Ҳумои бахт болои сари мо

24-уми ноябр – Рӯзи Парчами давлатӣ
Тасвири парчам дар шеъри имрӯзи тоҷик
Дар ин мақола мо кӯшиш намудем, ки шеърҳои дар мавзуи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншокардаи чанде аз шоирони тоҷикро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор диҳем.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар роҷеъ ба ин рамзи миллӣ бо номи «Таронаи Парчам» шеъре дар шакли чаҳорпора навиштааст. Дар банди аввали тарона шоир парчами миллиро ҳамчун умеду армон, шуълаи бовару имон ва оташи фурӯзони виҷдони миллат ба қалам додааст, ки ин ҳама аз умқи ҷони халқи тоҷик сар баровардаанд. Дар байти гардон, ки меҳвар ва мазмуни асосии тарона дар он дарҷ шудааст, қаҳрамони ғиноӣ сурхии рӯйи худро дар сурхии парчам, сафедбахтии худро дар ранги сафеду сарсабзии умрашро дар ранги сабзи он дида, аз парчами миллӣ бо дилу ҷон умедҳои зиёдеро интизор аст:
Парчами армони тоҷик,
Шуълаи имони тоҷик,
Оташи виҷдони тоҷик,
Сар зада аз ҷони тоҷик.
Рӯи ман чун рӯи ту сурх,
Бахти ман чун ту сафед аст.
Умри ман мисли ту сарсабз,
Ҷонам аз ту пурумед аст.
Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим дар қолаби маснавӣ бо номи «Парчам» шеъре навишта, ин рамзи миллиро бо калима ва ибораҳои «рангинкамон», «раҳнамо», «парчами умед», «сабз чун чаман» ва «ному нишон» мухотаб қарор додааст. Ҳамчунин, ӯ ранги сурхи парчамро ба сурхии рӯ, ранги сафедашро ба роҳи сафеду рамзи сафед, сабзии онро ба сабзии чаман ташбеҳ додааст, ки хеле шоирона мебошанд.
Шоир барои тасвири афкори худ дар се маврид мисраъҳои шеърро бо хитобаҳои «эй парчами умед» оғоз менамояд:
Эй парчами умед, то парфишон туӣ,
Дар осмони бахт рангинкамон туӣ…
Эй парчами умед, эй сабз чун чаман,
Аз ранги сабзи туст сарсабзии Ватан…
Эй парчами умед, эй ном, эй нишон,
Дар осмони бахт кардат кӣ парфишон?
Дар ду байти ҷамъбастии шеър шоир хитобан ба парчам изҳор медорад, ки номи он касе, ки туро дар осмони бахт чунин партавфишон намуд, бигузор дар ҷаҳон мисли ту раҳнамову ҷовидон бимонад:
Бигзор номи ӯ монад дар ин ҷаҳон,
Мисли ту раҳнамо, мисли ту ҷовидон.
Низом Қосим дар шакли чаҳорпора шеъри дигаре бо номи «Парафшон парчами мо зинда бодо!» навиштааст. Дар банди аввал шоир парчамро барои кишвари паҳновар чун нишон, ба халқи таъриховар ҳамчун умед, ба фазои бекарон пару бол ва ба авҷи нусрату муваффақиятҳои халқ сарбаландию сарфарозӣ донистааст.
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб дар мавзуи парчам се шеър бо номҳои «Таронаи парчам», «Парчами мо», «Тоҷикистон, Парчамат поянда бод!» навиштааст, ки шеърҳои якуму сеюм дар шакли маснавӣ ва шеъри дуюм дар шакли шеъри озод иншо гардидааст. Шеъри «Тоҷикистон, Парчамат поянда бод!» аз ду банд ва байти гардон иборат мебошад. Дар банди аввал рангҳои парчамро хушҷило, тоҷашро мероси Кайшоҳӣ, ҳафт ситораи рӯйи онро ҳафт бурҷи роҳи нур ба қалам додааст. Дар банди дуюми шеър ранги сабзи парчамро аз сабзии ҷони халқ, ранги сурхашро аз хуни аҷдодон ва сафедияшро чун раҳи сафеду бахти сафед медонад, ки мардумро то ба фардои умед мерасонад.
Дар байти гардон шоир пояндагии парчаму зиндаву ҷовид будани фарзандони Тоҷикистонро такроран таъкид намудааст:
Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,
Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.
Дар сафедияш раҳи бахти сафед,
Мебарад моро ба фардои умед.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар ин мавзуъ ду шеър бо номҳои «Парчами Ватан» ва «Ливои мо» сурудааст. «Парчами Ватан» дар қолаби шеъри озод ва шеъри «Ливои мо» дар шакли чаҳорпора гуфта шудааст.
Дар шеъри «Ливои мо» шоир аз Худо ҳифзи нангу номус, сарбаландию руҳбаландӣ, шаъну шукӯҳ ва дар банди сеюм зӯри бозу, соҳиби муруввату футувват, зафармандию пирӯзӣ, шодию сурур буданро хоҳиш намудааст:
Баланд дор, эй Худо, ту руҳи мо,
Сари баланд деҳ ба мо чу кӯҳи мо.
Ба ҳар набарди нангу ори зиндагӣ
Фузун намо ту шаъни мо, шукӯҳи мо.
Ба ҷисми мо, ба ҷони мо ту зӯр деҳ,
Панаҳ зи кибру нози нозарур деҳ.
Муруввату фуруввати ялон бубахш,
Зафар ба ҳар набард деҳ, сурур деҳ.
Давлат Сафар шеъри «Афрошта мо дирафш дар боми фалак» иборат аз панҷ банд дар шакли чаҳорпора навишта, ливои миллиро бо таркибу ибораҳои шоирона, тимсолҳои мухайял ва обуранги бадеӣ тасвир намудааст. Дар банди дуюми шеър тоҷи парчамро, ки боиси сарбаландию ифтихори фарзандони банангу номуси миллат мебошад, ба шуълаи фонус ташбеҳ додааст.
Дар поёни шеър манзараи шоиронаеро тасвир намуда, ки парандаҳои кӯчӣ ҳангоми аз паҳлуи парчам гузаштан, чун фарзандони банангу номуси ин марзу бум онро ба дидагони худ мемоланду мебӯсанд:
Ҳар хурду бузурги ин Ватан хушҳоланд,
Аз парчами қадбаланди мо меболанд.
Ҳангоми гузар парандаҳои кӯчӣ
Бӯсида дирафши мо, ба рӯ мемоланд.
Муҳаммадалии Аҷамӣ чун дигар шоирон аз алвонҷхӯрию болафшонии Парчами миллӣ илҳом гирифта, бо номи «Парчами озодагон» ғазале навиштааст. Шоир дар матлаи ғазал халқи тоҷикро асилзода, тоҷдор ва озода ва дар мақтаи он парчами халқро ба мурғи ҳумо ташбеҳ додааст, ки сояи он бар болои сари миллат рамзи бахту саодат аст. Мисраи нахустини ғазал дар анҷоми шеър такроран омадааст, ки инро метавон таъкиди шоир фаҳмид.
Шоир дар се байти аввали ғазал рангҳои парчамро ба руҳи халқ қиёс мекунад, ки дар фазои бекарон ба парвоз омадааст. Ахтарони рӯйи парчам дар нигоҳи шоир ба ситорагони Каҳкашон ва баландии қади парчам рамзи то Каҳкашон сар бардоштани онро мефаҳмонад, ки ин ҳамаро шоир пай бурдааст. Каҳкашон ба ду маъно – ситораҳои Каҳкашони само, дигаре ба маънои ситораҳои рӯйи парчам омадааст:
Парчами озодагон пар мезанад,
Аз замин то осмон пар мезанад.
Метапад дар рангҳояш руҳи халқ,
Аз карон то бекарон пар мезанад.
Чашми дил бикшову ин эъҷоз бин,
Каҳкашон дар Каҳкашон пар мезанад.
Шоири дигаре, ки дар ин мавзуъ хома рондааст, Гурез Сафар мебошад. Шоир номи шеърашро «Парчами мо» гузошта, афкори худро дар шакли чаҳорпора баён намудааст. Шеър аз се банд иборат буда, ҳар банд ду байтро ташкил медиҳад.
Дар банди якум шоир парчамро мояи ифтихори ҳар як фарди миллат дониста, сурхии онро сурхии рухсори халқ мешуморад ва таманно мекунад, ки он доиман дар фазои кишвар партавфишон бошад.
Дар мақтаи шеър шоир барои ҷовидон партавфишон будани парчам ва ҷонсупор будани фарзандони миллатро иброз доштааст. Дар шеър сухан аз номи фарзандони банангу номуси миллат меравад, ки баҳри пойдории парчам бояд ҷоннисор бошанд:
Ранги испедаш раҳи испеди мо,
Рангбозияш бувад уммеди мо.
Шаҳрия ба Парчами миллӣ шоирона назар карда, ҳар як ашёи дар он тасвиршуда ва ҳар рангашро бо калимаю вожаҳои зебо ба қалам додааст. Дар шеър байтҳои шиоргуна ба назар намерасанд, ҳама суханон аз умқи дили шоир ҷӯш зада, дар қалби хонандаву шунаванда ҷой мегиранд:
Дар парчами кишвар ибтидо мебинам,
Фарҳангу нишони Ориё мебинам.
…Алқисса, дар ин парчами зебои Ватан
Ман пушту паноҳу муттако мебинам.
Чун ҷилва кунад ҳамеша дар боми Ватан,
Бар ҳастии хештан бақо мебинам.
Гӯянда дар симои парчами кишвар оғози бунёдкорӣ ва фарҳангу нишонаҳои ниёгонро пай бурдааст, ки тасвири зебо мебошад.
Хайрандеш ба ин мавзуъ бештар рӯ оварда, дар бораи Парчами Тоҷикистон се шеър бо номҳои «Парчами миллат», «Эй Парчами тоҷдор» ва «Парчами мо» эҷод кардааст.
Шоир дар порчаи аввали шеъри «Парчами миллат», ки мувофиқ ба ранги сурхи ливост, «Сурх» номгузорӣ карда, дар он аз китоби муқаддаси зардуштиён – «Абисто», кӯҳи Бесутун, Офтобу Моҳ, оташ ва аз шахсиятҳои асотириву таърихӣ, ба монанди Рустам, Кайхусрав, Сиёвуш Наср ибни Аҳмад ёдоварӣ карда, сурхии ранги Парчамро аз сурхии хуни онҳо медонад.
Шоир сабзии ранги парчамро аз сабзии коинот, сабзии ранги обу хоку оташу ҳаво, сабзии фаслҳои сол, сабзии сабзаву гулу лолазор донистааст. Ҳамчунин ӯ ранги сабзро рамзи сарсабзии ҳаёт, ривоҷи фазлу хирад, авҷу барори кор, ривоҷи илму санъати диёр, сабзии боғу дарахт, софии ҷому оина ва сабзии тоҷу тахти мардуми кишвари хеш шуморидааст.
Дар қисмати чоруми шеър, ки «Тоҷ» ном дорад, ҳафт ахтари парчамро ба Ҳафтдодарон ва тоҷи онро зеби Парчами миллат дониста, дар охир чунин гуфтааст:
Гардун ба ноз дар сари тоҷик мондааст,
Тоҷикро ба ваҳдати миллат расондааст.
Озар шеъри «Парчами миллӣ»-ро дар шакли ғазал иншо намудааст, ки дар ҳар байти он беҳтарин андешаҳои шоир ҷой гирифтаанд. Шоир ба Парчами миллат рӯй оварда, онро ҳамчун дирафши Коваёнӣ, рамзи эътиқоду бовар, минбари шукӯҳу асолат васф намудааст:
Дирафши Коваи оҳангарӣ, эй парчами миллӣ,
Намои эътиқоду боварӣ, эй парчами миллӣ.
Намоёнӣ миёни садҳазорон рамзи дунёӣ,
Шукӯҳу асли моро минбарӣ, эй парчами миллӣ.
Шоир иброз доштааст, ки бо парчами миллӣ фақат афроде, ки ҳисси баланди миллӣ доранд, сарбаландона ифтихор мекунанд, зеро ливои миллӣ ба кас шуҷоату мардонагӣ мебахшад:
Ба домони ту дида ахтаронатро, ҳамегӯем
Самои бахти моро ахтарӣ, эй парчами миллӣ.
Ту рамзи Тоҷикистонӣ, ба ҳар як гӯшаи олам,
Ҳумои бахт болои сарӣ, эй парчами миллӣ.
Тамошои туро танҳо сари боло тавонад кард,
Фидоят ман, шуҷотофарӣ, эй парчами миллӣ.
Аз таҳлили шеърҳои боло маълум мегардад, ки шоирон дар ин мавзуъ бештар қолабҳои ғазал, маснавӣ, чаҳорпора ва шеъри озодро интихоб намуда, Парчами миллиро рамзи бахту саодат, хушиву хуррамӣ дониста, рангҳо ва тоҷу ахтарони онро рӯсурхию сафедроҳӣ, сарсабзию шукуфоӣ, сарбаландию сарфарозии мардуми Тоҷикистон ба қалам додаанд. Дар маҷмуъ ҳар як шеър бо бадеият, рангорангӣ, тобишҳои маъноӣ, ташбеҳу истиора, ҳикмату андарз, таркибу ибораҳои ҷолибу дилкаши шоирона дар замири хонанда завқи бадеӣ, рамузфаҳмӣ, ифтихор аз гузашта ва имрӯзи миллат, муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ва омодагӣ барои созандагиву бунёдкориро бедор месозад.
Раҷабалӣ Худоёрзода,
номзади илми филология