиканҷа, азобу машаққат, қашшоқӣ, нодорӣ, бехо­нагӣ то охири умр тоб оварам».

Нимаи дуюми солҳои чилум ва панҷоҳум ба зиндагии Соҳиб Табаров пайдарпай комёбӣ ва хурсандиҳоро ба бор овард. Дар синни 25-солагӣ ба да­раҷаи илмии номзади илми филология соҳиб шуд. Ду сол пеш аз ин, соли 1947, ба узвияти Иттифоқи нависандагони ИҶШС пазируфта шуд. Моҳи декабри соли 1947 ба ордени Нишони фахрии ИҶШС мушарраф гардид ва соли 1953 аъзо-корреспонденти АИ Тоҷикистон интихоб шуд ва ғ. Мавсуф аз сентябри 1948, вақте ки дар Душанбе Универси­тети давлатии Тоҷикистон таъсис меша­вад, солҳои дароз дар ин муассиса чун устод, мудири кафедра ва ноиби ректор оид ба илм фаъолияти басо самарабахш анҷом медиҳад.

Устод Табаров соли 1985 ба Институ­ти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон ба кор омад ва минбаъд, то охири умри азиз, чун сарходими илмии ин пажӯҳишгоҳ фаъолият намуд.

Ҳамин тариқ, устод Табаров дар даврони шуравӣ мактаби пурқуввати адабиётшиносӣ ба вуҷуд оварда, дар ин кишвари паҳновар ва берун аз он чун адабиётшинос, мунаққиди варзида ва Белинскии тоҷик шинохта шуд. Дар миё­ни 60 китоби хурду калон ва 740 мақола, тақриз ва мусоҳибаҳое, ки дар китоби «Осорномаи Соҳиб Табаров» (2014) қайд гардидаанд, 35 китоб ва 600 мақолаву тақриз ва мусоҳиба дар замони шуравӣ таълиф ва чоп гардидаанд. Як қисмати мақолаҳои устод Табаров, ки ба нақди адабӣ бахшида шудаанд, дар 5 ҷилди «Ҳаёт, адабиёт, реализм» (1966-1989) ба табъ расидаанд.

Истиқлоли давлатии Тоҷикис­тон ба устод Табаров руҳи тоза бахшид ва барои таҳқиқи воқеии адабиёти нави тоҷик имконоти бештаре фароҳам овард. Устод дар ин ҳангом ба таҳлилу таҳқиқи як давраи камомӯхтаи адабиёти давраи нави тоҷик – адабиёти ҷадидия ва осори намояндагони алоҳидаи он мепардозад.

Соли 2001 Шурои олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷи­кистон устодро ба унвони «Доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон» сар­фароз гардонд. Соли 2010 устод Табаров барои силсилаи рисо­лаҳои адабии ахлоқии солҳои охир бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қадр карда шуд ва соли 2013 нашри ду­юми рисолаи «Пайрав Сулаймонӣ» сазовори мукофоти АИ Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ гардид.

Барои дар сатҳи байналхалқӣ ши­нохтан ва эътироф намудани шахсияти фарҳангии Соҳиб Табаров таъсири чанд омили асосӣ, аз ҷумла ҳамвора мутолиа кардан, баҳрабардорӣ аз устодону омӯз­горон ва дидаву шунидаҳо, ҳамчунин вазъи мусоиди оилавӣ бармало му­шоҳида мешавад. Аз ин ҷиҳат хотираҳои устод дар бораи мутолиаи китоб ҷолиби диққат аст. Аз ҷумла, ҳангоми таҳсили аспирантура солҳои 1945-1948 китобхо­наи саросарии ба номи Фирдавсӣ чун муассисаи сеҳрнок ҳастии аспирантро батамом фаро гирифта буд: «Китоб ва китобхона дӯстони ҷонии ман мебошанд, маро ягон сол дар китобхонаи олиҷанобе ҳабс карда монанду аз ҳавои он нафас кашам ва аз китобҳо ғизо гирам…, банда худамро бе китобу бе китобхона мурда меҳисобам», – қайд кардааст устод дар китоби хотираҳои худ «Таассуроти ақлу дил».

Устод Табаров ҳамеша таъкид меку­над, ки ҷаҳонбинӣ аз дидану шунидан ҳосил мешавад ва ҳангоми мактабхонӣ, ҷавонӣ ва фаъолияти корӣ ба муалли­мон ва шахсиятҳои зиёди фарҳангӣ, чун Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Лутфулло Бузургзода, Бобоҷон Ғафуров, Шарифҷон Ҳусейнзо­да, Мулло Эркаев, Иржи Бечкаи чех ва Манфред Лоренси олмонӣ вохӯрда, аз таълиму тарбия ва суҳбати ҷонпарва­ри эшон бархурдор гардидааст. Соҳиб Табаров, махсусан, се донишманди саршиноси адабиёту фарҳанги Шарқро ба дараҷаи баланд парастиш мекунад: «Ҳоло дар назди ин се устоди безаволам – Садриддин Саидмуродзода Айнӣ, Ев­гений Эдуардович Бертелс ва Абдулғанӣ Муҳаммадович Мирзоев саҷда мекунам. Вагарна ҳақир ҳамон кӯҳистоние мебу­даму ҳамон кӯҳистоние мемондам ва аз доираи Дуоби дурдастам берун намебаромадам», – гуфтааст муаллиф дар асари «Сипос ва қадрдонӣ».

Ва хушбахтии дигари устод Табаров боз дар он буд, ки Худо ба ӯ ҳамсари басо бовафову соҳибфарҳангро лоиқ донист. Соли 1942 ҳангоми муҳосираи Ленинград (Санкт-Петербурги ҳозира) се донишҷӯдухтари гурӯҳи тоҷикии фа­култети шарқшиносии Универстети дав­латии Ленинград – Ванда Витолдовна, Сара Казакевич ва Люба Корнилова ба факултети адабиёти Институти давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе интиқол дода мешаванд. Соҳибназар аз миёни ин до­нишҷӯдухтарон ба Ванда Витолдовнаи меҳрубону ботамкин унс мегирад ва баъди хатми институт, баҳори 1945 ин ду мутахассиси ҷавон хонадор мешаванд.

Махсусан вақте ки Ванда Витолдовна ду тифли хуҷистарӯ – Саодат ва Темурро ба хонадон ҳадя намуд, шодии падар ҳадду андоза надошт ва боз хурсандии Соҳиб Табаров дар он буд, ки ҳамсари меҳрубонаш дар муддати 63 соли зин­дагии якҷо, дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, бори рӯзгорро мардона ба дӯш гирифта, барои фаъолияти таълимию илмӣ ба шавҳар шароити мусоид фа­роҳам овард. Муаллима ба устод домул­ло гӯён муроҷиат мекард ва устод завҷаи меҳрубонашро асалам ё фариштаам гӯён ном мебурд.

Тирамоҳи соли 2008 барои устод Та­баров вазнин омад, зеро дар ин айёми хазонрез ҳамсари меҳрубонаш ба бе­морӣ мубтало гардид ва дар миёнаҳои моҳи ноябр, бегоҳи панҷшанбе, гӯё, ки хоб мерафта бошад, беозор аз олам даргузашт. Ванда Витолдовна Яблон­скаяи лаҳистонӣ дар Ленинград ба дунё омада, Тоҷикистонро ватани худ интихоб намуд ва дар як гӯшаи зебоманзари он – шаҳраки Муъминобод умри абад ёфт.

Дар ин ҳолат ягона тасаллои дили устод Табаров машғулияти илмию па­жӯҳандагӣ буд, ки дар миёни солҳои 2008 ва 2012 таълиф намудан ва аз нав так­мил дода, ба табъ расондани китобҳои ҳаҷман калони «Зиндагиномаи Садрид­дин Айнӣ» (1875-1899), ҷилдҳои якуму дувуми «Ҷаҳони андешаҳои Фитрат», «Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим», «Пайрав Сулаймонӣ» гувоҳи ҳол аст. Дар ҳамин айём устод боз ба дарёфт кардану аз на­зари таҳқиқ гузаронидани Девони шоир Файзи Алам ва Куллиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ мепардозад.

Шояд ба хотири хонанда чунин саво­ле пайдо шавад, ки дар айёми пириву озурдагии умр бар замми тадвину таҳияи китобҳои номбурда дар муддати чоруним моҳ дар 14 ҷузъи чопӣ таълиф намуда­ни китобе бо номи «Файзиддини Дуобӣ (Файзи Алам)» ба домулло Табаров чӣ тавр муяссар шуда бошад? Устод 15-уми декабри 2010 дар дафтари «Таассуроти ақлу дил» менависад: «Аз ҳолу вазъи ман напурсед. Мисли сада сарсабз дар биёбони танҳоӣ моҳҳову солҳои охи­рини умрамро дар мизи кориам соатҳо гузаронида истодаам: ду пой дар мӯзаи электрикӣ, чор-панҷ қабат либоси ғафс дар тан, агар электрик бошад, дар ҳар се хонаамон камину батареяи электрикӣ фурӯзон, аз соати 9-и шаб дар таги се қабат кӯрпа, дар таги баданам матраси электрикӣ хоби ачал–пачал мекунам. Банда 60 сол зиёдтар боз, ҳамааш шуда дар як шабонарӯз чор соат хоб мекуна­му халос. Боқиашро мехонам, таҳлил мекунам, андеша менамоям ва умуман доиман аз илми асил фикр мекунам».

Оре, устод Табаров қадри умри даргузарро хеле хуб медонист ва ҳама кори дар зиндагӣ ба худаш вобастаро бо сарбаландӣ ва масъулияти баланди ватандорӣ ба сомон расонд: асарҳои пуршумори мондагор навишт, шогирдони зиёде тарбия карда, ба камол расонд, дар маркази ноҳияи Муъминобод бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ биное сохта, ҳама китобҳо ва бойгониашро ба он ҷо кӯчонид, завҷаи азизашро дар ҳавлии «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Таба­ров» ба хок супорид ва худ низ 12 апрели соли 2015, дар синни 91-солагӣ, дар бари хоки бонуи меҳрубонаш ҷо гирифт.

Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тирамоҳи соли ҷорӣ ҷашн гирифтани 100-солагии ин фарзонафарзанди халқи тоҷик гувоҳ бар он аст, ки шахсиятҳои барҷастаи илмӣ ва фарҳангӣ дар ҷомеаи мо чун ганҷинаи маънавӣ соҳибэътиборанд.

Аламхон КӮЧАРЗОДА,
узви вобастаи АМИТ

Дигар хабарҳо