Амонбек чӣ мегӯяд

 Амонбек чӣ мегӯяд

Ба муносибати 80-солагии шоир равоншод Амонбек Шоҳзода

Амонбек ба назар як фарди ҳамеша камгап ва банди фикру андешаҳои худ барин менамуд. Вале дар асл ин тавр набуда.

Зар аз таги либос ҳам медурахшад. Вай хушгап, хушчақчақ, ҳаҷвнигор ҳам буда, механдиду механдонд. Дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ”, ҳоло “Ҷумҳурият” бо ҳам кор мекардем. Аз он рӯзҳо се нафар бапоем: Мирзомаҳмуд, Маҳмадшариф Бобошоҳзода ва банда. Ҳар боре бо ҳам вохӯрем, Маҳмадшариф бо чеҳраи хандон мегӯяд: “Амонбек чӣ гуфта буд?” Агар ягон гапу коре шуда, хушӣ ё нохушӣ, меафзояд: “Ин кори Амонбек”.

Ӯ дар Афғонистон буду омад-ома­даш наздик. Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, Мӯсои Мавлавӣ дар ҳуҷраашон ба номи Амонбек осорхона ороста. Мизи алоҳи­дае дар як гӯша. Дар болои он нигораҳо. Нигораҳое, ки аз Амонбек ба ёдгор. Чанд кулчадору, дар зераш нигоштаанд: “Замоне Амонбек дарди сар шуда, аз он кулчадоруҳо истеъмол намуда”. Се-чор пора нони хушк боқӣ монда аз Амонбек. Дар варақе чанд ҷумлаи нофаҳмо аз кадом як мақолаи устод. Телефони ши­кастае ҳам дар мобайни миз. “Амонбек бо он ҳарф зада”.

Шӯхиҳое дар хотир. Рӯзи таваллуди Амонбекро дар идораи рӯзнома бо тан­тана гузаронда буданд. Комиссияи ҷаш­нӣ, аз чанд идораи болоӣ ҷиддӣ хоҳиш шуда, ки ба Амонбек рӯзи таваллудашро табрик намоянд. Дар ҳуҷраи Амонбек телефонаш ором не, занг паси занг:

– Шумо устод Амонбек?

– Бале, ман Амонбек Шоҳзода.

– Рӯзи мавлуд муборак! Мо аз номи котиби аввали Кумитаи марказии ком­сомоли Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморо муборак мегӯем. Ба шумо гул мебарем. Боз садои занги телефон:

– Шумо устод Амонбек Шоҳзода?

Амонбек:
– Бале, ман Амонбек.

– Мо аз Вазорати тандурустӣ, аз номи вазир шуморо табрик менамоем. Саломатиатон чӣ хел?

– Нағз.

– Ба шумо туҳфа мебаранд.

– Раҳмат, боз раҳмат.

Амонбек донишҷӯ буд, ба редаксия, назди ман бисёр меомад, шеър меовард. Шеър ва маводи адабӣ-бадеӣ аз шуъбаи пропоганда мегузашт, банда мудири ҳамин шуъба. Ҳар боре дар газета як шеъри Амонбек Шоҳзодаи навқалам чоп мешуд, барои ӯ гӯё ид, чунон хурсандие, ки дар пӯсташ намеғунҷида. Баъзан маро ба як пиёла чой даъват мекард. Лек на­мегузоштам, ки ба ҷайбаш даст барад. Куҷои гап, ки мани аз вай калонсол, рӯи кор, ҳатто мошин ҳам доштам, гузорам, ки ба хӯроки ошомидаам ба ҷои худам як донишҷӯ пул диҳад. Амонбек ҳам мисли ман хурдҷусса, хароб, ба ҳам монанд ҳам будем. Баъзан якдигарамонро фарқ накарда, Амонбекро Кароматулло ва бандаро Амонбек мегуфтанд. Амонбек мехост ӯро дар рӯзнома ба кор гиранд. Худам дар ҳамин хаёл, дар шуъба ҷой холӣ, нигоҳи муҳаррири рӯзнома муҳта­рам Муқим Абдураҳмонов ба банда гарм. Гоҳо мошини хидматиашон пайдо, ки намешуд, ба “Запорож”-и ман кораф­тод, ба куҷое раванду оянд, мебурдаму меовардам. Меҳрубониҳои муҳаррирро ҳис намуда, хоҳиш кардам, ки Амонбекро дар шуъбаи мо ба кор гиранд. Хоҳишам ба ҷо омад.

Дар ин мобайн Амонбекро ба сифати тарҷумон ба Афғонистон фиристоданд, маро ба рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ба кор даъват карданд. Вазифа – мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзнома. Ману Амонбек якдигарро фаромӯш на­мекардем, ба ҳамдигар дар мукотиба. Амонбекро хоҳише, ки ба рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ба кор гузарад. Муҳаррири муҳтарам, бародари азиз Нур Табаров розӣ шуд. Амонбек Шоҳзода дар Афғонистону барояш ҷои кор муҳайё. Ӯ аз Афғонистон баргашт, “Волга” овард ва соҳиби андаке маблағ ҳам шуда.

Қариб ҳар рӯз мо, рафиқонаш Маҳ­мадшариф, Маҳмудҷон, Мӯсои Мавлавӣ, Мирзомаҳмуд ва бандаро бо мошинаш барои ошхӯрӣ ба колхози Россия ме­бурд. Як ҳамкорамон, бародари яҳудӣ Борис Шакаров дар шуъбаи саноат бо Муҳаммадраҷаб кор мекард. Худашро эҳтиёт мекард, ки бемор нашавад, оби ҷав нӯш мекард, гуна-гуна алафҳоро мехӯрд. Дар гармои тобистон дар гардан шарфи пашмини дарози сиёҳ, баъзан телпак ҳам мепӯшад, ки шамол нахӯрад. Ана ҳамин Борис Шакаров ҳам рӯзе дар мошини Амонбек бо мо ҳамроҳ шуд, ҳаваси ошхӯрӣ. Вайро аз рӯи эҳтиром дар нишастгоҳи пеш, ба паҳлуи Амонбек шинондем. Амонбек муҳаррики мошинро ба кор даровард. Лаҳзае дар паси чан­бари фармон гӯё дар фикр шуд. Баъд ба банда, ки дар ақиб менишастам, назар андохт.

– Кароматулло, – номамро ба забон овард ва давом намуд: – Ту шофир. 20 сол боз “Жигулӣ” дорӣ, ҳаминро гӯй, ки тормози мошин дар куҷо меистад? Ман ана ҳамин тормозу газро аз ҳамдигар фарқ карда наметавонам. Метарсам, боз тормоз гуфта, газро зер накунам, ана баъд қиёмат, ба Худо ҳамаамон ме­мирем, як ном дар олам, ту биё, ҳамин тормозро ба ман нишон деҳ.

Борис Шакаров аз ҷояш нимхез шуд, аз ман пурсид:

– Кароматулло, Амонбек чӣ мегӯяд?

– Мегӯяд, ки тормози мошинро на­медонад.

– Э ист, – даст ба дастаи дари мошин, аз мошин фуромад. Ба ғазаб омада гуфт: – Шумоён равед, ман мурдан намехоҳам, – дари мошинро сахт пӯшид.

Ҳикояти дигар аз шӯхиҳои Амонбек. Амонбек аз Афғонистон барои ман ҳам туҳфа оварда буд, сигнали мошин. Ху­даш онро ба “Жигулӣ”-ам часпонд. Ба деҳа равон будам. Аз чи буд, ки Амон­бек ҳам ҳамроҳам рафтанӣ. Дар мошин ба паҳлуям нишаст, ба деҳаи Теппаи Самарқандӣ даромадем, ки пода омад, бегоҳӣ, вақти подаомад. Дар миёни гову мол монда будем.

– Кароматулло, эҳей, Кароматулло, ақлатро хӯрдӣ, сигналро пахш кун, тез­тар, тез. – Даст ба мурвати сингал монда будам, ки якбора чунон садои баланде, ки то ба дуриҳо мешуниданд, садо садои дид-диди мошин не. Садои баланди чаҳ-чаҳи булбул, аз таги мошин булбул мехонд. Гову молҳо гӯш ба садои хуши булбул, аз ҷойҳояшон намеҷунбиданд. Ҳама ҳайрон. Баъзеҳо гӯш ба овози булбул. Маро шинохта:

– Чӣ кор мекунӣ, муаллим? – Ба ман механдиданд.

– Амонбек, ту маро масхара кардӣ, омада-омада дар пеши одамони деҳаҳои худамон. – Ӯ хандид. “Туро ҳам як мас­хара кунам, гуфтам”, боз хандид. Кофта- кофта аз мағозаҳои Афғонистон ҳамин гуна сигнали мошин ёфта будааст, барои ханда, ханда ба банда.

Амонбек шахси ба қадри дӯсту ба­родар мерасидагӣ буд. Дар баъзе ҳола­тҳои душвор дар паҳлуям мешуд. Агар сабабе пеш меомаду аз деҳа ба шаҳр ба кор омада наметавонистам, Амонбек ба суроғам мерафт, мушавваш мешуд. «Чӣ гап шуд, Кароматулло?» аз дарвоза даромадан замон ҳолу аҳвол мепурсид. «Тинҷ ҳастӣ? Кӯдакҳоят чӣ хел!»

***

Рӯзи 28-уми августи соли 1993. Хабари нохуше паҳн гашт: самолёте бо мусофирони зиёд аз майдони ҳавоии Хоруғ ба ҳаво баланд шуда ва ҳамон лаҳза ба фалокат дучор омада, қариб кулли мусофирон, беш аз 80 нафар, ҳалок шудаанд.

Пагоҳии рӯзи дигар яке аз дӯстони наздики бадахшиам ба идора, ба ман сим зад.

– Хабар дорӣ? Амонбек ҳам дар он самолёт будааст, – огоҳ намуд ӯ маро.

– Дурӯғ будагист. Аз куҷо фаҳмидед? Кӣ ба шумо гуфт? Ба Хоруғ сим задед? – паси ҳам суолаш медодам, безобита гашта будам. Худо мегуфтам, ки гапи дурӯғ бошад. Ва хешро ҳамин хел тасаллӣ медодам, ба ҳеҷ ваҷҳ бовар кардан намехостам. Медонистам, ки Амонбек хеле боз дар Бадахшон буд, дар зодгоҳаш. Амонбек ҳам дар он самолёт будааст, танҳо набудааст, духтараш ҳам ҳамроҳаш, ба Душанбе меомадаанд.

– Дурӯғ будагист, шумо аз куҷо фаҳмидед? – гӯшаки телефонро наме­гузоштам.

– Ҳамин пагоҳ зани Амонбекро дидам, Бадахшон мерафтааст. Дар фурудгоҳи шаҳр интизори самолёт.

Ба мисли ман бисёриҳо ба марги шоир Амонбек Шоҳзода бовар надошта­анд. Ҳамон рӯз дар як маърака Гулназар ва котиби Иттифоқи нависандагон Абду­раҳмон Абдуманноновро дидам. Аз ман пурсиданд: «Оё рост аст, ки Амонбек ҳалок шуда?» Дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» таъзия чоп карданӣ будаанд. Мехостам таъзия набарояд, дилам наме­шуд. Таъкид намудам, ки дурӯғ будагист, марги ӯро аниқ нанамуда, таъзия чоп карда нашавад. Дар ҳамон шумораи «Адабиёт ва санъат» таъзия интишор нагашт. Умедвориам ба зинда будани Амонбек беш мешуд. Лекин, чи тавре мегӯянд, ҳамаи хабарҳоро пинҳон дошта мешаваду ҳарфи маргро на.

Панҷуми сентябр, якшанбе, рӯзи дам­гирӣ буд. Ҳамроҳи фарзандонам бозори Шоҳмансур рафтам. Бозорӣ карданамон лозим буд. Як олам камиҳою норасо­иҳои рӯзгор. Дар бозгашт аз дӯконҳо рӯзномаҳои ҳамонрӯзаро гирифтам. Дар шумораи нави рӯзномаи «Ҷумҳурият» расми Амонбек Шоҳзода бо таъзия дар бораи марги фоҷиавии ӯ нашр ёфта. Гӯё дилам ба замин зад. Рост будааст, Амонбек ҳамроҳи духтараш ҳалок гашта.

Тарҷумаи ҳолашро оварда будаанд, мухтасари тарҷумаи ҳоли ӯ. Амонбек Шоҳзода 16-уми моҳи декабри соли 1944 дар деҳаи Пашори шурои ҷамоаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст. Соли 1973 шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айниро хатм намудааст. Баъдан корманди рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Пионери Тоҷикистон” ва “Тоҷикистони советӣ” будааст. Шеърҳояш аз аввали солҳои ҳафтодум ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмуаҳои ашъори “Марзи Ватан” (1979), “Равзани дил” (1987), “Савганди ҳарбӣ” (1990), “Шеърҳо” (1992), аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Риштаи умраш бармаҳал, дар синни 49-солагӣ канда гашта, 28 августи соли 1993.

18-уми октябри соли 1993, шанбе, соати понздаҳ дақиқа кам сеи шаб. Аз хоб бедор шудам. Амонбек ба хобам даромада буд. Бо ҳам ҳарф мегуфтем. Вале ӯ ба мисли рӯзҳои дар қайди ҳаёт буданаш набуд. Мӯйсафед, риш дошт, риши дароз. Тор-тори ришҳояш сафед, сиёҳиҳо кам.

– Ман Амонбекам, Кароматулло, – ба лаҳни ба худ хос гуфт ӯ.

– Амонбек?

– Ҳа, бародар, – ғамгин буд вай, алам дошт.

Ҳа, ӯ Амонбек буд, шинохтамаш.

– Омадӣ? Охир ту ҳалок шуда будӣ, Амонбек, – беҷуръатона аз вай пурсон шудам.

– Ҳа, ман фавтидам, – гуфт ӯ ва ашк аз чашмонаш ҷорӣ гашт.

Ӯ гирист, ман ҳам мегиристам. Аз гиряву ашкҳои сӯзон болинам тар шуда. Дар бедорӣ ҳам ба ёди ӯ ашк мерехтам.

Хеста, рӯи ҷойхобам, болои кат ни­шастам. Дафтару қалам гирифтам. Лаҳ­заҳои ба хобам даромадани Амонбекро навиштам. Фикр мекардам. Чаро ӯ бо ин ҳол ба хобам даромад? Чаро ришҳояш сафед? Таъбир меҷустам. Ба ақидаи худам сабаби бармаҳал пир ва сафед гаштани риши ӯро шарҳ медодам.

Дар самолёт падару духтар Амонбе­ку Соҳиба паҳлуи ҳам нишаста буданд. Вай донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино. Само­лёт ба ҳаво баланд шуд. Вале ҳайҳот… Фалокат сар зад… Самолёт онҳоро ба Душанбе не, рӯ ба марг бурд. Амонбек натанҳо марги як худашро, марги ҷону ҷигар, марги духтарашро ҳам дид. Соҳи­ба «Дадо, дадоҷон!» гуфта, бо чашмони ашкбор, бо ҳарос ба ӯ, аз афташ часпида буд. «Дадоҷон!» мегуфт ӯ, мадад мепур­сид аз вай. Вале падар оҷиз, нотавон, дар ҳайрат. Пеши назараш духтараш нобуд шуд. Дар як лаҳза хаёлҳои пур­даҳшат ба сараш омаданд. Аз Соҳиба монд, худаш ҳам мемирад. Дар Душанбе фарзандон бесаробон мемонанд. Ба завҷааш азоб, вай барои шавҳар, барои духтараш менолад. Амонбек сӯхт, буғум ба буғум, устухон ба устухонаш обу адо, хокистар шуд, мӯйҳояш сафед гаштанд, пири барҷомонда ва афтодаро мемонд дар он чанд лаҳза ӯ.

Сабаби бармаҳал пиру сафед гаш­тани риши ӯро ба ақидаи хеш маънидод мекардам.

Мавлуди 80-солагии Амонбек Шоҳзо­да омада. Мани дӯсти солҳои ҷавониаш ёднома менависам. Ватан фарзанди шоири ширинкаломро фаромӯш намеку­над, номаш зинда, ба номаш омӯзишгоҳи машҳури мусиқии ноҳияи Шуғнон, ба номаш фарзандон, набераю абераҳо, ба номаш китобҳо, шеърҳояш. Дар Ит­тифоқи нависандагон тантанаи ҷашнаш. Бо забони худаш ин чанд шоҳбайташро тараннум менамоем:

Хоҳам, ки ман ба пойи пиёда сафар кунам,
Шабро канори рӯди Бадахшон саҳар кунам.
Шӯям ба бӯи сабзаи куҳ дасту рӯи хеш,
Гултоқиро зи қоқуи кӯҳӣ ба сар кунам…

Кароматуллоҳи МИРЗО,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо